⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

  • Автор темы Тоҷику - فارسی
  • Дата начала
Т

Тоҷику - فارسی

ҲУРМАТИ ПАДАРУ МОДАР!


Ба пирӣ хидмати модар, падар кун,
Ҷавонию чунун аз бадар кун!

Мазан таъна бар эшон аз дили сер,
Ки дигар ёбӣ замон, гардӣ ту ҳам пир.

Ки парвардаст модар дар канорат,
Падар буд солҳо тимордорат.

Биҷӯ дилшон ба хулқу хубрӯӣ,
Ки ин аст, эй бародар, некхӯӣ.



✍️ НОСИРИ ХУСРАВ.
 
П

Пайрави Иқбол

..

Аз мусалмонии ин фирқа басо шак дорам,
Зи башар буданашон ҳам бахудо, шак дорам.

Ман аз ин аксари ҳукком агар ҳам бошанд...
Соҳиби маърифату ақли расо, шак дорам.

Ман дар ин шаҳр аз оне, ки сухан мегӯяд.
Баҳри тадбиру мувосо ба шумо, шак дорам.

Ман ба он шоъири ҳақгӯ ки қаламро созад,
Сарф дар масъалату мадҳу сано, шак дорам.

Ман ба он роҳнамое, ки ба минбар биншаст,
Гуфт аз ришваю покиву риё, шак дорам.

Ман ба он бехираде, ки ба сари тахт нишаст.
Гар кунад марҳамати аҳли зиё, шак дорам.

Ва ба он ҳокими худкома ки паймон бишкаст.
То дигарбора кунад аҳду вафо, шак дорам.

Ман ба он золими хунхор, ки бовар дорад...
Ба дурустии қиёмат ва Худо, шак дорам.
 
И

ИҚТИБОСИ РӮЗ

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст,
Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст.

Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест,
Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.

Ҳар марди шутурдор Увайси Қаранӣ нест,
Ҳар шишаи гулранг ақиқи Яманӣ нест.

Ҳар сангу гиле гавҳари ноёб нагардад,
Ҳар Аҳмаду Маҳмуд расули маданӣ нест.

Бар мурдадилон панд мадеҳ хеш маёзор,
Зеро ки Абу-Ҷаҳл мусалмон шуданӣ нест.

Бо марди худо панҷа маяфкан чу Намруд,
Ин ҷисми Халил аст оташ заданӣ нест.

Хушнуд машав душман агар кард муҳаббат,
Хандидани ҷаллод зи ширинсуханӣ нест.

Ҷое, ки бародар ба бародар накунад раҳм,
Бегона барои ту бародар шуданӣ нест.

Сад бор агар доя ба тифли ту диҳад шир,
Ғофил машав эй дӯст, ки модар шуданӣ нест.

Шамси Табрезӣ
 

ТОҶИКОН ФОРУМ

Бот Модератор
Команда форума
САЪДИ ШЕРОЗИ
Зани хуби фармонбари порсо
Кунад марди дарвешро подшо.
Бирав панҷ навбат бизан бар дарат
Агар ёри мувофиқ бувад дар барат.
Ҳама руз агар ғам хурӣ, ғам мадор
Чу шаб ғамгусорат бувад дар канор.
Киро хона ободу ҳамхоба дуст
Худоро ба раҳмат назар сӯи ӯст.
Чу мастур бошад зану хубрӯй
Ба дидори ӯ дар биҳишт аст шӯй.
Касе баргирифт аз ҷаҳон коми дил
Ки якдил бувад бо вай ороми дил.
Агар порсо бошаду хушсухан
Нигаҳ дар накӯиву зиштӣ макан.
Зани хушманиш дилнишонтар, ки хуб
Ки омезгорӣ бипӯшад уюб.
Беҳ аст аз паричеҳраи зиштхӯй
Зани девсимои хуштабъ, гӯй.
Чу ҳалво хурад сирка аз дасти шӯй
На ҳалво хурад сирка, андуда рӯй.
Дилором бошад зани некхоҳ
Валекин аз зани бад, Худоё, паноҳ!
Чун тутӣ калоғаш бувад ҳамнафас
Ғанимат шуморад халос аз қафас.
Сар андар ҷаҳон неҳ ба оворагӣ
Вагарна бинеҳ, дил ба бечорагӣ.
Тиҳипой рафтан беҳ аз кафши танг
Балои сафар беҳ, ки дар хона ҷанг.
Ба зиндони қозӣ гирифтор беҳ
Ки дар хона бини дар абру гиреҳ.
Сафар ид бошад бар он кадхудой
Ки бонуи зишташ бувад дар сарой.
Дари хуррамӣ бар саройе бибанд
Ки бонги зан аз вай барояд баланд.
Саодат барафтад аз он хонадон
Ки бонги хурӯс ояд аз мокиён.
Чу зан роҳи бозор гирад, бизан
Вагарна ту дар хона биншин чу зан.
Агар зан надорад сӯи мард гӯш
Саровели куклӣ-ш бар мард пӯш.
Занеро, ки ҷаҳл асту норостӣ
Бало бар сари худ, на зан хостӣ.
Чу дар кулба як ҷав амонат шикаст
Аз он анбори гандум фарӯ шӯй даст.
Бар он банда Ҳақ некӯӣ хоста аст
Ки бо ӯ дилу дасти зан роста аст.
Чу дар рӯйи бегона хандид зан
Дигар мард, гу лофи мардӣ мазан.
Чу бинӣ, ки зан пой бар ҷой нест
Субот аз хирадмандиву рой нест.
Гурез аз кафаш дар даҳони наҳанг
Ки мурдан беҳ аз зиндагонӣ ба нанг.
Зан аз чашми бегона мастур беҳ
Чу берун шуд аз хона дар гур беҳ!
Зани хуби хуштабъ ганҷ асту бор
Раҳо кун зани зишти носозгор.
Ҳаё гар надорад дил аз вай бигир
Ки набвад зани бе ҳаё дилпазир!
Ду касро бидидам ба як анҷуман
Ки саргашта буданд аз дасти зан
Яке гуфт — "Касро зани бад мабод"
Дигар гуфт — "Зан дар ҷаҳон хуб мабод".
Касеро, ки бинӣ гирифтори зан
Макун, Саъдиё, таъна бар вай мазан.
Ту низ ранҷ биниву бораш кашӣ
Агар як шабе дар канораш кашӣ!
 
Верх Низ