⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

Т

Тоҷику - فارسی

Меҳмон
ПАНДУ АНДАРЗХОИ БУЗУРГОНАМОН

Саҳар бархезу тоат кун, ки тоат беҳ зи ҳар кор аст,
Саодат он касе дорад, ки пеш аз субҳ бедор аст.
Дилам гўяд, ки бархезам, ҳаво гўяд, ки дам дигар,
Ҳаворо зери по орам, ки он чо амри Чаббор аст.
Чу мурғон ҳар саҳар гўянд: "Қум ё айюҳалғофил",
Ки ту дар хобию надони, касе донад, ки бедор аст.
Аз ин беҳтар, ки бархези, зи дида хуни дил рези,
Зи дасти чаҳл бигрези, ки шайтон сахт маккор аст.
Аё эй Шамси Табрези, гаҳе шаҳду шакар рези,
Агар сад сол бигрези, ки охир марг даркор аст
 
Т

Тоҷику - فارسی

Меҳмон
ЁР БА ХОБАМ ОМАДА

Эй шаби ман, саҳар машав, ёр ба хобам омада,
Лаҳзаи даргузар машав, ёр ба хобам омада.
Ай фараҳи гурезпо, дер суроғам омади,
Зуд зи дар бадар машав, ёр ба хобам омада.

Як дамаке қарор кун, ҷон ба раҳаш нисор кун,
Пуштаи хушки синаро саҳнаи лолазор кун.
Ай дили сардгаштаам, хезу зи нав баҳор кун,
Толиби хунҷигар машав, ёр ба хобам омада.

Т-омаданаш шумурдаи сониярову солро,
То бичаши ҳаловати бешумари висолро.
Эй ки ба хоб дидаи олиҳаи хаёлро,
Бодиву бодпар машав, ёр ба хобам омада.

Кӯҳу камар шикофти, ҷустияшу наёфти,
Аз паи нақши пои ӯ гаштаву бас шитофти.
Дар ғами кабки хушгилат қисаи ишқ бофти,
Аз қафасам бадар машав, ёр ба хобам омада.

Сар ба сукут кардаву шукргузор бандаи,
Чашм ба роҳи рафтааш бастаиву накандаи.
Эй, ки матои қалбро пеши раҳаш фикандаи,
Ғофилу бехабар машав, ёр ба хобам омада.
 
Т

Тоҷику - فارسی

Меҳмон
ҲАР КИ АЙБИ ХУД БИГӮЯД, АЗ ҲАМА БОЛОТАР АСТ..

Мояи аслу насаб дар гардиши даврон зар аст,
Ҳар касе соҳиб зар аст, ӯ аз ҳама болотар аст
Дуд агар боло нишинад, касри шони шӯъла нест,
Ҷойи чашм абрӯ нагирад, чунки ӯ болотар аст.
Нокасе гар аз касе боло нишинад, айб нест,
Рӯйи дарё хас нишинад, қаъри дарё гавҳар аст.
Кокул аз болонишинӣ рутбае пайдо накард,
Зулф аз афтодагӣ ҳамсони мушку анбар аст.
Шасту шоҳид ҳарду даъвии бузургӣ мекунанд,
Пас чаро ангушти кӯчак лоиқи ангуштар аст?!
Оҳану фӯлод аз як кӯра меояд бурун,
Он яке шамшер гардад, дигаре наъли хар аст.
Соибо, айби худат гӯ, на айби дигарон,
Ҳар кӣ айби худ бигӯяд, аз ҳама болотар аст.

СоибиТабрезӣ
 
Т

Тоҷику - فارسی

Меҳмон
Гову хар аз ғофилӣ одам нагардад ҳеҷ гоҳ,
Одамӣ гар андаке ғофил шавад, хар мешавад.

Рустами Ваҳҳоб.
 
Т

Тоҷику - فارسی

Меҳмон
Агар шавҳар зи зан ғамдида гардад.
Худованд аз ӯ зан ранҷида гардад.
Худованд мешавад хушнуд аз он зан,
Агар шавҳар зи зан хандида гардад.
 
Т

Тоҷику - فارسی

Меҳмон
Агарчи пеши хирадманд хомушӣ адаб аст,
Ба вақти маслаҳат¹ он беҳ, ки дар сухан кӯшӣ.
Ду чиз тираи² ақл аст: дам фурӯ бастан³
Ба вақти гуфтану гуфтан ба вақти хомӯшӣ.

1. зарурат, вақте лозим бошад.
2. сабукӣ, торикӣ.
3. хомӯш будан, сухан нагуфтан.

САЪДӢ
 
Т

Тоҷику - فارسی

Меҳмон
Ҷаҳон, эй бародар, намонад ба кас,
Дил андар Ҷаҳонофарин¹ банду бас.

Макун такя бар мулки дунёву пушт,²
Ки бисёр кас чун ту парварду кушт.

Чу оҳанги³ рафтан кунад ҷони пок,
Чи бар тахт мурдан, чи бар рӯи хок.

1. офаринандаи ҷаҳон, Худованд.
2. насаб ва авлод.
3. азм, қасду хоҳиш.

САЪДӢ
 
Т

Тоҷику - فارسی

Меҳмон
Ту пок бошу мадор, эй бародар, аз кас бок,
Ба ёд дор, ки ин пандам аз падар ёд аст.
Гар аҳли маърифатӣ, дил дар охират бандӣ,
На дар харобаи дунё, ки меҳнатобод аст.
Ризо ба ҳукми қазо ихтиёр кун, Саъдиё,
Ки ҳар кӣ бандаи фармони Ҳақ шуд, озод аст.
 
Т

Тоҷику - فارسی

Меҳмон
Шаб ба хайр дӯстонам...

Дар ин шаб дуо мекунам:

Шабатон пури умед...

Бахтатон сафед...

Ишқатон ба Худо...

Зиндагиятон пур аз зиё...

Рӯзгоратон пурдаромад...

Ҳоҷататон раво...

Ва лаҳзаҳоятон
пур аз оромиш бошад!

ШАБАТОН БА ХАЙРУ
СИТОРАБОРОН БОШАД!
 
Т

Тоҷику - فارسی

Меҳмон
Пок қалбатро зи бухлу кина кун,
Орзуҳо дар шаби одина кун.
Ҳарф аз душман наёвар бар хато,
Дӯстонро ҳамдили оина кун.
Як шаб аз роҳи Худо ғофил машав,
Роҳи ӯро пок чун оина кун.
Нашъаи ҷовид агар хоҳӣ зи ишқ
Ошиқӣ ба дилбари дерина кун.
Аз паи сарват марав дар зиндагӣ,
Ишқро сармояи ганҷина кун.
Дар забонат номи Ҳақ пайванд бод,
Ишқи Ҳақро дар даруни сина кун.
Мағфират, уммеди фардо мекунӣ,
Тавбаву зори шаби одина кун.

پاک قلبت رازبخل وکین کن،
آرزوهادرشب آدینه کن.
حرف ازدشمن نیاوربرخطا،
دوستان راهمدل آیینه کن.
یک شب ازراه خداغافل مشو،
راه اوراپاک چون آیینه کن،
نشئه ی جاویداگرخواهی به عشق،
عاشقی بردلبردیرینه کن.
ازپی ثروت مرودرزندگی،
عشق راسرمایه ی گنجینه کن.
درزبانت نام حق پیوندباد،
عشق حق رادردرون سینه کن.
مغفرت،امیدفردامی کنی،
توبه وزاری شب آدینه کن.
 
Т

Тоҷику - فارسی

Меҳмон
Зулф бар бод мадеҳ то надиҳӣ барбодам,
Ноз бунёд макун, то накани бунёдам.
Май махӯр бо ҳама кас, то нахӯрам хуни ҷигар,
Сар макаш, то накашад сар ба фалак фарёдам.
Зулфро ҳалқа макун, то накунӣ дар бандам,
Турраро тоб мадеҳ то надиҳӣ барбодам.
Ёри бегона машав, то набурӣ аз хешам,
Ғами ағёр махӯр, то накунӣ ношодам.
Рух барафрӯз, ки фориғ кунӣ аз барги гулам,
Қад барафроз, ки аз сарв кунӣ озодам.
Шамъи ҳар ҷамъ машав, в-арна бисӯзӣ моро,
Ёди ҳар қавм макун, то наравӣ аз ёдам.
Шӯҳраи шаҳр машав, то наниҳам сар дар кӯҳ,
Шӯри Ширин манамо, то накунӣ Фарҳодам.
Раҳм кун бар мани мискину ба фарёдам рас,
То ба хоки дари Осаф нарасад фарёдам.
Ҳофиз аз ҷаври ту ҳошо, ки бигардонад рӯй,
«Ман аз он рӯз, ки дар банди туам, озодам».

Шаб ба хайр, Азизони дилу дида!
 
Т

Тоҷику - فارسی

Меҳмон
БОЗ ЯК РӮЗИ ҒАМУ ШОДИ ГУЗАШТ.

ДАР ТАЛОШИ ҚИСМАТУ НОМУСУ НОМ.
БОЗ ЯК
ХУРШЕД МОРО ТАРК ГУФТ,

МОҲИ НАВ ПАЙДО ШУДА ДАР ИН ЗАМОН.

ҒАМИ РӮЗИ МАХУР БЕДИЛ
МАЗАН АВРОҚИ ДАФТАРРО,

КИ ПЕШ АЗ ТИФЛ ХОЛИҚ ПУР КУНАД ПИСТОНИ МОДАРРО.

ШОМУ ШАБАТОН БА ХАЙРУ ФАРОМУШНОШУДАНИ БОШАД.
 
Т

Тоҷику - فارسی

Меҳмон
Хоҷа Шамсиддин Муҳаммади Ҳофизи Шерозӣ:
ҶАВОБИЯ

Агар он турки Шерозӣ ба даст орад дили моро,
Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро.
ҲОФИЗИ ШЕРОЗӢ

ДАР ПОСУХ СОИБ ЧУНИН МЕГУЯД:
Ҳар он кас чиз мебахшад, ба ҷони хеш мебахшад,
На чун Ҳофиз мебахшад Самарқанду Бухороро.
Агар он турки Шерозӣ ба даст орад дили моро,
Ба холи ҳиндуяш бахшам сару дасту тану поро..

ШАҲРИЁР БА СОИБ ИН ПОСУХРО МЕФАРМОЯД:
Ҳар он кас чиз мебахшад, ба сони мард мебахшад,
На чун Соиб мебахшад сару дасту тану поро.
Сару дасту тану поро ба хоки гур мебахшанд,
На бар он турки Шерозӣ, ки ҷумла бурда дилҳоро.
Агар он турки Шерозӣ ба даст орад дили моро,
Ба холи ҳиндуяш бахшам, тамоми руху аҷзоро.

НАФАРЕ ИН ТАРЗРО МАНЗУР МЕКУНАД:
Ҳар он кас чиз мебахшад, ба ҷамъи хеш мебахшад,
Яке шахру яке ҷисму яке ҳам руҳу аҷзҳоро,
Касе чун ман надорад ҳеҷ дар дунёву дар уқбо
Нагуяд ҳарфи муфту чун надорад тоби иҷроро...

РАЪНОИ ЗОИРДУХТ ҶАВОБ МЕДИҲАД:
Агар ки турки Шерозӣ рабуда ҷумла дилҳоро
Надидастӣ дареғо, ту мани Раънои раъноро.
Агар майле ту ҳам дорӣ назар бар ҷониби мо кун,
Фаромӯш созӣ баъди ин дилу ақлу сару поро.
Шакар ояд бурун гоҳе такаллум аз забони ман,
Ғубори поям орад ёд боди анбаросоро.
Дигар ҳарфи накӯ Ҳофиз, магӯ, бар турки Шерозӣ,
Бигир аз турки Шерозӣ Самарқанду Бухороро.
Чаро дода сару дасту тану по Соиби Табрез,
Парешон мекунад аз ҳоли зораш хотири моро.
Худоё, ошиқони даҳрро ҳушу хирад бахшой,
Мисоли бонуи тоҷик кӣ дида духти доноро?
Ба холи турки яғмоӣ чаро мардони форсигӯ
Бубахшида сару пову тану руҳ, ҷумла аҷзоро?
Шудам ҳайрони Шаҳриёру холи ҳиндуву Соиб,
Чӣ ҳикмат будаву бошад, ки ёбад ин муамморо?..
Зи тангии нафас аз ҷоми Хайём ҷуръа нушидам,
Садо омад, таҳаммул кун, ЗАНИ ТОҶИК мадороро!!

ЛОИҚ ШЕРАЛӢ ГУФТААСТ:
Ба ҳусни туркдухтар, ки саропо макру исён аст,
Намеарзад, ки бахшоям ғубори нохуни поро.
Агар Ҳофиз ту медиди ҷамоли духтари тоҷик,
Барояш ҳадя мекарди тамоми рӯи дунёро.
Ҷамоли духтари тоҷик яқинан, ки Худодод аст,
Ва ман баҳраш бубахшоям ҳама гулҳои раъноро.
Агар бо чашми камбинаш ба суям як назар орад,
Фаромуш мекунам он лаҳза гулгашти мусаллоро.
Ало эй хоҷаи Ҳофиз гумонам, ки пушаймонӣ,
Аз оне, ки бубахшидӣ Самарқанду Бухороро.

НОАЁНӢ:
Агар он турки Шерозӣ ба даст орад дили моро,
Намебахшам, намебахшам наметвонам ман ин корро.
Худо худ оқилу доно Раҳим ҳасту Карим ҳасто,
Чиро Ҳофиз мехоҳад, чиро Соиб, чиро Раъно.
Дареғо ту надидӣ бачаи шуҷоъи Хатлонро,
Барояш мебахшидӣ тамоми мулки дунёро.
Агар ту Турки зебоӣ, парие зери дарёӣ,
Зани точик меарзад ба кони ганҷу дороӣ.
"Зи тангии нафас аз ҷоми Хайём ҷуръа менӯшам"
Ки ман ошиқ гаштам бар ту эй бонуи Хатлонӣ.

УСТОД ИСФАНДИЁРИ НАЗАР:
Агар он турки шерозӣ, Худоё, дил диҳад моро,
Ба поси ин саховат мебарам аз ёд дунёро!
Чи мебахшам, ки бахшудан ба аз худ камтаре бошад?
Куҷо камтар шуморам аз худам он ёри зеборо?
Сухан аз бахшишу бахшандагӣ дар ҳадди чун ман нест,
Ки бошад ин сифат танҳо Худованди тавоноро.
Ман аз доду деҳиш мегӯяму он турки симинбар,
Зи ман дил мебарад он сон, ки ҷаддаш хони яғморо.
Дили ман бурда бо нозе, ки дилбар дил барад умре,
Ва ҳам шояд диҳад дил бедили гардида шайдоро.
Ҳама дунёву мо фиҳо намеарзад ба оғӯше,
Ки бар бозори хубон оварам ин куҳнаколоро.
Дар ин доду деҳиш дил додану дил бурданам ин аст,
Ки бо он ёри Шерозӣ канори ҳам ниҳем поро.

НОАЁНӢ:
Ба холи ҳиндуи туркон.
Намеарзад ними ҷав хам.
Чаро ту додаи Ҳофиз
Самарканду Бухороро.
Миёни баста мегирям.
Ба ҳолат эй Самаркандам.
Ки туркон шаҳди гул чинанду.
Тоҷик санги саҳроро!

Розия Бадал гуфтаст :

Ҷавоб гӯ :Розия ҳало ба он нӯҳ шоири боло.,
Ба таври худ тақдим кард ба як хол қути дунёро .
х х х
Чаро ? Ҳофиз и мо ин ҷо ба як турк духтари сиёҳ ..
Яку якбора тақдим кард Самарқанду Бухоро ро ?
х х х
Чаро ? Соҳиби Табрезӣ , ба як ҳиндуи таннозӣ
Яку якбора мебахшад ,сару дасту тану поро
 
Т

Тоҷику - فارسی

Меҳмон
х х х
Чаро ин Шаҳриёр гуфта ? :ки Соҳиб дод сару поро ,
Ту низ бечора асти худ ,бидоди руху аҷзоро.
х х х
Бигӯяд :як нафар бо худ
,ки надорам намебахшам .,
Намегӯям ҳарфи муфт надорад тоби иҷроро.
х х х
Бигуфт: Раънои Зоҳирдухт,агар туркон гиранд моро,
Ман низ аз ҷоми Хайёмзодагон нӯшам нушворо ..
х х х
Бигуфт "Лоиқ ,бар Ҳофиз магар ин ҷо пушаймонӣ,
Мадеҳ ҳаргиз ба лӯлиён Самарқанду Бухоро ро
Ҷамоли духтари тоҷик бидонӣ он Худодод аст
Ба як лаҳза роҳгум мекунӣ боғи мусаллоро
х х х
Бигуфт: он Ноаёнӣ Хатлон , он гуфти болоро
Ба тоҷикдухтарон бахшам тамоми моли дунёро .
..х х х
Бигуфт:Исфандёрӣ мо ,Худовандо чӣ савдоҳо
Ки аз бозори сиёҳ оваранд ин тавре сиёҳҳоро.
Ба он дил медиҳам умре ки манро мекунад доро,
Ба оғуш мегирад ҳар дам ҳамин Назари шайдоро.
х х
Бигуфт он Ноаён аз ҷон, ба ман гӯшкун,эй нодонон
Ба як дони ҷави арзон намехарам ман туркҳоро

Кунун ин Розия васфи ,,Ниҳонаш,, ро ба ту гӯяд
Биё ин ҷо тамошо кун ,, Варорӯду,, Ағбаҳоро
Ба оби софу шафофаш равонаст Тупаланги мо ,
Гулистон мекунад бо обӣ шаффоф , дашту саҳроро .
Ман аз мулки Сариҷӯям ба мисли гули худрӯям !
Бигуфт: Айнӣ,манам гӯям:ҳамон Ёдгору Гулнор ро .
Бубин ин ҷо,, Ниҳон,, дорам макони шоирон дорам,
Нахоҳам дод ,ба як мисра ,тамоми Арши болоро.
Бигӯ: эй Розия ин ҷо , ки бар ту дод,ин маъво ,
Худо додасту ,хоҳад дод ,! зи ғайб шеъру ғазалҳоро
Худовандо чи гуфт: Ҳофиз, чи гуфт:
Соҳиби Табрези
Ба як холи сияҳдухе бидонанд мулки зеборо.
Намехоҳам , Нахоҳам дод ,: чу он нӯҳ бесари боло ,
Ба як ҷодугарӣ Ҳинду , хасу хоки кафи поро.....

РОЗИЯ БАДАЛ

Дар як телеграм ин 9 - шахсро ҷавобашро хондаму ин тавр ҶАВОБИЯ навиштам
Устодон ба ин ҷавобия ман ҷавоб нависе ва баҳо диҳед...
 
Т

Тоҷику - فارسی

Меҳмон
* * *
Боз мехоҳам, ки аз нав кӯдаки нодон шавам,
Боз мехоҳам, ки аз нав кӯдаки гирён шавам.

Бар сари зонуи модар боз биншинам даме,
Гиряму хандам, сарамро сила бинмояд ҳаме.

Боз гултоқӣ бибофам аз гули худрӯи кӯҳ,
Аз гули наврӯзу аз қоқую аз ҳулбӯи кӯҳ.

Боз рӯи сабзаҳо афтону хезон по ниҳам,
Кӯҳҳову даштҳоро дар дили худ ҷо диҳам.

Боз бо ҳамсолҳоям ҷангбозиҳо кунам,
«Қаҳрамон»-и ҷанг бошам, сарфарозиҳо кунам.

Ошиқе зорӣ кунад бар ман, чу ояд бовараш,
Хат барам аз ӯву хат орам – ҷавоб аз дилбараш.

То таги тори арӯс андар шаби сури висол
Ноаён оям, бибинам чеҳраашро бемалол.

Тоҷи тиллоӣ ба рӯи абруи пайвасти ӯ.
Бӯи умри тоза ояд аз ҳинои дасти ӯ.

Лек бинам, то магар розист аз тақдири худ,
Розӣ аст аз бахт ё менолад аз тақсири худ.

Ё ҳамегиряд зи шодӣ ё ҳамехандад зи ғам,
Ёд карда ошиқи деринаашро бо алам...

Боз дар тоқии худ барчош чинам бо мурод,
Хонда бо ҳамсолҳоям ёр-ёру шодбод.

То саҳар дар тӯйхона байтхониҳо кунам,
Дар ҳақи навхонадорон байтмониҳо кунам.

Ман чӣ мехоҳам, худоё?
Ман дигар кӯдак нахоҳам шуд, дареғо!

Лек одам ҳар қадар солору пурармон шавад,
Боз мехоҳад, ки боре кӯдаки нодон шавад...

[1970]
Л. Шералӣ.
 
Т

Тоҷику - فارسی

Меҳмон
Зиндагӣ маҷмуаи бешу камист,
Ҳар шабе дар осмон маҳтоб нест.
Ҳусн бошад, дӯст медорад касе,
Сар агар бошад, кулаҳ ноёб нест.
 
Т

Тоҷику - فارسی

Меҳмон
Аз тапидан хона бар души фано дорад ҳубоб,
Лангари киштӣ, ту гуйӣ, аз ҳаво дорад ҳубоб.
Дам ба дам аз шавқ; чун девонаи дашти ҷунун
Аз шикасти мавҷ занҷире ба по дорад ҳубоб.
Кас набошад дар тириқи ишқ муҳточи далел,
Кай дар ин амвоҷ фикри нохудо дорад ҳубоб?
Ҷуз сабукборӣ набошад роҳати озодагон,
Пушт андар кух доим аз садо дорад ҳубоб.
Ҳар замон дар мотами ғафлатпарастони ҷаҳон
Чун чароғи шоми ҳасрат гирязо дорад ҳубоб.
Зинҳор, аз нолаи ин зеру бам ғофил мабош,
Дар паси ин парда чандин нашаҳо дорад ҳубоб!
Ҳайрате дорам, ки Туғрал, баҳри як дам зиндагӣ
Ин кулоҳи фахр бар cap аз куҷо дорад ҳубоб?!
 
Т

Тоҷику - فارسی

Меҳмон
Миёни ду кас ҷанг чун оташ аст,
Суханчини бадбахт ҳезумкаш аст.
Кунанд ину он хуш дигарбора дил,
Вай андар миён- кӯрбахту хиҷил.
Миёни ду тан оташ афрӯхтан,
На ақл асту худ дар миён сӯхтан.
(Саъдии ширинсухан)
 
Т

Тоҷику - فارسی

Меҳмон
* * *
Бо ҷаҳон андар ситез, аз хештан бегонаам,
Тафтадил ё рафтадил, ё ошиқи девонаам.

Чун ту андар хонаи ман нестӣ ҳамдарди ман,
Бе ту андар хонаи худ чун худо бехонаам.

Дар сари зулфи диловезат дилам овехтаст,
Бозии марг аст дар ин бозии тифлонаам.

Ман ба ҳар як тори мӯят бастаам афсонае,
То сарат ғофил набошад як дам аз афсонаам.

Бо ту рӯзе уқдаи асрори ман хоҳад кушод
Хилқати риндонаам ё наъраи мастонаам...
 
Т

Тоҷику - فارسی

Меҳмон
Хуш хиромон меравӣ, эй ҷони ман, бе ман марав,
Эй ҳаёти дўстон, дар бўстон бе ман марав.
Эй фалак бе ман магарду эй камар бе ман матоб,
Эй замин бе ман мабошу эй замон бе ман марав.
Ин ҷаҳон бо ту хуш асту он ҷаҳон бо ту хуш аст,
Ин ҷаҳон бе ман мабошу он ҷаҳон бе ман марав.
Эй инон, бе ман марону эй забон бе ман махон,
Эй назар, бе ман мабину эй равон бе ман марав.
Шаб зи рўят моҳ рўйи хештан бинад сафед,
Ман шабам, ту моҳи ман, бар осмон бе ман марав.
Хорро бин руст зоташ дар паноҳи лутфи гул,
Ту гулӣ, ман хори ту, дар гулситон бе ман марав
Дар хами чавгонт мебозад, чу чашмат бо ман аст,
Ҳамчунин дар ман нигар, бе ман марон, бе ман марав.
Чун ҳарифи шоҳ бошӣ, эй тараб, бе ман мабош,
Чун ба поси шаҳ равӣ, эй посбон, бе ман марав.
Войи он кас, кў дар ин раҳ бе нишони ту равад,
Чун нишони ту манам, эй бенишон, бе ман марав.
Вой онро, кандар ин раҳ меравад бедонише,
Оташи роҳам туӣ, эй роҳдон, бе ман марав.
Дигаронат ишқ мехонанду ман султони худ,
Эй ту волотар зи ваҳми ину он бе ман марав.
 
Верх Низ