⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

Т

Тоҷику - فارسی

Меҳмон
Эй, ки дар масҷид рави баҳри суҷуд,
Сар биҷунбад, дил наҷунбад он чи суд.
Мавлоно Балхӣ.
 
Т

Тоҷику - فارسی

Меҳмон
Нигоро ёру дилдорам ту бошӣ,
Мурод аз сайри гулзорам ту бошӣ,
Зи душман заррае боке надорам.
Ба ҳар ҳоле мададгорам ту бошӣ,
Чаро тарсам сари мӯе зи шайтон?
Агар донам нигаҳдорам ту бошӣ,
Куҷо парво куна аз ваҳми маҳшар.
Магар ҷоно талабгорам ту бошӣ.
Насозам асл парвои Қиёмат .
Агар ёри вафодорам ту бошӣ,
Надрам заррае андӯҳи Дӯзах.
Дар он ҷо гар харидорам ту бошӣ,
Насӯзад як сари мӯи Ҷунунӣ,
Ба ин алтоф агар ёрам ту бошӣ.

МАВЛАВӢ ҶУНУНӢ
 
Т

Тоҷику - فارسی

Меҳмон
(Шайх Саъдӣ)

Макун ғайбат агар ақлат тамом аст,
Ки гуфтори ту дар ғайбат ҳаром аст.
Агар айби ту гардад дар ту зоҳир,
Ба айби кас куҷо пардози ту охир.
 
Т

Тоҷику - فارسی

Меҳмон
Бар мурдадилон панд мадеҳ,хеш маёзор,
Зеро,ки Абуҷаҳл,мусалмон шуданӣ нест.
Шамси Табрезӣ

МАН АГАР НЕКАМ, АГАР БАД, ТУ БИРАВ, ХУДРО БОШ,
ҲАР КАСЕ ОН ДАРАВАД ОҚИБАТИ КОР, КИ КИШТ.
Ҳ О Ф И З И Ш Е Р О З Ӣ
 
Т

Тоҷику - فارسی

Меҳмон
Шаб ҳама шаб қалам занам хотири гуфтугӯйи ту,
Рӯз шавад қадам занам ман пайи ҷустуҷӯйи ту.
Моли кадом кишварӣ, гӯ малакӣ ë Қамарӣ?
Шавқи ҳазор оварад дидани ҳусни рӯйи ту.
Ҷилва намо ҷониби ман, эй гули сарви ëсуман,
То ба машом оварам накҳати тори мӯйи ту.
Майлу ҳавойи ошиқӣ лаҳза ба лаҳза дам ба дам,
Кӯча ба кӯча мебарад, то бирасам ба кӯйи ту.
Ғунчагули муҳаббатам, бурдаӣ сабру тоқатам,
Аз дилу ҷон ошиқатам, лойиқи орзӯйи ту.
С. Қодирӣ
🌿🌿🌿🌿🌿🌿🌿🌿🌿🌿
 
Т

Тоҷику - فارسی

Меҳмон
Каҷрав агар ҳаҷрав шавад, як ном ӯро нав шавад,
Аз нав ҳаром ояд бурун, гарчи дарояд дар Ҳарам.

( Фарзонаи Хӯҷандӣ )
 
Т

Тоҷику - فارسی

Меҳмон
(Саъдӣ Шерозӣ)

Чу инсонро набошад фазлу эҳсон,
Чӣ фарқ аз одамӣ то нақши девор.
 
Т

Тоҷику - فارسی

Меҳмон
Ҷониби ишқ моилам

Шаб ҳама шаб қалам занам хотири гуфтугӯйи ту,
Рӯз шавад қадам занам ман пайи ҷустуҷӯйи ту.

Моли кадом кишварӣ, гӯ Малакӣ ë Қамарӣ,
Шавқи ҳазор оварад дидани ҳусни рӯйи ту.

Ҷилва намо ба сӯйи ман, эй гули сарву ëсуман,
То ба машом оварам накҳати тори мӯйи ту.

Майлу ҳавойи ошиқӣ лаҳза ба лаҳза дам ба дам,
Кӯча ба кӯча мебарад, то бирасам ба кӯйи ту.

Ғунчагули муҳаббатам, бурдаӣ сабру тоқатам,
Нозу адову дилбарӣ мақсаду орзӯйи ту.

Бо ҳама хоҳиши дилам ҷониби ишқ моилам,
Розу ниëз мебарам баҳри висол сӯйи ту.

С. Қодирӣ
 
Т

Тоҷику - فارسی

Меҳмон
Зан агар бе сатр бошад луқмаи шайтон шавад
Сайди муфти фосиқон дур аз имон шавад.

Дину илму маърифаташ қадри зан афзо кунад.
Ғафлаташ як офатест з-ин қадри вай поён кунад.
 
Т

Тоҷику - فارسی

Меҳмон
СУХАН ГУФТАНИ САНГРЕЗА

Сангҳо андар кафи Бӯҷаҳл буд,
Гуфт: -Эй Аҳмад, бигӯ ин чист? Зуд.
Гар Расулӣ, чист дар муштам ниҳон?
Чун хабар дорӣ зи рози осмон.

Абӯҷаҳли лаҷуҷ (ситезакор, якрав)у куфрпеша дар ҳузури Паёмбар дасти худро мушт карда, ба ӯ гуфт: -Агар ту ба ростӣ Паёмбари Худоӣ, бигӯ, ки дар дасти ман чист?

Паёмбар гуфт: -Ман бигӯям дар дасти ту чист? Ё он чи
дар даст дорӣ, бигӯяд ман ки ҳастам?
Абӯҷаҳл дуввумиро дархост кард. Ногаҳон сангрезаҳо
дар дасташ садо бароварданд ва калимаи шаҳодатро адо карданд:

Аз миёни мушти ӯ ҳар пора санг,
Дар шаҳодат гуфтан омад бедиранг:
«Ло илаҳ» гуфту «илаллоҳ» гуфт,
Гавҳари Аҳмад Расулуллоҳ гуфт .

Аммо оё Абӯҷаҳл ба мушоҳидаи ин мӯъҷиза имон овард? Ҳргиз!

Чун шунид аз сангҳо Бӯҷаҳл ин,
Зад зи хашм он сангҳоро дар замин.
Хок бар фарқаш, ки буд кӯри лаъин,
Чашми ӯ иблис омад хокбин.
 
Т

Тоҷику - فارسی

Меҳмон
Ало, шодоб соҳилҳо,
Ба қадри обҳои ҷорӣ мебояд расид имрӯз
Ки рӯзе хушку ҳам мағшуш хоҳад шуд.

Ало, зебои маҳфилҳо,
Ба қадри ҳар чароғи давра мебояд расид имрӯз,
Ки рӯзе аз шамоли ҳодиса хомӯш хоҳад шуд.

Ало, раҳҷӯи манзилҳо,
Ба қадри раҳкушои аввалин бояд расид имрӯз,
Ки фардои шумо ҳам як замоне дӯш хоҳад шуд.

Шумо имрӯз агар аз толеъу бахту насиби хештан мастед,
Дар оғӯши биҳишти дилбарони гулбадан мастед,
Зи атри гесувону кокулони пуршикан мастед,
Замоне завқатон аз кори дунё пир хоҳад шуд,
Замоне навбати базми муҳаббат дер хоҳад шуд.

Ало, беақлу беғамҳо,
Ки фарқи сурату сират намедонед,
Ба қадри нозҳои ёр мебояд расид имрӯз,
Ба қадри лаҳзаи дидор мебояд расид имрӯз:
Ба қадри соқи симину ба қадри чеҳраи бечин,
Ба қадри ёри гулрухсор мебояд расид имрӯз,
Баҳори ҷилвааш пажмурдаву бенур хоҳад шуд.

Ба пои он ниҳоле, ки нишаста бо нигоре хуш
Даме аз ошиқӣ доред нақди рӯзгоре хуш,
Намедонед, рӯзе шохҳои он,
Шуморо чӯби боми гӯр хоҳад шуд!

Ба базме пеши чашмони шумо гар ёр мерақсад,
Ба худ чун мавҷ мепечад, зи сар то пой меларзад.
Агар қадраш намедонед,
Ҳамчун Зӯҳраи раққоса
Рӯзе то фалакҳо дур хоҳад шуд!

Ало, эй соҳибони вақт,
Вақти хеш дарёбед.
Шумо ҳоло ҷавону комрону шодмону зиндаед охир!

Чу рӯзе бар мазори сард мехобед,
Аҷал баҳри шумо фурсат нахоҳад дод,
Ки ҳар нодидаро бинед,
Гули ночидаро чинед,
Ва як дам дар ғами гумкардаҳои хештан гирйед,
Ва як дам он чиро нагрифта будед аз ҷаҳон, гиред.

Шумо эй соҳибони вақт,
Биштобед!
Биштобед!
[1971
 
Т

Тоҷику - فارسی

Меҳмон
Он кас, ки бидонад ва бихоҳад, ки бидонад,
Худро ба баландии саодат бирасонад.
Он кас, ки бидонад ва бидонад, ки бидонад,
Аспи шараф аз гунбади гардун биҷаҳонад.
Он кас, ки бидонад ва надонад, ки бидонад,
Бо кӯзаи об аст, вале ташна бимонад.
Он кас, ки надонад ва бидонад, ки надонад,
Лангон хараки хеш ба манзил бирасонад.
Он кас, ки надонад ва бихоҳад, ки бидонад,
Ҷону тани худро зи ҷаҳолат бираҳонад.
Он кас, ки надонад ва надонад, ки надонад,
Дар ҷаҳли мураккаб абадуддаҳр бимонад.
Он кас, ки надонад ва нахоҳад, ки бидонад,
Ҳайф аст чунин ҷонваре зинда бимонад....

Ибни Ямани.
 
Т

Тоҷику - فارسی

Меҳмон
Сири шериро нафаҳмад гову меш,
Ҷуз ба шерон кам бигӯ асрори хеш.

Иқболи Лоҳурӣ
*

Дар кафи мардонагӣ шамшер мебояд гирифт,
Ҳаққи худро аз даҳони шер мебояд гирифт.

Фаррухи Яздӣ
*

Феълу атвори касонро хуб донистам, ки чист,
Корашон афтад ғулому корам афтад хоҷаанд.

Соиби Табрезӣ
***

Ман надонам, эй Худоё, фарқи нӯшу нешро,
Васф бинмудам зи нодонӣ гаҳе бадкешро.

Асадулло Шукуров
 
Т

Тоҷику - فارسی

Меҳмон
Агар тирам ба сар борад, туро ман дӯст медорам,
Агар чархам биозорад, туро ман дӯст медорам.

Ту яктои манӣ, эй гул, тасаллои манӣ, эй гул
Агар ҷонам рамақ дорад, туро ман дӯст медорам.

Туӣ худ орзуи ман, камоли ҷустуҷӯи ман,
Агар ишқам ба марг орад, туро ман дӯст медорам.

Агар арзи ниёзи ман, ҳама сӯзу гудози ман
Ба гӯши ту намефорад, туро ман дӯст медорам.

Агар гардуни дун як дам набигзорад, ки хуш бошам,
Гузорад ё набигзорад, туро ман дӯст медорам.

Қасам бар холи абрӯят, қасам бар шуълаи рӯят,
Қасам бар чашми хумморат, туро ман дӯст медорам.
🌹 Лоиқ Шералӣ🌹
 
Т

Тоҷику - فارسی

Меҳмон
Агар хоҳӣ шавӣ мақбули Раҳмон,
Пазиробандае бошӣ ба Субҳон,
Бигӯям бар ту, эй ёри мусалмон
Намозатро ба вақти хеш мехон!
.
Ба рӯзе, панҷ вақтеро ҷудо кун,
Бихезу фарзу ҳам қарзат адо кун.
Таҳорат кун ба исми поки Яздон,
Намозатро ба вақти хеш мехон!
.
Намозат нур бахшад бар вуҷудат,
Биёбӣ рӯҳи нав аз ҳар суҷудат.
Ба рӯҳу пайкарат то ёбӣ дармон,
Намозатро ба вақти хеш мехон!
.
Сафо ёбӣ зи ӯ дар ҳарду олам,
Раҳо ёбӣ зи ранҷу зулмату ғам.
Шавад дунёву уқбоят чароғон,
Намозатро ба вакти хеш мехон!
.
Худоро гар бидонӣ Холиқи худ,
Набояд амри Ӯро тарк бинмуд!
Бихоҳи бо ту бошад нури имон,
Намозатро ба вақти хеш мехон!
.
Мукаммал кун ҳама шарти вузӯяш,
Бихон бо роҳату ҳам бо хушӯяш.
Худоро дар яқинат рӯ ба рӯ дон,
Намозатро ба вақти хеш мехон!
.
Намозе, ки набошад бо муҳаббат,
Мапиндораш варо ҷузъе зи тоат!
Тамоми ин ҳавасҳоро зи худ рон,
Намозатро ба вақти хеш мехон!
.
Магӯ, имрӯз ё фардо бихонӣ,
Яқин дорӣ, ки то фардо бимонӣ?
Зи дил берун намо ин ҳарфи шайтон!
Намозатро ба вақти хеш мехон!
.
Расули Ҳақ, Ҳабиби хоси Раҳмон,
Чи амре дошт медонӣ ба ёрон?
Ҳамин буд дар забонаш то дами ҷон
Намозатро ба вақти хеш мехон!

МУРОДИИ ХАТЛОНӢ
 
Т

Тоҷику - فارسی

Меҳмон
Ҳар кас, ки рухи ту дид, ҷоно,
Ошиқ ба ту гашт он замоно.
Мурғи дили сад ҳазор ошиқ
Дар қайди ту шуд зи баҳри доно.
Тири нигаҳат гузашт аз ҷон,
Абрӯи каҷи ту чун камоно.
Хун шуд дили мо, чаро нагӯйӣ
Ҳарфе зи вафо аз он даҳоно?!
Аз чини ҷабини туст маълум,
Ранҷидӣ зи ошиқон ҳамоно.
Тасдиқ макун, тасаввуре кун
Он нуктаи мо зи душманоно.
Гашта ба ҷаҳон фасона Туғрал
Бо тири маломат ӯ нишоно.
🌺 Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ 🌺
 
Т

Тоҷику - فارسی

Меҳмон
Куввати Мағриб на аз чангу рубоб,
Не зи рақси духтарони беҳиҷоб,
Не зи сеҳри соҳирони лоларӯст,
Не зи урёнсоқу не аз қатъи мӯст.
Маҳкамии ӯ на аз лодинӣ аст,
Не фурӯғаш аз хати лотинӣ аст,
Қуввати Мағриб аз илму фан аст,
В-аз ҳамин оташ чароғаш равшан аст,
Ҳикмат аз қатъу буриди ҷома нест,
Монеи илму ҳунар аммома нест,
Илму фанро, ай ҷавони шӯхшанг,
Мағз мебояд, на малбуси фаранг.

Аллома ИҚБОЛ
 
Т

Тоҷику - فارسی

Меҳмон
#Ҳикмат

📚 Бо бисёре аз мардум дар сӯҳбат бош, бо бархе аз онҳо маслиҳат кун, вале қарорро танҳо худат қабул кун.
 
Т

Тоҷику - فارسی

Меҳмон
Ҳамнишинони ту дар зери лаҳад хок шуданд,
Ҷашми ибрат бикшо, хоҷа, агар инсонӣ.
Бар сари қабри яке рафтаму гуфтам, чунӣ?
Гуфт: аҳвол чӣ пурсӣ, ки биёӣ, донӣ.
Ҷомиё, воқифи дам бош азизон рафтанд,
Тарки дунё бикун охир, ки ту ҳам меҳмонӣ.
﴾А. Ҷомӣ/Баҳористон﴿
 
Т

Тоҷику - فارسی

Меҳмон
Гул ба гулшан даъвии соҳибҷамолӣ мекунад,
Ҳар кӣ зар дорад, таманноҳои олӣ мекунад.
Ҳар кӣ худро мекунад дар базми нодонон сифат,
Пеши курон даъвои соҳибҷамолӣ мекунад.
 
Верх Низ