⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

  • Автор темы Тоҷику - فارسی
  • Дата начала
Т

Тоҷику - فارسی

Боғбон гар панч рӯзе сӯҳбати гул боядаш,
Бар ҷафои хори ҳичрон сабри булбул боядаш.
Эй дил андар банди зулфаш аз парешонӣ манол,
Мурғи зирак чун ба дом афтад, таҳаммул боядаш.
Ринди оламсӯзро бо маслиҳатбинӣ чӣ кор?
Кори мулк аст он, ки тадбиру тааммул боядаш,
Такя бар тақвиву дониш дар тариқат кофирист,
Роҳрав гар сад ҳунар дорад, таваққул боядаш.
Бо чунин зулфу рухаш бодо назарбозӣ ҳаром,
Ҳар кӣ рӯи ёсамину ҷаъди сунбул боядаш.
Нозҳо з-он наргиси мастонааш бояд кашид,
Ин дили шӯрида то он ҷаъди кокул боядаш.
Соқиё, дар гардиши соғар тааллул то ба чанд?
Давр чун бо ошиқон афтад, тасалсул боядаш!
Кист, Ҳофиз, то нанӯшад бода бе овози рӯд,
Ошиқи мискин чаро чандин таҷаммул боядаш?
 
Т

Тоҷику - فارسی

Пеши мардум каҷ макун гардан, ки ҳайронат кунад,
Обрӯят бурда батар парешонат кунад.
Суфраи дил боз кун дар ҳолу ҳангоми
суҷуд,
Пеши аллоҳ кун гадои,то ки султонат кунад.

Гуфт аз дӯст чи мехоҳи,ки туро шод кунад,
Гуфтам аз дӯст ҳамин бас,ки моро ёд кунад.

Дар роҳ будам, ки марг
омад зи пасам,
Эй марг бимон, ки ман ба
хонаам бирасам.
Дар пеши пойи Модарам ба зону бизанам,
Сар дар кафи пояш монам,барояд нафасам.

#СаъдӣШерозӣ
Саъдиё, аз рӯзи азал ҳусн ба Туркон доданд,
Сипару найзаву шамшер ба Афғон доданд.
Ишваву нозу карашма, ҳама ба мардуми Ҳинд,
Ишқ бар Тоҷики бечораву сарсон доданд.

#СаъдӣШерозӣ
Зи хок офаридат Худованди пок,
Пас, эй банда, афтодагӣ кун чу хок.
Ҳарису ҷаҳонсузу саркаш мабош,
Зи хок офаридандат, чу оташ мабош!
Чу гардан кашид оташи ҳавлнок,
Ба бечорагӣ тан бияндохт хок.
Чу он сарфарозӣ намуд, ин камӣ,
Аз он дев карданд, аз ин одамӣ •

(Шайх Саъдӣ)

Макун ғайбат агар ақлат тамом аст,
Ки гуфтори ту дар ғайбат ҳаром аст.
Агар айби ту гардад дар ту зоҳир,
Ба айби кас куҷо пардози ту охир.

#СаъдӣШерозӣ
Назар кун дар аҳволи зиндониён,
Ки мумкин бувад бегунаҳ дар миён.
Бияндеш аз он тифлаки бепадар,
В-аз оҳи дили дардмандаш ҳазар.
Мискин дар иқлими ғурбат бимурд,
Матоъе, к-аз у монд, золим бибурд.

Эй забардасти зердастозор,
Гарм то кай бимонад ин бозор?
Ба чӣ кор оядат ҷаҳондорӣ?
Мурданат беҳ, ки мардум озорӣ!
﴾Шайх Саъдӣ/Гулистон﴿
🍃 🌸🍂 🌿 🌺 🍃 🍂 🌺 🌿 🌸

#СаъдӣШерозӣ
Биё, эй ки умрат ба ҳафтод рафт,
Магар хуфта будӣ, ки бар бод рафт?
Зи панчаҳ дирам панҷ агар кам шавад,
Дилат реши сарпанҷаи ғам шавад.
Чу панчоҳ солат бурун шуд зи даст,
Ғанимат шумар панҷ рузе, ки ҳаст.
Агар мурда мискин забон доштӣ,
Ба фарёду зорӣ фиғон доштӣ,
Ки, эй зинда, чун ҳаст имкони гуфт,
Лаб аз зикр чун мурда бар ҳам махуфт!
Чу моро ба ғафлат бишуд рузгор,
Ту боре даме чанд фурсат шумор.

🌺 🌾 🌸 🌿 💮 🍂 🏵️ 🍃🌹🌻 🌼 🍁

Чун ятимеро касе гирён кунад,
Молик андар дузахаш бирён кунад.
Чун шавад гирён ятиме ногаҳон,
Арши Ҳақ бар ҷунбиш ояд он замон.
Он ки хандонад ятими хастаро
Боз созад ҷаннати дарбастаро.
﴾Шайх Аттор﴿
 
Т

Тоҷику - فارسی

Ё Илоҳӣ, ҳамраҳам имон кунӣ,
Талхии ҷонканданам осон кунӣ.
Раҳматат дарёи ом аст, беканор,
Бар сарам ҳар лаҳзае селон кунӣ.
Нури имон бар дилам маҳкам бикун,
Ҳам халос аз чангали шайтон кунӣ.
Гуфтаӣ «ло тақнату мин раҳматӣ»,
Ҳам Ғафурӣ, ваъда дар Қуръон кунӣ.
Ҳам ба ҳаққи даҳ сифотат, эй Карим,
Қатрае аз Кавсарат эҳсон кунӣ.
Дар шаби аввал ба гӯри тангу тор,
Андар он шаб соате меҳмон кунӣ.
Бар саволи Ҳазрати Мункар Накир,
Як тараҳҳум бар мани ҳайрон кунӣ.
Хонаи гӯрам, ки пур аз мӯру мор,
Равзае аз ҷониби Ризвон кунӣ.
Рӯзи маҳшар аз сиротам бигзарон,
Сӯйи ҷаннат ҳам барӣ, шодон кунӣ.
Ман ғаминам, ҳам хиҷил аз кардаҳо,
Бо таҷаллои Худат хандон кунӣ.
Ё Раб, имрӯзам, ки ман меҳмони Ту,
Вақти рафтан бар сарам некон кунӣ.
Соили бечора омурз аз карам,
Ҳам ҳисоби охират осон кунӣ.
 
Т

Тоҷику - فارسی

Ҷон бод фидои қаду болои Муҳаммад,
Бо гесӯи мушкини сумансои Муҳаммад.
Ҷибрил ҷилавдори Буроқаш шаби меъроҷ,
Ҳӯрон сафи дар саф ба тамошои Муҳаммад.
Арш аст сарафроз зи ташрифи қудумаш,
Курсист ба болиш зи таманнои Муҳаммад.
Хуршед гирифт хӯшае аз хирмани ҳуснаш,
Маҳ рӯйканон бӯса зад аз пои Муҳаммад.
Ташрифи заминаш ҳамаро вола намуда,
Ташрифи само ҷумла ба ғавғои Муҳаммад.
Шуд гулшани олам зи туфайли гули рӯяш,
Аз шавқ ҳама булбули гӯёи Муҳаммад.
Омад ба қадаш хилъати лавлок мувофиқ,
Тоҷе ба сараш қавси "авадно"-и Муҳаммад.
То-ҳо лақабаш, васфи қабояш ба Музаммил,
Баҳри зафари хасм "фатаҳно"-и Муҳаммад.
Фардо, ки кунад ҷилва ба бозори қиёмат,
Маҳшар шавад он рӯз ба тамошои Муҳаммад.
Аз баҳри шафоъат ба ҳама уммати осӣ,
Бандад камари ҳиммату аъло Муҳаммад.
Хоки қудумаш сурма ба чашмони Ҷунунӣ,
К-ӯ ҳаст ба ҷон волаву шайдои Муҳаммад.
(Саллаллоҳу алайҳи васаллам)

Мавлавӣ Ҷунунӣ, аз ғазалиёти Маъдан-ул-Ҳол
 
Т

Тоҷику - فارسی

Расми дунё дар ҳамин аст он, ки омад рафтанист,
Баъди рафтан номи некат бар забонҳо монданист.
То тавони халқро аз худ маранҷон бо сухан,
Он, ки болотар нишинад охараш афтоданист.
Умру ҷонат гарчи умри Нӯҳ ҳам бошад, вале
Шишаи умри гаронат охираш бишкастанист.
Дил мабанд бар моли дунё, моли дунё бевафост
Хирқаи зар ҳам бипуши, симу зар нобурданист...
 
Т

Тоҷику - فارسی

Одамиро шод кардан он қадар душвор нест,
Ғайри як ҳарфи наку чизи дигар даркор нест.
Ранҷ додан бар дили кас, саҳлу осон аст, бидон,
Як нигоҳи каҷ кифоя, ҳоҷати гуфтор нест.
 
Т

Тоҷику - فارسی

Майдони сухан минбари ҳар беҳунаре нест,
Девони чаман дафтари ҳар бехабаре нест.

Бо аҳли назар сози баланде бинавозанд,
Як зарб дар ин парданаво бе назаре нест.

Бозори адаб ҳоҷати даллол надорад,
Эъҷоз зари кисаи ҳар бадгуҳаре нест.

Гӯё, бифурӯшанду харанд аҳли қаламро,
Онон, ки ҳавасбораашон бори харе нест.

Баъди ду зимистон чу биҷӯӣ хасашонро,
Биллоҳ асаре нест, асаре нест, асаре нест!

Бе рӯву риё вақт бигӯяд, ки чӣ монад,
Таҳқиқи ғазал пешаи ҳар раҳгузаре нест…

Аз вазни сухан бехабарӣ, лоф чӣ дорӣ,
Расво кунад он ҳарф касеро, ки саре нест!

Эй навсафар, аз гавҳари ҷон тӯшаи раҳ соз,
Бар мулки сухан ғайри Худо роҳбаре нест!

Устод Озарахш
Шоири халқии Тоҷикистон
 
Т

Тоҷику - فارسی

Бар дил бигуфтам то саҳар,
Ки эй аз қиёмат бехабар.
Бархезу оламро нигар,
Рафтанду мо ҳам меравем.

Бархез пеш аз ҳар намоз,
Рӯ ор ба даргоҳи ниёз.
Бо мулку моли худ маноз,
Рафтанду мо ҳам меравем.

Бархез пеш аз субҳидам,
Бар сӯи масҷид неҳ қадам.
То шод гардӣ рӯзи ғам,
Рафтанду мо ҳам меравем.

Чандин шаҳи болонишин,
Рафтанд ҳама зери замин,
Бовар надорӣ? Рав бубин!
Рафтанду мо ҳам меравем.

Чандин ҷавони хушрӯ,
Бо духтарони моҳрӯ.
Бар хок гаштанд рӯ ба рӯ,
Рафтанду мо ҳам меравем.

Одам СафийюлЛоҳ куҷост,
Нуҳу ХалилулЛоҳ куҷост.
Ҷумла НабийюлЛоҳ куҷост,
Рафтанду мо ҳам меравем.

Идрису Шис, Яҳё канӣ?
Юнусу Закариё канӣ?
Мусову ҳам Исо канӣ?
Рафтанду мо ҳам меравем.

Бар гӯ, ки Пайғамбар с.а.в. чӣ шуд?
Ёрони он сарвар чӣ шуд?
Асҳоби дилпарвар чӣ шуд?
Рафтанду мо ҳам меравем.

Он Шамси Табрезӣ бигуфт,
Бо нағмаангезӣ бигуфт.
Вақти саҳархезӣ бигуфт,
Рафтанду мо ҳам меравем.

Шамси Табрезӣ.
 
Т

Тоҷику - فارسی

Соҳибо, умр азиз аст, ғанимат донаш,
Гӯи хайре, ки тавонӣ, бубар аз майдонаш.
Он худоест таъоло маликулмулки қадим,
Ки тағайюр накунад мулкати ҷовидонаш.
Ҷои гиряст бар ин умр, ки чун ғунчаи гул,
Панҷ рӯз аст бақои даҳани хандонаш.
Даҳане шир ба кӯдак надиҳад, модари даҳр,
Ки дигарбора ба хун дарнабарад дандонаш.
Муқбил имрӯз кунад доруи дарди дили реш,
Ки пас аз марг муясар нашавад дармонаш.
Гар иморат куни, аз баҳри нишастан, шояд,
В- арна аз баҳри гузаштан макун ободонаш.
Маърифат дорию
сармояи бозаргонӣ,
Чӣ беҳ аз давлати боқӣ? Бидеҳу бистонаш.
Хӯи Саъдист насиҳат, чӣ кунад, гар накунад,
Мушк дорад, натавонад, ки кунад пинҳонаш.

Саъдии Шерозӣ.
 
Т

Тоҷику - فارسی

اگر یک لحظه خاریی زبان بینم


Агар як лаҳза хории забон бинам,
Суханҳои равонро норавон бинам,
Ба дасти нотавоне нотавон бинам,
Дилам бар Рӯдаки сӯзад , Ба ҳоли зиндагӣ сӯзад.
Чу бинам ҳамдиёре худсару худком
Шиносад хешро алломаи айём,
Надонад мисрае аз Ҳофизу Хайём,
Дилам бар Рӯдакӣ сӯзад,
Ба ҳоли зиндагӣ сўзад.
Чу бинам худнамое боз хушнуд аст,
Қи ҳусни тоза бар ҷевонаш афзудаст,
Хариди хар китоби нав агар муд аст,
Дилам бар Рӯдакӣ сӯзад , Ба ҳоли зиндагӣ сӯзад.
Чу донам бўи Ҷӯи Мўлиёнам нест,
Ҳазорон Рустам асту достонам нест,
Ғуборе ҳаст, аммо корвонам нест,
Дилам бар Рӯдакӣ сӯзад,
Ба ҳоли зиндагӣ сӯзад.
Чу бинам Бӯалӣ Синост саргардон,
Миёни қавмҳои бесару сомон
Ва роҳаш нест сўи халқи ман осон,
Дилам бар Рӯдакӣ сӯзад,
Ба ҳоли зиндагй сӯзад.
Чу донам « Шашмақом » имрӯз ноҷӯр аст.
Чу бинам оина дар хидмати кӯр аст
Ва лавҳи хотири мо лавҳаи гӯр аст,
Дилам бар Рӯдакӣ сӯзад,
Ба ҳоли зиндагӣ сӯзад .
 
Т

Тоҷику - فارسی

‼️БУЗУРГӢ БА АҚЛ АСТ, НА БА СОЛ‼️

ℹ️
Султон Маҳмуди Ғазнавӣ кӯдакеро дар роҳ мебинад ва барояш як танга тилло медиҳад, аммо кӯдак рад мекунад. Султон Маҳмуд сабабашро пурсон мешавад. Кӯдак мегӯяд:
- Султонам! Падару модарам тангаи тиллоро аз куҷо гирифтӣ, гуфта, маро ҷанг мекунанд.
- Ту ҳам мегӯй, ки Султон Маҳмуд дод.
Кӯдак:
- Ин хел гӯям, ҳеҷ бовар намекунад. Мегӯянд, ки Султон Маҳмуд, ки медод, ин қадар кам намедод.
Сухани кӯдак ба Султон Маҳмуд хуш меояд ва ба ӯ як коса тилло медиҳад.
Кӯдак аз шоҳ косаи тиллоро гирифта, ба ӯ мегӯяд: ба шарте мегирам, ки бо ҳамроҳи ман ба хонаи мо ба пеши волидайни ман биравӣ. То онҳо бо чашми худ дида, боварӣ ҳосил намояд, ки дар ҳақиқат ҳам ин ҳадяи ту ба фарзанди онҳост. Ин суханон ба шоҳ Султон писанд меояд ва ҳамроҳи кӯдак меравад...ℹ️

⚠️
Бузургӣ ба ақл аст, на ба сол. Кӯдак бо ақли бузургаш ҳам косаи тиллоро соҳиб шуду ҳам подшоҳро ба хона бурд!
 
Т

Тоҷику - فارسی

Маро гум кардию дигар наёбӣ,
Хатамро дар ягон дафтар наёбӣ.
Биҷӯӣ сарҳисоби зиндагонӣ,
Валекин зиндагӣ аз сар наёбӣ
 
Т

Тоҷику - فارسی

Шаб хез,ки ошикон ба хам роз кунанд.
Гирди дари боми дуст парвоз кунанд.
Ҳар ҷо,ки даре бувад ба шаб дар банданд.
Илло дари дуст, ки ба шаб боз кунанд.
 
Т

Тоҷику - فارسی

Баъди маргаш дар сари қабраш гиристанҳо чӣ суд,
Аз қафои тобуташ сад дод гуфтанҳо чӣ суд.
Ҳолате ки зинда буд, қадраш накарди нохалаф,
Санги беҷон дар сари гӯраш ниҳоданҳо чӣ суд.
Солу моҳ бемор буд, як бор нарафтӣ диданаш
Ин замон болои хокаш по ниҳоданҳо чӣ суд.
Сею ҳафту чилу солаш ин ҳама беҳуда аст,
Мисли каргас рӯи хонаш ин париданҳо чӣ суд.
Хост то боре бубинӣ қомати хамгаштааш,
Рӯ ба сӯи хонааш акнун давиданҳо чӣ суд.
Даст бар сӯи он Худо бардору умре зора кун,
Тавба дар даргоҳи ӯст, аз ину аз онҳо чӣ суд.
Ту яқин дон, қарзи фарзанд ин дифои волидайн,
Варна аз ин будани мову ту дар ин дунё чӣ суд.
 
Т

Тоҷику - فارسی

БОЗ ГАРДАД

Мегӯянд Амир Хусрави Деҳлавӣ барои дидани Хоҷа Низомиддин, ки яке аз фузалои машҳур ва шайхони номдори Ҳинд буд, рафт ва барои мушарраф шудан ба ҳузури ӯ ин қитъаро фиристод:
Ту он шоҳӣ, ки бар айвони қасрат
Кабутар гар нишинад, боз гардад.
Ғарибе мустаманде бар дар омад,
Биёяд андарун ё бозгардад?

Хоҷа бо ин ду байт посух дод:

Биёяд андарун марди сухандон,
Ки бо ман як нафас ҳамроз гардад.
Агар аблаҳ бувад он марду нодон,
Зи ҳар роҳе, ки омад, боз гардад!
 
Т

Тоҷику - فارسی

Ошиқиву онгаҳонӣ ному нанг?!
Ӯ нашояд,ишқро диҳ санг,санг!
Гар зи ҳар чизе билангӣ,дур шав,
Роҳи дуру санглоху ланг ланг?!
Марг агар мард аст,ояд пеши ман,
То кашам хуш дар канораш танг танг!
Ман аз ӯ ҷоне барам бе рангу бӯ,
Ӯ зи ман далқе ситонад ранг ранг!
Ҷавру зулми дӯстро бар ҷон биниҳ,
В -ар нахоҳӣ,пас салои ҷанг ҷанг!
Гар намехоҳӣ тароши сайқалаш,
Бош чун ойинаи пурзанг,занг!
Дастро бар чашми худ ниҳ,гӯ ба чашм,
Чашм бикшо,хира мангар данг данг!
Мавлонои Румӣ.
1.
 
Т

Тоҷику - فارسی

Ҳам масҷиду ҳам каъбаву ҳам қибла баҳонаст,
Диққат бикунед, нури Худо дар дили хонаст.
Дар масҷиду дар каъба дунболи чӣ ҳастӣ?
Аввал ту бубин қалби касеро нашикастӣ?
Ин гуна чаро дар паи исботи Худоем,
Ҳамсояи мо гушнаву мо сер бихобем.
Дар хилқати мо рози муаммои Худо чист?
Инсон худаш оинаи як каъба магар нест?
Бархезу каме Каъбаи аъмоли худат бош,
Чанге ба ниқобат бизану моли худат бош.
Тасвири Худо руи ҳамин куҳна ниқоб аст,
Тасвири Худо возеҳу чашмони ту хоб аст.
Шояд ки буте дар васати зеҳни ману туст,
Бояд бути худ бо нами борони Худо шуст.
Гуӣ ки Худо дар бадану дар танамон аст,
Наздиктар аз хуну раги гарданамон аст...
 
Т

Тоҷику - فارسی

Чону дилам ай гулпари, аклу хушамро мебари
Лаб бар лабат бинхам агар, мастам куни бе согари
Парвона осо мекунам аз хусни руят чокари
"Эй чехраи зебои ту, рашки бутони озари
Харчанд васфат мекунанд дар хусн аз он зеботари"

Акси накуят доимо, дар пеши чашмам чилвагар
Дар шоми торам, махрухон, боши бамонанди камар
Чуям наёбам хамчун ту ёри азизу муътабар
"Харгиз наояд дар назар шамъе зи руят хубтар
Шамси надонам ё камар, хури надонам ё пари"

Доим манам рахпои ту, шояд ба наздам ойи ту
Хечам ману дунёи ту, сохил манам, дарё туи
Хам мохии тилло туи, хам мургаки хуммо туи
"Олам хама ягмои ту, халке хама шайдои ту
Он наргиси шахлои ту оварда расми кофари"

Дар кирду кори зиндаги, чоно туро санчидаам
Гохо зи ту ранчидаам, гох хамрахат хандидам
Гулхо зи руят чидаам, аз накхаташ болидаам
"Офокро гардидаам, мехри бутон варзидаам
Бисёр хубон дидаам, аммо ту чизи дигари"
 
Т

Тоҷику - فارسی

Бидидам, гул вафодорӣ надорад,
Ба роҳи ишқ подорӣ надорад,
Насими раҳгузар чун бӯсад ӯро,
Ба булбул вай дигар коре надорад,
Ту гул не, ҷони ман, ҳаргиз ту гул не.
Гул охир на дилу на дида дорад,
Фақат як чеҳраи хандида дорад,
Агар ҳиммат кунад танҳо ду-се рӯз,
Ба бӯяш хотирам болида дорад.
Ту гул не, ҷони ман, ҳаргиз ту гул не.
Ту дар ҳайрат шудӣ ҳозир аҷаб не,
Валекин ин суханҳо бесабаб не,
Худи ту нағз медонӣ, азизам,
Ҳаёт охир иборат аз тараб не.
Ту гул не, ҷони ман, ҳаргиз ту гул не.
Ту охир мавҷи дарёи вафоӣ,
Ту охир бо дили ман ҳамсадоӣ,
Ба обу оташ афтодам, фитодӣ,
Накардӣ ҳеҷ гоҳ аз ман ҷудоӣ.
Ту гул не, ҷони ман, ҳаргиз ту гул не.
Ба меҳнат чашм коромӯз кардем,
Хаёли толеи фирӯз кардем.
Ту бар ман, ман ба ту дилдорӣ дода,
Шаби торикро ҳам рӯз кардем.
Ту гул не, ҷони ман, ҳаргиз ту гул не.
 
Т

Тоҷику - فارسی

Бар дил бигуфтам то саҳар,
К-эй аз қиёмат бехабар.
Бархезу оламро нигар,
Рафтанду мо ҳам меравем.

Бархез пеш аз ҳар намоз,
Рӯ ор ба даргоҳи ниёз.
Бо мулку моли худ маноз,
Рафтанду мо ҳам меравем.

Бархез пеш аз субҳидам,
Бар сӯи масҷид неҳ қадам.
То шод гардӣ рӯзи ғам,
Рафтанду мо ҳам меравем.

Чандин шаҳи болонишин,
Рафтанд ҳама зери замин,
Бовар надорӣ? Рав бубин!
Рафтанду мо ҳам меравем.

Чандин ҷавони хушлиқо,
Ҳам духтарони моҳрӯ.
Бар хок гаштанд рӯ ба рӯ,
Рафтанду мо ҳам меравем.

Одам Сафийюллоҳ куҷост,
Нуҳу Халилуллоҳ куҷост.
Ҷумла Набийюллоҳ куҷост,
Рафтанду мо ҳам меравем.

Идрису Шис, Яҳё канӣ?
Юнусу Закариё канӣ?
Мусову ҳам Исо канӣ?
Рафтанду мо ҳам меравем.

Бар гӯ, ки Пайғамбар чӣ шуд? (с.а.в.)
Ёрони он сарвар чӣ шуд?
Асҳоби дилпарвар чӣ шуд?
Рафтанду мо ҳам меравем.

Он Шамси Табрезӣ бигуфт,
Бо нағмаангезӣ бигуфт.
Вақти саҳархезӣ бигуфт,
Рафтанду мо ҳам меравем.

🍃🍃🍃🍃🌸🌺🍃🍃🍃🍃
 
Верх Низ