"Лаҳзае то ҷовидон"-и Исмоил Зарифӣ

  • Автор темы Автор темы Мирзо
  • Дата начала Дата начала

Мирзо

Меҳмон
Регистрация
09.06.2025
Сообщения
85
ДАР ТАЗМИНИ САЪДӢ
Аз ман ту чӣ мепурсӣ имрӯз саранҷоме?
Дар ишқи ту кай дорам дар синаам ороме?
Эй ёри шакаргуфтор, аз ман ту чӣ мехоҳӣ,
Дар олами тарбият кай пухта шавад хоме?
Ту оқилу ман нодон, ту хушдилу ман гирён,
Моро бикашад гардун бар сӯйи саранҷоме.
Дасти талаби худро ҳаргиз набарам берун,
Аз дӯст намехоҳам ҷуз меҳр ман инъоме.
Дар ҳошияи дафтар чун ҳарфи парешонам,
Набвад ба ҷаҳон дилро ҳаргиз талаби коме.
«Эй булбул, агар нолӣ, ман бо ту ҳамовозам,
Ту ишқи гуле дорӣ, ман ишқи гуландоме».
 
БАР НАФАҚА БАРОӢ МЕФАҲМӢ
Мазмун аз ӯзбекӣ

Ҷумла подоши кору хизматро,
Дар бари ёр қадру қимматро,
Ҳарф-ҳарф ҳарфи тунди миннатро,
Бар нафақа бароӣ мефаҳмӣ.

Доғдорӣ ва ё ки бедоғӣ,
Кӯҳи болотар аз Қаротоғӣ,
То бидонӣ, ки аз кадом боғӣ,
Бар нафақа бароӣ мефаҳмӣ.

Дар барат ҳеҷ кас намемонад,
Бар зиёфат касе намехонад,
Қадри ту ҷуз ту кас намедонад,
Бар нафақа бароӣ мефаҳмӣ.

Беҷавоб аст занги тилфонат,
Бигзарад ҷамъи давру давронат,
Дар танат танг мешавад ҷонат,
Бар нафақа бароӣ мефаҳмӣ.

Ёру ҷӯра рух аз ту метобад,
Сӯйи ту дӯстат набиштобад,
Ҳар куҷо бошӣ дард меёбад,
Бар нафақа бароӣ мефаҳмӣ.

Бинишинӣ ба хонаат
ҳайрон,
Ҷӯйи ҳамсуҳбату лаби хандон,
Хешро хонӣ сахраи беҷон,
Бар нафақа бароӣ мефаҳмӣ.

Кас нахонад туро ба меҳмонӣ,
Бо набера, абера сарсонӣ,
Ҳис насозӣ дигар, ки инсонӣ,
Бар нафақа бароӣ мефаҳмӣ.

Рӯй тобӣ зи пиставу бодом,
Зан набахшад барои ту илҳом,
Суд кай бинӣ дигар аз айём?
Бар нафақа бароӣ мефаҳмӣ.

Киссаи ту зи дору пур гардад,
Ҷон ба афғону носабур гардад,
Зиндагӣ бар ту нозарур гардад,
Бар нафақа бароӣ мефаҳмӣ.

Аҳли байтат шавад насиҳатгар,
Мешавӣ баҳри ҷамъашон чокар,
Дур гардӣ зи додару хоҳар,
Бар нафақа бароӣ мефаҳмӣ.

Хонадат санги роҳ девона,
Ҷо наёбӣ дигар ту дар хона,
Ҳарфи панди ту ҳаст афсона,
Бар нафақа бароӣ мефаҳмӣ.

Роҳи умрат ба сахти биспардӣ,
Баъди ин бош дар ҷаҳонгардӣ,
Аз Худо ёд кун, агар мардӣ,
Бар нафақа бароӣ мефаҳмӣ.
Возможно, это изображение 1 человек




БАР НАФАҚА БАРОӢ МЕФАҲМӢ
Мазмун аз ӯзбекӣ

Ҷумла подоши кору хизматро,
Дар бари ёр қадру қимматро,
Ҳарф-ҳарф ҳарфи тунди миннатро,
Бар нафақа бароӣ мефаҳмӣ.

Доғдорӣ ва ё ки бедоғӣ,
Кӯҳи болотар аз Қаротоғӣ,
То бидонӣ, ки аз кадом боғӣ,
Бар нафақа бароӣ мефаҳмӣ.

Дар барат ҳеҷ кас намемонад,
Бар зиёфат касе намехонад,
Қадри ту ҷуз ту кас намедонад,
Бар нафақа бароӣ мефаҳмӣ.

Беҷавоб аст занги тилфонат,
Бигзарад ҷамъи давру давронат,
Дар танат танг мешавад ҷонат,
Бар нафақа бароӣ мефаҳмӣ.

Ёру ҷӯра рух аз ту метобад,
Сӯйи ту дӯстат набиштобад,
Ҳар куҷо бошӣ дард меёбад,
Бар нафақа бароӣ мефаҳмӣ.

Бинишинӣ ба хонаат
ҳайрон,
Ҷӯйи ҳамсуҳбату лаби хандон,
Хешро хонӣ сахраи беҷон,
Бар нафақа бароӣ мефаҳмӣ.

Кас нахонад туро ба меҳмонӣ,
Бо набера, абера сарсонӣ,
Ҳис насозӣ дигар, ки инсонӣ,
Бар нафақа бароӣ мефаҳмӣ.

Рӯй тобӣ зи пиставу бодом,
Зан набахшад барои ту илҳом,
Суд кай бинӣ дигар аз айём?
Бар нафақа бароӣ мефаҳмӣ.

Киссаи ту зи дору пур гардад,
Ҷон ба афғону носабур гардад,
Зиндагӣ бар ту нозарур гардад,
Бар нафақа бароӣ мефаҳмӣ.

Аҳли байтат шавад насиҳатгар,
Мешавӣ баҳри ҷамъашон чокар,
Дур гардӣ зи додару хоҳар,
Бар нафақа бароӣ мефаҳмӣ.

Хонадат санги роҳ девона,
Ҷо наёбӣ дигар ту дар хона,
Ҳарфи панди ту ҳаст афсона,
Бар нафақа бароӣ мефаҳмӣ.

Роҳи умрат ба сахти биспардӣ,
Баъди ин бош дар ҷаҳонгардӣ,
Аз Худо ёд кун, агар мардӣ,
Бар нафақа бароӣ мефаҳмӣ.
 
Хозир давраба ту шоҳӣ,
Дар ҷаласаҳо ту доҳӣ,
Ба дӯстонат тилломоҳӣ,
Нафақа барои мефаҳмӣ.
Кибру ғурур зиёд аст,
Шогирдот бесавод аст,
Мардум имруз ба дод аст,
Нафақа барои мефаҳмӣ
Дӯстони ҷонӣ кам шавад,
Дӯстони нонӣ бе ғам шавад,
Одам интизори одам шавад,
Нафақа барои мефаҳмӣ.
Ёронат аз ёд барорад,
Душманот ба ёд ояд,
Хатогиҳот бор орад,
Нафақа барои мефаҳмӣ.
Ба ким-кӣ ту меваи боғӣ,
Ба ким-кӣ аккаю зоғӣ,
Ба ким-ки ту як доғӣ,
Нафақа барои мефаҳмӣ.
Агар рӯзе бемор шавӣ,
Ба фарзандат бор шавӣ,
Аз хобат бедор шавӣ,
Нафақа барои мефаҳмӣ.
Ёронат туро фаромӯш кунад,
Оби мошинат ҷӯш кунад,
Фишор баланду хурӯш кунад,
Нафақа барои мефаҳмӣ
Бисёртар ту дам гирӣ,
Сомония кам гирӣ,
Хатогитба ғам гирӣ,
Нафақа барои мефаҳмӣ.
Набераҳот зиқ кунад,
Тирезая тиқ-тиқ кунад,
Хандида пиқ-пиқ кунад,
Нафақа барои мефаҳмӣ
Мегузарад ин давру давронат,
Меравад аз ту ёронат,
Занг наояд ба тилфонат,
Нафақа барои мефаҳмӣ.
Мӯйҳоят сафед шавад,
Афтат скалет шавад,
Дар ҷайбат билет шавад,
Нафақа барои мефаҳмӣ.
Асабот таранг шавад
Саракот гаранг шавад
Сони ҳавлит танг шавад
Нафақа барои мефаҳмӣ
Чашмони ту айнакдор,
Кампират аз ту безор,
Танат шавад бемадор,
Нафақа барои мефаҳмӣ
Кани акнун давлатат
Дар кӯчаҳо савлатат
Ким-киҳо диҳанд латат
Нафақа барои мефаҳмӣ
Бо кампират Шарифмо
Гоҳ якҷою гоҳ ҷудо
Нола кунӣ ба Худо
Нафақа барои мефаҳмӣ
Хоҳи, ки эй фалонӣ,
Давраи пири ронӣ,
Тавба кун то тавонӣ,
Нафақа барои мефаҳмӣ

Комил Махкамов
 

ФОЗИЛ НАЗАРӢ. КИТОБИ «НЕСТ». ҒАЗАЛИ 37

Тамоми роҳ зи хеш обшор мепурсид,
Чӣ шуд, ки рӯд ба тасмими партгоҳ расид?

Чӣ шуд, ки марг ба чашми дарахт зебо шуд,
Чӣ шуд, ки барг дил аз шохсори хеш бурид.

Барои ҳамнафасӣ бо ту дар қафас мондам,
Зи ман маранҷ, вале ин ба он намеарзид.

Дарахти сӯхтае, к-аз дарун тиҳӣ шуда буд,
Ба саъйи бесамари навбаҳор механдид

Назар ба ҳиқ-ҳиқи фаввора кун, ки мегӯяд:
Намешавад зи «умеди маҳол» даст кашид.

Зи пила бофтанам хастаам, вале чӣ кунам!?
Умедвораму зиндони одамист умед.
تمام راه ز خویش آبشار می‌پرسید
چه شد که رود به تصمیم پرتگاه رسید

چه شد که مرگ به چشم درخت زیبا شد
چه شد که برگ دل از شاخسار خویش برید

برای هم‌نفسی با تو در قفس ماندم
ز من مرنج ولی این به آن نمی‌ارزید

درخت سوخته‌ای کز درون تهی شده بود
به سعی بی ثمر نوبهار می‌خندید

نظر به هق‌هق فواره کن که می‌گوید
نمی‌شود ز «امید محال» دست کشید

ز پیله بافتنم خسته‌ام ولی چه کنم!؟
امیدوارم و زندان آدمی‌ست امید
 

ФОЗИЛ НАЗАРӢ. КИТОБИ НЕСТ. ҒАЗАЛИ 36

Дар офариниши Одам магар чӣ дид, Худо,
Ки қабли хилқати ӯ дӯзах офарид, Худо?

Фариштагон ба таааҷҷуб нигоҳ мекарданд,
Даме ки рӯҳ бар ин хок медамид, Худо.

Магар чӣ буд саранҷоми офариниши ман,
Ки дар баробари ман «оҳ» мекашид, Худо?

Дар он замон, ки маро ноумед кард аз халқ,
Маро зи хеш намехост ноумед, Худо.

Зи тозиёнаи ғам дар сиёҳчоли вуҷуд,
Задем дар дили худ наъраву шунид, Худо.

Гирифт ҷону ба дидори хеш моро бурд,
Худаш амонати худро зи мо харид, Худо.

در آفرینش آدم مگر چه دید خدا؟
که قبل خلقت او دوزخ آفرید خدا

فرشتگان به تعجب نگاه می‌کردند
دمی که روح بر این خاک می‌دمید خدا

مگر چه بود سرانجام آفرینش من
که در برابر من آه می‌کشید خدا

در آن زمان که مرا ناامید کرد از خلق
مرا ز خویش نمی‌خواست ناامید خدا

ز تازیانه‌ی غم در سیاهچال وجود
زدیم در دل خود نعره و شنید خدا

گرفت جان و به دیدار خویش ما را برد
خودش امانت خود را ز ما خرید خدا
 
ФОЗИЛ НАЗАРӢ. КИТОБИ «НЕСТ». ҒАЗАЛИ 35
Биное бо шукӯҳ аз оҷари шик сохтам ман ҳам,
Ба бомаш парчами фарзонагӣ афрохтам ман ҳам.
Зи нофармонии дил чун шунидам бо «сипоҳи ақл»,
Ба сӯии ишқ бо «шамшербурҳон» тохтам ман ҳам.
Ба ҷанге нобаробар рафта будам , содагӣ кардам,
Ба кӯҳе устувор аз дур санг андохтам ман ҳам.
Яке имони худро бохт ин ҷо, дигаре ҷонро
Намондам ҷову дар ишқаш диламро бохтам ман ҳам.
Ту танҳо нестӣ, эй дил, ки товон медиҳӣ ин ҷо,
Тақоси дидани он чашмро пардохтам ман ҳам.
Пас аз як умр дурӣ дидамат бо дигаре, эй дӯст,
Маро нашнохтӣ? Бошад , туро нашнохтам ман ҳам.
بنایی با شکوه از آجر شک ساختم من هم
به بامش پرچم فرزانگی افراختم من هم
ز نافرمانی دل چون شنیدم با «سپاه عقل»
به سوی عشق با «شمشیربرهان» تاختم من هم
به جنگی نابرابر رفته بودم، سادگی کردم
به کوهی استوار از دور سنگ انداختم من هم
یکی ایمان خود را باخت اینجا دیگری جان را
نماندم جا و در عشقش دلم را باختم من هم
تو تنها نیستی ای دل که تاوان می‌دهی اینجا
تقاص دیدن آن چشم را پرداختم من هم
پس از یک عمر دوری دیدمت بادیگری ای دوست
مرا نشناختی؟ باشد، تو را نشناختم من هم
 

РАФТАМ, КИ РАФТАМ...

Бо хастаҷонӣ рафтам, ки рафтам,
Бо саргаронӣ рафтам, ки рафтам.

Лутфе накардӣ бар ҳоли зорам,
Бо безабонӣ рафтам, ки рафтам.

Бас риштаи меҳр аз ту буридам,
Будӣ на ҷонӣ рафтам, ки рафтам.

Дигар насозам умре суроғат,
Номеҳрубонӣ рафтам, ки рафтам.

Гарчи азизӣ бо ман набошӣ,
Дурри гаронӣ рафтам, ки рафтам.

Гар бигзарам ман дар ёди рӯят,
Ту зинда монӣ рафтам, ки рафтам.

Бо теғи абрӯ ҷони ҳазинам
То кай ситонӣ? Рафтам, ки рафтам.

Эй бемурувват, аз пеши чашмат,
Чун ормонӣ рафтам, ки рафтам.
 

ОБИ РАВОНИ ПИРЯХ

Дилро фараҳ бибахшад оби равони пирях,
Дунёи орзуҳост андар ҷаҳони пирях.

Об аст мояи ҷон, об аст боғи ризвон,
Нерӯи зиндагонист дар баҳру кони пирях.

Ҳар нахл сабз гашта аз қатраҳои ҷонбахш ,
Ҳарфу баёни сабз аст ҳарфу баёни пирях.

Авсофи он нагунҷад дар дафтару рисола,
Лол аст ҳар суханвар дар мадҳи шони пирях.

Уштурсавории он як лаҳза кам нагардад,
Хоҳам, ки дар амон бод ҳар корвони пирях.

То ин ки қадри пирях маълум даҳр гардад,
Гӯям ба ту ривоят аз достони пирях.

Бигзор то қиёмат дар ошёни гардун,
Н-ояд зи боди гармо ҳаргиз хазони пирях.
 

ПАДАРРО БОЗПУРС...

Бароям нури чашму қуввати ҷону ҷигарбандӣ,
Насибам гашт дар олам ба дидори ту хурсандӣ,
Бароят то абад хоҳам пару боли барӯмандӣ,
Зи бахти хештан дар хонаи иқбол механдӣ,
«Падарро бозпурс, охир, куҷо шуд меҳри фарзандӣ?¹»

Туро бо хуни қалбу шири ҷони худ калон кардам,
Ба сӯйи хонаи мақсуду шодият равон кардам,
Тамоми умри худро аз барои ту хазон кардам,
Раҳатро бо дуои субҳу шомам гулфишон кардам,
«Падарро бозпурс, охир, куҷо шуд меҳри фарзандӣ?»

Насибат бод, эй ҷони падар, ин молу амволат,
Ба парвози баланди ту қавӣ бошад пару болат,
Таманно созӣ дар рӯйи ҷаҳон аз бахту иқболат,
Гузар созад ба хурсандию хушбахтӣ маҳу солат,
«Падарро бозпурс, охир, куҷо шуд меҳри фарзандӣ?»

Намегӯям, ки бар қабрам ба ҳасрат санги мармар мон,
Ба рӯзи вопасинам дар ҷаноза киссаат афшон,
Ба ҳафту чилу солам пул мадеҳ, худро макун гирён,
Азизам, кибри худро аз сарои сина берун рон,
«Падарро бозпурс, охир, куҷо шуд меҳри фарзандӣ?»

Моли Ҳофизи Шерозӣ
 

ҒАЗАЛИ ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Ман ошиқаму аммо ҷонона намедонад,
Месӯзаму сӯзамро парвона намедонад.

Дар олами зебоӣ бо ин ҳама яктоӣ,
Қадри ҳунари воло дурдона намедонад.

Дар кӯчаи сарсонӣ бо дидаи боронӣ,
Осоиши гетиро бехона намедонад.

Зулфайни гуҳаррезаш дар банд кашад моро,
Қадри гуҳари зулфаш ҳар шона намедонад.

То зиндаӣ дар дунё ҷӯёи ҳақиқат бош,
Асрори ҳақиқатро афсона намедонад.

Аз арзиши ҳусни ёр аз ман ту напурс, эй дӯст,
Чун қимати ин гавҳар девона намедонад.
 

ҒАЗАЛ

Шаҳрванди шаҳри ишқам, шаҳриёрӣ мекунам,
Хидмати маҳбуби худро ихтиёрӣ мекунам.

Дар талоши зинда будан зистам ҳафтод сол,
З-ин матоъи зиндагонӣ бурдборӣ мекунам.

Дар тафохур будам умре ҳамчу сарбози Ватан,
Амрро иҷро чу сарбози қаторӣ мекунам.

Ишқ мебахшад ба поям Қуввату бар дида нур,
Дар дифои ёр умре ҷоннисорӣ мекунам.

Ёри ман андар миёни боғи ҷон дорад мақом,
То абад бишкуфтанашро интизорӣ мекунам.

Бо чунин бахти баланду бо чунин армони хуш,
То ба марги хештан ман бахтиёрӣ мекунам.
 

АЗ СИЛСИЛАИ «ШЕЪРҲОИ ЭРОНӢ»

ТАХТИ ҶАМШЕД

Аз сутунҳои сокити сангӣ,
Нолаи дилхарош меояд.
Аз тамаддуни олии вайрон
Синаро бас харош меояд.

Дориюшу Куруши беҳамто
Зинда дар нақши лашкари сангӣ.
Пеши рӯ ҳар сутуни урёнро,
Бингарам бо ҳазор дилтангӣ.

Тахти Ҷамшед – тахти адлу дод
Шиква дорад зи ҷабри Искандар.
Сангҳо то ҳанӯз гирёнанд,
Дасти худро ҳамезананд бар сар.

Ардашер аз баландии ин тахт
Мекунад то ҳанӯз дидбонӣ.
Ҳаст осори сангии ин қаср
Ифтихори тамоми эронӣ.
 
Бо хоҳиши Раҳмонқул Каримов дар ёди Бобо Қурбонов
Номи ту бошад ба мо вирди забон, эй Қаҳрамон!
Зиндаӣ дар ёди мо то ҷовидон, эй Қаҳрамон!
Дар дифои Меҳани худ ҷони худро костӣ,
Зистӣ бар рағми тӯфону хазон, эй Қаҳрамон!
Зиндагии пуртазодатро биёрам дар назар,
То сипар кардӣ ба ҳифзи халқ ҷон, эй Қаҳрамон!
Дар набарди зиндагонӣ доимо ғолиб шудӣ,
Кори ту бошад ба чашми дил аён, эй Қаҳрамон!
Кошифи асрори хоку санг будӣ солҳо,
Зар ба каф овардӣ аз реги равон, эй Қаҳрамон.
Арчи аз мо рафтаӣ дар ёди моӣ то абад,
Месазад гӯям ба васфат достон, эй Қаҳрамон!
Шеъри ҷонбахши Ҳикоят ёд аз ту мекунад,
Дорӣ бо Шайдои худ килки баён, эй Қаҳрамон!
Мактабат номи туро бигрифту Ғезан тӯй дошт,
Дар дили мардум туӣ доимҷавон, эй Қаҳрамон!
 

АЗ СИЛСИЛАИ «ШЕЪРҲОИ ЭРОНӢ»

ЗОИНДАРӮД

Зоиндарӯд – рӯдаки беоби ташнаком,

Аз ман ба ту салом!

Аз ман ба ту салом!

Ман омадам , ки сер бинӯшам зи оби ту,

Бигристам ба ҳасрати ҷисми кабоби ту,

Ҳоли хароби ту...

Ку оби дилпазири ту?

Ку файзи беназири ту?

Дар Исфаҳон шукӯҳи ту дигар намондааст,

Дасти қазо гули тараб аз боғ рондааст.

Бигзор резам ашки худ андар азои ту,

Ёбам ризои ту.

То қатра-қатра ашки ман рӯди равон шавад,

Бар мурда ҷон шавад.

Аз нав ту ҷони тозае ёбӣ, равон шавӣ,

Осоиши дили ҳама пиру ҷавон шавӣ.

Нисфи ҷаҳон шавад зи ту як шаҳри гулбасар,

Вораста аз хатар.

Зоиндарӯди ҷонфизо аз ман ба ту салом,

Бо иззу эҳтиром!

از سلسله «شعر‌های ایرانی »

زاینده رود

زاینده رود – رودک بی‌آب تشنه‌کام ،
از من به تو سلام !
از من به تو سلام !
من آمدم ، که سیر بنوشم ز آب تو ،
بگرستم به حسرت جسم کباب تو ،
حال خراب تو . . .
کو آب دل‌پذیر تو ؟
کو فیض بی‌نظیر تو ؟
در اصفهان شکوه تو دیگر نمانده‌است ،
دست قضا گل طرب از باغ رانده‌است .
بگذار ریزم اشک خود اندر عزای تو ،
یابم رضای تو .
تا قطره - قطره اشک من رود روان شود ،
بر مرده جان شود .
از نو تو جان تازه‌ای یابی ، روان شوی ،
آسایش دل همه پیر و جوان شوی .
نصف جهان شود ز تو یک شهر گل‌بسر ،
وا‌رسته از خطر .
زاینده رود جانفزا از من به تو سلام ،
با از و احترام !
 
ЗАМИН ПОК АСТУ ТУ ИФЛОС КАРДӢ
Дар мазаммати ифлоскунандагони кӯчаҳои шаҳру деҳот

Тамоми кӯчаро пурнос кардӣ,

Забони хеш пуромос кардӣ.

Наӣ ту суғдии покизакирдор,

Ки кирдоре бад аз васвос кардӣ.

Ба сурат одамӣ, аммо дареғо,

Ба сират хешро ханнос кардӣ.

Рабуда накҳати гулро зи гулшан,

Каҷӣ варзидӣ, кори дос кардӣ.

Табиат мекунад моро табобат,

Магар ин ҳарфро эҳсос кардӣ?

Намедонӣ магар ту қиммати об,

Ки рӯ бар ҷому бар аҷнос кардӣ?

Зи одам зодаӣ, пас одамӣ бош,

Замин пок асту ту ифлос кардӣ.
 
ФИРОР КАРДАМ
Ба ҷои табрик
Имрӯз зи худ фирор кардам,
Бар шаҳри дигар қарор кардам.
То тӯҳфа зи ман касе напурсад,
Кирдори хуш ихтиёр кардам.
Чун барфи баҳорӣ дар саҳаргоҳ,
Худро ба даме бухор кардам.
Ин лаҳза ман аз шамоли қисмат,
Тарки гули навбаҳор кардам.
Арчанд канори зан биҳишт аст,
З- оғӯши занам канор кардам.
Сомонии ман ба киссаам монд,
Шукронаи бешумор кардам.
 
Канори зан биҳишт асту даме бошед дар оғӯшаш,
Баъд аз оғӯшу бӯи хуш намесозед фаромӯшаш.
Намеёбед ҳамдам ҷуз Худоям баъд зан-Модар.
Бинӯшед аз лаби нӯшаш,лаби нӯшаш,лаби нӯшаш.
Устод дар ҳалқаи волидону пайвандон бошед ва хони пур аз нозу неъматро ороед ва шоду хуррам бошед.
Мавлудатон муборак.

Фатхиддин Махкамов Фатхиддин
 
ДАСТИ ДУО
Мо пири солхӯрдаи мадҳуши бодаем,
Дасти тамаъ ба хони касе кай ниҳодаем?
Аз мо зиён ба мардуми олам намерасад,
Дасти дуо ба мардуми олам кушодаем.
Бо душманони хештан ҷустем рои сулҳ,
Дар пойи дӯстони худ бо сар фитодаем.
Аз бухлу кина умрҳо парҳез кардаем,
Ҳанзал ба ҷойи ангубин бар кас надодаем.
Дар шоҳмоти зиндагӣ тавсан нарондаем,
Дар тахтаи замонаи худ мо пиёдаем.
Аз ишқ рӯйи худ ба дигар сӯ натофтем,
Дар банди чеҳраи хушу рухсори содаем.
 
Гу́янд, ки пир гаштаву аз пой фитодаем,
Мо пои худ ба заҳмати миллат ниҳодаем.
Мо пир гашта лек сархам набудаем,
Хон бо табассуме чандон кушодаем .
Сероби бода гаштаву лек дар канори Ӯ,
Ҷавлон намуда домани Ӯ сар надодаем.
Фатҳиддин.
 
ПАДАР, БАР ХОНААМ БОЗ ОЙ
Дар такмилаи суруди халқӣ
Манам зору дилафгорат, падар, бар хонаам боз ой,
Нигаҳ дӯзам ба деворат, падар, бар хонаам боз ой.
Ту он гавҳар, ки дар олам туро бо зар намеёбам,
Ба ҷонам ман харидорат, падар, бар хонаам боз ой.
Фурӯғи рӯзгори ман, шукӯҳи навбаҳори ман,
Дилам дар ёди гуфторат, падар, бар хонаам боз ой.
Ба шайдоӣ чу девона, зи ҳар як гӯшаи хона,
Ҳамеҷӯям ман осорат, падар, бар хонаам боз ой.
Ҷаҳони ман, сафои ман, чароғи раҳнамои ман,
Шудам пазмони дидорат, падар, бар хонаам боз ой.
Ба вақти шабдарав бо моҳи гардун роз мегуфтӣ,
Фидои чашми бедорат, падар, бар хонаам боз ой.
Ҳисоби кори худро бе ту дар олам намеёбам,
Зарифӣ шуд талабгорат, падар, бар хонаам боз ой.
 
Назад
Верх Низ