"Лаҳзае то ҷовидон"-и Исмоил Зарифӣ

  • Автор темы Автор темы Мирзо
  • Дата начала Дата начала
БИН БА ДИДАИ ТАР ҲАМ
Беша чун гирифт оташ, хушк сӯзаду тар ҳам...
Валиҷон Акбарӣ
Эй ки шоду масрурӣ, бин ба дидаи тар ҳам,
Гаҳ ба дил намефорад лолаи муаттар ҳам.
Партав ар намеафтад бар сароят аз хуршед,
Чашми дил набикшояд чашми моҳу ахтар ҳам.
Ҷомаи накӯномӣ то абад намепӯшам,
Чун ба худ нагунҷидам, дар хаёли дилбар ҳам.
Ғарқи фисқу исёнам, таънаам мазан, эй шӯх,
Ваҳшу тайр медонад, мӯру мору аждар ҳам.
Дасти худ бикаш , эй гул, ҳар дам аз тиҳимағзон,
Раҳ мадеҳ ба хоки кӯ, раҳ мадеҳ ба бистар ҳам.
Бефаросату беақл, бадсиголу бадмастам,
Қатрае набахшандам аз зулоли Кавсар ҳам.
Аз кинояи ёрон бешаам намесӯзад,
Дар димоғи ман ҳеҷ аст бӯйи мушку анбар ҳам.
Чун наям зари холис , то зи хештан болам,
Умри худ барам поён бе садои соғар ҳам.
Номи ман мапурс аз ман, номи худ намедонам,
Номи ман набинвисанд дар китобу дафтар ҳам...
Душанбе, 21. 11 – 2024
 
АФРӮЗА
Барои ғолиби озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Афрӯза Фаррухзод
Ба сар тоҷи зарин, Афрӯзаи ман!
Ба дил бошӣ қарин, Афрӯзаи ман!
Миёни духтарон бо ҳусни беғаш
Туӣ лолаҷабин, Афрӯзаи ман,
Наӣ шогирд, ба ман фарзанди ҷонӣ,
Ба қавли ростин , Афрӯзаи ман.
Ту духти Махфиӣ, духти Ҷаҳонӣ*,
Ба лаҳни дилнишин, Афрӯзаи ман.
Дилат чун чашма софу беғубор аст,
Туӣ кӯҳи матин, Афрӯзаи ман.
Ба дасти пурмуҳаббат аз гулистон,
Гули уммед чин, Афрӯзаи ман.
Ба соли сад равон бошӣ чу дарё,
Бимонӣ по матин, Афрӯзаи ман.
*Зебуннисо ва Ҷаҳонмаликхотун
 
Ҳамефахрам, ки аз насли Курушам,
Яке санги Ватан кай мефурӯшам?
Ба ҳифзи мулки чун хулди баринам,
Ҳамеша ман ба нақди ҷон бикӯшам.
РӮЗИ БУЗУРГДОШТИ КУРУШИ КАБИР МУБОРАК БОД!
 
ПАРНИЁНИ ҶОН
Эҳдо ба устод Фарзона
Реша дорад шеъри ту дар «Парниёни ҷон»-и ман,
Аз ту дорад рангубӯ «Себарга»-ву райҳони ман.
«Қатрае аз Мӯлиён» овардаму маълум гашт,
Аз садаф ояд бурун марвориди «Найсон»-и ман.
Номи ту бо хатти заррин ҷо ба лавҳи дил гирифт,
Бори маънӣ мекашад «То бекарон» «Девон»-и ман.
То ба гардун мебарад «Муҳри гули мино» туро,
«Арғунуни офтоб»-ат ҳаст ганҷу кони ман.
Аз «Ҳама гул...» мерасад бӯйи муҳаббат бар машом,
Ҳаст «Модарнома»-ат туғёни Зарафшони ман.
Аз «Тулӯи хандарезат» гул кунад дунёи дил,
«Ояти ишқ»-ат бувад як шамма аз бурҳони ман.
Мекунам такрор «Ношири баҳор»-атро мудом,
То «Абай» раҳ бурдаӣ, эй лолаи хандони ман.
Ҳар шабе бо ташнагӣ «Меъроҷи шабнам» мекунам,
«Гулчини ашъор»-и ту бошад сафои хони ман.
Аз ту бо худ мебарам бо шавқи дил «Як ғунча роз,
Зеб дорад аз «Паём...»-ат ҳавлию айвони ман.
Аз «Шабохун» барқ дар чашмам ҳувайдо мешавад,
Доим аз «Дарёи сӯзон» ҳаст ин тӯфони ман.
Мебарам раҳ оқибат рӯзе ба «Сӯзи нотамом»,
«Найшакар» тамъи шакар борад ба коми ҷони ман.
Аз кафи худ ман набигзорам дигар «Сини салом»,
«Гулчини ашъор» ҳарфи дилкаши даврони ман.
Духтари Сайҳун, ту бо фарри ҷавонӣ зинда бош,
Эй ки ҳастӣ то абад чун ахтари тобони ман!
Солгарди умр муборак бошад!
 
СОҲИБИ «ХАМСА»
Барои устоди маънавиам Маъруф Бобоҷон
Бурдӣ ту қалби моро бо лутфу меҳрубонӣ,
Аз «Хамса»*-ат гирифтам сад олами маонӣ.
Бигзоштӣ ба дунё чун «Хишти аввал»-и хеш,
Кардӣ ба олами дил сад роҳ қаҳрамонӣ.
Дар «Шоми охирин»-ат «Боғи умед»-и моро,
Сарсабзу тоза кардӣ бо партави ҷавонӣ.
Аз хонаат бирезад ҳар лаҳза шаҳду шаккар,
Бо «Қарз»-у бо «Талош»-ат дар даҳр ҷовидонӣ.
«Бандии ихтиёрӣ» банди умед бошад,
Ҳаққо, ки бо «Муҳаммад» як умр зинда монӣ.
Дар кишвари муҳаббат банди «Фурӯғи ишқ»-ӣ,
Арчанд «Тавба» кардӣ бар қасди даҳри фонӣ.
Ҳар ҳарфи дилкаши ту бар ман чу як «Қасам...» шуд,
Дар дӯстӣ ту ҳастӣ пайваста ёри ҷонӣ.
Дарвоза мекушояд аз нав «Асири ҳафтум»,
Бо ҳар сафинаи худ худ баҳру ганҷу конӣ.
«Ҷуфти кабӯтар»-атро аз чашми бад нигаҳ дор,
Раҳ гир ба хонаи сад, албатта метавонӣ.
*Панҷ романи муаллиф дар назар аст: «Умеди вопасин» («Анис» 2016), «Фурӯғи ишқ» («Анис», 2016), «Қасами Гиппократ» («Анис» 2019), «Қарз» («Анис» 2023), «Талош» («Анис» 2024).
ЗОДРӮЗ МУБОРАК, УСТОД ВА ДӮСТИ БУЗУРГВОРАМ!
 
БА МОТАМИ ДОДАР НИШАСТААМ
Имрӯз ман ба мотами додар нишастаам,
Мурғи шикастаболаму бе пар нишастаам.
Кони зарам бирафтаю чун муфлиси гадо
Дар кӯчаҳои ёди ӯ бе зар нишастаам.
Барфи сафеду қалби ман имрӯз сип-сиёҳ
Бо ёди ламъаи хуши ховар нишастаам.
Дар чорсӯи зиндагӣ корам ривоҷ дошт,
Ҳоло ба дарду ҳасрати бе мар нишастаам.
Ҳар рӯзи ман ба мотами додар ба сар шавад,
Ӯ хуфта зери хоку ман бар дар нишастаам.
Андуҳу дарду ғам бувад хеле гарону ман
Нахли хазонаму кунун бе бар нишастаам.
Чун подшоҳи мулки ғам дар боргоҳи ҳузн,
Дур аз хушию ҷомаю афсар нишастаам.
Чун ахтари саиди ман аз осмон фитод,
Андар фироқи тобиши ахтар нишастаам.
Бе бӯи ҷонфизои ӯ аз хоб мондаам
Дар ёди накҳати хуши анбар нишастаам.
Сад неш мезанад маро мори ғамаш, дареғ
Дар гӯшаи мусибаташ бе фар нишастаам.
Охир маро барад ғамаш бар зери хоки гӯр,
Дар кунҷи хона оҷизу музтар нишастаам.
ДАР АКСҲО: ДОДАРАМ ДАР ҲАНГОМИ БЕМОРӢ ВА ҚАБРИ Ӯ ДАР МАЗОРИСТОНИ ДЕҲАИ КОСАТАРОШ
 
Шаби торику хоби ман парида,
Намеояд даме хобам ба дида.
Равам аз олами афсона берун,
Зи гулшан як гули зебо начида.
 
НОС МЕБОЯД КАШИД
Дар миёни лолаву гул нос мебояд кашид,
«Баъди ҳар як кори масъул нос мебояд кашид*».
Бодаро бе ин гиёҳи сабз набвад нашъае,
Аз паси ҳар савти қул-қул нос мебояд кашид.
Корафтода ба пушти дар расад бо сад талаб,
Чун набошад ҳеҷ маҳсул нос мебояд кашид.
Баҳри оромии қалби дар тапидан носабур,
Дар миёни шӯру ғулғул нос мебояд кашид.
Нос буд аз баҳри бобоёнамон хеле азиз,
З- ин сабаб бо тарзи маъмул нос мебояд кашид.
Баҳри рангин кардани ҳар раҳраву зери палос,
Дар деҳу дар шаҳру овул нос мебояд кашид.
Дӯст медорӣ агар ин хокаи бадбӯйро,
Дар назарҳо бо таҳаммул нос мебояд кашид.
Нос ғамҳои дили касро зи сина мебарад,
Монӣ дар дуроҳа бепул нос мебояд кашид.
* Мисраъ аз Шодимурод Ҷумъаев
 
САМАРҚАНД
Дилу ҷонам ба қурбони Самарқанд,
Шудам имрӯз меҳмони Самарқанд.
Муборакбод гӯям рӯзи идаш,
Кунам мадҳи фаровони Самарқанд.
Бинӯшам оби софи шаккаринаш,
Насиба гирам аз нони Самарқанд.
Диламро мебарад бо ҳусни комил,
Ба хубӣ ҳар хиёбони Самарқанд.
Бичинам лолаи рангини дилҷӯ,
Зи боғу аз гулистони Самарқанд.
Ба шеъри хештан дар ханда орам,
Парирӯёни хандони Самарқанд.
Ба Регистон қадам бо меҳр монам,
Намоям шукр бар хони Самарқанд.
Нагардад то абад хомӯш ҳаргиз,
Чароғи илму ирфони Самарқанд.
РӮЗИ САМАРҚАНД МУБОРАК, ДӮСТДОРОНИ ШАҲРИ САМАРҚАНДИ БОСТОНӢ!
 
МЕҲРГОН
Тирамоҳи зарнисор аст, Меҳргон,
Охири фасли баҳор аст, Меҳргон.
Чашмаи ҷуду сахову орзу,
Соҳиби сад иқтидор аст, Меҳргон.
Ҷашни Митро ‐ ҷашни хушбахтии мост,
Зарфишону зарнисор аст, Меҳргон.
Рӯйи хон пур мешавад з‐анвои хуш,
Раҳхати авҷу барор аст, Меҳргон.
Боғҳоро нури хуршедӣ расид,
Аз Фаридун ёдгор аст, Меҳргон.
Ҷашни аҳду ҷашни паймони бузург,
Баргу бори рӯзгор аст Меҳргон.
Шаҳдборанд себу анҷиру анор,
Чашмасори ифтихор аст, Меҳргон.
Ташнагонро мерасонад то ба об,
Рӯди софи беғубор аст, Меҳргон.
 
МЕҲРГОН ОМАД
Эй хушо, ҷашни Меҳргон омад,
Навбаҳорест дар хазон омад.
Себу ангуру ноку шафтолу,
Ҳосили боғу бӯстон омад.
Хирмани деҳқон бигашт баланд,
Гавҳаре дилкаше зи кон омад.
Анҷири шаҳдбори тозаву тар,
Аз бари шоха рӯйи хон омад.
Соқӣ дар каф пиёлаи пурмай,
То кунад ҷашн шодмон омад.
Ранҷҳои кашидаи деҳқон,
Дар сабадҳои хуш аён омад.
Аз паси тир бо ҳазор ғурур,
Меҳри ҷонбахшу меҳрубон омад.
Иди Митро чу пайки Ориё,
Ҳамчу бахти хуши ҷавон омад.
Иди касбист, эй кишоварзон,
Баҳратон ганҷи шойгон омад.
 
ЁДАТ БА ХАЙР, САНГИНБОЙ!
Бо ин ҷавонмарди чеҳракушоду хандонрӯй собиқаи дерини ошноӣ доштам ва ӯро чун бародари хеш дӯст медоштам. Ҳангоми ба сифати сарпайраҳадори КМ «Зарафшон» кор карданам, вақте ки басти кори ӯ мешуд, хурсанд мешудам, чунки Сангинбой Имомов дасту дили пок дошт. Шабҳо соатҳои дароз аз баландиҳо ба кор назорат мекардем, ман барои дуздӣ нашудану ӯ барои сифати кор. Ҳамроҳ ба хӯрокхӯрӣ мерафтему субҳ якҷоя аз кор мебаромадем.
Хоксор ва ҷавонмард буд. Дар кони Ҷилав устои калон шуда кор мекард.
Кай боз ӯро надида будам ва пазмонаш будам. Дирӯз ҳангоми аз назди мадрасаи Олимдодхоҳ гузаштанам, чашмам ба ӯ афтод, ки ба девори мадраса такя карда меистод. Чун маро дид, оғӯшашро боз карда ба сӯям омад. Ҳамдигарро ба оғӯш кашидем ва намедонистам, ки ин вохӯрии охирин аст. Гуфт:
- Устод, ба бозор омада будам, душанбеи аввали ҳар моҳ дар бозор рӯзи истироҳатӣ будааст.
Ман шӯхиомез гуфтам:
-Пагоҳ боз аз раиси хона роҳхат мегирию меоӣ.
Гуфт:
-Бегоҳ ба кор меравам ва чор рӯзи дигар омада наметавонам.
Баъд маро ба як пиёла чой даъват кард. Рад кардам. Намедонистам, ин соатҳои охирини умри ӯст. Кош даъваташро мепазируфтам ва лаҳзае аз сӯҳбаташ баҳраёб мешудам.
Дишаб ронандаи навкоре аз беэҳтиётӣ дар зери чархи мошинаш ӯро ба ҳалокат мерасонад.
Афсӯс, ки хабари ҷанозаашро нашунидаам ва ин бегоҳ аз фейсбук аз маргаш бохабар шудам.
Хонаи қабрат обод бошад, дӯсти ҷавонмарги ман!
ГИРЯ КАРДАМ
Ба ёдат, эй бародар, гиря кардам,
Ба роҳат зору музтар гиря кардам.
Дигар н‐оӣ ба пеши дида ҳаргиз,
Зи бухли моҳу ахтар гиря кардам.
Ба марги ҷонгудозат ҷони ман сӯхт,
Барои нахли пурбар гиря кардам.
Намедонам зи кӣ гирам суроғат,
Нарафта берун аз дар гиря кардам.
Силоҳат дар ҷаҳон одамгарӣ буд,
Ки будӣ бартар аз зар гиря кардам.
Барои ташнагон будӣ чу дарё,
Барои ҳавзи Кавсар гиря кардам.
Гумон кардам, ки аз нав додарам мурд,
Чу кӯдак дидаи тар гиря кардам.
БА ТАМОМИ НАЗДИКОНИ ИН ИНСОНИ ПОКДИЛ, ХОКСОР ВА БО ИБОРАИ ДИГАР БО ҲАРФИ КАЛОН ОДАМ САНГИНБОЙ ИМОМОВ ҲАМДАРДИИ ХЕШРЛ МЕРАСОНАМ. ҶОЯТ БИҲИШТИ АНБАРСИРИШТ БОШАДУ РӮҲАТ ДАР БОҒҲОИ МИНУ БА ПАРВОЗ ОЯД.
 
АЗ ДАФТАРИ РУБОӢ
Эй аблаҳи дун, баски маҳалбоз шудӣ,
Бо аҳли Ватан ҳамеша носоз шудӣ.
Ҳар ҷо, ки ватангадост дар даҳри дудар,
Шуд ҳамраҳату ту бо вай анбоз шудӣ.
Донӣ ту фақат илми маҳалбозиро,
Дорӣ ба сарат хаёли носозиро.
Илло нарасӣ ба кӯчаи мақсудат,
Ҳаргиз ту намебинӣ сарафрозиро.
Ҷуз деҳаи худ мулки дигар нашносӣ,
Ак-ак бинамоӣ чун саги васвосӣ.
Сад рӯд кунӣ лой, ки моҳӣ дорӣ,
Биллоҳиазим, ки бадтар аз ханносӣ.
Ин фитнагарон дур зи хоки ватананд,
Аз насли Заҳоку Чингизу Аҳримананд.
Не зеби гулистону на ҳусни чамананд,
Худ мард тарошанду вале кам зи зананд.
Хуҷандии раштиасли аштизодам,
Хатлонияму ба Зарфишон дил додам.
Чун шаҳри Душанбеи Ватан ободам,
Аз санги Бадахшон бирасад иршодам.
Ман бо Ватанам, Ватан бувад тоҷи сарам,
Ҳар ҷо, ки равам Ватан бувад ҳамсафарам.
Бо ваҳдати беқиёси миллат, ҳаққо,
Аз як нигаҳам синаи душман бидарам.
 
УСТОД
Дар ёди омӯзгори шодравон Нормуҳаммад Субҳонов
Карда тақлид ба дарсҳои ту,
Пайрави ту зи ибтидо будам.
Сангҳоро намуда курсиву миз,
Роҳи умри дароз паймудам.
Дарси ту буд раҳхатам умре,
Меҳр бастам ба Саъдию Ҳофиз.
Меҳри ту ҳаст то абад дар дил,
Буд амри ту баҳри ман нофиз.
Бурд манро ба ҷониби дигар,
Ҳар китобе, ки гирд овардӣ.
Дарси ту дод давлатам беҳад,
Ҷони манро ба маънӣ парвардӣ.
Ман бароят накардаам коре,
Туҳфаи лоиқат наовардам.
Рафтию зинда мондаму зистам,
Умри худ бо ғами ту биспардам.
Ман кунун пир гаштаму ёдат
Синаамрро ҳазорпора кунад.
Ғайри панди ту дарди қалби маро
Баъд аз ин дар ҷаҳон кӣ чора кунад?
 
БОРОНИ БАҲОРӢ
Табибон ҳамчу борони баҳоранд,
Ки нахли умрро сарсабз доранд.
Чароғи дидаро равшан намоянд,
Дари эҳсоси хушбахтӣ кушоянд.
Зи дарё гавҳари якдона оранд,
Зари ҷонро ба рӯи каф гузоранд.
Чу Сино кордону комгоранд,
Ба чашми халқ соҳибэътиборанд.
Ба қавли хеш доим устуворанд,
Саропо соф ҳамчун обшоранд.
Ҳама беморро созанд табобат,
Ки мебошанд соҳиб бар наҷобат.
Гули мақсудашон бошад шукуфон,
Чароғи умрашон бошад фурӯзон.
Бубинанд умри тӯлонӣ ба олам,
Наёбад раҳ ба қалби покашон ғам.
 
МАШҚИ ҒАЗАЛ
МАКТАБ
Масти шавқам зи бодаи мактаб
Бӯсам аз рӯйи содаи мактаб.
Рӯҳи ман тоза мешавад, эй дӯст,
Гар ниҳам по ба ҷодаи мактаб.
Боз гардад ба рӯи хурду калон,
Сад дари нокушодаи мактаб.
Модар ар ҷисмро кунад тахмир,
Тифли ақл аст зодаи мактаб.
Дар сарири муҳаббату эъҷоз,
Мешавад шаҳ пиёдаи мактаб.
Аз зару сим афзал аст, валлоҳ,
Гарди бар рух фитодаи мактаб.
Хонаи қалбро кунад равшан,
Лутфи аз ҳад зиёдаи мактаб.
Мерасад бар диёри армонҳо,
Ҳар кӣ дорад иродаи мактаб.
 
АЗИЗУЛЛОҲ
Ин марсия ду сол пеш аз забони падари Азизулоҳхон табиби ҳозиқу номӣ, олими тавоно Зуҳурулло Зоидбоев рӯи коғаз омадааст
Дар сафар будию рафтӣ аз ҷаҳон,
Доғ дар дилҳо ниҳодӣ ногаҳон,
Доштӣ дар сина садҳо ормон,
Рафтӣ аз дунё чаро пури ҷавон?
Эй Азизуллоҳ, намепурсӣ дигар,
Вақти субҳу шом аз ҳоли падар.
Дар хуморат то абад ғам мехӯрам,
Кӯҳ- кӯҳ ҳасрат дамодам мехӯрам.
Нури чашмӣ, рафтию ёди ту монд,
Оби худ бо дидаи нам мехӯрам.
Эй Азизуллоҳ, намепурсӣ дигар,
Вақти субҳу шом аз ҳоли падар.
Будӣ ҳамчун офтоби нурфишон,
Аз ту буд дар синаам тобу тавон.
Орзуям буд бинам тӯи ту,
Сад дареғо, гаштӣ чун ғунча хазон.
Эй Азизуллоҳ, намепурсӣ дигар,
Вақти субҳу шом аз ҳоли падар.
Бо ту дар ҳар кор нусрат доштам,
Шодкомӣ буду фурсат доштам.
Аз саломи субҳу шомат, ҷони ман,
Дар ҷаҳони дил ҳаловат доштам.
Эй Азизуллоҳ, намепурсӣ дигар,
Вақти субҳу шом аз ҳоли падар.
Бо ту андар синаам кай буд раме?
Хостам бошӣ табиби оламе.
Дарду ранҷи халқро созӣ даво,
Бошӣ бар ҳар сина ҳамчун марҳаме.
Эй Азизуллоҳ, намепурсӣ дигар,
Вақти субҳу шом аз ҳоли падар.
Оҳу сад афсӯс аз баъди сарат,
Зору нолон аст доим модарат.
Нақшҳоятро ҳамеҷӯяд мудом,
Аз дару девори хона хоҳарат.
Эй Азизуллоҳ, намепурсӣ дигар,
Вақти субҳу шом аз ҳоли падар.
Лолаи уммеди ман гаштӣ хазон,
Аз замини умр рафтӣ бенишон.
Раҳми пури навҷавони ман накард,
То абад қаҳристам бо Зарфишон.
Эй Азизуллоҳ, намепурсӣ дигар,
Вақти субҳу шом аз ҳоли падар.
Дар фиғонам ман аз ин чархи барин,
Пок созам ашки худ бо остин.
Ҷои ту бошад биҳишти ҷовидон,
Аз назар пинҳонӣ дар қаъри замин.
Эй Азизуллоҳ, намепурсӣ дигар,
Вақти субҳу шом аз ҳоли падар.
 
ЗАНОН
Мухаммас бар ғазали Некулзамон
Зеб бахшад бар ҷаҳон ишқи тарабноки занон,
Мекашад дилро ба худ рӯи арақноки занон,
Хоҳам аз ҷон, ки набинам чашми намноки занон,
«Зиндагӣ мурдор буд, бе ҳастии поки занон,
Ин ҷаҳон зулмот буд, бе ақлу идроки занон».
Қалби инсон то абад дилдодаи нусрат шавад,
Ҳар нафас ранҷе барад, омодаи меҳнат шавад,
Рафта-рафта комгору соҳиби иззат шавад,
«Одамӣ з-он пеш, ки худ зодаи фитрат шавад,
Ӯ нахустин зода шуд бо зӯри бебоки занон».
Мардро зан мешавад боғи биҳишти ҷовидон,
Нахли боғи ишқ монад то қиёмат бехазон,
Зан бувад дармони одам, зан бувад ганҷи равон,
«Мард имрӯз ар расида то ба авҷи осмон,
Ӯ куҷо ҳоло расида, то ба афлоки занон?»
Ҷавҳари зан кори қомуси азизон мекунад,
Марди соҳибдил заминбӯси азизон мекунад,
Қалбро бедор ноқуси азизон мекунад,
«Хоки мардон бӯи номуси азизон мекунад,
Бӯи меҳри модарӣ меоварад хоки занон!»
Чун занонро борҳо дар зиндагӣ санҷидаам,
Ҳарф-ҳарфи меҳрубониро зи зан бишнидаам,
Аз миёни боғи ҷон гулҳои роҳат чидаам,
«Гар нишони ҷангро дар пеши мардон дидаам, Захми ҷовид дидаам дар синаи чоки занон».
То ба кай андар паи ҷоми Ҷаму саҳбо равед?
Ёрро танҳо гузореду раҳи савдо равед,
Ишқро аз каф ниҳеду ҷониби саҳро равед,
«Эй занозорони дун, беҳтар, ки аз дунё равед,
Бе шумо ҳам бешумор ашки аламноки занон».
 
ДАР ЁДИ ХОТИР
Хотир, ки фузун зи дуру ганҷи Аданӣ,
Бо шеъри хушат чароғи ҳар анҷуманӣ.
Фарзанди азизи миллати бедорӣ,
Дар мулки сухан чу лолаи хандазанӣ.
Хотир, ба суханварӣ дури яктоӣ,
Бо шеъри тарат азизи ҳар маъвоӣ.
Девони туро ба шавқи дил бикшоям,
Бо лафзи хушат уқдаи дил бикшоӣ.
 
СОМОНИ ТОҶИК
Бадахшонию Зарафшони тоҷик,
Дамидӣ рӯҳ бар Хатлони тоҷик.
Ба номат миллати тоҷик биболад,
Зиҳӣ, шери жаён, Сомони тоҷик!
Ба ин бозӯю ин зӯри ҷавонӣ,
Ба чашми мо ту чун шери жаёнӣ.
Бароят то абад зебанда бошад,
Нишони беқиёси паҳлавонӣ.
 
Назад
Верх Низ