БАР НАФАҚА БАРОӢ МЕФАҲМӢ
Мазмун аз ӯзбекӣ
Ҷумла подоши кору хизматро,
Дар бари ёр қадру қимматро,
Ҳарф-ҳарф ҳарфи тунди миннатро,
Бар нафақа бароӣ мефаҳмӣ.
Доғдорӣ ва ё ки бедоғӣ,
Кӯҳи болотар аз Қаротоғӣ,
То бидонӣ, ки аз кадом боғӣ,
Бар нафақа бароӣ мефаҳмӣ.
Дар барат ҳеҷ кас намемонад,
Бар зиёфат касе намехонад,
Қадри ту ҷуз ту кас намедонад,
Бар нафақа бароӣ мефаҳмӣ.
Беҷавоб аст занги тилфонат,
Бигзарад ҷамъи давру давронат,
Дар танат танг мешавад ҷонат,
Бар нафақа бароӣ мефаҳмӣ.
Ёру ҷӯра рух аз ту метобад,
Сӯйи ту дӯстат набиштобад,
Ҳар куҷо бошӣ дард меёбад,
Бар нафақа бароӣ мефаҳмӣ.
Бинишинӣ ба хонаат
ҳайрон,
Ҷӯйи ҳамсуҳбату лаби хандон,
Хешро хонӣ сахраи беҷон,
Бар нафақа бароӣ мефаҳмӣ.
Кас нахонад туро ба меҳмонӣ,
Бо набера, абера сарсонӣ,
Ҳис насозӣ дигар, ки инсонӣ,
Бар нафақа бароӣ мефаҳмӣ.
Рӯй тобӣ зи пиставу бодом,
Зан набахшад барои ту илҳом,
Суд кай бинӣ дигар аз айём?
Бар нафақа бароӣ мефаҳмӣ.
Киссаи ту зи дору пур гардад,
Ҷон ба афғону носабур гардад,
Зиндагӣ бар ту нозарур гардад,
Бар нафақа бароӣ мефаҳмӣ.
Аҳли байтат шавад насиҳатгар,
Мешавӣ баҳри ҷамъашон чокар,
Дур гардӣ зи додару хоҳар,
Бар нафақа бароӣ мефаҳмӣ.
Хонадат санги роҳ девона,
Ҷо наёбӣ дигар ту дар хона,
Ҳарфи панди ту ҳаст афсона,
Бар нафақа бароӣ мефаҳмӣ.
Роҳи умрат ба сахти биспардӣ,
Баъди ин бош дар ҷаҳонгардӣ,
Аз Худо ёд кун, агар мардӣ,
Бар нафақа бароӣ мефаҳмӣ.
БАР НАФАҚА БАРОӢ МЕФАҲМӢ
Мазмун аз ӯзбекӣ
Ҷумла подоши кору хизматро,
Дар бари ёр қадру қимматро,
Ҳарф-ҳарф ҳарфи тунди миннатро,
Бар нафақа бароӣ мефаҳмӣ.
Доғдорӣ ва ё ки бедоғӣ,
Кӯҳи болотар аз Қаротоғӣ,
То бидонӣ, ки аз кадом боғӣ,
Бар нафақа бароӣ мефаҳмӣ.
Дар барат ҳеҷ кас намемонад,
Бар зиёфат касе намехонад,
Қадри ту ҷуз ту кас намедонад,
Бар нафақа бароӣ мефаҳмӣ.
Беҷавоб аст занги тилфонат,
Бигзарад ҷамъи давру давронат,
Дар танат танг мешавад ҷонат,
Бар нафақа бароӣ мефаҳмӣ.
Ёру ҷӯра рух аз ту метобад,
Сӯйи ту дӯстат набиштобад,
Ҳар куҷо бошӣ дард меёбад,
Бар нафақа бароӣ мефаҳмӣ.
Бинишинӣ ба хонаат
ҳайрон,
Ҷӯйи ҳамсуҳбату лаби хандон,
Хешро хонӣ сахраи беҷон,
Бар нафақа бароӣ мефаҳмӣ.
Кас нахонад туро ба меҳмонӣ,
Бо набера, абера сарсонӣ,
Ҳис насозӣ дигар, ки инсонӣ,
Бар нафақа бароӣ мефаҳмӣ.
Рӯй тобӣ зи пиставу бодом,
Зан набахшад барои ту илҳом,
Суд кай бинӣ дигар аз айём?
Бар нафақа бароӣ мефаҳмӣ.
Киссаи ту зи дору пур гардад,
Ҷон ба афғону носабур гардад,
Зиндагӣ бар ту нозарур гардад,
Бар нафақа бароӣ мефаҳмӣ.
Аҳли байтат шавад насиҳатгар,
Мешавӣ баҳри ҷамъашон чокар,
Дур гардӣ зи додару хоҳар,
Бар нафақа бароӣ мефаҳмӣ.
Хонадат санги роҳ девона,
Ҷо наёбӣ дигар ту дар хона,
Ҳарфи панди ту ҳаст афсона,
Бар нафақа бароӣ мефаҳмӣ.
Роҳи умрат ба сахти биспардӣ,
Баъди ин бош дар ҷаҳонгардӣ,
Аз Худо ёд кун, агар мардӣ,
Бар нафақа бароӣ мефаҳмӣ.