JavaScript отключён. Для полноценно использования нашего сайта, пожалуйста, включите JavaScript в своём браузере.
Вы используете устаревший браузер. Этот и другие сайты могут отображаться в нем неправильно.
Необходимо обновить браузер или попробовать использовать
другой .
Ҳамасола иди Навруз санаи 21-уми март оғоз ёфта 4 руз идома меёбад ва мардум дар ин рузҳои соли нави аҷамӣ дар кофтани суханҳои табрикотии наврузӣ бо забони точики ва дигар забонхо машғул мешаванд. Бисёриҳо шеърҳои наврузиро барои табрик кардан истифода мебаранд ва бобати он дар саҳифаи мазкур мо як қатор суханҳои табрикотиро ҷамъ овардем, ки дар ирсол кардани он ба дусту рафиқон ва дигар изизони хуб метонед ройгон истифода баред.
Муҳтарам мизоҷон, шарикон, ҳамкорон ва дустон! Роҳбарияти ташкилои «Роҳат» аз самими қалб шуморо бо иди Навруз муборак мегуяд. Ба Шумову наздиконатон таманно дорем, ки ҳаммаи он орзуҳои дар дил парваридаатон ҷомаи амал пушад. Бигузор ҳамеша саломат, сарватманд, таъби болида ва ҳаммаи баракати мавҷуда насибатон гардад. Хоҳишмандем, ки баҳори нав ба Шумо соли бурдборӣ ва кушоиш дар ҳалли муаммову ниятҳоятон гардад. Муборак бод Навруз!
Маъмурияти Ноҳияи Ҳисор аз таҳти дил омад омади Наврузро ба Шумо мардуми ноҳия ва ҳамватанони азиз муборак гуфта таманиёти беҳтаринро орзуманд аст. Навруз ки иди на танҳо мардуми форсу тоҷик аст, балки алакай имрузҳо байналхалқи гаштааст дар даҳо кишварҳои дунё ҷашн гирифта мешавад ва ин ифтихори мост. Дар Наврузи навбаҳорон ба ҳар як хонадони тоҷику тоҷикистонӣ хурсандиву баракати зиёдаро аз Худованд орзу карда ба ҳама тани бардавом ва ба ватану замона оромиро хоҳонем. Табрик Наврузи навбаҳорон!
Дустони азиз! Ҳаммаи аъзои кормандони корхонаи «Ширин» шуморо бо Наврузи зебои хуҷастапай табрик мегуяд ва дар ин баробарии шабу руз ба ҳар як пиру ҷавон хушбахтӣ ва мушкилкушоӣ орзумандем. Саломатии бардавом ва амалишавии ҳамаи орзуҳову сулҳу суботро ба шумо азизони дил, хоҳонем!
Муҳтарам ҳамватанони ман! Мехоҳам аз таҳти дил ҳамаи шумоёнро бо иди миллӣ ва ҳамзамон байналхалқӣ, яъне иди Навруз табрик гуям!
Бахусус мехостам дар ин иди баҳорон модарону падароне ки дар ободонии ватани азизамон саҳми худро пайваста мегузоранд муборакбодии беандоза намуда ба онҳо умри дароз, саломатии комил, хушҳолии беканор ва баракати зиёдро таманно намоям. Ба ҷавонон бошад рӯҳи болида, диловарӣ, зебоии илоҳӣ, ноилшавӣ дар корҳои пурсамарашон ва хушбахтии хотирмон хоҳонам.
Бигузор Парвардигор ба хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ имони комил, сулҳу субот ва табиати зеботаринро ато намояд. Ба ватанамон тинҷӣ ва иқтисодиёту дигар ҷабҳаҳои давлатӣ комёбиҳои назарраси мусбиро аз Худованд хоҳонам.
Муборак бод Навруз ба Шумо ҳамватанони ҷони ман!
Навруза ба навбаҳор кай мебинам
Гулҳора ба шаш қатор кай мебинам
Гулҳора ба шаш қатор дар фасли баҳор
Дунёра ба як қарор кай мебинам
Навруз расид ёри дирузии ман
Як руз биё барои дилсузии ман
Ғамхои ту куҳнаанд, аммо имруз
Хуштар зи ғами ту нест наврӯзии ман
Дар гирди хони Навруз хешу табору ёрон
Дуранд ё ки наздик, бояст ҷамъ оянд.
Бошад ки сер бинанд соли дароз ҳамро,
Бо ҳамдигар бисозанд, бо ҳамдигар бипоянд.
Дар рўи хони Навруз бояд ки боз бошад
Ҳам шохаи гули тар, ҳам неши сабзи гандум.
Бошад ки бахти одам бошад чу гул шукуфон,
Бошад ки сер бошанд аз нон тамоми мардум.
Дар рўи хони Навруз рамзи баҳори дунё
Ё ҳафтсин бибояд ё ҳафт навдаи он –
То боғи ҳафт иқлим рўи хазон набинад,
То боғи умр бошад то ҷовидон гулафшон.
Дар базми иди Навруз аз ҳафт навъи бода
Ман ҷоми хештанро пур мекунам, ҳарифон,
Менушамаш ба шоди бо кулли мардуми даҳр
Рўи ғаме набинад то ҳафт пушти инсон!
Бародар иди Наврузат муборак
Баробар шуд шабуруз, муборак
Муборак бодат имсолу ҳама сол
Ҳумоюн бодат имрузу ҳама рузат !!!
Навбаҳор омад, гулистон аз пайи нашъунамост,
Ғунчахуспони чаноро ғунчайи гул муттакост .
Со дарӯёнро барад аз ҷо ҳайвойи сабзааш,
Сабзхаттонро насими сунбулаш кокулрабост.
Нозбӯро аз бунафша нози болин зери сар,
Шохи гулро бистари барги ҳино дар зери пост. >>
Доман пури шеърдона дорад Наврӯз.
Аз ҳикмати шоирони хушлаҳни Ватан,
Гулчини гули тарона дорад Наврӯз.
Чун ӯст нигорандаи абёти Аҷам,
Сармасти шоирона дорад Наврӯз.
Зардуштсулола асту Ҷамшеднажод, >>
Наврӯз лола орад,
Май дар пиёла орад,
Пайғоми навбаҳорон
Бар кӯҳу ёла орад.
Наврӯзи навбаҳорон бар дӯстон муборак,
Ҷашни гулу муҳаббат дар бӯстон муборак.
Наврӯз навҷавон аст,
Наврӯз ҷовидон аст.
>>
Фасли Наврӯзу навбаҳор омад,
Мафсими сайри лолазор омад,
Кудакони асири мактабро
Щоҳиди айш дар канор омад.