ТАБРИКОТИ НАВРУЗИ – НАВРУЗ МУБОРАК!

Т

ТОҶИКОН ФОРУМ

Меҳмон
Ҳамасола иди Навруз санаи 21-уми март оғоз ёфта 4 руз идома меёбад ва мардум дар ин рузҳои соли нави аҷамӣ дар кофтани суханҳои табрикотии наврузӣ бо забони точики ва дигар забонхо машғул мешаванд. Бисёриҳо шеърҳои наврузиро барои табрик кардан истифода мебаранд ва бобати он дар саҳифаи мазкур мо як қатор суханҳои табрикотиро ҷамъ овардем, ки дар ирсол кардани он ба дусту рафиқон ва дигар изизони хуб метонед ройгон истифода баред.
 
Т

ТОҶИКОН ФОРУМ

Меҳмон

Муҳтарам мизоҷон, шарикон, ҳамкорон ва дустон!

Роҳбарияти ташкилои «Роҳат» аз самими қалб шуморо бо иди Навруз муборак мегуяд. Ба Шумову наздиконатон таманно дорем, ки ҳаммаи он орзуҳои дар дил парваридаатон ҷомаи амал пушад. Бигузор ҳамеша саломат, сарватманд, таъби болида ва ҳаммаи баракати мавҷуда насибатон гардад. Хоҳишмандем, ки баҳори нав ба Шумо соли бурдборӣ ва кушоиш дар ҳалли муаммову ниятҳоятон гардад. Муборак бод Навруз!

cvetok-ornament

Маъмурияти Ноҳияи Ҳисор аз таҳти дил омад омади Наврузро ба Шумо мардуми ноҳия ва ҳамватанони азиз муборак гуфта таманиёти беҳтаринро орзуманд аст. Навруз ки иди на танҳо мардуми форсу тоҷик аст, балки алакай имрузҳо байналхалқи гаштааст дар даҳо кишварҳои дунё ҷашн гирифта мешавад ва ин ифтихори мост. Дар Наврузи навбаҳорон ба ҳар як хонадони тоҷику тоҷикистонӣ хурсандиву баракати зиёдаро аз Худованд орзу карда ба ҳама тани бардавом ва ба ватану замона оромиро хоҳонем. Табрик Наврузи навбаҳорон!
 
Т

ТОҶИКОН ФОРУМ

Меҳмон
Дустони азиз! Ҳаммаи аъзои кормандони корхонаи «Ширин» шуморо бо Наврузи зебои хуҷастапай табрик мегуяд ва дар ин баробарии шабу руз ба ҳар як пиру ҷавон хушбахтӣ ва мушкилкушоӣ орзумандем. Саломатии бардавом ва амалишавии ҳамаи орзуҳову сулҳу суботро ба шумо азизони дил, хоҳонем!

cvetok-ornament

Муҳтарам ҳамватанони ман! Мехоҳам аз таҳти дил ҳамаи шумоёнро бо иди миллӣ ва ҳамзамон байналхалқӣ, яъне иди Навруз табрик гуям!

Бахусус мехостам дар ин иди баҳорон модарону падароне ки дар ободонии ватани азизамон саҳми худро пайваста мегузоранд муборакбодии беандоза намуда ба онҳо умри дароз, саломатии комил, хушҳолии беканор ва баракати зиёдро таманно намоям. Ба ҷавонон бошад рӯҳи болида, диловарӣ, зебоии илоҳӣ, ноилшавӣ дар корҳои пурсамарашон ва хушбахтии хотирмон хоҳонам.

Бигузор Парвардигор ба хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ имони комил, сулҳу субот ва табиати зеботаринро ато намояд. Ба ватанамон тинҷӣ ва иқтисодиёту дигар ҷабҳаҳои давлатӣ комёбиҳои назарраси мусбиро аз Худованд хоҳонам.

Муборак бод Навруз ба Шумо ҳамватанони ҷони ман!
 
Т

ТОҶИКОН ФОРУМ

Меҳмон

Шеърхои табрикоти дар васфи Навруз

Навруза ба навбаҳор кай мебинам
Гулҳора ба шаш қатор кай мебинам
Гулҳора ба шаш қатор дар фасли баҳор
Дунёра ба як қарор кай мебинам


cvetok-ornament

Навруз расид ёри дирузии ман
Як руз биё барои дилсузии ман
Ғамхои ту куҳнаанд, аммо имруз
Хуштар зи ғами ту нест наврӯзии ман


cvetok-ornament

Дар гирди хони Навруз хешу табору ёрон
Дуранд ё ки наздик, бояст ҷамъ оянд.
Бошад ки сер бинанд соли дароз ҳамро,
Бо ҳамдигар бисозанд, бо ҳамдигар бипоянд.


cvetok-ornament

Дар рўи хони Навруз бояд ки боз бошад
Ҳам шохаи гули тар, ҳам неши сабзи гандум.
Бошад ки бахти одам бошад чу гул шукуфон,
Бошад ки сер бошанд аз нон тамоми мардум.


cvetok-ornament

Дар рўи хони Навруз рамзи баҳори дунё
Ё ҳафтсин бибояд ё ҳафт навдаи он –
То боғи ҳафт иқлим рўи хазон набинад,
То боғи умр бошад то ҷовидон гулафшон.


cvetok-ornament

Дар базми иди Навруз аз ҳафт навъи бода
Ман ҷоми хештанро пур мекунам, ҳарифон,
Менушамаш ба шоди бо кулли мардуми даҳр
Рўи ғаме набинад то ҳафт пушти инсон!


cvetok-ornament

Бародар иди Наврузат муборак
Баробар шуд шабуруз, муборак
Муборак бодат имсолу ҳама сол
Ҳумоюн бодат имрузу ҳама рузат !!!
 
Т

ТОҶИКОН ФОРУМ

Меҳмон
Навбаҳор омад, гулистон аз пайи нашъунамост,
Ғунчахуспони чаноро ғунчайи гул муттакост .
Со дарӯёнро барад аз ҷо ҳайвойи сабзааш,
Сабзхаттонро насими сунбулаш кокулрабост.
Нозбӯро аз бунафша нози болин зери сар,
Шохи гулро бистари барги ҳино дар зери пост. >>


cvetok-ornament

Доман пури шеърдона дорад Наврӯз.
Аз ҳикмати шоирони хушлаҳни Ватан,
Гулчини гули тарона дорад Наврӯз.
Чун ӯст нигорандаи абёти Аҷам,
Сармасти шоирона дорад Наврӯз.
Зардуштсулола асту Ҷамшеднажод, >>


cvetok-ornament

Наврӯз лола орад,
Май дар пиёла орад,
Пайғоми навбаҳорон
Бар кӯҳу ёла орад.
Наврӯзи навбаҳорон бар дӯстон муборак,
Ҷашни гулу муҳаббат дар бӯстон муборак.
Наврӯз навҷавон аст,
Наврӯз ҷовидон аст. >>

cvetok-ornament

Фасли Наврӯзу навбаҳор омад,
Мафсими сайри лолазор омад,
Кудакони асири мактабро
Щоҳиди айш дар канор омад.

cvetok-ornament
 
Верх Низ