Аз саҳифаи Ибодуллоҳ Оқилпур!
Мирзо Бозор Хотири Хатлонӣ
(1804-1885)
Анбарин холе, ки бо рухсори ҷонон ҷо гирифт,
Зоғ дар гулшан ба ҷои булбуле маъво гирифт.
Бас, ки чун оҳи хазон дар гӯшаи дил сӯхтам,
Дудҳое аз ниҳодам сар заду боло гирифт.
Дасти ман сармояи анҷоми ҷамъият надид,
З-он замоне домани он шӯхи бепарво гирифт.
Аз кадомин чашм, то орад аз он маҳ муждае,
Пои рафтори сабо дар қайди нақше ҷо гирифт.
Лаззатандӯз аст сар то по аз он вақте, ки дил,
Як такаллум нуктае з-он ғунчаи гӯё гирифт.
Раҳм кун бар ҳоли зори он, ки дил аз даст дод,
Ҳамчу Маҷнун дар ҳавоят домани саҳро гирифт.
Ҳоли зори дардмандони вафо пурсиданист,
Аз гулистоне гадо аз дил тавон гулҳо гирифт.
Мӯҳтасиб, то чанд медорӣ сари озори мо,
Хору хас натвон ба садди худ раҳи дарё гирифт.
Аз нигоҳи фитнаангези ту мавҷе шуд шарар,
Оташе дар хирмани тоқат зи сар то по гирифт.
Ёди шафқат сар ба сар бахшад маҷнунӣ ба ман,
Домани саҳро дилам имрӯз ё фардо гирифт.
То лаби майгун бар осоишам инъом дод,
Сози навмедӣ ниҳоду соғари мино гирифт.
Носеҳо, аз воизи дамсард магӯ панди абас,
Аз қафас мурғе, ки берун ҷаст ваҳшиҳо гирифт.
Ҷои он дорад, ки бахшӣ аз нигоҳат муждае,
То тавонам баҳрае сад сол аз дунё гирифт.
Аз қафоят завқ аз он кардам, ки ҷонони манӣ,
Гесӯи мушкини печони ту дилҳоро гирифт.
Кулфати айём чун андеша андар дил гузашт,
Оташ аз шавқи висолат Хотири шайдо гирифт.