Бикӯшед то ному нанг оваред,
Сари душманон зери чанг оваред!
Бикӯшеду якбора нанг оваред,
Ҷаҳон бар бадандеш танг оваред!
Бикуш оташи хурд пеш аз газанд,
Ки гетӣ бисӯзад чу гардад баланд.
Мадоред бе дидбон марзи хеш,
Падид оваред андар он арзи хеш.
Як имрӯз бар кор чустӣ кунед,
Ба мардонагӣ бас дурустӣ кунед.
АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ.
Вазъияти муташанниҷ ва ниҳоят хабари ташвишовар аст, ҳамлаи ногаҳонӣ бар кишвари Ирон.
Биёед, ба Ирон дилу ҷон шавем,
Ба ҳифзи диёри ниёгон шавем!
Фиғон аз душмани ҷаҳолатано,
Биёед, боре мусалмон шавем!
Илоҳо, газанде ба Ирон мабод!
Ғаму андӯҳи Ирон, марги кӯдакони бегуноҳ чунон асарам карда, ки ҳавсалаи коре надорам...















НОДИРА НАЗАРӢ. 13-06-2025