Nodira Nazari

Бикӯшед то ному нанг оваред,
Сари душманон зери чанг оваред!

Бикӯшеду якбора нанг оваред,
Ҷаҳон бар бадандеш танг оваред!

Бикуш оташи хурд пеш аз газанд,
Ки гетӣ бисӯзад чу гардад баланд.

Мадоред бе дидбон марзи хеш,
Падид оваред андар он арзи хеш.

Як имрӯз бар кор чустӣ кунед,
Ба мардонагӣ бас дурустӣ кунед.

АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ.

Вазъияти муташанниҷ ва ниҳоят хабари ташвишовар аст, ҳамлаи ногаҳонӣ бар кишвари Ирон.

Биёед, ба Ирон дилу ҷон шавем,
Ба ҳифзи диёри ниёгон шавем!
Фиғон аз душмани ҷаҳолатано,
Биёед, боре мусалмон шавем!

Илоҳо, газанде ба Ирон мабод!
Ғаму андӯҳи Ирон, марги кӯдакони бегуноҳ чунон асарам карда, ки ҳавсалаи коре надорам...😢😢😭😭😭😭😭😭😭😭😭😭😭😭😭😭

НОДИРА НАЗАРӢ. 13-06-2025
 
Ҳар меваи анбони баҳорам ширин,
Зардолуи қандаки диёрам ширин!

Лабрези шакар ҷоми самарқанди лабам,
Гелоси лабони гулнисорам ширин!

Парво накунам аз ғами ҳар бешу каме,
Лабханди гулу нигоҳи ёрам ширин!

То моҳ сафар кунам зи иброми рақиб,
Оҳанги лаби Зӯҳра* биёрам ширин!

Аз чашмакии ситораҳо дил наканам,
Рӯшан ба қалам ҳарфу шиорам ширин!

Ҳар субҳи сафо, маҳфили зебо дорам,
Бо хониши булбулон гузорам, ширин!

Аз руди Шаган* шеъри равон омӯхтам,
Ҳар вожаи қалби чашмасорам ширин!

Шукри буданам, дар Ватанам, шукри Худо,
Дар боғи Ватан зиндагӣ дорам ширин!

Шаган*-исми руди кӯҳӣ дар деҳаи Угук аст.
Зӯҳра*-фариштае дар осмони чаҳорум, ба қавле дили шабҳо басо ширин месуруда. (аз ривоятҳои шунидаам).

НОДИРА НАЗАРӢ.
 

Вложения

  • FB_IMG_1749819200296.jpg
    FB_IMG_1749819200296.jpg
    203,4 КБ · Просмотры: 0
Назад
Верх Низ