Нилуфар Вохидова

Hanifajon

Member
Регистрация
16.04.2025
Сообщения
40
Барои ишқ, Худовандам, ташаккур,
Барои ишқи дилбандам ташаккур.

Зи баҳри уфтиданҳои паёпай,
Барои ҳосили пандам ташаккур.

Надидам байни ёрон бетамаъро,
Барои хасми хурсандам ташаккур.

Шукуфо аст гулистони муҳаббат,
Барои меҳри фарзандам ташаккур.

Надорам тоқати макру тамаллуқ,
Барои қалби бефандам ташаккур.

Нагаштам ҳамдами танҳотаринон,
Асири соҳиби бандам, ташаккур.

Маро ишқи шаҳаншоҳи дилам бас,
Барои ошиқи чандам ташаккур.

Насибам гавҳарони бебаҳоят,
Барои ҳар ҷигарбандам ташаккур!

Худованди яктову тавоно! Тифлакони рӯи дунёро дар паноҳи азими хеш нигаҳбон бош, то аз дидагони волидайни эшон фақат сиришки шодӣ бирезад!
Омин!!!
Ва ташаккур!!!

31.05.2025 сол. Соати 10:10.
Шаҳри Хуҷанд.


برای عشق ، خداوندم ، تشکر ،
برای عشق دلبندم تشکر .

ز بحر افتیدن‌های پیاپی ،
برای حاصل پندم تشکر .

ندیدم بین یاران بی‌طمع را ،
برای خصم خرسندم تشکر .

شکوفا است گلستان محبت ،
برای مهر فرزندم تشکر .

ندارم طاقت مکر و تملق ،
برای قلب بی فندم تشکر .

نگشتم همدم تنها‌ترینان ،
اسیر صاحب‌ بندم ، تشکر .

مرا عشق شهنشاه دلم بس ،
برای عاشق چندم تشکر .

نصیبم گوهران بی‌بهایت ،
برای هر جگربندم تشکر !

خداوند یکتا و توانا ! طفلکان روی دنیا را در پناه عظیم خویش نگهبان باش ، تا از دیدگان والدین ایشان فقط سرشک شادی بریزد !
آمین ! ! !
و تشکر ! ! !

31 .05 .2025 سال . ساعت 10 : 10 .
شهر خجند .
 
Маконеро бихоҳам рӯи гетӣ,
Ки дар он раҳ барои ғам набошад.
Бирақсад дар танам шаббодаи бахт,
Шамоли сарди нофорам набошад.

Маконеро бихоҳам рӯи гетӣ,
Ки рӯяш фитнаи олам набошад.
Ҳақиқат сарвару инсоф вазираш,
Ва ин мулк аз латофат кам набошад.

Маконеро бихоҳам рӯи гетӣ,
Ки қалбаш бар Худо маҳкам набошад.
Ва имону муҳаббат бар Худованд
Ба кибру кинае тавъам набошад.

Маконеро бихоҳам рӯи гетӣ,
Ки виҷдон дар дилаш барҳам набошад.
На дард бошад, на ранҷу на машаққат
Ва ҳоҷат бар ҳабу марҳам набошад.

Маконеро бихоҳам рӯи гетӣ,
Дарунаш мотаму истам набошад.
Муроди аъзами ман аз ҳамин хок,
КИ РӮИ ОН ЯГОН ОДАМ НАБОШАД!

27.05.2025 сол. Соати 06:30.
Шаҳри Хуҷанд.


مکانی را بخواهم روی گیتی ،
که در آن ره برای غم نباشد .
برقصد در تنم شب‌باده بخت ،
شمال سرد نافارم بدجور، ناگوار نباشد .

مکانی را بخواهم روی گیتی ،
که رویش فتنه عالم نباشد .
حقیقت سرور و انصاف وزیرش ،
و این ملک از لطافت کم نباشد .

مکانی را بخواهم روی گیتی ،
که قلبش بر خدا محکم نباشد .
و ایمان و محبت بر خداوند
به کبر و کینه‌ای توأم نباشد .

مکانی را بخواهم روی گیتی ،
که وجدان در دلش برهم نباشد .
نه درد باشد ، نه رنج و نه مشقت
و حاجت بر ه‌اب و مرهم نباشد .

مکانی را بخواهم روی گیتی ،
درونش ماتم و ایستم نباشد .
مراد اعظم من از همین خاک ،
که رو آن یگان آدم نباشد !

27 .05 .2025 سال . ساعت 06 : 30 .
شهر خجند .
 
З А Ҳ Р Х А Н Д И Ғ А М

Ҳар навбат аснои аз шаҳри Тула ба Хуҷанд баргаштан аввалин коре, ки бояд баҳри тасаллову пастшавии дарду сӯзиши ботин ба сомон бирасонам, ба хоксаломи модар рафтан буд. Баъдҳо гӯшам бод бурд, ки додарам Илҳомҷон дар ҳамсоягии азизамон чор адад қабр харидорӣ намудааст, ба нияти худашу завҷа ва хусуру хушдоманаш.
Бо хотири он, ки хеле дурандешу ғами пагоҳашро сари вақт мехӯрд, чизе барояш ҳарф назадам, дурусттараш лозим надонистам. Лекин агар бандаи хокӣ пешомадашро пайхас мекард, барои дигаргунсозии он шояд ба бисёр қаҳрамониҳо қодир мебуд.
Ҳаргиз гумон намекардам, ки Илҳомҷон аввалин шуда, пешоҳанги қабрҳои гирифтааш мешавад. Ду сол муқаддам саҳари рӯзи мавлудаш аз Тула ба зодгоҳ расидам ва бо сабабҳои хонаводагӣ ба муборакбодиаш расидагӣ карда натавонистам. Мани шири хоми модар хӯрда аз куҷо медонистам, ки ин вопасин рӯзи таваллудаш дар рӯи замини гирдгардони бевафо хоҳад буд ва дар рӯзҳои на он қадар дур хабари наҳси ҷудоии якумра, водареғгӯиҳову ангушти надомату пушаймонӣ газидану хун гиристанҳо мерасад?
Э вой, чӣ даҳшату чӣ рӯзе буд, ки ба сарамон андохтӣ, Кирдигоро??? Охир, дар синаи тангам тифлаки дарду ғуссаву андӯҳ бузургӣ мекунад, садои хамӯши ман дунёро фарогир гаштаву уқёнуси дидагонам аз гиряҳои пайвастаи шабонарӯзӣ хушк шуда, ба монанди мӯи оташгирифта дар хеш печидаам.
Беҳуда намегуфтаанд, ки аз олам рафтани волидайн мерос, аз они фарзанд алмос. Илҳомҷонро, ки худ нигаҳбонӣ намуда, пайваста хӯрокаву пӯшокашро саришта мекардам ва вақтҳои ба сафарҳои хизматӣ рафтани модарамон тарбияаш пурра бар дӯши ман вогузор гашта буд, баҳри парастории ӯ худро пурра бахшидаву барояш чун модару ӯ баҳри ман ба амсоли фарзанди дилбанд ва дидани маргаш бисёр дилшикану гарон уфтоду ҷигарам пора-пора гашт.
Вай, ки амалан серҳаракат, пурэнерҷӣ ва доимо серташвишу саросема буд, дар Тоҷикистон Федератсияи парапланеризмро ташкил намуд, то он ривоҷу ташаккул ёбад. Як рӯз қабл аз маргаш шодиаш беҳадду ҳудуд буд, зеро дар шаҳри Душанбе ба муносибати ҷамъбасти даҳрӯзаи ҷавонон байни чанд давлатҳои сернуфуз дар ҳамин навъи варзиш ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои аввалро сазовор гашт.
Аз хурсандии бемислу монанд сараш дар гардунҳои бахтёриву шодмонӣ ба шаҳри Хуҷанд баргашта, саҳарии субҳи дигар боз баҳри мусобиқаи навбатӣ ба ҳамсоякишвари Ӯзбекистон рафт. Ба қавле “бо по рафту ба сар омад” додаракам. Бо муваффақият панҷ маротиба бо параплан парвоз намуда, маротибаи ниҳоӣ ҳини ба замин фаромадан якпаҳлӯ меғелад. Бачаҳои ин ҳолатро аз дур наззоракунанда давида ба наздаш меоянд, ки аллакай ҷони ҷавонашро дар як они воҳид ба ҷонофарин супорида... Расман, Илҳомҷон дар зиндагиаш чандтарафа пешпо хӯрад ҳам, бо ҷасорату иродаи қавии модарзодӣ фақат ба пеш равона буд, лекин ин карат замини носерам бармаҳал оғӯшашро баҳри ҷавонмарди зебову хушодобу маданиву хушқадду қомат боз намуд.

Мадори ҷони беҷонам, бародар,
Сиришки чашми гирёнам, бародар.
Фиғони дар нафас таркидаи ман,
Шарори дуди ҳиҷронам, бародар.

Бо андешаву хаёлҳои парешону чандроҳа гумон мекунам, ки гӯиё Илҳомҷон аз бармаҳал сафар намуданаш ба шоҳигарии мурдаҳо дилаш гувоҳӣ медод, з-ин рӯ ҷаҳд мекард, то камбудиҳои рӯзгорашро ҳарчӣ тезтар ба субут расонад. Дар китоби файласуфи ҷаҳонии мардуми ҳинд Раджниш Ошо хонда будам, ки дар он гуфта: - Одамӣ ба оламӣ улвӣ пайвастанашро ҳанӯз нӯҳ моҳ пеш аз ба вуқӯъ омаданаш дар вуҷуди хеш эҳсос мекунад.
Бечора додаракам баъди даргузашти модарамон паршикаставу ноумеду рӯҳафтода гашта, ҳар ҳафта, муддати панҷ сол (то рӯзи вафоташ) рӯзҳои чаҳоршанбеву шанбе бо дастаи гулҳои зебо сари марқади он кас рафта, гирду атрофро нигаҳбонӣ мекард. Аз пешравиҳояш қисса менамуду вазъи саломатиамонро хабар медод: “Имрӯз назди модар рафтам, аҳволи шуморо пурсон гаштанд, гуфтам, ки бучаам нағз, назди фарзандонашон шаҳри Тула рафтагӣ”-мегуфт ҳини сӯҳбати телефонӣ Илҳомҷон. Ӯ калимаи ихтисоршудаи “бувача”-буча (хоҳари калонӣ)-ро ба тарзи ба худ хос, задаро ба ҳарфи “у” монда, ширин талаффуз мекард, ки ҷаззобу нотакрор буд.
Илҳомҷони хушгили ман дастони сабз дошт, заминҳои ҷои кору назди ҳавлияш аз шарофати дастони пурэъҷози ӯ боғи биҳиштро мемонд, ки ниҳолакони навбари шинонидааш ғарқи гул, садбаргҳои рангоранги ҳархелааш зеби бӯстон гашта буданд. Пас аз чанд рӯзаки аз олам рафтанаш кӯдакони беғаму бепарво аввалин бор ҳосили зардолуро канда оварданд, ки ёрои чашиданашро то ба ҳол надорам.
Замираш лаболаб аз нақшаҳои неку маромаш зиндагиафрӯз буд. Ҳамчун соҳибкори варзидаву ҷоннисори миллат хизматҳои чашмгиру назаррасаш боиси ситоишу қаноатмандӣ ва суханони неки “бар падарат раҳмат” аз тарафи сарвари кишвар гардид.
Ӯ бар иловаи ду даъват депутати Совети Шӯрои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров будан, ният дошт, ки рӯзҳои наздиктарин номзадиашро дар соҳаи иқтисодиёт ҳимоя намояд. Дили беғубору беолоишу бекина дошта, хайрхоҳу маслиҳатгари ҳамагон буд, додараки ғӯрамарги номуродам.
Илҳомҷону модарам чунон дилбаставу мафтуни ҳамдигар буданд, ки бе машварату маслиҳати тарафайн ягон корро ба иҷро намерасониданд. Аз ҷаҳон рафтани шахси мӯнису ғамхор ба қалбаш сахт гаронӣ биёвард, чунки дар симои модарам ҳамеша такягоҳу пушту паноҳи маънавиро эҳсос мекард. Меҳри беандоза зиёду дили пурэҳсосаш ҳамагӣ ба мӯҳлати панҷ соли бемодарӣ расиду худ низ паҳлӯи биҳишти ҷовидонияш шитофт.
Пештар танҳо ба хокамазори модари нозанину фариштахӯ мерафтам, акнун ду сари сол аст, ки болои мазори ду инсони бароям ивазнашавандаву такрорнаёбанда, ки модару писари ягона дар бари якдигаранд, ҳозир мешаваму дуое ба равони покашон мефиристам. Ба чеҳраҳои гарму дилрабои рӯи сангашон нигариста, аз ғуссаҳои нопайдоканору дили озурдаву тани танҳоям барояшон қиссаҳо мегӯям чун қиссаҳои дурударози “Ҳазору як шаб”. Мутаасифона, афсонаи зиндагӣ интиҳо надорад ва бояд бо нешу нӯшдоруяш ҳаёт ба сар бурд.
Фаслҳои сол хусусияти такрор ба такрор иваз шудан доранд, бадбахтона, умри одамӣ на. Фасли баҳор Илҳомҷони азизро бароям тақдим намуду ҳам ба якборагӣ азизи хеш кард. Хирмани хуршеди ҷаҳонсӯз гӯиё аз боло наззора дораду бехабар аз сӯзиши дарунам ба ҳоли ман гулханда мекунад ва ба рӯҳу ҷонам гармӣ ато карданист, вале ҳайҳот, ки дилгармиву беғамиву шонаи такягарамро ба зудиву ба якборагӣ аз барам бурд, ки он додараки нозанинам буд.
Айнан ҳамин рӯз, 25-и май тани беҷони туро аз хоки Ӯзбекистон бо сад азобу машаққати алиму ҳуҷҷатпуркуниҳои беҳисоб оварда буданд. Маъмулан саросари муҳассилони макотибҳои олам дар ин санаи хотирмон хатми соли таҳсил намуда, ҳар нафар аз паи мақсаду сомону кору пайкори хеш мешаванд, барои оянда нақшаҳои нек тарҳрезӣ менамоянд, лекин баҳри азизу бебаҳои дилам ногаҳонӣ ин рӯз интиҳои умри ҷавону дили пурорзуяш гашт.
Лаҳзае, ки маротибаи ниҳоӣ рӯи чун Юсуф базебатро кушодем, лабони ба ҳам часпидаву моил ба заҳрхандаатро дидам, сару рӯякатро сила намуда, илтиҷо кардам, ки ақаллан бори охир чашмакони шаҳлоятро боз намоӣ, вале... Туе, ки ягон лаҳза оромишу қарор надоштӣ ва дасти саховатпешаат чун дилат ҳамеша боз буд, акнун хамӯшу лоқайду беҳаракату бепарво мехобидӣ, ки хоси атворат набуд. Қатраи хуне, ки ҳини ба як тараф гардонидани сарат аз гӯшат таровид, он ранги хуни ҷигари сӯхтаи хоҳарат буд, ки то ба ҳол бе дуд ноаёну хомӯш месӯзаду илоҷи дармон надорад...

Шодии ман рафт аз даргоҳи торам, войи ман,
Бе вай акнун бебаҳорам, хору зорам, войи ман.
Эй фалак, озори ман аз дасти ту то қадри чанд?
Шодии ман рафт сӯи Кирдигорам, войи ман.

Ҳамнишини ман наясту ҳамдами ҳурони хулд,
Ҳамдиле баҳрам ба ғайри ӯ надорам, войи ман.
Тоби ҷонам даррабуд пайки аҷал то охирон,
Як тани берӯҳу тобу иқтидорам, войи ман.

Ку касе, к-ӯ кам кунад санге зи кӯҳи ғуссаам?
Мебарам ман дарди худ то бар мазорам, войи ман!
Ҳарфи килкам аҳмарӣ аз хуни чашмони замир,
Баски Илҳом наздики Парвардигорам, войи ман.

Бо дили садчоку пора-пора: бучаат Дилбар.
 
Зи Яздонам нигоҳи шӯълаафшони ту мехоҳам,
Канори оташину бӯсаборони ту мехоҳам.
Зи дороӣ агар қасри муҳаббат аст туро, бас аст,
Муҳаббатпарварӣ дар кунҷи долони ту мехоҳам.

Аё исёнгари бебоку дури ин қадар маҳбуб,
Ба рағми ин ҷудоиҳо ман исёни ту мехоҳам!
Бадар гардад, ки то пероҳани ғам аз фироқи ту
Ба рӯи пайкарам рақсҳои мижгони ту мехоҳам.

Китоби сарнавиштамро ҳама авроқи ишқи ту,
Ба рӯи ҳар яки он мӯҳри паймони ту мехоҳам.
Ғазалҳо аз забони ту аҷоиб лаззате доранд,
Фақат бишнидани ҳарфҳои девони ту мехоҳам.

Дили Нилуфарии ту ба ёдат метапад ҳар дам,
Ба рӯи синаи худ набзи пазмони ту мехоҳам.

08.03.2025 сол. Соати 17:20.
Шаҳри Тула.

ز یزدانم نگاه شعله‌افشان تو می‌خواهم ،
کنار آتشین و بوسه‌باران تو می‌خواهم .
ز دارایی اگر قصر محبت است تو را ، بس است ،
محبتپروری در کنج دالان تو می‌خواهم .

ایا عصیان‌گر بی‌باک و دور این قدر محبوب ،
به رغم این جدای‌ها من عصیان تو می‌خواهم !
بدر گردد ، که تا پیراهن غم از فراغ تو
به روی پیکرم رقص‌های مژگان تو می‌خواهم .

کتاب سرنوشتم را همه اوراق عشق تو ،
به روی هر یک آن مهر پیمان تو می‌خواهم .
غزل‌ها از ‌زبان تو عجایب لذتی دارند ،
فقط بشنیدن حرف‌های دیوان تو می‌خواهم .

دل نیلوفری تو به یادت می‌تپد هر دم ،
به روی سینه خود نبض پزمان دلتنگ تو می‌خواهم .

08 .03 .2025 سال . ساعت 17 : 20 .
شهر توله .
 
ҚИССАИ ШАБ

БИДУНИ ПЕШГУФТОР

01:25 – тавлиди шеъри ҷадиди меҳромез...

01:38 – назари пурумед ба рӯи равшану холии гӯшии мобилӣ...

01:46 – муждае аз паём нест. Гӯшии бераҳм!!!

01:57 – такрорҳо такрор меёбанд...

02:22 – ва ё айб дар суръати интернети сангпуштмонанди ширкати хизматрасони мобилии ман бошад??!

02:39 – изтироби беҳудуд...

02:51 – сӯзиши ҷонкоҳ дар оташи рашк...

03:02 – рашк...сӯзиш... ранҷиш...коҳиш...

03:13 – бо кӣ аст? Дар куҷо? Саломат? Беосеб?

03:27 – садои хоболуди модарам: “Дар садоқату муҳаббатат бимирам, бачаҷон!”...

03:41 – паёми паёпаи лазиз аз ёри раҳдури азиз!
Аммо...
Афсӯс...
Тифли хоби кӯтоҳу парешоне будааст...

03:54 – аз дӯстдорони беканор номаҳое, ки бидуни хониш сарфи назар мешаванд...
Вале аз ӯ дараке нест...
Ҳарчанд хоҳиши ирсоли он буд...

04:02 – оҳҳҳҳҳ, дили содаву фидоии ман! Ҳеч панде аз рӯзгор туро ҳушёр накард!..

04:15 – гӯшии бераҳм! Ва ё нотавонбин??!

04:22 – Худовандо! Ҳар куҷо бошад, нигаҳдораш бош!!!

04:43 – тори умед барои ҷовидонҳо бигсаст...

05:00 – поёни шаби ториктарин ва оғози рӯзи бефурӯғу беранг...

БИДУНИ ОХИРСУХАН.

Фақат хулосаҳо...

Ва хоҳишҳои инкоршуда...

Ва се нуқтаи такрорӣ...

Ва ё як нуқтаи бузурги вопасин??!

15.05.2025 сол. Соати 05:10.
Шаҳри Хуҷанд.

قصه شب

بدون پیش‌گفتار

01 : 25 – تولید شعر جدید مهر‌آمیز . . .

01 : 38 – نظر پر‌امید به روی روشن و خالی گوشی موبایلی . . .

01 : 46 – مژده‌ای از پیام نیست . گوشی بی‌رحم ! ! !

01 : 57 – تکرار‌ها تکرار می‌یابند . . .

02 : 22 – و یا عیب در سرعت اینترنت سنگپشتمانند شرکت خدمت‌رسان موبایلی من باشد ؟ ؟ !

02 : 39 – اضطراب بی‌حدود . . .

02 : 51 – سوزش جانکاه در اتش رشک . . .

03 : 02 – رشک . . .سوزش . . .رنجش...کاهش . . .

03 : 13 – با کی است ؟ در کجا ؟ سلامت ؟ بی‌آسیب ؟

03 : 27 – صدای خواب‌آلود مادرم : " در صداقت و محبتت بمیرم ، بچه‌جان ! ” . . .

03 : 41 – پیام پیاپه لذیذ از یار ره‌دور عزیز !
اما . . .
افسوس . . .
طفل خواب کوتاه و پریشانی بوده‌است . . .

03 : 54 – از دوست‌داران بی‌کنار نامه‌هایی ، که بدون خوانش صرف نظر می‌شوند . . .
ولی از او درکی نیست . . .
هرچند خواهش ارسال آن بود . . .

04 : 02 اههههه ، دل ساده و فدای من ! هیچ پندی از روزگار تو را هشیار نکرد ! . .

04 : 15 – گوشی بی‌رحم ! و یا ناتوانبین ؟ ؟ !

04 : 22 – خداوندا ! هر کجا باشد ، نگهدارش باش ! ! !

04 : 43 – تار امید برای جاویدان‌ها بگسست . . .

05 : 00 – پایان شب تاریک‌ترین و آغاز روز بی‌فروغ و بی‌رنگ . . .

بدون آخر‌سخن .

فقط خلاصه ها . . .

و خواهش‌های انکار‌شده . . .

و سه نقطه تکراری . . .

و یا یک نقطه بزرگ واپسین ؟ ؟ !

15 .05 .2025 سال . ساعت 05 : 10 .
شهر خجند .
 
Бо худ, ай моҳи накӯ, ранҷу азоби ман бубар,
В-аз дили озурдаям дуди кабоби ман бубар.
Гӯши сабрам пора шуд аз нолаи тори равон,
Бас маро ин нағмаҳо, оҳи рубоби ман бубар!

Бар гунаҳ олудаям, ман бандии доми хато,
Бар само аз ботинам нақши маоби ман бубар.
Ғайри ҷурму айби беш аз кори нек орӣ наям,
Назди Яздон муждаҳоро аз савоби ман бубар.

Ман асири оини одамгариву содиқӣ,
Гар ҳама ранҷам аз ин, тоби таноби ман бубар.
Пурсадат гар Кирдигор аз посухам бар ғуссаҳо,
“Шукр” мегӯям зиёд, бар Ӯ ҷавоби ман бубар!

Ашк мерезад фақат аз хомаи Нилуфарӣ,
Ҳузну андӯҳу алам аз шеъри ноби ман бубар!

27.03.2025 сол. Соати 01:50.
Шаҳри Тула.

Беназирони ман! Бо таҳният аз фаро омадани иди муқаддаси Фитр талабгори онам, ки моҳи Рамазон файзу нишоту саодатро бар даргаҳатон биниҳаду ғаму ғуссаву навмедиҳои Шуморо бо худ бубарад.
Иди муборак хуҷаста бод, муҳибони ман!

با خود ، ای ماه نکو ، رنج و عذاب من ببر ،
و - از دل آزرده‌ایم دود کباب من ببر .
گوش صبرم پاره شد از ناله تار روان ،
بس مرا این نغمه‌ها ، آه رباب من ببر !

بر گنه الدیم ، من بندی دام خطا ،
بر سما از باطنم نقش مه‌آب من ببر .
غیر جرم و عیب بیش از کار نیک عاری نیم ،
نزد یزدان مژده‌ها را از ثواب من ببر .

من اسیر آئین آدم‌گری و صادقی ،
گر همه رنجم از این ، تاب طناب من ببر .
پر‌سدت ‌گر کردگار از پاسخم بر غصه‌ها ،
" شکر ” می‌گویم زیاد ، بر او جواب من ببر !

اشک می‌ریزد فقط از خامه نیلوفری ،
حزن و اندوه و الم از شعر ناب من ببر !

27 .03 .2025 سال . ساعت 01 : 50 .
شهر توله .

بی‌نظیران من ! با تهنیت از فرا آمدن عید مقدس فطر تلبگار آنم ، که ماه رمضان فیض و نشاط و سعادت را بر درگهتان بنهد و غم و غصه و نومیدی‌های شما را با خود ببرد .
عید مبارک خجسته باد ، محبان من!
 
МАШОМИ ҶОНИ МО БОШАД МУАТТАР...

“Дилбарҷони азиз, низ узр мехоҳам, ки бо ту хайрухуш карда ва ваъдагиҳоро расонида натавонистам.
Ҳеҷ гап не, бо умеди он, ки қарзамро адо кунам, дидори ояндаро сахт интизор мешавам ва ба он, иншооллоҳ мерасам.
Баъзе корҳоро телефонӣ низ иҷро менамоем. Аз ба манзилат нағз расидану бо ҷигарбандонат пайвастанат, албатта, хело шодам. Ба онҳо саломи маро расон.
Шоду муваффақ бошед.

Бо меҳри рӯзафзун хола ва очаи ҳамеша дуогӯятон-Муаттар ”.
15.10.2024с.

“Ҳатман, бо ёрии Худованд дида ба дидори гарми Шумои азизу ягона хоҳад расид. Худатонро барои мо сахт эҳтиёт намоед, холаҷонакам. Мебӯсам.”

Солҳои 70-уми қарни XIX дар таърихи башарият маротибаи нахуст Александр Грейам Бэлл дастгоҳи телефонро ихтироъ намуд, ки бо воситаи он аз он тарафи гӯшӣ овози нафари каси дигарро шунидан мумкин буд. Ҳангоме, ки ин навгонӣ ба гӯши нависандаи маъруфи рус Лев Николаевич Толстой мерасад, аз ӯ посух меояд:-Аз ҳама муҳим он аст, ки кӣ мегӯяд, чиҳо гуфта метавонад ва таъсири он суханон чӣ пасовандро ба бор меорад.
Барҳақ, он ҳарфҳое, ки аз забони ширини Муаттар Ғаниева мебароянд, дар маънӣ бори дунёро мекашанд. Ҳаром бод он рӯзе, ки пандҳову гуфторҳои накӯро гӯши ман нашунидаву чеҳраи партавафшонашонро набинам. Ба ин маънӣ Ҳофизи лисонулғайб чӣ хуш гуфта:

...Нуктаи рӯҳфазо аз даҳани дӯст бигӯ,
Номаи хушхабар аз олами асрор биёр!
То муаттар кунам аз лутфи насими ту машом,
Шаммае аз нафаҳоти нафаси ёр биёр!

Бо ташвишу тараддудҳои сафари дар пешбуда, гарчанде ба якдигар ваъдаи мулоқотро дода будем, чӣ хеле шуд, ки бо холаам видоъ насия гардид, танҳо тавонистам тариқи телефон дуои хайру некашонро бигирам. Баробари поям ба шаҳри Тула расидан аз худ дарак додам, ки ҷавобашро дар боло дидед. Чун паёме аз эшон бароям дастрас гардид, вуҷудамро эҳсоси фараҳу шодмонӣ, дилгармӣ ба садоқату эътиқод бедор шуд, вақте медонӣ, ки дар кунҷи дунёе омадани туро интизоранд.
Мегӯянд, ки решаи калимаи Хуҷанд-Хваканта, ҳам ба забони форсӣ “дилбаранда, дилфиреб”, шаҳри офтобиву одамони хубтарин гирифта шуда, ки ҷои шак ҳам несту ҷои шубҳа низ. Шахсони барӯманду хубони порсигӯ аз гилу оби ҳамин покманзар сиришта шуда, фарзандони ин шаҳри қадима бо ақлу заковат ва фарҳангу тафаккури хеш ба куллӣ фарқ мекарданд. Ба гуфти Ҳофиз:

Шаҳрест пуркарашмаву хубон зи шаш ҷиҳат,
Чизем нест, в-арна харидори ҳар шашам.

Муаттар Ғаниева, ки тамоми умрашон дар ҳамин шаҳр сипарӣ гаштаву авлодони номдору номварашон низ аз ҳамин ҷо сафари шаҳри абадиҳо кардаанд, барҳақ, ки чеҳраи нурониву новобаста аз ҳавои табиат қалби ҳамеша кушода доранд.
Ба наздикӣ мукотибаи шоирбонуҳо Норинисову Муаттарро, ки ҳамагӣ як қисми он ба дастам расид, дар компютер чоп намуда, бори дигар боварӣ пайдо кардам, ки пойдевори асосии дӯстиву рафоқати 45 - солаи онон аз самимияту эътиқоди тарафайн сарчашма гирифтааст.
Табиатан зиндагӣ чунон офарида шудааст, ки давоми ҳаётат бо сабабу пешомадҳои нопайдоканор бо бисёр нафарон ошноӣ пайдо мекунӣ. Бо қисми зиёди эшон алоқа тез канда мешавад, бархе аз онон то интиҳои умр дар лавҳу хотирҳо маҳфузанду риштаи ногусастаи дӯстиву рафоқат побарҷост. Ин ба мисоли он аст, ки элаки мустаҳками рӯзгор дӯстони нониву забониро аз чашмаки тангаш бехта, фақат одамони ҷонбохтаву ҷонфидоро дар худ боқӣ мемонад.
Хушбахтона, “агар ҷурғот резад, нақши он мемонад” - гуфтагӣ барин, банди мустаҳками меҳру муҳаббат дар симои фарзандон низ акс ёфта. Дар наздам мактубе истодааст, ки таърихи зиёда аз 36 сола дорад. Муаллифи он додаракам Илҳомчон, санаи 10.02.1989 сол аз шаҳри Душанбе ба Хуҷанд, ба фарзанди дуввуми бону Муаттар Одилҷон навиштаву бо расми андозааш 3х4 фиристодааст. Дар нома нақшаи роҳи хонаамону манзили истиқоматии эшонро кашида, бо расми зебои шамшерҳо бародарии ногусастаниро ифода намудааст. (Ҷоякаш биҳишти анбарин бод!).
Дар замоне, ки шароит баҳри амалӣ гаштани мақсаду маромҳо пурра муҳайёст, мутаассифона, оддитарину бебаҳотарин ганҷи ҳаёт-инсонгариву одамиятро гоҳ-гоҳ фаромӯш месозем. Самимияту меҳрубонӣ бо ду пояш мелангад. Аз чӣ бошад ки мо дил дорему меҳр надорем. Барои пасовандагон намунаи беҳтарини ҳаётамонро нишон дода, ифтихор намудан ҳанӯз поёни кор нест. Зиёд нафаронеро мешиносам, ки дар соҳаи мухталифи адабиёту фарҳанг, театру синамо байни муштоқону ҳаводорон манзалату нуфузи беандоза доранд, лекин дар чаҳорчӯбаи одамият фулузе намеарзанд.
Шахсан барои камина Муаттар Ғаниева, шоираи пурэҳсоси заминӣ бо чеҳраи ширину гарми худоёна ва давоми солиёни зиёд, ки Академияи улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон бар дӯши нозукашон вазифаи масъулиятноки кормандии калони хона-музейҳои устодон ба номи М.Аминзодаву М.Турсунзода вогузоштаанд, нигаҳдори ҷоннисору сарсупурдаи миллату фарҳангу адабиёти тоҷик, қомуси зиндаи таърихи ин манзилҳои таърихӣ ҳастанд. Бо заҳмати шабонарӯзиву беғарази инсонии он кас дар шаҳри Хуҷанд чанд сол қабл хона-музеи бастакори беҳамто Дамир Дӯстмуҳаммадов дари худро ба рӯи муштоқони оҳангҳои ҷаззобаш во намуд...
Дар барномаи “Печутоби замон”-и шабакаи мустақили якуми вилояти Суғд гирди мавзӯи “Дирӯз, имрӯз ва фардои шаҳри Хуҷанд”- сабти хотирмон доир гашт. Корманди телевизион Муҳаббатҷон Муродова-зани зебову донову дар ҳақиқат саропо муҳаббат, пас аз интиҳои кор моро бо мошини хизматӣ гусел намуданд. Умар Алиев-профессор, ҳунарманди асил ва коргардони беҳамто бо шогирдашон ҳамроҳи мо буданд. Раҳораҳ Муаттарбону китоби волидаамро ба эшон тақдим карданӣ шуданд. Соядаст навиштаравон азбаски нақлиёт ҳаракат мекард, камтар ҳусни он коста гардид. Он кас камтар хиҷолатомез гуфтанд:-Мегӯянд, ки ҳусни хати зебо дорам, вале ҳоло ба ростӣ, он камтар каҷу килеб шуд. Аз хиҷолат бароварданӣ шуда, тез барои тасдиқи гуфтаҳояшон ба гап ҳамроҳ шудам:-Дар ҳақиқат, аз мактубу откриткаҳои идонае, ки холаам ба модарам ба шаҳри Душанбе мефиристоданд, чашми кас ҳаловат мебарад, ки саропо ҳақиқат аст.
Умар Алиевич, ки марди закӣ ҳастанд, пурсиданд: - Ҳис мекунам, ки меҳри бузург дар миёни шумоён аст, ки шоёни таҳсину офаринҳост. Оё дар ҳақикат холаву ҷиян ҳастед? Муаттар Ғаниеваи ҳозирҷавоб даррав муддати дароз бо модарам дӯстӣ карданашонро гуфта, илова намуданд:- Норибучаам, мутаассифона моро тарк намуда бошанд ҳам, вале маро ҳамчун мерос ба Дилбарҷон супорида рафтанд.
Рафти сӯҳбатҳои хоса ягон маротиба эҳсоси синну солӣ дар мо пайдо нагаштааст, зеро бо табъи нозуку худододаашон Муаттар Ғаниева метавонанд аз лаҳзаҳои нахустин дили хурду бузургро ба даст биёваранд. Шунавандаро чунон мафтуни хеш мегардонанд, ки гузаштани вақту соатро нафаҳмида мемонеду дилкашол аз наздашон меравед. “Ҳаргиз нашавем аз Шумо сер”- ба гуфтаи шоири ғазалсарои нозукбин Саидамин Ҷило.
Холаҷони ман! Дар ин соату лаҳзаҳои хотирнишони зиндагиатон, ҳамчунин ҳамарӯза таманнои банда он аст, ки ҳарчӣ зиёдтар аз “мерос”-и аз модар мондаам, ки на ба ҳар инсони хокӣ чунин ганҷи бебаҳоро Офаридгор лоиқ мебинад, аз бойгонии донишатон пурбарор истифода барам, овози дилнишину дилангезатонро бишнавам, маслиҳатҳои модаронаатонро бишнавам. Соатҳои бо Шумои азиз гузаронидаам бебаҳоянду илоҳо ҳеч интиҳо наёбанд. Ҳамроҳ ба шабнишиниву дидорбиниҳои нафарони ба дил наздик биравем, мубодилаи афкори якдигар бикунем.
Санаи ба олам по ниҳоданатон ба рӯзе рост меояд, ки шӯъбаи Суғдии Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии нависандаи Халқии Тоҷикистон, шодравон устод Раҳим Ҷалил таъсис дода шуд. Гӯиё аз тарафи Худованди мутаол ҷониби ин кохи адабу шеър фариштае бо исми мубораку пурнакҳати Муаттар офарида шуд, ки баъдан муддати зиёда аз 13 сол бо чунин шахси мӯътабар камоли ҳамкории судманд насиб гардид. Подоши ҷоннисориву сарсупурдагиҳову хизмати беминнат ба устод, бо таъхир бошад ҳам, қадр карда шуд ва Ҷоизаи фахрии ба номи устод Раҳим Ҷалил ба вафодортарину содиқтарин шогирдашон супорида шуд.
Қалби меҳрпошу дардошноятон тани нозукатонро азият надиҳад, табассумҳои зебои баҳорӣ лабонатонро ҳеч гоҳ тарк насозанд, дилошнову дилогоҳ, бебаҳову қадрдон, зани ҳалолкору поку беолоиш, беозору хоксору самимӣ, ҳунарманду меҳнатқарин, дилбардору дилнавози ҳамагон!

ЧАШМИ МАН ГУМ НАКУНАД РӮИ ШУМО!!!

Ё раб, аз даргоҳат илтиҷо дорам дарахти умри нафареро, ки бароям беш аз пеш азизу гиромист, ҳарчӣ сабзтар бикунӣ, то бидонам, ки дар Хуҷанд нафаре бо чашму дидаи бедор омади маро беқаророна маътал аст. Кош, ҳазрати Вақт дар куҷое раҳгум мезаду ҳаёту рӯзгори Хизрона насибаш мегашт, чун аз замони кӯдакӣ новобаста аз маънои мубаррои он калимаи “муаттар” дар фазои хонадони мову рӯзгорамон ҳамарӯза садо медод, (рӯзе набуд, ки модари ҷонам ин калимаро бидуни калимаи навозишии “ҷон” хоҳ дар ғоиб ва ё хоҳ дар ҳозирашон ба забон наоранд).
Азбаски бароям шаҳри куҳани Хуҷанд бо Муаттар тавъам аст, орзуи дилам чунин аст, ки ҳарчӣ тӯлонитар Муаттари булбулнажоду нозуктабъ, дар ниҳояти донишмандиву покиву сафои ботин, шоираи хушназари моро дар домону оғӯши пурмеҳраш бигирад ва шаҳр бештару зиёдтар аз накҳату таровати Муаттари хеш масту махмур бошад!

“Салом Дилбарҷони азиз! Барои суханҳои гуворо ва меҳрубоният ташаккур. Иншоаллоҳ, баҳор наздик. Сахт интизор ва муштоқи дидору гуфтори ширинат
– холаи дуогӯятон аз соҳили Сиру оғӯши Муғул ва дашти Учбоғ.

01-и феврали соли 2025.”

Ба Худову сӯи само даст бардошта, муноҷоту илтиҷову тавалло мекунам, ки солҳои тӯлонӣ ҳамчунин забони дуогӯву неку хайрхоҳатон аз сари мо дур мабод!
Бо таманнои накӯиҳову хоҳони шодмониву шодкомиҳои беинтиҳову нерӯмандиву дилшодиҳои зиндагӣ каминаи камтарин:

Дилбар Воҳидова-
узви Конфедератсияи рӯзноманигорони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанг ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

05.02.2025 с. Шаҳри Тула
 
Ҷони ман, з-ин пас ба лабҳоят сигоратро магир,
Аз лабам гиру аз ӯ қасди хуморатро магир.
Умри ишқи мо бувад то солиёни бешумор,
Бар сарат ёди сафарро бар мазоратро магир.

Ҳар паёмат партаве аз шеди шайдои баҳор,
Ҷони ман, аз ман ту анвори баҳоратро магир.
Ҳосили сабри зиёд дар оқибат уфтад ба хок,
Ангубино, з-ин сабаб дасти қароратро магир.

Чун дар оғӯши шарарборат биҳишти ман ниҳон,
Аз канори оташини ман каноратро магир.
Шоъири ту, шеъри ту, шаҳбайти ту Нилуфар аст*,
Бар даҳан шеъре ба ҷуз аз гулъузоратро магир.

Ман, ки ин ҷову лабам ин ҷову дар фармони ту,
Ҷони ман, з-ин пас ба лабҳоят сигоратро магир.

*-ҳарфҳои мухотаби ман...

21.01.2025 сол. Соати 09:40.
Шаҳри Тула.

جان من ، ز - این پس به لب‌هایت س‌ایگورت را مه‌گیر ،
از لبم گیر و از او قصد خمارت را مه‌گیر .
عمر عشق ما بود تا سالیان بی شمار ،
بر سرت یاد سفر را بر مزارت را مه‌گیر .

هر پیامت پرتوی از شید شیدای بهار ،
جان من ، از من تو انوار بهارت را مه‌گیر .
حاصل صبر زیاد در عاقبت افتد به خاک ،
انگبنا ، ز - این سبب دست قرارت را مه‌گیر .

چون در آغوش شرر‌بارت بهشت من نهان ،
از کنار آتشین من کنارت را مه‌گیر .
شاعر تو ، شعر تو ، شه‌بیت تو نیلوفر است * ،
بر دهن شعری به جز از گلعزارت را مه‌گیر .

من ، که این جا و لبم این جا و در فرمان تو ،
جان من ، ز - این پس به لب‌هایت س‌ایگورت را مه‌گیر .

* - حرف‌های مخاطب من . . .

21 .01 .2025 سال . ساعت 09 : 40 .
شهر توله .
 
В стенах бессонного вокзала
Тихонько к кассе подхожу.
Я частью очереди стала,
От трепета я вся дрожу...
 
Ман сипос аз обу хоку ашки шабнам мекунам,
Ҳам зи ранги мухталифи хӯи одам мекунам.
Ҳар чӣ дорам, аз каромоти Худои мутаол,
Ҳар нафас шукрона бар Аллоҳи олам мекунам.

Ҳар, ки буд меҳмони қалбу базри озораш ниҳод
Рондаву бар рӯи ӯ дарвоза маҳкам мекунам.
То набинад одаме дурдонаи ашкам ба чашм
Гиряву оҳу фиғон дар вақти адҳам мекунам.

Бас сияҳ пӯшиданат, ай дил, зи ҳаҷри ёри дур,
Меравам бар базми ишқу тарки мотам мекунам.
Феъли андӯҳ аст агарчи хӯрдани ман аз дарун
Қасри қалбам тоза акнун аз ҳама ғам мекунам.

Ман сари волои худрову тани Нилуфарӣ
Як фақат назди Худои меҳрубон хам мекунам!

25.01.2025 сол. Соати 16:40.
Шаҳри Тула.

من سپاس از آب و خاک و اشک شبنم می‌کنم ،
هم ز رنگ مختلف خ‌اوی آدم می‌کنم .
هر چی دارم ، از کرامات خدای متعال ،
هر نفس شکرانه بر الله عالم می‌کنم .

هر ، که بود مهمان قلب و بذر آزارش نهاد
رانده و بر روی او دروازه محکم می‌کنم .
تا ببیند آدمی دردانه اشکم به چشم
گریه و آه و فغان در وقت ادهم می‌کنم .

بس سیه پوشیدنت ، ای دل ، ز حجر یار دور ،
می‌روم بر بزم عشق و ترک ماتم می‌کنم .
فعل اندوه است اگر چه خوردن من از درون
قصر قلبم تازه اکنون از همه غم می‌کنم .

من سر والای خود را و تن نیلوفری
یک فقط نزد خدای مهربان خم می‌کنم !

25 .01 .2025 سال . ساعت 16 : 40 .
شهر توله .
 
Гетиё, бишнав фиғонам: ёри ман бемор шуд,
Ҳамнишини бистару ҳамболини озор шуд.
Қалби исёнкори ӯву қомати барнои ӯ
Аз ҳама ин гирудори зиндагӣ афгор шуд.

Аз шарори ҷони нотарсу дили пуршӯри хеш
Воқифу донандаи нозуктарин асрор шуд.
Дар бари тафси шадиду сӯзиши андому рӯҳ
Бар бари роҳатфазову нарми ман хуммор шуд.

Ин дили яктопарасту саркашу мағрури ман
Бар фидоӣ бар дили маҳбуби худ иқрор шуд.
Ман ба ҳар бисту чаҳор соат фақат дар ёди ӯ,
Ишқи пок дар ҳайрати бисёр аз ин омор шуд.

Гетиё, афғони ман бар гӯши дилдорам бубар,
Ҳам бигӯ: “Нилуфарат аз дарди ту бемор шуд”.

15.01.2025 сол. Соати 22:22.
Шаҳри Тула.

گیتی‌یا ، بشنو فغانم : یار من بیمار شد ،
هم‌نشین بستر و هم‌بالین آزار شد .
قلب عصیانکار او و قامت برنای او
از همه این گیرودار زندگی افگار شد .

از شرار جان ناترس و دل پرشور خویش
واقف و داننده نازک‌ترین اسرار شد .
در بر تفس شدید و سوزش اندام و روح
بر بر راحت‌فضا و نرم من خم‌مار شد .

این دل یکتا‌پرست و سرکش و مغرور من
بر فدایی بر دل محبوب خود اقرار شد .
من به هر بیست و چهار ساعت فقط در یاد او ،
عشق پاک در حیرت بسیار از این آمار شد .

گیتی‌یا ، افغان من بر گوش دلدارم ببر ،
هم بگو : " نیلوفرت از درد تو بیمار شد ” .

15 .01 .2025 سال . ساعت 22 : 22 .
شهر توله .
 
Ҷилваи дурдонаҳои умри ман аз модарам,
Лаззату шаҳди ҳаётам дар даҳан аз модарам.
Аз пасаш бо роҳи нек чун омадам бар даври ом,
Ин мақомам дар миёни анҷуман аз модарам.

Дар замири кӯчакам чун ҷо намуд кайҳони ишқ,
Домани беҳадди меҳрам дар бадан аз модарам.
Қадри умри ман, ки дорад бо вуҷудаш арзише,
Ҳастиям в-ин зиндагии бесаман аз модарам.

Хомаи Нилуфариро одат аст некӯтарин:
Рӯи авроқ ибтидои ҳар сухан аз модарам.
Ай Худои меҳрубони ин замину ин замон,
Дидаи меҳрофаринатро макан аз модарам!

11.03.2025 сол. Соати 21:50.
Шаҳри Тула.

Модар! Аз ситоиши ту ҳеч гоҳ хаста нахоҳам шуд, зеро сазовори беҳтарин аз саноҳоӣ. Ва имрӯз, ки туро ба дунё бахшидааст, мехоҳам тамоми халқи он бидонад, ки то чӣ ҳадд туро дӯст медорам.
Мо аз бисёр саддҳои зиндагӣ ҳамроҳ гузаштаему аз заҳри он бешумор бо ҳам чашидаем. Ва акнун мехоҳам, ки аз ин пас коми туро лаззати ҳаёт тарк накунад. Бигзор Худованд шириние, ки дар қисмати коми ман навиштааст, бароят бубахшад, то битавонам туро ҷовидона шодкому дилшод бубинам.
Духтарона дӯстат медораму модарона мепарастам ва аз Офаридгор илтиҷо мекунам, ки солҳои бешумор бигӯям: «Милодат муборак, фариштаи ман!»…

جلوه دردانه‌های عمر من از مادرم ،
لذت و شهد حیاتم در دهن از مادرم .
از پسش با راه نیک چون آمدم بر دور عام ،
این مقامم در میان انجمن از مادرم .

در ضمیر کوچه‌کم چون جا نمود کیهان عشق ،
دامن بی‌حدّ مهرم در بدن از مادرم .
قدر عمر من ، که دارد با وجودش ارزشی ،
هستیم و - این زندگی بی‌سمن از مادرم .

خامه نیلوفری را عادت است نیکو‌ترین :
روی اوراق ابتدای هر سخن از مادرم .
ای خدای مهربان این زمین و این زمان ،
دیده مهر‌آفرینت را مک‌ان از مادرم !

11 .03 .2025 سال . ساعت 21 : 50 .
شهر توله .

مادر ! از ستایش تو هیچ گاه خسته نخواهم شد ، زیرا سزاوار بهترین از ثنا‌هایی . و امروز ، که تو را به دنیا بخشیده‌است ، می‌خواهم تمام خلق آن بداند ، که تا چی حدّ تو را دوست می‌دارم .
ما از بسیار سدّ‌های زندگی همراه گذشته‌ایم و از زهر آن بی‌شمار با هم چشدیم . و اکنون می‌خواهم ، که از این پس کام تو را لذت حیات ترک نکند . بگذار خداوند شیرینی ، که در قسمت کام من نوشته‌است ، برایت ببخشد ، تا بتوانم تو را جاویدانه شادکام و دلشاد ببینم .
دخترانه دوستت می‌دارم و مادرانه می‌پرستم و از آفریدگار التجا می‌کنم ، که سال‌های بی‌شمار بگویم : «میلادت مبارک ، فرشته من ! » ...
 
ДУЗД

Дузд омад.
Бар даруни хонаи қалбам даромад.
Бериёву бесадову саркашу девонаавзоъ
Баҳри тороҷи дилам
Аз олами боло фаромад.
Бурда бо худ роҳатамро,
Ақлу сабри соатамро
Қотили танҳоиям шуд,
Мӯҷиби расвоиям шуд.
Худпарастӣ бурда аз ман
Боиси шайдоиям шуд.
Хоби нозам моли ӯ гашт,
Хотирам дунболи ӯ гашт.
Аз пайи бигзоштааш дар рӯи сина
Ин дили фарзонаву боору номус
Беҳаё амсоли ӯ гашт.
Ғайри хобу роҳати ман
Ғайри сабри соати ман
Оҳи сардам аз даҳан бурд.
Ёду майлам бар кафан бурд.
Тоқату оромиҳоям як тараф
Бо сари болои худ дар рӯи каф
Ранҷу дарду ғуссаҳоям аз бадан бурд,
Ӯ маро аз дасти ман бурд!

22.03.2025 сол. Соати 04:15.
Шаҳри Тула.

دزد

دزد آمد .
بر درون خانه قلبم درآمد .
بی‌ریا و بی‌صدا و سرکش و دیوانه‌اوضاع
بحر تاراج دلم
از عالم بالا فرا‌مد .
برده با خود راحتم را ،
عقل و صبر ساعتم را
قاتل تنهایم شد ،
موجب رسوایم شد .
خود‌پرستی برده از من
باعث شیدایم شد .
خواب نازم مال او گشت ،
خاطرم دنبال او گشت .
از پی بگزاشته‌اش در روی سینه
این دل فرزانه و باعار و ناموس
بی‌حیا امثال او گشت .
غیر خواب و راحت من
غیر صبر ساعت من
آه سردم از دهن برد .
یاد و میلم بر کفن برد .
طاقت و آرام‌هایم یک طرف
با سر بالای خود در روی کف
رنج و درد و غصه‌هایم از بدن برد ،
او مرا از دست من برد !

22 .03 .2025 سال . ساعت 04 : 15 .
شهر توله .
 
Нева игрива и задорна,
Красою манит и бурлит.
Порывам ветра лишь покорна,
И с ним о чем-то говорит.

Люблю её пленящий ропот,
Мельканье волн в объятиях дня.
Таинственный, далёкий шёпот
Со дна идущий до меня.

Нева прекрасна и задорна,
Могу с ней плакать и шутить.
Я знаю точно и бесспорно
Она в душе осталась жить!

31.10.2024 года. Время 07:00.
Город Санкт-Петербург.
 
Ошиқи девонаамсолам ҷаноби Дард шуд,
Роздону роздорам моҳи яктогард шуд.
Сардиҳо бигзашту омад навбаҳори дилпазир,
Дар дилам аммо ҳавои беҷилои сард шуд.

Баъди тӯфони ғаму борони дарди беамон
Роҳи бахтам баставу касногузар аз гард шуд.
Ман ба умрам борҳо дидам ба як рӯй сад ранг,
Ҷуз, ки номард моили ранги лиқои мард шуд.

Эй сипоҳи қисматам, ҷангу ҷидол бо ман чаро?
Лашкари ҷонам фигор аз зарбаи новард шуд.
Ай гули Нилуфарӣ, аз чӣ ба айёми шубоб
Рӯи хоки қалби ту ғамхонаи огард шуд?

21.04.2025 сол. Соати 14:45.
Шаҳри Хуҷанд.

عاشق دیوانه‌امثالم جناب درد شد ،
راز‌دان و رازدارم ماه یکتا‌گرد شد .
سردی‌ها بگذشت و آمد نوبهار دل‌پذیر ،
در دلم اما هوای بی‌جلای سرد شد .

بعد طوفان غم و باران درد بیمان
راه بختم بسته و كسناگزر از گرد شد .
من به عمرم بار‌ها دیدم به یک روی سد رنگ ،
جز ، که نامرد مایل رنگ لقای مرد شد .

ای سپاه قسمتم ، جنگ و جدال با من چرا ؟
لشکر جانم فگار از ضربه ن‌آورد شد .
هی گل نیلوفری ، از چی به ایام شباب
روی خاک قلب تو غمخانه آ‌گرد شد ؟

21 .04 .2025 سال . ساعت 14 : 45 .
شهر خجند .
 
Рӯзи нусрат лаҳзаи фатҳи адолат бишмарам,
Марги майли кинаҷӯиву адоват бишмарам.
Аз зафар он соате резад ба ҷони ман нишот
Гар ба завқе одамони босаодат бишмарам.

Ман, ки хоҳони заволи ҷанги бемаънои давр,
Дурри тасбеҳ бо дуъо баҳри башорат бишмарам.
Худ, ки қалбу ҷон бубахшоям барои ёру хеш
Шавқашон бар тӯҳфае дигар хиёнат бишмарам.

Кай бубинам дар набарди зиндагӣ марди асил?
Бо тафохур ҳосиле кай аз ҷасорат бишмарам?
Аз биҳишти роҳат ар серӣ надиданд мардумон,
Рӯзи нусратро ҳанӯз ҳам ман қиёмат бишмарам.

Даст мабардор аз ҳақиқат гуфтанат, Нилуфарӣ,
Шеъри ту шамъе ба шаҳроҳи адолат бишмарам.

07.05.2025 сол. Соати 10:45.
Шаҳри Хуҷанд.


80 сол аз рӯзи ба даст омадани музаффарият паси сар шуд. То расидан ба ин санаи зебо чандин миллион ҷон қурбониву аз хуни онон ҳамин қадар лолаи ҷигархун рӯидааст. Таи ин солҳо, мутаассифона, танҳо ҷашнгирии Ғалабаро ёд гирифтему бас. Ба қадр кардани осоиштагӣ, ба сохтани осоиштагиву нигаҳдории он иқтидори ақлу тамизу донишу инсонигарии мо нарасид, ки нарасид…
Дилам ба захмиёну кушташудагони ин ҷанг муттасил месӯзад, зеро мо натавонистем зафарияти бар ивази ҷону умру саломатӣ харидаи ононро ҳифз бикунем. Набард ҳанӯз идома дорад. Набарди беамон, набарди ноаён, набарде, ки поёнаш маълум бар касе нест, гарчанде эълони сулҳ маҳз дар дасти мост. Сарфармондеҳони қӯшунҳои ин разми бемантиқу ҷонрабо Кибр, Давлатпарастӣ, Ноодамӣ, Ҳирс, Ҷаҳолат ва Зулмпарварӣ ҳастанду ҳар якеро кушандаи худ мебояд, ки дареғо, камёфтанду заиф.
Дар ин соат, ки ҳамдигарро бо нусрат табрик мегӯем, ба инсоният фатҳи Ақл, зафармандии Адл ва пирӯзии Асл-ро таманно мекунам ва орзу дорам, ки рӯзе мерасаду ҳатман ва бегуфтугӯ ба ҳар яки Шумо бо сари волову дили пурфараҳ хоҳам гуфт: «Ғалаба муборак, ҳамнавоёни ангубини ман!»…

روز نصرت لحظه فتح عدالت بشمرم ،
مرگ میل که‌نهجویی و عداوت بشمرم .
از ظفر آن ساعتی ریزد به جان من نشاط
گر به ذوقی آدمان باسعادت بشمرم .

من ، که خواهان زوال جنگ بی‌معنای دور ،
دورر تسبیح با دعا بحر بشارت بشمرم .
خود ، که قلب و جان ببخشایم برای یار و خویش
شوقشان بر تحفه‌ای دیگر خیانت بشمرم .

کی ببینم در نبرد زندگی مرد اصیل ؟
با تفاخر حاصلی کی از جسارت بشمرم ؟
از بهشت راحت ار سیری ندیدند مردمان ،
روز نصرت را هنوز هم من قیامت بشمرم .

دست مبردار از حقیقت گفتنت ، نیلوفری ،
شعر تو شمعی به شهر‌آه عدالت بشمرم .

07 .05 .2025 سال . ساعت 10 : 45 .
شهر خجند .

. 80 سال از روز به دست آمدن مظفرییت پس سر شد. تا رسیدن به این سنه زیبا چندین ملیان جان قربانی و از خون آنان همین قدر لاله جگر‌خون روییده‌است. ته این سال‌ها ، متأسفانه ، تنها جشن‌گیری غلبه را یاد گرفتیم و بس . به قدر کردن آسایشتگی ، به ساختن آسایشتگی و نگهداری آن اقتدار عقل و تمیز و دانش و انسآ‌‌نگری ما نرسید ، که نرسید ...
دلم به زخمیان و کشته‌شدگان این جنگ متصل می‌سوزد ، زیرا ما نتوانستیم زفریت بر عوض جان و عمر و سلامتی خریده آنان را حفظ بکنیم . نبرد هنوز ادامه دارد . نبرد بیمان ، نبرد ناعیان ، نبردی ، که پایانش معلوم بر کسی نیست ، گر‌چندی اعلان صلح محض در دست ماست . سر‌فرماندهان قشون‌های این رزم بی‌منطق و جانربا کبر ، دولت‌پرستی ، ناآدمی ، حرص ، جهالت و ظلمپروری هستند و هر یکی را کشنده خود می‌باید ، که دریغا ، کم‌یافتند و ضیف .
در این ساعت ، که همدیگر را با نصرت تبریک می‌گوییم ، به انسانیت فتح عقل ، ظفرمندی عدل و پیروزی اصل - را تمنا می‌کنم و آرزو دارم ، که روزی می‌رسد و حتماً و بی‌گفتگو به هر یک شما با سر والا و دل پر‌فرح خواهم گفت : «غلبه مبارک ، هم‌نوایان انگبین من!» ...
 
То ҳанӯз ҳам бин, ки бахт аз даври ёри ман нашуд,
Роҳату осудагӣ валлаҳ, ки бори ман нашуд.
Ман савори аспи дарду дар лаҷомаш ғуссаҳо,
Мурғаке аз мулки иқбол чун савори ман нашуд.

То ҳанӯз ман дар канори он, ки дур аз фикри ман,
Дар дами уфтодагӣ ӯ дар канори ман нашуд.
Субҳу шоми бешуморе ашк рехтам аз алам,
Баски будам хору зори он, ки зори ман нашуд.

Бешазори сабзи бахтамро гузоштам доми чанд,
Лек дар ин ҷода ҳам вақти барори ман нашуд.
Чун парастам ман ҳабиби худпарасту худписанд?
К-ӯ равон бар роҳи неки Кирдигори ман нашуд.

Меравам бо худ хамӯш дар кишвари танҳоиям,
Кори ман не бар касе, к-ӯ кордори ман нашуд.
Пӯшидан бояд маро дарвозаро бар рӯи чанд,
Соли беш аммо ба ин кор иқтидори ман нашуд.

Шуд баҳори фаррухи оламфурӯзу дилрабо,
Ин баҳор ҳам, ваҳ, чӣ рӯзе, к-аз баҳори ман нашуд.
Гар биёӣ баъди сад сол, гӯямат, ай бахти ман:
Баҳри истиқболи ту акнун мадори ман нашуд.

17.03.2024 сол. Соати 07:30.
Шаҳри Тула.

تا هنوز هم بین ، که بخت از دور یار من نشد ،
راحت و آسودگی وله ، که بار من نشد .
من سوار اسپ درد و در لجامش غصه‌ها ،
مرغکی از ملک اقبال چون سوار من نشد .

تا هنوز من در کنار آن ، که دور از فکر من ،
در دم افتادگی او در کنار من نشد .
صبح و شام بی‌شماری اشک ریختم از الم ،
بس‌که بودم خار و زار آن ، که زار من نشد .

بیشه‌زار سبز بختم را گذاشتم دام چند ،
لیک در این جاده هم وقت برآر من نشد .
چون پرستم من حبیب خود‌پرست و خودپسند ؟
ک - او روان بر راه نیک کردگار من نشد .

می‌روم با خود خموش در کشور تنهایم ،
کار من نی بر کسی ، ک - او کاردار من نشد .
پوشیدن باید مرا دروازه را بر روی چند ،
سال بیش اما به این کار اقتدار من نشد .

شد بهار فرخ عالم‌فروز و دلربا ،
این بهار هم ، وه ، چی روزی ، ک - از بهار من نشد .
گر بیای بعد سد سال ، گویمت ، هی بخت من :
بحر استقبال تو اکنون مدار من نشد .

17 .03 .2024 سال . ساعت 07 : 30 .
شهر توله.
 
Дар мулки шумо мискину бемор чӣ бисёр!
Бемори зару пасту риёкор чӣ бисёр!
То деги сияҳ холиву аз ҷӯш намонад,
Чун саг ба дари хоҷа талабгор чӣ бисёр!

Аз лаззати ишқи асилу пок хабар нест,
Бар ишқи сарир бин, ки гирифтор чӣ бисёр!
Бечорае уфтад, нагирад ҳеч касе даст,
Бар курсинишин дасти мададгор чӣ бисёр!

Хоҳони итоат ба Худо оҳ, чӣ кам аст!
Муштоқи вале чодару зуннор чӣ бисёр!
Ҳар кас талаби рӯзиву нонаш бикунад, лек
Дидам, ки чунин толиби бекор чӣ бисёр!

Доро ин ҳамоне, ки дилаш кони накӯист,
Дар мулки шумо лоғару нодор чӣ бисёр!
Нилуфари мо, ҳақ буваду рост шуморат,
Омори туро бин, ки тарафдор чӣ бисёр!

19.02.2025 сол. Соати 22:00.
Шаҳри Тула.

در ملک شما مسکین و بیمار چی بسیار !
بیمار زر و پست و ریاکار چی بسیار !
تا دیگ سیه خالی و از جوش نماند ،
چون سگ به در خواجه تلبگار چی بسیار !

از لذت عشق اصیل و پاک خبر نیست ،
بر عشق سریر بین ، که گرفتار چی بسیار !
بیچاره‌ای افتد ، نگیرد هیچ کسی دست ،
بر کرسی‌نشین دست مددگار چی بسیار !

خواهان اطاعت به خدا آه ، چی کم است !
مشتاق ولی چادری و زنار چی بسیار !
هر کس ‌طلب روزی و نانش بکند ، لیک
دیدم ، که چنین طالب بیکار چی بسیار !

دارا این همانی ، که دلش کان نکویست ،
در ملک شما لاغر و نادار چی بسیار !
نیلوفر ما، حق بود و راست شمارت ،
آمار تو را بین ، که طرفدار چی بسیار !

19 .02 .2025 سال . ساعت 22 : 00 .
شهر توله .
 
Барои кишварам ҷони азизам дар хатар мондам
Ва мақсад назди худ болои аъдоям зафар мондам.
Вале қадрам надонист миллату мулки парешонам,
Фақат дар саҳфаи айём зи номи худ асар мондам.

Бигирад як қадар суде ки то халқам зи давронаш
Ба оғӯши кавири бесафову бесамар мондам.
Даме мурғи саодат як нафас меҳмони хокам буд
Ҳама то бохабар кардам, зи ҳуснаш бехабар мондам.

Наёмад бар сари зорам бурун аз кинаҳо дасте,
Дарахт биншонда, аммо зери дандони табар мондам.
Нагаштам бандаи шоҳу лаганбардору маддоҳаш,
Агарчи дар ба дар гаштам, валекин мӯътабар мондам.

Куҷо он вусъати аз чашми ман пинҳону нопайдо?
Ва ё мардум риёкоранд ва ё ман бебасар мондам.
Агарчи дураму наздик ба ёди хоки аҷдоду
Канори модари пиру бағалҳои падар мондам.

02.02.2025 сол. Соати 10:15.
Шаҳри Тула.

Хушбахтона, даврони мо аз мардоне, ки умрашонро, саломатиашонро, ҷонашонро барои пирӯзии адолату ҳақиқат ва расидан ба озодиву ободиву некрӯзӣ нисор кардан омодаанд, орӣ нест. Ва бадбахтона, омадан то ин лаҳзаҳои нишотангез бе қурбонии ин абармардони шарафманд муҳол аст...
Ҳар зан бо вуҷуди мардона ҳуқуқу рӯзии худу фарзандонашро талош намудан, ҳамеша мӯҳтоҷи китфе аст, ки тавонад ӯро аз осебу хори зиндагӣ эмин нигоҳ бидорад. Ва сарфи назар аз бузургиву тавоноияш дар қафои мард меистад, чун ӯ барояш рамзи осоишу оромишу роҳат асту бигзор чунин бимонад!
Ҷавонмардони далеру ҳифозатгарони асили мову миллати хеш! Рӯзи Шумо бар Шумову мо фархунда боду некпай! Бозувонатон пур аз иқтидори илоҳиву қалбатон саршори шуҷоату танатон лабрез аз ниру бимонаду Худованди кариму азим дастгиру нигаҳдори ҷовидонии Шумо!
Илоҳо ҳама ғайрату талоше, ки барои роҳати мо равона мекунед, аввалан осоишеву саодате барои худи ШУМО биёварад, то аз ҳосили ҷонбозиҳои хеш битавонед муддати афзун лаззат бубаред!

23.02.2025 сол. Соати 10:50.
Шаҳри Тула.

برای کشورم جان عزیزم در خطر ماندم
و مقصد نزد خود بالای اعدایم ظفر ماندم .
ولی قدرم ندانیست ملت و ملک پریشانم ،
فقط در سهفه ایام ز نام خود اثر ماندم .

بگیرد یک قدر سودی که تا خلقم ز دورانش
به آغوش کویر بی‌صفا و بی‌ثمر ماندم .
دمی مرغ سعادت یک نفس مهمان خاکم بود
همه تا باخبر کردم ، ز حسنش بی‌خبر ماندم .

نیامد بر سر زارم برون از کینه‌ها دستی ،
درخت بنشانده ، اما زیر دندان تبر ماندم .
نگشتم بنده شاه و لگن‌بردار و مداحش ،
اگر چه در به در گشتم ، ولیکن معتبر ماندم .

کجا آن وسعت از چشم من پنهان و ناپیدا ؟
و یا مردم ریاکارند و یا من بی‌بسر ماندم .
اگر چه دورم و نزدیک به یاد خاک اجداد و
کنار مادر پیر و بغل‌های پدر ماندم .

02 .02 .2025 سال . ساعت 10 : 15 .
شهر توله .

خوشبختانه ، دوران ما از مردانی ، که عمرشان را ، سلامتیشان را ، جانشان را برای پیروزی عدالت و حقیقت و رسیدن به آزادی و آبادی و نیک‌روزی نثار کردن آماده اند ، عاری نیست . و بدبختانه ، آمدن تا این لحظه‌های نشاط‌انگیز بی قربانی این ابرمردان شرفمند محال است . . .
هر زن با وجود مردانه حقوق و روزی خود و فرزندانش را تلاش نمودن ، همیشه محتاج کتفی است ، که تواند او را از آسیب و خار زندگی ایمن نگاه بدارد . و صرف نظر از بزرگی و تواناییش در قفای مرد می‌ایستد ، چون او برایش رمز آسایش و آرامش و راحت است و بگذار چنین بماند !
جوانمردان دلیر و حفاظتگران اصیل ما و ملت خویش ! روز شما بر شما و ما فرخنده باد و نیکپهی ! بازوانتان پر از اقتدار الهی و قلبتان سرشار شجاعت و تنتان لبریز از نر و بماند و خداوند کریم و عظیم دستگیر و نگهدار جاویدانی شما !
الی‌ها همه غیرت و تلاشی ، که برای راحت ما روانه می‌کنید ، اولاً آسایشی و سعادتی برای خود شما بیاورد ، تا از حاصل جانبازی‌های خویش بتوانید مدت افزون لذت ببرید !

23 .02 .2025 سال . ساعت 10 : 50 .
شهر توله .
 
Моҳе, ки фароғат ба дили банда дар он аст-моҳи Рамазон аст,
Моҳе, ки саропо нафаси гарми азон аст-моҳи Рамазон аст.
Моҳе, ки ба лутфаш бирабояд зи даҳан зишт,
Моҳе, ки дуоҳои накӯ вирди забон аст-моҳи Рамазон аст...
Шукрона кунам з-он, ки расид моҳи муқаддас,
Моҳе, ки дар он роҳати бечора равон аст-моҳи Рамазон аст
 
Назад
Верх Низ