МАШОМИ ҶОНИ МО БОШАД МУАТТАР...
“Дилбарҷони азиз, низ узр мехоҳам, ки бо ту хайрухуш карда ва ваъдагиҳоро расонида натавонистам.
Ҳеҷ гап не, бо умеди он, ки қарзамро адо кунам, дидори ояндаро сахт интизор мешавам ва ба он, иншооллоҳ мерасам.
Баъзе корҳоро телефонӣ низ иҷро менамоем. Аз ба манзилат нағз расидану бо ҷигарбандонат пайвастанат, албатта, хело шодам. Ба онҳо саломи маро расон.
Шоду муваффақ бошед.
Бо меҳри рӯзафзун хола ва очаи ҳамеша дуогӯятон-Муаттар ”.
15.10.2024с.
“Ҳатман, бо ёрии Худованд дида ба дидори гарми Шумои азизу ягона хоҳад расид. Худатонро барои мо сахт эҳтиёт намоед, холаҷонакам. Мебӯсам.”
Солҳои 70-уми қарни XIX дар таърихи башарият маротибаи нахуст Александр Грейам Бэлл дастгоҳи телефонро ихтироъ намуд, ки бо воситаи он аз он тарафи гӯшӣ овози нафари каси дигарро шунидан мумкин буд. Ҳангоме, ки ин навгонӣ ба гӯши нависандаи маъруфи рус Лев Николаевич Толстой мерасад, аз ӯ посух меояд:-Аз ҳама муҳим он аст, ки кӣ мегӯяд, чиҳо гуфта метавонад ва таъсири он суханон чӣ пасовандро ба бор меорад.
Барҳақ, он ҳарфҳое, ки аз забони ширини Муаттар Ғаниева мебароянд, дар маънӣ бори дунёро мекашанд. Ҳаром бод он рӯзе, ки пандҳову гуфторҳои накӯро гӯши ман нашунидаву чеҳраи партавафшонашонро набинам. Ба ин маънӣ Ҳофизи лисонулғайб чӣ хуш гуфта:
...Нуктаи рӯҳфазо аз даҳани дӯст бигӯ,
Номаи хушхабар аз олами асрор биёр!
То муаттар кунам аз лутфи насими ту машом,
Шаммае аз нафаҳоти нафаси ёр биёр!
Бо ташвишу тараддудҳои сафари дар пешбуда, гарчанде ба якдигар ваъдаи мулоқотро дода будем, чӣ хеле шуд, ки бо холаам видоъ насия гардид, танҳо тавонистам тариқи телефон дуои хайру некашонро бигирам. Баробари поям ба шаҳри Тула расидан аз худ дарак додам, ки ҷавобашро дар боло дидед. Чун паёме аз эшон бароям дастрас гардид, вуҷудамро эҳсоси фараҳу шодмонӣ, дилгармӣ ба садоқату эътиқод бедор шуд, вақте медонӣ, ки дар кунҷи дунёе омадани туро интизоранд.
Мегӯянд, ки решаи калимаи Хуҷанд-Хваканта, ҳам ба забони форсӣ “дилбаранда, дилфиреб”, шаҳри офтобиву одамони хубтарин гирифта шуда, ки ҷои шак ҳам несту ҷои шубҳа низ. Шахсони барӯманду хубони порсигӯ аз гилу оби ҳамин покманзар сиришта шуда, фарзандони ин шаҳри қадима бо ақлу заковат ва фарҳангу тафаккури хеш ба куллӣ фарқ мекарданд. Ба гуфти Ҳофиз:
Шаҳрест пуркарашмаву хубон зи шаш ҷиҳат,
Чизем нест, в-арна харидори ҳар шашам.
Муаттар Ғаниева, ки тамоми умрашон дар ҳамин шаҳр сипарӣ гаштаву авлодони номдору номварашон низ аз ҳамин ҷо сафари шаҳри абадиҳо кардаанд, барҳақ, ки чеҳраи нурониву новобаста аз ҳавои табиат қалби ҳамеша кушода доранд.
Ба наздикӣ мукотибаи шоирбонуҳо Норинисову Муаттарро, ки ҳамагӣ як қисми он ба дастам расид, дар компютер чоп намуда, бори дигар боварӣ пайдо кардам, ки пойдевори асосии дӯстиву рафоқати 45 - солаи онон аз самимияту эътиқоди тарафайн сарчашма гирифтааст.
Табиатан зиндагӣ чунон офарида шудааст, ки давоми ҳаётат бо сабабу пешомадҳои нопайдоканор бо бисёр нафарон ошноӣ пайдо мекунӣ. Бо қисми зиёди эшон алоқа тез канда мешавад, бархе аз онон то интиҳои умр дар лавҳу хотирҳо маҳфузанду риштаи ногусастаи дӯстиву рафоқат побарҷост. Ин ба мисоли он аст, ки элаки мустаҳками рӯзгор дӯстони нониву забониро аз чашмаки тангаш бехта, фақат одамони ҷонбохтаву ҷонфидоро дар худ боқӣ мемонад.
Хушбахтона, “агар ҷурғот резад, нақши он мемонад” - гуфтагӣ барин, банди мустаҳками меҳру муҳаббат дар симои фарзандон низ акс ёфта. Дар наздам мактубе истодааст, ки таърихи зиёда аз 36 сола дорад. Муаллифи он додаракам Илҳомчон, санаи 10.02.1989 сол аз шаҳри Душанбе ба Хуҷанд, ба фарзанди дуввуми бону Муаттар Одилҷон навиштаву бо расми андозааш 3х4 фиристодааст. Дар нома нақшаи роҳи хонаамону манзили истиқоматии эшонро кашида, бо расми зебои шамшерҳо бародарии ногусастаниро ифода намудааст. (Ҷоякаш биҳишти анбарин бод!).
Дар замоне, ки шароит баҳри амалӣ гаштани мақсаду маромҳо пурра муҳайёст, мутаассифона, оддитарину бебаҳотарин ганҷи ҳаёт-инсонгариву одамиятро гоҳ-гоҳ фаромӯш месозем. Самимияту меҳрубонӣ бо ду пояш мелангад. Аз чӣ бошад ки мо дил дорему меҳр надорем. Барои пасовандагон намунаи беҳтарини ҳаётамонро нишон дода, ифтихор намудан ҳанӯз поёни кор нест. Зиёд нафаронеро мешиносам, ки дар соҳаи мухталифи адабиёту фарҳанг, театру синамо байни муштоқону ҳаводорон манзалату нуфузи беандоза доранд, лекин дар чаҳорчӯбаи одамият фулузе намеарзанд.
Шахсан барои камина Муаттар Ғаниева, шоираи пурэҳсоси заминӣ бо чеҳраи ширину гарми худоёна ва давоми солиёни зиёд, ки Академияи улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон бар дӯши нозукашон вазифаи масъулиятноки кормандии калони хона-музейҳои устодон ба номи М.Аминзодаву М.Турсунзода вогузоштаанд, нигаҳдори ҷоннисору сарсупурдаи миллату фарҳангу адабиёти тоҷик, қомуси зиндаи таърихи ин манзилҳои таърихӣ ҳастанд. Бо заҳмати шабонарӯзиву беғарази инсонии он кас дар шаҳри Хуҷанд чанд сол қабл хона-музеи бастакори беҳамто Дамир Дӯстмуҳаммадов дари худро ба рӯи муштоқони оҳангҳои ҷаззобаш во намуд...
Дар барномаи “Печутоби замон”-и шабакаи мустақили якуми вилояти Суғд гирди мавзӯи “Дирӯз, имрӯз ва фардои шаҳри Хуҷанд”- сабти хотирмон доир гашт. Корманди телевизион Муҳаббатҷон Муродова-зани зебову донову дар ҳақиқат саропо муҳаббат, пас аз интиҳои кор моро бо мошини хизматӣ гусел намуданд. Умар Алиев-профессор, ҳунарманди асил ва коргардони беҳамто бо шогирдашон ҳамроҳи мо буданд. Раҳораҳ Муаттарбону китоби волидаамро ба эшон тақдим карданӣ шуданд. Соядаст навиштаравон азбаски нақлиёт ҳаракат мекард, камтар ҳусни он коста гардид. Он кас камтар хиҷолатомез гуфтанд:-Мегӯянд, ки ҳусни хати зебо дорам, вале ҳоло ба ростӣ, он камтар каҷу килеб шуд. Аз хиҷолат бароварданӣ шуда, тез барои тасдиқи гуфтаҳояшон ба гап ҳамроҳ шудам:-Дар ҳақиқат, аз мактубу откриткаҳои идонае, ки холаам ба модарам ба шаҳри Душанбе мефиристоданд, чашми кас ҳаловат мебарад, ки саропо ҳақиқат аст.
Умар Алиевич, ки марди закӣ ҳастанд, пурсиданд: - Ҳис мекунам, ки меҳри бузург дар миёни шумоён аст, ки шоёни таҳсину офаринҳост. Оё дар ҳақикат холаву ҷиян ҳастед? Муаттар Ғаниеваи ҳозирҷавоб даррав муддати дароз бо модарам дӯстӣ карданашонро гуфта, илова намуданд:- Норибучаам, мутаассифона моро тарк намуда бошанд ҳам, вале маро ҳамчун мерос ба Дилбарҷон супорида рафтанд.
Рафти сӯҳбатҳои хоса ягон маротиба эҳсоси синну солӣ дар мо пайдо нагаштааст, зеро бо табъи нозуку худододаашон Муаттар Ғаниева метавонанд аз лаҳзаҳои нахустин дили хурду бузургро ба даст биёваранд. Шунавандаро чунон мафтуни хеш мегардонанд, ки гузаштани вақту соатро нафаҳмида мемонеду дилкашол аз наздашон меравед. “Ҳаргиз нашавем аз Шумо сер”- ба гуфтаи шоири ғазалсарои нозукбин Саидамин Ҷило.
Холаҷони ман! Дар ин соату лаҳзаҳои хотирнишони зиндагиатон, ҳамчунин ҳамарӯза таманнои банда он аст, ки ҳарчӣ зиёдтар аз “мерос”-и аз модар мондаам, ки на ба ҳар инсони хокӣ чунин ганҷи бебаҳоро Офаридгор лоиқ мебинад, аз бойгонии донишатон пурбарор истифода барам, овози дилнишину дилангезатонро бишнавам, маслиҳатҳои модаронаатонро бишнавам. Соатҳои бо Шумои азиз гузаронидаам бебаҳоянду илоҳо ҳеч интиҳо наёбанд. Ҳамроҳ ба шабнишиниву дидорбиниҳои нафарони ба дил наздик биравем, мубодилаи афкори якдигар бикунем.
Санаи ба олам по ниҳоданатон ба рӯзе рост меояд, ки шӯъбаи Суғдии Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии нависандаи Халқии Тоҷикистон, шодравон устод Раҳим Ҷалил таъсис дода шуд. Гӯиё аз тарафи Худованди мутаол ҷониби ин кохи адабу шеър фариштае бо исми мубораку пурнакҳати Муаттар офарида шуд, ки баъдан муддати зиёда аз 13 сол бо чунин шахси мӯътабар камоли ҳамкории судманд насиб гардид. Подоши ҷоннисориву сарсупурдагиҳову хизмати беминнат ба устод, бо таъхир бошад ҳам, қадр карда шуд ва Ҷоизаи фахрии ба номи устод Раҳим Ҷалил ба вафодортарину содиқтарин шогирдашон супорида шуд.
Қалби меҳрпошу дардошноятон тани нозукатонро азият надиҳад, табассумҳои зебои баҳорӣ лабонатонро ҳеч гоҳ тарк насозанд, дилошнову дилогоҳ, бебаҳову қадрдон, зани ҳалолкору поку беолоиш, беозору хоксору самимӣ, ҳунарманду меҳнатқарин, дилбардору дилнавози ҳамагон!
ЧАШМИ МАН ГУМ НАКУНАД РӮИ ШУМО!!!
Ё раб, аз даргоҳат илтиҷо дорам дарахти умри нафареро, ки бароям беш аз пеш азизу гиромист, ҳарчӣ сабзтар бикунӣ, то бидонам, ки дар Хуҷанд нафаре бо чашму дидаи бедор омади маро беқаророна маътал аст. Кош, ҳазрати Вақт дар куҷое раҳгум мезаду ҳаёту рӯзгори Хизрона насибаш мегашт, чун аз замони кӯдакӣ новобаста аз маънои мубаррои он калимаи “муаттар” дар фазои хонадони мову рӯзгорамон ҳамарӯза садо медод, (рӯзе набуд, ки модари ҷонам ин калимаро бидуни калимаи навозишии “ҷон” хоҳ дар ғоиб ва ё хоҳ дар ҳозирашон ба забон наоранд).
Азбаски бароям шаҳри куҳани Хуҷанд бо Муаттар тавъам аст, орзуи дилам чунин аст, ки ҳарчӣ тӯлонитар Муаттари булбулнажоду нозуктабъ, дар ниҳояти донишмандиву покиву сафои ботин, шоираи хушназари моро дар домону оғӯши пурмеҳраш бигирад ва шаҳр бештару зиёдтар аз накҳату таровати Муаттари хеш масту махмур бошад!
“Салом Дилбарҷони азиз! Барои суханҳои гуворо ва меҳрубоният ташаккур. Иншоаллоҳ, баҳор наздик. Сахт интизор ва муштоқи дидору гуфтори ширинат
– холаи дуогӯятон аз соҳили Сиру оғӯши Муғул ва дашти Учбоғ.
01-и феврали соли 2025.”
Ба Худову сӯи само даст бардошта, муноҷоту илтиҷову тавалло мекунам, ки солҳои тӯлонӣ ҳамчунин забони дуогӯву неку хайрхоҳатон аз сари мо дур мабод!
Бо таманнои накӯиҳову хоҳони шодмониву шодкомиҳои беинтиҳову нерӯмандиву дилшодиҳои зиндагӣ каминаи камтарин:
Дилбар Воҳидова-
узви Конфедератсияи рӯзноманигорони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанг ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
05.02.2025 с. Шаҳри Тула