"Лаҳзае то ҷовидон"-и Исмоил Зарифӣ

  • Автор темы Автор темы Мирзо
  • Дата начала Дата начала
УМРИ МУХТАСАР
Дар ёди Олим Бобоев
Суруди зиндагиро боло пар буд,
Барои пиру барно муътабар буд.
Ба рӯз ар буд ӯ хуршеди тобон,
Ба шаб ҳампояи нури қамар буд.
Ба боғи санъати дилҷӯи тоҷик,
Дарахти пур зи шоху пурсамар буд.
Садояш буд ҷонбахшу гуворо,
Ба коми ошиқон гӯё шакар буд.
Бизебад номи ӯ бар «Кохи фарҳанг»,
Ки бар фарҳанги миллат бому дар буд.
Бимонад номи ӯ то «Шашмақом» аст,
Ки ӯ фарзанди хушноми ҳунар буд.
Ба ин дарёдиливу бурдборӣ,
Вале афсӯс умраш мухтасар буд.
ОЛИМӢ, АЗ ДУДАИ ИСКАНДАРӢ
Нур мебахшӣ ба алфози дарӣ,
То абад дар мулки санъат сарварӣ.
Бо «Сарахбори Саразм»-и хештан,
Мекунӣ то ҷовидон сеҳрофарӣ.
Мурғи хушхони «Гулистони Ирам»,
Булбулонро дар чаман болу парӣ.
Борбад ҳайрони савтат мешудӣ,
Ростӣ, дар сабқати хунёгарӣ.
Бо ҳамон лаҳни хушу овози хуш,
Аҳли дилро то абад тоҷи сарӣ.
Ту намурдию намемирӣ дигар,
Дар самои дил фурӯзон ахтарӣ.
Доимо дар базми иқлими вафо,
Бо ҳама дилташнагон ҳамсоғарӣ.
Номи некат қарнҳо ёбад давом,
Олимӣ, аз дудаи Искандарӣ.
ИМРӮЗ ДАР ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ ЁДБУДИ ШАШМАҚОМСАРОИ БЕҲАМТО ОЛИМ БОБОЕВ БАРГУЗОР МЕГАРДАД. ҚАСОИ МУҲТАШАМИ ФАРҲАНГИ ШАҲР БА НОМИ Ӯ НОМГУЗОРӢ ШУДААСТ ВА НИМПАЙКАРААШ ДАР НАЗДИ ҚАСР ГУЗОШТА МЕШАВАД. ЁДИ ОЛИМ ДАР ДИДАВУ ДИЛҲОСТ
 
АЗМИ САФАР
Дар ёди Фарзон Назрӣ
Буд андар байни ёрон муътабар,
Бо «Фурӯғи Фалғар»-у бо зикри «Фар».
«Ҷоми Лоиқ»-ро ниҳода рӯи каф,
Комҳо шодоб кард аз шеъри тар.
Ахтари Каздон яке тобиду рафт,
Солро нав карду кард азми сафар.
Ҳамчу ӯ шоир кам ояд дар ҷаҳон,
Рафтани ӯ чок месозад ҷигар.
Ҳамчу Махсум дар дилу дар дида ҷост,
Номвар буду бимонад номвар.
Чун Зарафшонаш саховатманд буд,
Кам набуд шеъри хушаш аз кони зар.
Солҳо монад ба ёди дӯстон,
Чунки Фарзон буд фарди пурҳунар.
Дар биҳишти адн меёбад мақом,
То абад ёбад дар он маскан мақар.
 
БАРФ ОМАД
Зи гардун сӯйи олам барф омад,
Пазиро бош, ки беҳарф омад.
Замин аз мақдами ӯ сап- сафед аст,
Чу дору бар сари шангарф омад.
Дарахтон саллаҳо бар сар намуданд,
Шароби арғувон дар зарф омад.
Гулистон аз гулу аз сабза холист,
Пайи равшангариҳо тарф омад.
Кушо дарҳои анбору хазона,
Ки вақти дилнишини сарф омад.
Зи бода ҷумлаи паймона пур кун,
Ба дастат гар яке аз ғарф омад.
Ба ин зебоии Модар - Табиат,
Забони хомаам бар ҳарф омад.
 
СОЛИ МОР
Мерасад аз роҳ ҳоло соли мор,
Соли пур аз шодию авҷу барор.
Бо намоди сабзи худ гул мекунад,
Қалб холӣ гардад аз гарду ғубор.
Соли арзонӣ-фаровонӣ шавад,
Гул кунад саҳрою боғи рӯзгор.
Рӯй тобад одамӣ аз ҳар низоъ,
Сулҳ гардад дар ҳама ҷо пойдор.
Ошиқону дилбарон якҷо шаванд,
Соҳиби тифлону шодии қатор.
Тоҷикистонро нигаҳ дорад Худо,
Дар ҷаҳон монанди кӯҳи устувор.
Рӯзи ҷашни солгардам дӯстон
Баҳри табрикам расанд аз ҳар канор.
Нур борад аз самоҳо бар замин,
Даҳр гардад, даҳр гардад нурбор.
СОЛИ МОР, ЯЪНЕ СОЛИ 2025 БАРОИ ЯКОЯКИ ШУМО МУБОРАК БОД, АЗИЗОНИ ДИЛ!
 
ДИДАМ
Дар ёди додари шодравонам Аҳмадҷон
Гуфта будам, ки хазони ту набинам, дидам,
Нолаву оҳу фиғони ту набинам, дидам.
Гуфта будам, ки ту бошӣ ҳама ҷо дар бари ман,
Дидаи ашкфишони ту набинам, дидам.
Гуфта будам, ки ҳама вақт чу гул ханда занӣ,
Рафтани рӯҳи равони ту набинам, дидам.
Гуфта будам, ки умеди дили танҳои манӣ,
Ин ҷудоии гарони ту набинам, дидам.
Гуфта будам, ки ғами ман набарад раҳ ба даре,
Сӯзиши дарди гарони ту набинам, дидам.
Гуфта будам, ки туӣ чашму чароғи дили ман,
Дидаи раҳнигарони ту набинам, дидам.
Оҳу афсӯс, ки ман бе ту кунун танҳоям,
Гуфта будам, ки хазони ту набинам, дидам.
 
ДИДАМ
Дар ёди додани шодравонам Азмадҷон
Гуфта будам, ки хазони ту набинам, дидам,
Нолаву оҳу фиғони ту набинам, дидам.
Гуфта будам, ки ту бошӣ ҳама ҷо дар бари ман,
Дидаи ашкфишони ту набинам, дидам.
Гуфта будам, ки ҳама вақт чу гул ханда занӣ,
Рафтани рӯҳи равони ту набинам, дидам.
Гуфта будам, ки умеди дили танҳои манӣ,
Ин ҷудоии гарони ту набинам, дидам.
Гуфта будам, ки ғами ман набарад раҳ ба даре,
Сӯзиши дарди гарони ту набинам, дидам.
Гуфта будам, ки туӣ чашму чароғи дили ман,
Дидаи раҳнигарони ту набинам, дидам.
Оҳу афсӯс, ки ман бе ту кунун танҳоям,
Гуфта будам, ки хазони ту набинам, дидам.
 
БОЗӢ МЕКУНӢ
Ҷони ман гуфтию бо ҷонам ту бозӣ мекунӣ,
Бо ману бо оҳу афғонам ту бозӣ мекунӣ.
Бо нигоҳи гарм арчанде диламро мебарӣ,
Бо сиришки ҳамчу тӯфонам ту бозӣ мекунӣ.
Хонаи қалби маро ҳар лаҳза оташ мезанӣ,
Бо ману қалби парешонам ту бозӣ мекунӣ.
Бодаи ишқи маро дар хоки тар меафканӣ,
Дар нигоҳи чашми гирёнам ту бозӣ мекунӣ.
Аз бадам мегӯиву аз нек мегӯям мудом,
Бо каломи гарму сӯзонам ту бозӣ мекунӣ.
Бо шакарханде маро нанвохтӣ, аммо чаро
Бо ғами дар сина пинҳонам ту бозӣ мекунӣ?
 
МЕШИКАНАД
Дар рисои Файзигул Юсупова
Дилам аз сарди ҳаво мешиканад, мешиканад...
Родмеҳр Сулаймонӣ
Марги ту қалби маро мешиканад, мешиканад,
Дар гулӯ ҳарфи сано мешиканад, мешиканад.
Рӯҳи ман аз хабари доғ намеосояд,
Рафтию савту наво мешиканад, мешиканад.
Эй басо модари ғамдида тасалло додӣ,
Оҳ, ганҷури даво мешиканад, мешиканад.
Бурдӣ армони дили хеш ту бар домани хок,
Шишаи меҳру вафо мешиканад, мешиканад.
Чун наорад хабарат боди сабо бар ёрон,
Қимати боди сабо мешиканад, мешиканад.
Тӯтии Ҳинд дигар ҳеҷ ба гуфтор наё,
З-ин азо арзу само мешиканад, мешиканад.
Файзи гул файзи дили ҷумлаи ёрон будӣ,
Баъди ту қасри садо мешиканад, мешиканад.
 
ГУЛРУХСОРИ МО
Ганҷи беҳамтост, Гулрухсори мо,
Чашмаю дарёст, Гулрухсори мо.
Шеърро бар маснади олӣ нишонд,
Машъали фардост, Гулрухсори мо.
Шеърро бахшид аз нав обрӯ,
Нури ҷонбахшост, Гулрухсори мо.
Дар миёни гирудори зиндагӣ,
Кӯҳи побарҷост, Гулрухсори мо.
Бо сари сабзи дарахти шеъри хеш,
Вусъати саҳрост, Гулрухсори мо.
Мисли ӯ шоир намеояд дигар,
Дар сухан яктост, Гулрухсори мо.
Дурҷи маъниро сарафрозӣ диҳад,
Гавҳари волост, Гулрухсори мо.
Бо ғазалҳои равон дил мебарад,
Ҷоми пурсаҳбост, Гулрухсори мо.
Ҳамчу меҳри модару меҳри Ватан,
Ҷой дар дилҳост, Гулрухсори мо.
 
ДЕҲАИ НОЗАНИН
Эй Косатароши нозанинам,
Шеди фалаку маҳи заминам.
Боло биравам ба кӯҳи Маҳтоб,
То шавкату ҳусни ту бубинам.
Аз баҳри дуо ба даргаҳи Ҳақ,
Дар хоки ту мениҳам ҷабинам.
Оғӯши ту ҷонфизову гарм аст,
Ҳастӣ ту биҳишти ростинам.
Бахшам ба ту ҷумлаи мукофот,
Гар лоиқи мадҳу офаринам.
Дар пеши дари ту то қиёмат,
Фарзанди ҳақири камтаринам.
Ҳар лаҳза , ки дур бошам аз ту,
Бемору харобу ҳам ҳазинам.
Ҷуз ҳарфи вафо ба ту нагӯям,
Дарди туву тифли ту набинам.
 
КОСАТАРОШАМ
Дар ситоиши деҳа ва фарзандони баномус он
Ту деҳи дилбарӣ, Косатарошам,
Ягонагавҳарӣ, Косатарошам.
Ба парвоз ояд аз ишқат дили ман,
Ба ман болу парӣ, Косатарошам.
Ту моро оварӣ дар ҳалқае ҷамъ,
Ту худ ангуштарӣ, Косатарошам.
Туро дорам, надорам ман ғами мол,
Ки афзун аз зарӣ, Косатарошам.
Ба кӯҳу пуштаҳои худ базебӣ,
Ба гардун ахтарӣ, Косатарошам.
Чу фарзандат ба дил дорам таманно,
Ки бар ман модарӣ, Косатарошам.
Бувад домони поки ту намозӣ,
Ба ман тоҷи сарӣ, Косатарошам.
 
ҲИЗБ
Ба муносибати 30 - солагии ҲХДТ
Ҳизбе, ки решааш бувад аз Пешвои халқ,
Тобанда бод то абад андар самои халқ.
Бо номи халқ мекунад як умр ифтихор,
Дорад ба хештан ниҳон аҷру баҳои халқ.
Аз ҳизби халқ мерасад бар коми дил шакар,
Аз ҳизби халқ мешавад ҳар фард муътабар.
Сулҳу сафою мардумӣ бошад шиори он,
Байроқи сулҳро кунад дар қулла ҷилвагар.
Ҳизбе, ки ҳаст дар раҳи Сосонии бузург,
Дорад нишон зи хислати Сомонии бузург.
Ҳизбе, ки такя мекунад дар ҷодаи ҳаёт,
Дар ҳар нафас ба ҳиммати Раҳмонии бузург.
Бо ҳизби халқ миллати мо гашт ҷовидон,
Бар боғи мо намерасад офат зи ҳар хазон.
Эй муддаӣ, зи даъвии беҳуда нест суд,
Бо ҳизби хеш то абад монем дар амон!
 
ИЛТИҶО
Ёр мапӯшон рухи зебоята,
Сер бубинам қади болоята.
Куштӣ марову чу бирафтӣ ба ноз,
Бар кӣ бигӯям ғаму савдоята?
Кори маро бар сари мӯ бастаӣ,
Садқа шавам зулфи сумансоята.
Бар гулу бар сабза надорам ниёз,
Пур кунам аз гул ҳама маъвоята.
Бе ту ба ҷон омадаам дар ҷаҳон,
Ёд кунам шӯришу ғавғоята.
Кош ба лаб гираму нӯшам мудом,
То нами охир ҳама саҳбоята.
То ки наафтад ба ту чашми рақиб,
Дор ниҳон аз ҳама кас ҷоята.
Кори гираҳ дар гираҳам боз бин,
Кас накушудаст муаммоята.
Даст зи ман мекашию бо ғазаб,
Бар сари ман ҷой диҳӣ поята.
Ҳамраҳи худ то ба лаҳад мебарам,
Ҳамчу Зарифӣ ҳама ғамҳоята.
 
СУРУДИ ХАЙРБОД
Агарчанде парирухсора ҳастӣ ,
Дигар ёдат насозам то қиёмат.
Маро ҳаргиз махон бе аҳду паймон,
Мазан бар сар маро санги маломат.
Фаромӯшам намо, эй моҳи хубон,
Ки ман дар синаи ту ҷо надорам.
Ту аз ман дурию ман дурам аз ту,
Намебинӣ дигар ашки қаторам.
Намехоҳӣ маро, эй шӯхи саркаш,
Маёвар пеши ман дигар баҳона.
Фаромӯшат агар ҳаргиз накардам,
Ҳазар кардам зи шеъри ошиқона.
Ба ишқи ту ба ин пирӣ расидам,
Қаринам гашта аҷзу нотавонӣ.
Ба ту гӯям кунун: Бидруд! Бидруд!
Биболию бинозӣ аз ҷавонӣ.
 
МЕШИКАНАД
Як сол пеш Файзигул Юсупова ғазали Родмеҳр Сулаймониро бо ин радиф хеле зебо суруда буд
Марги ту қалби маро мешиканад, мешиканад,
Дар гулӯ ҳарфи сано мешиканад, мешиканад.
Рӯҳи ман аз хабари доғ намеосояд,
Рафтию савту наво мешиканад, мешиканад.
Эй басо модари ғамдида тасалло додӣ,
Оҳ, ганҷури даво мешиканад, мешиканад.
Бурдӣ армони дили хеш ту бар домани хок,
Шишаи меҳру вафо мешиканад, мешиканад.
Чун наорад хабарат боди сабо бар ёрон,
Қимати боди сабо мешиканад, мешиканад.
Тӯтии Ҳинд дигар ҳеҷ ба гуфтор наё,
З-ин азо арзу само мешиканад, мешиканад.
Файзи гул файзи дили ҷумлаи ёрон будӣ,
Баъди ту қасри садо мешиканад, мешиканад.
 
БӮ ДОШТАНД
«Як замон садбаргҳо бӯ доштанд»*,
Наварӯсон дар чаман рӯ доштанд.
Мардикорӣ пешаи мардум набуд,
Бонувон шавҳар ба паҳлӯ доштанд.
То ки ороянд оламро ба меҳр,
Сарвҳо ҷо дар лаби ҷӯ доштанд.
Зеби духтар буд мӯйи то миён,
Тахтапӯпак дар сари мӯ доштанд.
Дилбаронро буд сурма зеби чашм,
Усмаи дилкаш ба абрӯ доштанд.
Бо либоси миллӣ пеши рӯйи мо,
Накҳати дилҷӯи ҳулбӯ доштанд.
Медавид ҳар кас пайи моли ҳалол,
Дар дили худ тарс аз Ӯ доштанд.
Ишқро бас обрӯи тоза буд,
Ошиқон майли сари кӯ доштанд.
Ҳеҷ кас бо шеъри кас шоир набуд,
«Шоирон табъи сухангӯ доштанд».
Боз мегӯям ба такрор ин сухан:
«Як замон садбаргҳо бӯ доштанд».
* Мисраъҳои дар нохунак буда аз Искандари Раҳмонанд.
 
КОРРУПСИЯ
Сазовори сари дорӣ, коррупсия,
Ба чашми мардумон хорӣ, коррупсия!
Бувад неши ту неши сахту ҷонсӯз,
Ба олам бадтар аз морӣ, коррупсия!
Ба сурат қалби касро мефиребӣ,
Ба сират ҳамдами ғорӣ, коррупсия!
Бигирӣ рӯйи оламро ба як зӯр,
Вабозодию беорӣ, коррупсия!
Ба ҳар ҷо решаи худ медавонӣ,
Ҳамеша дар пайи корӣ, коррупсия!
Аниси ришвадеҳу порахорӣ,
Ту сӯзанда зи ҳар норӣ, коррупсия!
Ба музлим ту балои хонумонсӯз,
Ба золим беҳтарин ёрӣ, коррупсия!
Канам ман решаат якбора аз бех,
Ба қонун тоб мен-орӣ, коррупсия!
 
АЗ ДАСТИ ФАСОД
Дар муқовимат ба коррупсия
Замон вайрона аз дасти фасод аст,
Вабои ҷонкаҳе бар иқтисод аст.
Ҳар он ки порахӯру порадеҳ шуд,
Ҳама бозори аъмолаш касод аст.
Бародарро набишносад рибохор,
Ки қалбаш тор чун қалби Шағод аст.
Дар ин олам ту ҳадди хеш бишнос,
Ки то гӯянд : Аз аҳли савод аст.
Наӣ ҳаргиз ту зеби бурҷи зиндон,
Ки роҳи рострав доим кушод аст.
Зи моли халқ дар парҳез мебош,
Туро модар ба сад умед зодаст.
Басо фарде, ки ҳаққи халқ нашнохт,
Зи минбар рӯи фарши ғам фитодаст.
Ба молу ҷони худ шукрона бинмо,
Ки душман бар туву молат фасод аст.
 
АШК
Дар сари болини бемории ман,
Завҷаам беморбонӣ мекунад.
Гарчи меозорам ӯро рӯзу шаб,
Ӯ ба ман ширинзабонӣ мекунад.
Ранҷ мебинам паёпай аз фишор,
Гоҳ пойин, гоҳ боло меравад.
Устухонҳоям ҳамесӯзад мудом,
Мурғи рӯҳам то Сурайё меравад.
Ашки ман аз дида сӯйи доманам,
Чун Зарафшон мешавад ҳар дам равон.
Пок месозад ба домонаш басе,
То биосоям, сиришки хунчакон.
Дарди ҷонам дида мегиряд мудом,
Гар табассум мекунам хандон шавад.
Бо табассумҳои ширини хушаш,
Бар тани озурдаам дармон шавад.
Аз Худо хоҳам ба ӯ умри дароз,
Умри кӯҳу умри дарёи равон.
Дар бари ин зиндагии пурхазон,
То ба сад соли дигар монад ҷавон.
 
ДУХТАРИ ВАТАН
Барои омӯзгор БАРНО МУҚБИЛОВА
Ба сурати дилкашу қимматбаҳоӣ
Ту устодӣ, ту ганҷи бебаҳоӣ,
Ба шогирдон чароғи раҳнамоӣ,
Ту барноӣ, ту барноӣ, ту Барно!
Сафобахшандаӣ чун кӯли Мижгон,
Нурафкан бошӣ ҳамчун шеди тобон,
Набошӣ лаҳзае аз ғам парешон,
Ту барноӣ, ту барноӣ, ту Барно!
Қарину дӯстдори Пешвоӣ,
Ба ёрон доимо мушкилкушоӣ,
Ба рӯҳафтода умре раҳнамоӣ,
Ту барноӣ, ту барноӣ, ту Барно!
Ватанро духтари шоиста ҳастӣ,
Камар дар хизматашдоим бубастӣ,
Аҷаб ширинзабону гулбадастӣ,
Ту барноӣ, ту барноӣ, ту Барно!
Намонӣ аз кафат ҳаргиз китобат,
Бубинам доимо ман комёбат,
Дилам шод аст аз ҳар фатҳу бобат,
Ту барноӣ, ту барноӣ, ту Барно!
 
Назад
Верх Низ