"Лаҳзае то ҷовидон"-и Исмоил Зарифӣ

  • Автор темы Автор темы Мирзо
  • Дата начала Дата начала
ҲЕҶ ГОҲ
Ишқ сӯзи қалби моро мекунад кам? Ҳеҷ гоҳ!
Меравад аз ин дили ғамдида мотам? Ҳеҷ гоҳ!
Жолаи ҳасрат ба сар меборадам дар ҳар нафас,
Кай ба сар борад дигар борони нам-нам? Ҳеҷ гоҳ!
Нолаам ҳар шаб ҳамепечад ба Моҳу Муштарӣ,
Аз сари ман як замоне меравад ғам? Ҳеҷ гоҳ!
Дар миёни дӯстони баддилу душманнасақ,
Дӯст дорам ин макони пучу мубҳам? Ҳеҷ гоҳ!
Мебарад охир шикасти зиндагӣ танро ба хок,
Фанди ҳасрат мекунад касро муккарам? Ҳеҷ гоҳ!
То ба кай худро дар ин дуроҳа таскин медиҳам:
Хуррамӣ рӯзе ҳамеояд фароҳам? Ҳеҷ гоҳ!
 
ЯК РУБОӢ
Эй марг, биё, ки ҷустуҷӯят дорам,
Сар дар қадами муборакат бигзорам.
Аз ҳолати ҷони ман чӣ мепурсӣ дигар?
Аз хешу зи душманони худ безорам.
 
РӮЗИ МАОШ
Гармрӯям, гармрӯ рӯзи маош,
Мардаки хубу накӯ рӯзи маош,
Қиммати ман сахт афзун мешавад,
Бемуҳобо, қадри мӯ рӯзи маош.
Шӯрбо дар дег ҷӯшад аз саҳар,
Зан нагирад аз гулӯ рӯзи маош.
Шаб намехобам ба балкон то саҳар
Дур аз ҷому сабӯ рӯзи маош.
Ҳар куҷо озод мемонам қадам,
Ҳамчу оби рӯду ҷӯ рӯзи маош.
Мешавам як рӯз ман болонишин,
Чун гули хушрангубӯ рӯзи маош,
Бисту нуҳ рӯзи дигар аз ман ман мапурс,
Чунки дорам обрӯ рӯзи маош.
 
...ман фақат рузи маош мошинсавор,
Бисту нӯҳ рӯзи дигар ман хору зор.
Ман фақат рузи маошам Мардакам,
Бисту нӯҳ рӯзи дигар ман бардакам....

Zamini Zamini
 
РАХТИ САФАР
Дар рисои Ҳоҷӣ Давронбеки андарӣ
Рафт аз дори фано Юсуфи канъонии мо,
Гӯши худ баст зи ин базму навохонии мо.
Сар ба сар пиру ҷавон дар ғами ӯ мегиряд,
Марги ӯ гашт дар ин саҳфа парешонии мо.
Офтоби хуши Андар ба саҳар рӯ нанамуд,
Рахт аз даҳр бубаст мурғи гулистонии мо.
Хони пурнони варо бурд ба як лаҳза аҷал,
Шавад оғоз кунун бесарусомонии мо.
Осмон низ дар ин рӯз аҷаб мегиряд,
Чун нагиряд ба азо дидаи боронии мо?
Даҳаи сеюми савм аст, зи иқболи баланд
Дар лаҳад ҷой гузинад маҳи зиндонии мо.
Ҳоҷӣ Даврон, ки ба даврони худаш номе дошт,
Дасти худ шуст зи ин оламу меҳмонии мо.
Аспу қамчин зи кафи хеш раҳо карду бирафт,
Гашт боис ба ин сарбагиребонии мо.
Андар аз номи баландаш ба ҷаҳон меболид,
Оҳ, барбод шуд ин неъмати арзонии мо.
Рӯҳи ӯ сайр кунад дар дили гулбоғи Ирам,
Арчи хобад ба лаҳад лолаи нуъмонии мо.
ҲАМИН ҲОЛО ХАБАР РАСИД, КИ ИНСОНИ НЕКХОҲУ МЕҲМОННАВОЗ ПАҲЛАВОНУ НОМВАРИ АНДАР ҲОҶӢ ДАВРОНБЕК ДАР ДАҲАИ РАҲОӢ АЗ ОТАШИ ДӮЗАХ ДАР СИННИ НАВАДСОЛАГӢ БА МЕҲМОНИИ АЛЛОҲУ ТАЪОЛО РАХТ БАСТААНД.
БА НАБЕРААШОН АФЗАЛШО ДӮСТЗОДА ВА ҲАМАИ ПАЙВАНДОНАШОН ҲАМДАРДӢ ИЗҲОР МЕНАМОЯМ.
ҶАНОЗАИ МАРҲУМ РӮЗИ ЧОРШАНБЕ 26-УМИ МАРТ СОАТИ 9.00 ДАР ДЕҲАИ ҚУМОҚ БАРГУЗОР МЕГАРДАД.
 
ДАРДИ БЕШУМОР
Азизон, дилпарешону фигорам,
Асири панҷаҳои рӯзгорам.
Дар ин олам, дар ин дунёи савдо,
Ба ин толеъи шумам шармсорам.
Асое баҳри бори тан наҷӯям,
Ба доми дардҳои бешуморам.
Сари шаб то саҳар бо қалби пурхун,
Бадии дӯстонро мешуморам.
Дилам бигрифт аз ҳамшаҳр будан,
Дигар суде надорад киштукорам.
Ба чашми аблаҳони бефаросат,
Намегӯям ман аз ашки қаторам.
Саводи ман казоӣ нест, афсӯс,
Ба назди олимон беэътиборам.
Ҷафою ҷаври ёронро нагӯям,
«Ки зӯри мардумозорӣ надорам*».
* Мисраъ аз Саъдии Шерозӣ
 
ХУШ ОМАДЕД!
Имрӯз дар Қасри фарҳанги ба номи Олим Бобоеви шаҳри Панҷакент вохӯрӣ бо номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Шермуҳаммад Шоҳиён дар сатҳи баланд гузашт
Бар шаҳри Рӯдакии сухандон, хуш омадед!
Чун зар ба хоки поки Зарафшон, хуш омадед!
Аз кишвари адолату аз сояи умед,
Чун соябони олами армон, хуш омадед!
Як умр хизмати Ватан бошад шиоратон,
Бо чеҳраи хуҷастаи хандон, хуш омадед!
Сарбозу мулку ҳомии қонуну лутфу меҳр,
Эй шаҳсавори хиттаи Хатлон, хуш омадед!
Чун ахтари мубораке имрӯз Шоҳиён,
Бо ҳизби тӯдакаш бари моён, хуш омадед!
 
КӮҲИ ДАВРИЧ
Дар ёди табиби ҷарроҳ, «Корманди шоистаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва шоири номвар ҚАҲРАМОН БУРҲОН
Кӯҳи Даврич¹ мекунад афғон,
Ки куҷо рафт ҳамдами Даврич?
«Оҳи ҷарроҳ²» шунида меояд,
Килки маънӣ ба мотами «Даврич³»
«Нӯшдору⁴» зи кас намепурсам,
Ки ба дардам даво намебошад.
Офтоб аз сипеҳри дури дур,
Бар сарам шуълаҳо намепошад.
Аз «Давоми даво⁵» нагӯям ҳарф,
Баҳри дардам даво намеҷӯям.
Баъд аз ин дар утоқи холият,
Як ба як дарди худ намегӯям.
Эй табиби ману ҳама мардум,
Теғи ҷонбахши ту давоям буд.
Ҳар ҳуруфат ба олами эҷод,
Боғи рангини пурсафоям буд.
Теғи ту гашт ҳодии уммед,
Будӣ алҳақ ту вориси Сино,
Эй басо дардро бурун кардӣ,
Бо тавоноӣ аз вуҷуди мо.
Рафтию лек то абад, эй дӯст,
Зиндаӣ дар «Тараннуми эҳё⁶».
Баҳри ёрони хеш месозӣ,
Ҳар нафас шеъри дилкашат эҳдо.
—————————————————
1. Даврич– номи кӯҳ дар зодгоҳи шоир;
2. «Оҳи ҷарроҳ» – китоби шеърҳои шоир;
3. «Даврич» – китоби шеърҳои шоир;
4. «Нӯшдору» – китоби шеърҳои шоир;
5. «Давоми даво» – китоби шеърҳои шоир;
6. «Тараннуми эҳё» – китоби шеърҳои шоир;
 
САЗОИ ЭҲТИРОМӢ
Эҳдо ба дӯстам Афзалшоҳ Дӯстзода
Худоро, афсари воломақомӣ,
Саропо пухтаӣ, ҳаргиз на хомӣ.
Савори тавсанӣ дар ҷодаи ишқ,
Миёни дӯстони худ ба номӣ.
Яке нахле зи боғи Андар астӣ,
Ҳазоровоӣ, баски хушкаломӣ.
Табассум дар лабонат нақш дорад,
Гуворо пеши дида ҳамчу ҷомӣ.
Ба мардӣ Ҳотами даврони моӣ,
Миёни аҳли даврон хушпаёмӣ.
Ту охир Афзалӣ, номат баланд аст,
Сазои мадҳу шону эҳтиромӣ.
 
ХОКСОРЕ РАФТ
Бо хоҳиши дӯстонам Раҳмонқул Каримов ва Афзалшо Дӯстзода дар азои Ҳоҷӣ Қурбонмурод
Аз ҷаҳон марди хоксоре рафт,
Аз зимистони дил баҳоре рафт.
Эй дило, нола кун ба сӯзу гудоз,
Ин замон ганҷи шоҳворе рафт.
Хоки Ғӯсар ба мотамаш нолад,
Моҳи дилҷӯ зи шоми торе рафт.
Обро эҳтиром меварзид,
Оби дилҷӯи чашмасоре рафт.
Ҳоҷии Каъбаи мусулмонон,
Лолабарги шукуфазоре рафт.
Аз вакилии халқ то дили хок,
Рӯз нодида рӯзгоре рафт.
Аз китоби муҳаббати ҳастӣ,
Саҳфаи поки шоҳкоре рафт.
Суҳбаташ суҳбати гуворо буд,
Ҳамдами хубу хушгуворе рафт.
Чун аҷал бар суроғи ӯ омад,
Канда шуд, кӯҳи пойдоре рафт.
Тавсани ӯ чаро зи по афтод?
Аз дили ҷода раҳсипоре рафт.
Ҳоҷӣ Қурбонмуроди озода,
Мӯниси дарди бешуморе рафт.
Ҷойи ӯ пешгоҳи ҷаннат бод,
Гар аз ин дори бемадоре рафт.
Нет описания фото.



ХОКСОРЕ РАФТ
Бо хоҳиши дӯстонам Раҳмонқул Каримов ва Афзалшо Дӯстзода дар азои Ҳоҷӣ Қурбонмурод
Аз ҷаҳон марди хоксоре рафт,
Аз зимистони дил баҳоре рафт.
Эй дило, нола кун ба сӯзу гудоз,
Ин замон ганҷи шоҳворе рафт.
Хоки Ғӯсар ба мотамаш нолад,
Моҳи дилҷӯ зи шоми торе рафт.
Обро эҳтиром меварзид,
Оби дилҷӯи чашмасоре рафт.
Ҳоҷии Каъбаи мусулмонон,
Лолабарги шукуфазоре рафт.
Аз вакилии халқ то дили хок,
Рӯз нодида рӯзгоре рафт.
Аз китоби муҳаббати ҳастӣ,
Саҳфаи поки шоҳкоре рафт.
Суҳбаташ суҳбати гуворо буд,
Ҳамдами хубу хушгуворе рафт.
Чун аҷал бар суроғи ӯ омад,
Канда шуд, кӯҳи пойдоре рафт.
Тавсани ӯ чаро зи по афтод?
Аз дили ҷода раҳсипоре рафт.
Ҳоҷӣ Қурбонмуроди озода,
Мӯниси дарди бешуморе рафт.
Ҷойи ӯ пешгоҳи ҷаннат бод,
Гар аз ин дори бемадоре рафт.





 
ХОКСОРЕ РАФТ
Бо хоҳиши дӯстонам Раҳмонқул Каримов ва Афзалшо Дӯстзода дар азои Ҳоҷӣ Қурбонмурод
Аз ҷаҳон марди хоксоре рафт,
Аз зимистони дил баҳоре рафт.
Эй дило, нола кун ба сӯзу гудоз,
Ин замон ганҷи шоҳворе рафт.
Хоки Ғӯсар ба мотамаш нолад,
Моҳи дилҷӯ зи шоми торе рафт.
Обро эҳтиром меварзид,
Оби дилҷӯи чашмасоре рафт.
Ҳоҷии Каъбаи мусулмонон,
Лолабарги шукуфазоре рафт.
Аз вакилии халқ то дили хок,
Рӯз нодида рӯзгоре рафт.
Аз китоби муҳаббати ҳастӣ,
Саҳфаи поки шоҳкоре рафт.
Суҳбаташ суҳбати гуворо буд,
Ҳамдами хубу хушгуворе рафт.
Чун аҷал бар суроғи ӯ омад,
Канда шуд, кӯҳи пойдоре рафт.
Тавсани ӯ чаро зи по афтод?
Аз дили ҷода раҳсипоре рафт.
Ҳоҷӣ Қурбонмуроди озода,
Мӯниси дарди бешуморе рафт.
Ҷойи ӯ пешгоҳи ҷаннат бод,
Гар аз ин дори бемадоре рафт.
 
НАЁВАРД
Наврӯз ба ман шодии дилхоҳ наёвард,
Як барги гули тоза ба ҳамроҳ наёвард.
Дар қаъри дилам оташи ғам шуъла барафканд,
Дардо хабари тоза аз ин роҳ наёвард.
Дар пайраҳаи умр ба ҷое нарасидам,
Ин киштаи ман бор ба ҷуз коҳ наёвард.
Айём ба подоши ҳама некиам, ай шӯх,
Ҷуз сарзаниши мардуми бадхоҳ наёвард.
На шоири хубам , на зи аҳли суханам ман,
Аз олами дил сӯйи ман ашбоҳ наёвард.
 
Аз кӯҳнаҳо ба муносибати Рӯзи Модар
ПУЛ БИЁРАМ
Занак, кун сабр, баҳрат пул биёрам,
Зи саҳро даста-даста гул биёрам.
Наёбам пул агар дар марту апрел,
Ба май, ё аввали июл биёрам.
Туӣ арзанда бар ҳар ганҷи олам,
Бароят туҳфа аз Кобул биёрам.
Ба зеби гӯшҳои ҳалқазебат,
Яке овеза аз Зобул биёрам.
Ту чун арзандаӣ бар ганҷи дунё,
Зи мушку анбару сунбул биёрам.
Ба дастам н-ояд ар ахтар зи гардун,
Ба ту моҳи нави Бобул биёрам.
Чароғи бахту иқболам ту бошӣ,
Гули хушранги Истамбул биёрам.
Ба ту н-орам агар шампону вино,
Зи чашма об бо қул-қул биёрам.
Наёбам аз бароят куртаи нав,
Зи бозор аз бароят ҷул биёрам.
 
ХИЗМАТИ ВАТАН ФАРЗ АСТ
Эй бародари ҷонӣ, хизмати Ватан фарз аст!
Гар ту марди майдонӣ, хизмати Ватан фарз аст!
Як ҷавони бебокӣ, Рустамию чолокӣ,
Бе ягон пушаймонӣ, хизмати Ватан фарз аст!
Номи ту бувад боло, ҳимматат бувад воло,
Шермарди хатлонӣ, хизмати Ватан фарз аст!
Бо ду чашми бедорӣ, мулкро ту деворӣ,
Шоҳини зарафшонӣ, хизмати Ватан фарз аст!
Хушдилу хушиқболӣ, чун уқоби хушболӣ,
Зодаи бадахшонӣ, хизмати Ватан фарз аст!
Аз Хуҷанд ё Аштӣ, зеби гулшани Раштӣ,
Бо санои Раҳмонӣ, хизмати Ватан фарз аст!
Хуни гарми шарёнӣ, марзбони хушшонӣ,
Гӯш гар ба фармонӣ, хизмати Ватан фарз аст!
Синаро сипар бинмо, гаҳ зи ҷон гузар бинмо,
Родмарди давронӣ, хизмати Ватан фарз аст!
Нахли решапайвандӣ, баҳри ман ту фарзандӣ,
Пораи дилу ҷонӣ, хизмати Ватан фарз аст!
Гуфтаму ҳамегӯям бори дигарат, эй дӯст:
Тоҷики хушармонӣ, хизмати Ватан фарз аст!
Панҷакент, 23-юми феврали соли 2025
 
НАМЕФУРӮШЕМ
Мо панди ниё намефурӯшем,
Садбарги ҳаё намефурӯшем.
Мизроби муҳаббатему ҳаргиз,
Оҳангу наво намефурӯшем.
Чун қуллаи кӯҳи пойдорем,
Дастури сахо намефурӯшем.
Аз миллати худ дар ифтихорем ,
Мо аҷру баҳо намефурӯшем.
Чун соҳиби боғу бӯстонем,
Гулгашти сафо намефурӯшем.
Аз дудаи Рӯдакии родем,
Ҳар ҳарфи хато намефурӯшем.
Пайванд ба илми Бӯалием,
Иксири даво намефурӯшем.
Бо чашмаи маърифат бузургем,
Мо наҷми само намефурӯшем.
Эй дӯст биёву панд бипзир,
Мо панди ниё намефурӯшем.
 
ОШ
Эй ош, нигори нозанинам,
Як умр заволи ту набинам.
Бошӣ ту агар ба пеши дида,
Маъшуқи дигар намегузинам.
Хоҳам зи Худо ба ҳар сари субҳ,
Гардӣ ту ҳамеша ҳамнишинам.
Аз рӯзи азал чу хатти тақдир
Сабт аст вафот дар ҷабинам.
Бе васли ту дар канори дунё,
Бо дидаи пурхуну ғаминам.
Эй кош ба ҷуз гули табақҳо,
Ман лолаи арғувон начинам.
Рӯзе, ки равам ба умқи тобут,
Меҳри ту бигирад остинам.
Бар ишқи маҷозӣ раҳ нагирам,
Баски туӣ ишқи ростинам.
 
АЗ ФИШОР
Синаи абгор дорам аз фишор,
Чеҳраи бемор дорам аз фишор.
Гоҳ боло гоҳ поён меравад,
Ғуссаи такрор дорам аз фишор.
Хоб аз чашмони ман дур аст дур,
Дидаи бедор дорам аз фишор.
То касе гӯяд давои дарди ман,
Чашми дар раҳ чор дорам аз фишор.
Ҳолати мӯе, ки бо сад печутоб,
Монда байни нор дорам аз фишор.
Шиква кардан арчи расми ман набуд,
Шикваи бисёр дорам аз фишор...
 
САОДАТ
Дар зодрӯзи шоир ва нависандаи закитабъ Саодат Сангинова
Фузун аз ганҷи ноёбӣ, Саодат,
Ба шоми тира маҳтобӣ, Саодат.
Барои ташнагони илму ирфон,
Мисоли кӯзаи обӣ, Саодат.
Барои ҳар ҳикоя то саҳаргаҳ,
Кашӣ сад ранҷи бехобӣ, Саодат.
Зи шеърат табъи ёрон мекушояд,
Магар ту бодаи нобӣ, Саодат?
Забонширинию ҳам меҳрубонӣ,
Зари холиси хушобӣ, Саодат.
Ба шогирдони худ хеле азизӣ,
Пайи сад фатҳу ҳам бобӣ Саодат.
Ба қалби поку одоби ҳамида,
Ба ҳар як сина ҷо ёбӣ, Саодат.
Дуоят мекунам сад соли дигар,
Чу ахтар дар само тобӣ, Саодат.
 
РАФТАМ, КИ РАФТАМ
Зи даргоҳи дилат рафтам, ки рафтам,
Зи кӯю манзилат рафтам, ки рафтам.
Нигоҳи чашми ҷодуят маро кушт,
Зи чашми қотилат рафтам, ки рафтам.
Чу наргис дида бикшодам ба рӯят,
Ба умре моилат рафтам, ки рафтам.
Ту дарёи равон будӣ, гузаштӣ,
Кунун аз соҳилат рафтам, ки рафтам.
Тамоми ҳарфи ишқи ту газоф аст,
Зи ҳарфи ботилат рафтам, ки рафтам.
Ту боғи пурсамар будӣ, аз ин боғ
Мани беҳосилат рафтам, ки рафтам...
 
ЯК РУБОӢ
Дил бурда зи ман чеҳраи озодаи ту,
Шодии дилам ҳусни худододаи ту.
Кори гираҳ андар гираҳам бикшояд,
Эй ҷони азиз, зи зулфи бикшодаи ту.
 
Назад
Верх Низ