Хонандарам бераҳмш

Тақдир чархе аст, гоҳ ба росту гоҳ ба чап давр мезанад.
 
Бо гургон мехўраду бо чўпон мекобад.
 
Гургро вохўрдан фоли нек аст, аммо беҳтараш бо он вонахўрӣ.
 
Гурге, ки ба ман рў ба рў нашавад, бигзор ҳазор сол умр бинад.
 
Сарват барои мардон шох асту бенавоӣ – барас.
 
Ҳам ба масҷид дер карду ҳам ба калисо.
 
Аспи ҳар кас мувофиқи тақдираш метозад.
 
Асп медавад, аммо савора худро таъриф мекунад.
 
Зани зиштрў чашмро месўзонаду зани зебо – дилро.
 
Духтари нобино беҳ аз писари бепарво.
 
Бадбахт ҳамон мардест, ки ду чашми занаш ба дар бошад.
 
Зан – девори даруна, мард – девори беруна.
 
Санг ба кўза афтид, вой ба ҳоли кўза; кўза ба болои санг афтид, вой ба ҳоли кўза; дар ҳар сурат вой ба ҳоли кўза.
 
Дар тобистон сангчаҳоро ҳам ба анбор андоз.
 
Назад
Верх Низ