Хонандарам бераҳмш

Мўйсафед аз хурсандӣ ҷавон мешаваду ҷавон аз ғам пир.
 
Бадкор бо бадкор шавад хонадор, аз онҳо фарзанде ояд талабкор.
 
Рўз дар калисо хидмат мекунаду шаб дар масҷид.
 
Хешон дар рўзҳои сахт дастгират мешаванд.
 
Соле як бор биёӣ, султони манӣ; моҳе як бор биёӣ, меҳмони манӣ; агар ҳар рўз биёӣ – балои ҷони манӣ.
 
Ҳангоми ҷанҷол оши палав тақсим намекунанд.
 
Коса, ки афтад, хоҳ шиканаду хоҳ не, ҷарангос мезанад.
 
Ширро чўпон мехўраду сарширро чўпонбача.
 
Тўфанг пайдо шуду мардонагӣ гум гашт.
 
Дар вақти низоъ – холу хорзӣ, дар вақти наҳор – апу брозӣ.
 
Гуреза ҳам Худо мегўяд, таъқибкунанда ҳам.
 
Назад
Верх Низ