22.
Марямбонуи Фарғонӣ
Ду мухаммас бар ғазали Хоҷа Ҳофиз
Чун қомати расои ту дар баҳру дар бар аст,
Сад сарв чокар асту ғуломат санавбар аст.
Густарда хон ба пешат, бин, гулбашаккар аст,
«Боғи маро чӣ ҳоҷати сарву санавбар аст,
Шамшоди хонапарвари мо аз кӣ камтар аст?»
Дил ташнаи шароб шуда, бингар, рубобхоҳ,
Ҷойи шароб лўливаши мо майобхоҳ,
Бебода маст шуда, дигар масти хобхоҳ.
«Чун нақши ғам зи дур бубинӣ, шароб хоҳ,
Ташхис кардаему мудово мукаррар аст.»
Ай дилрабо, ки ҳусн зи маҳи шаб гирифтаӣ
В-он нури чашми худ зи кавкаб гирифтаӣ,
Лаб бар лабат гузоштам, таб гирифтаӣ.
«Эй нозанин санам, чӣ мазҳаб гирифтаӣ,
К-ат хуни мо ҳалолтар аз шири модар аст?»
Ин Оби Раҳмат аст, чӣ обе ба пойи ўст?
Ин обрўйи мост, ки раҳмат зи ройи Дўст,
Чун об рўшанист, чу дору барои туст,
«Фарқ аст аз оби Хизр, ки зулмот ҷойи ўст,
То оби мо, ки манбааш Аллоҳу акбар аст!...»
Афлок дуррпош ба фарқ зи силки ту,
Ин саҳфа нурпош зи хуршеди пилки ту,
Африштагон шуда нигаҳдори милки ту,
«Ҳофиз чӣ турфа шохи наботест килки ту,
К-аш мева дилпазиртар аз шаҳду шаккар аст?»
⚘️⚘️⚘️
«Эй ёр, биё, ёр биё!» - қалб садо кун,
Бар дўст расад ҳарфи ту рў сўйи Худо кун.
Бар ҷониби Ў даст бароварда дуо кун:
«Эй хусрави хубон, назаре сўйи гадо кун,
Раҳме зи мани сўхтаи бесару по кун.»
Ин доғи дили мо зи рухсорачумоҳе,
Ин зулфи каҷи ёр ва ё шаст ба моҳӣ?
Бар каҷкули мо каҷ манигар, гарчи ту шоҳӣ,
«Дорад дили дарвеш таманнои нигоҳе,
З-он чашми сияҳмаст ба як ғамза даво кун.»
Он бадр бикоҳад ба само ҳамчу ҳилолат,
Нодода шавад лол ҷавобе ба саволат,
Хуш бош, ки ин манзалату ҷоҳ ҳалолат,
«Гар моҳ занад лоф, ки монад ба ҷамолат,
Бинмой рухи хешу маҳ ангўштнамо кун.»
Ин зулфи суманбўст ҳамоневу ҳамоне,
Чун банди камандеву каминеву камоне.
Гар ром шавад қалб бигўяд ба амонӣ:
«Эй сарви чамон, аз чамани боғ замоне
Бихром ба ин базму дусад ҷома қабо кун.»
Рў тофтан аз ҷониби мо то ба кай охир?
Шамшер кашидан зи қафо то ба кай охир?
Одам нашудан баҳри Ҳаво то ба кай охир?
«Бо дилшудагон ҷавру ҷафо то ба кай охир?
Оҳанги вафо, тарки ҷафо баҳри Худо кун.»
Бо ман бикунад ё накунад ғайр мадоро,
Муҳтоҷ набошад дили ман зангзудоро,
Чун рўй битобам зи Самарқанду Бухоро?
«Машнав сухани душмани бадгўй, Худоро,
Бо Ҳофизи мискини худ, эй дўст, вафо кун.»