‼️500 мухаммас аз 500 шоир🌺🌺

ТОҶИКОН ФОРУМ

Бот Модератор
Команда форума
4.
🖊
Меҳровари Масчоҳӣ
📌
Мухаммас ба Ғазали Қувват Давлат
Гармие бар дилам аз хандаи озар печад,
Ҳамчунон аз карами ишқи ту бовар печад,
Ҳусни ту шеър шавад, домани дафтар печад,
"Шуълаи қадди баланди ту ба ман дарпечад,
Ҳамчунон мӯи ту меҳри ту зи ман сар печад".
Ин ҷаҳон яксара шӯру шару наҳсу ҷангест,
Сари ҳар кӯча васеъ аст, вале дилтангист,
Хонаи қалби ҳама одами даврон сангист
"Заҳр бошад ҳама он зар, ки паи найрангест,
Заҳрпечак тани ҳар шоха чаро зар печад"?
Деҳ ту роҳам, ки даме рост биистам ба барат,
Меҳр чинам зи рухи гарми чу шеди саҳарат,
Кош н-ояд ба дилат ғуссаву дарде ба сарат,
"Ба ҷавонист хуш ин печиши дасту камарат,
Ток ҳар ҷо, ки бипечид агар, тар печад."
Бар туву чашми дилорои ту дилбандам ман,
Аз тамошои лаби сурхи ту хурсандам ман.
Ҳеҷ ҷое наравам, бо ту чу пайвандам ман
"Кӣ хабар бурд, ки аз меҳри ту дил кандам ман,
Мор гардад раҳу дар пои хабарбар печад."
Ғам надорам, ки ту эҳсони сипосаш накунӣ,
Ба дилат роҳ агар ёфт, ту посаш накунӣ,
Сӯзи дил он қадар афзуд, қиёсаш накунӣ,
"Ишқи ман дар ту бипечид, халосаш накунӣ,
Мон ду-се тоби наву ҳалқаи дигар печад."
 

ТОҶИКОН ФОРУМ

Бот Модератор
Команда форума
3.
🖍
Адиба Хуҷандӣ
📌
Мухаммас бар ғазали Сайидо
Пой аз ин водии дардовард мебояд кашид,
Боз ҳам аз фурқат оҳи сард мебояд кашид,
Ҳар ситам, ки он юсуфрӯ кард, мебояд кашид.
"Чанд рӯзе дар муҳаббат дард мебояд кашид,
Зардрӯиҳо зи ранги зард мебояд кашид."
Ҳолиё хуршед дар тақвими тақдире намонд,
Дар дили торики мо ишқи фалакгире намонд.
Не ҷавонӣ кард фарду ақл дар пире намонд.
"Нолаҳои гармро азбаски таъсире намонд."
Баъд аз ин аз сина оҳи сард мебояд кашид."
Гуфтам инак меҳри дил аз ёри ҷон бояд бурид,
Инзиво рафту дил аз аҳли ҷаҳон бояд бурид.
Орзу аз илтифоти осмон бояд бурид,
"Булҳавасро сар ба теғи имтиҳон бояд бурид.
Интиқом аз душмани номард мебояд кашид"
Чанд аз он сангиндили зебоназар орӣ ту ёд,
Ғайри номи ӯ навиштан ҳеҷ дорӣ ту савод?
Оҳ аз он эъҷози нодир оҳ, сад бедоду дод,
"Пеш аз он соат, ки хокатро диҳад даврон ба бод,
Аз бинои ҳастии худ гард мебояд кашид.
Оҳ, оламро фақат шарру зарар аз одам аст,
Ин ҳавасҳое , ки дорӣ ишқро номаҳрам аст.
Номи поки ман, ки савганде барои Замзам аст,
"Парри коҳе аз кафи номард бори олам аст,
Кӯҳ агар миннат шавад аз мард мебояд кашид"
Ишқро бояд диҳӣ дар осмони дил ватан,
Офтобе оварӣ аз зикри номаш дар сухан.
Дӯст медорам туро эй ёри дур аз чашми ман,
Сайидо имрӯз аз болобаландони чаман,
Домани он сарви яктогард мебояд кашид."
 

ТОҶИКОН ФОРУМ

Бот Модератор
Команда форума
13.
🖊
Мақсудалӣ Муҳаммадалӣ
📌
Мухаммас бар ғазали Абдураҳмони Ҷомӣ
Ғами даврон ба як сӯю ғами гулгункафан як сӯ,
Ҷигарбандон ба як сӯ, реҳлати гулпираҳан як сӯ,
Падар як сӯ ба афғону фиғони марду зан як сӯ,
"Ҳама як сӯ бувад, нолидани он гулбадан як сӯ,
Фироқи бекасӣ як сӯ бувад, доғи Ватан як сӯ."
Хабар омад, равон гаштам, намондандам туро дидан,
Куҷо меоядам бовар, пас аз марги ту бишнидан,
Дилам пурнола шуд, вақти ба сони лола хандидан,
"Саҳар бар ҷониби гулзор, рафтам баҳри гул чидан,
Фиғони булбулон як сӯ бувад, сайри чаман як сӯ."
Маро бинвиштаанд андар ҷабин умри ду-серӯза,
Басо ғурбат чашидастам, аз ин умри ду-серӯза,
Ҳамесӯзонадам чун шамъ, ҳамин умри ду-серӯза,
"Ки ҳайфи одамизод аст, дар ин умри ду-серӯза,
Ба зери хок меафтад, кафан як сӯю тан як сӯ."
Дар ин меҳнатсаро афрӯхтану сӯхтан ба души ман,
Ҷафою кулфати даврон, рабудаст ақлу ҳуши ман,
Пас аз ман устухонам ҳам бурун орад хуруши ман,
"Зи кӯҳи Бесутун ногаҳ, садо омад ба гуши ман,
Ки зарби теша як сӯ, зарби дасти Кӯҳкан як сӯ."
Намуд ашъори Мавлоно, ҳамин Мақсудалӣ аз бар,
Бишуд огаҳ зи абёти хуши он шӯълаи ахтар,
Сазад шояд ғазалхонон равад ӯ ҳам ба он манзар,
"Тамоми шоиронро ҷамъ, агар созанд дар маҳшар,
Ҳама як сӯ бувад, ин Ҷомии ширинсухан як сӯ."
 

ТОҶИКОН ФОРУМ

Бот Модератор
Команда форума
7.
🖊
Шараф Пайдовар Умарзода
📌
Ба ғазали Бедил
Субҳ аст маҷлиси дил, эй бедилон биёед,
Бо нони гарми дилҳо болои хон биёед,
Афлок синааш чок ҳардамкашон биёед,
,,Имрӯз навбаҳор аст, соғаркашон биёед,
Гул ҷӯши бода дорад, то гулситон биёед."
Шаҳзоди корзорем, оҳуи сайди ёрем,
Минуи беканорем, шогуни беқарорем,
Домони сабсазорем, хокему киштукорем,
,,Дар боғ бебаҳорем, сайре ки дар чӣ корем,
Гулбози интизорем, бозикунон биёед."
Бозуи мутмаъинро дасти қавист ин ҷо,
Дар ҳарфҳои дидор сиюдуист ин ҷо,
Аспи камони абру боре фирист ин ҷо,
,, Оғӯши орзуҳо аз худ тиҳист ин ҷо
Дар қолаби таманно хуштар зи ҷон биёед."
Дарде, ки беасар нест, нахле, ки бесамар нест,
Марге,ки бехабар нест, сузидани ҷигар нест,
К-ин роҳро магар нест, хайр аст, беасар нест
,,Ҷуз шавқ роҳбар нест, андешаи хатар нест,
Хоре дар ин гузар нест, доманкашон биёед."
Ин дида пуралоб аст, муштоқро кабоб аст,
Пиндорро китоб аст , афкорро шароб аст,
Эҳзорро сароб аст, иқрорро савоб аст,
,,Фурсат шарарниқоб аст, ҳангомаи шитоб аст,
Гул пойдаррикоб аст, мутлақъинон биёед."
Кулбор арчи холист, дарбурданаш малолист,
Шеъре ки бе Маъолист, харфест пурсаволист,
Қасре, ки бе Ҷалолист, қубҳи фараш сафолист,
,,Гар хоҳиши фузулист, ҷуз ваҳм монеъаш кист?
Боғ аст, хонае нест, то меҳмон биёед."
Дунё зи рафтани худ рузи қарор дорад,
Кабки хаели мо ҳам боли фирор дорад,
Сайёди бекамоне чашми шикор дорад,
,Имрӯз омаданҳо чандин баҳор дорад
Фардо кирост уммед, то худ чӣ сон биёед."
Оё ки метавон гуфт беинтиҳост фурсат?
Е дар замини хоки, дар мунтаҳост фурсат?
Вақти ғироми ҳолат аз мо ҷудост фурсат?
,,Эй толибони ишрат, дигар куҷост фурсат?
Муфт аст файзи суҳбат, гар ин замон биёед."
Ин кузаи шикаста дар ҷавҳараш сифотест,
Ҳарфи Шараф ба лабхо олудаи наботест,
Минуи хотирашро отифаи суботест,
,,Бедил ба ҳар табутоб мамнуни илтифотест,
Номеҳрубон биёд, ё меҳрубон биёед."
 

ТОҶИКОН ФОРУМ

Бот Модератор
Команда форума
9.
🖊
Asadullo Shukurov ( Асадуллоҳ Исмоилзода )
Инсонаму ин сонам, ман марди мусалмонам,
Бо дину баимонам, дар майкада меҳмонам,
Мадҳушу гурезонам, гардида нагаҳбонам,
“Ай карда ту меҳмонам, дар пеш даро, ҷонам,
З-он рӯй, ки ҳайронам, ман хона намедонам!”
Ёбам зи куҷо ташбеҳ, ҳусни ту шуда з-он беҳ,
Ё ин ки бубар бар деҳ, ё ақлу ҳушамро деҳ,
Ё дил бинамо дарбеҳ, ё бар кафи ман он неҳ,
“Ай гашта зи ту вола ҳам шаҳру ҳам аҳли деҳ,
Ку хона? Нишонам деҳ, ман хона намедонам!”
Ин дил шуда меҳмонаш, бар хони парешонаш,
Дилдор ҳамехонаш, ё рав зи сари хонаш,
Шав хоҷаи дарбонаш, то бошӣ нигаҳбонаш,
“З-он кас, ки шудӣ ҷонаш, з-он кас маталаб донаш,
Пеш ову маранҷонаш, ман хона намедонам!”
Он дидаи махмураш, он ҳусни беҳ аз ҳураш,
Он хандаи манзураш, ё он сари Мансураш,
Ё шираи ангураш, шӯре бидиҳад сураш
“В-он, к-аз ту бувад шӯраш, медор ту маъзураш
В-аз хона макун дураш, ман хона намедонам!”
Ман сӯхта авроқам, табле зада бар соқам,
Бо як сараки қоқам, ҳам ҷуфтаму ҳам тоқам,
Бо бухлу риё оқам, ҳам сархушу ҳам чоқам,
“Ман ошиқу муштоқам, ман шӯҳраи офоқам,
Раҳм ору макун тоқам, ман хона намедонам!”
Ман карда басе шаф-шаф, истода миёни саф,
Донӣ, ки наям Осаф, нохонда яке мусҳаф,
Умрам бишуда масраф, дил холӣ мисоли даф,
“Ай мутриби соҳибсаф, мезан ту ба захми каф,
Бар роҳи дилам ин даф, ман хона намедонам!”
Аз бода напарҳезам, менӯшаму мерезам,
Пуробу хатархезам, монандаи Саррезам,
Ҳам Шери худовезам, тӯтии шакаррезам,
“Шамсулҳақи Табрезам, ҷуз бо ту наёмезам,
Меафтаму мехезам, ман хона намедонам!”
 

ТОҶИКОН ФОРУМ

Бот Модератор
Команда форума
5.
🖍
Сафаргул Халимиён
📌
Мухаммас бар ғазали Лоиқ Шералӣ
'Чу кушоӣ дари ман бому дарам месӯзад,
Рӯ ба рӯям бинишинӣ, ҷигарам месӯзад."
Ту биёӣ ба барам, давру барам месӯзад,
Сари савдоии ман, болу парам месӯзад,
Ҳастии бесамару бехабарам месӯзад,
"Чу кушоӣ дари ман бому дарам месӯзад,
Рӯ ба рӯям бинишинӣ, ҷигарам месӯзад".
Қалби чун оби зулолат бирабояд аз тан
Андуҳу ғуссаву ғам, гар ту биёӣ ба сухан,
Балки ту софтар аз чашмаи кӯҳии ватан,
"Ту тару тозатар аз шеъри таболудаи ман,
Аз тару тозагият шеъри тарам месӯзад'
Ёди ту ҳар шабу ҳар рӯз чу бар сар фиканад,
Гум занад қалби ману риштаву тораш биканад,
Меҳри ту лаҳза ба лаҳза ба тану ҷон битанад,
"То туро дар назар орам, ки хуморам шиканад,
Дили соҳибназарам дар назарам месӯзад".
Масту мадҳуш ман аз шеваву аз гуфторат,
Ҳеҷ нагзорад асар дуриву ин озорат,
Аз фироқу таби он ҳеҷ наояд орат,
"Аҷаб ин аст, ки андар талаби дидорат,
Бесарупояму по то ба сарам месӯзад".
Гуфтам аз дори фалак ҳаст маро ёре нек,
Шод дар даҳр манам, ваҳ ки чӣ фархундаю рек,
Дур аз чашм, вале бар дили ман бас наздик,
"Ман зи ишқи ту пас аз худ асаре хоҳаму лек,
Чашми оташасарат беасарам месӯзад".
مخمس به غزل استاد لایق شیر علی
"'چو کشایی در من بام و درم می
سوزد،
رو به رویم بنشینی جگرم میسوزد"
تو بیایی بر من دور و برم می سوزد،
سر سودایی من بال و پرم می سوزد،
هستی ای بی خبر و بی ثمرم می سوزد،
"چو گشایی در من بام و درم می سوزد،
رو به رویم بنشینی جگرم می سوزد".
قلب چون آب زلالت برباید از تن
اندوه و غصه و غم چون تو بیایی به سخن،
بلکه تو صاف تر از چشمه ای کوهی ای وطن،
"تو ترو تازه تر از شعر تب آلوده ای من،
از ترو تازه گی ات شعر ترم می سوزد".
یاد تو هر شب و هر روز چو بر سر فکند،
گم زند قلب من و رشته و تارش بکند،
مهر تو لحظه به لحظه به تن و جان بتند،
"تا ترا در نظر آرم، که خمارم شکند،
دل صاحب نظرم در نظرم می سوزد".
مست و مدحوش من از شیوه و از گفتارت،
هیج نگذارد اثر دوری و این آزارت،
از فراق و تب آن هیج نه آید عارت،
"عجب این است، که اندر طلب دیدارت،
بی سرو پایم و پا تا به سرم می سوزد"
گفتم از دار فلک هست مرا یاری نیک،
شاد در دهر منم، وه که چه فرخنده و ریک،
دور از چشم، ولی بر دل من بس نزدیک،
"من از عشق تو پس از خود اثری خواهم و لیک،
چشم آتش اثر ت بی اثرم می سوزد"
 

ТОҶИКОН ФОРУМ

Бот Модератор
Команда форума
2.
🖍
Кибриё Солехзода
📌
МУХАММАС БАР ҒАЗАЛИ ЛОИҚ ШЕРАЛӢ
Пур пур аз савту навои зиндагӣ,
Масту махмур аз ҳавои зиндагӣ,
Инак, андар ибтидои зиндагӣ,
"Медавам дар кӯчаҳои зиндагӣ,
Рӯзу шабҳо аз қафои зиндагӣ."
Панд мегирам ман зи ҳар дарду алам,
Ҳар чӣ дорам, ҳар чӣ аз шодиву ғам,
Мебиёрам рӯи хома бо қалам,
<<Ҳар чӣ меёбам зи сад ранҷу алам,
Мефишонам пеши пои зиндагӣ.>>
Бо ҳамин дунёи қисматкардааш,
Бо ҳамин эҳдои қисматкардааш,
Бо хати иншои қисматкардааш,
<<Мехурам ғамҳои қисматкардааш,
Мекашам дарду балои зиндагӣ.>>
Аз барои зиндагонӣ синачок,
Муддаоям гашт чун оина пок,
Фурсатам ҳам ҳаст, то рӯзи ҳалок,
<<Офтобам, лек чашмам сӯи хок,
То биафзояд сафои зиндагӣ.>>
Ишқи ман пулоду ҷонам оҳанин,
Инчунин истодаам рӯйи замин,
Нозукам, нозук, вале хеле матин,
<<Осмонам, лек ҳамранги замин,
Баҳри фардои бақои зиндагӣ.>>
То набинад решҳое ҷону тан,
То набинад зеру бомҳое сухан,
То нагардад баргпарто ин чаман,
"То намирад зиндагӣ рӯзе чу ман,
Рӯзе мемирам барои зиндагӣ!"
 

ТОҶИКОН ФОРУМ

Бот Модератор
Команда форума
10.
🖍
Nodira Nazari
Мухаммас бар ғазали Салими Теҳронӣ.
Дил ғаме дорад аз ин дунёи ғурбат оҳ-оҳ,
Ҷон ба лаб омад зи куштору касофат оҳ-оҳ.
Оқилон беқадру нодон шуд ба иззат оҳ-оҳ,
" Сад хатар дорад биёбони муҳаббат оҳ-оҳ,
Об агар хоҳад касе аз Хизр гӯяд, чоҳ-чоҳ."
Иблиси маккор охир гум шавад аз роҳи мо,
Чун Худо дорем доим ҳамдаму ҳамроҳи мо.
Бо умеде, ки фақат Ӯ ёвари дилхоҳи мо,
" Рӯзгор аз нисбати покон кунад ислоҳи мо,
Доя шӯяд рӯи тифлонрову гӯяд моҳ-моҳ."
Маърифат чун дар ниҳоди ғунчаҳои бовар аст,
Осмон чатри хаёли шоирони минбар аст.
Рӯшании дидаҳоям аз нигоҳи ахтар аст.
"Илтифоти доимӣ махсуси ҷамъе дигар аст,
Гӯшаи чашме ба мо ҳам дорад, аммо гоҳ-гоҳ."
Рустанӣ бе хок афзоиш намеёбад танаш,
Дар биёбон ғунчае созиш намеёбад танаш.
Тифли шабнам дер ғунҷоиш намеёбад танаш,
" Дар тариқи шавқ осоиш намеёбад танаш,
Ҷомаи марди мусофир гар набошад роҳ- роҳ."
Он қадар бахшӣ заковат аз садои худ Салим,
Мондаӣ боғи латофат аз навои худ Салим.
Гулшане кардӣ иноят аз вафои худ Салим,
" Бар сари кӯи муҳаббат аз матои худ Салим,
Нола аз таъсир он ҷо нола асту оҳ-оҳ."
 

ТОҶИКОН ФОРУМ

Бот Модератор
Команда форума
8.
🖊
Ибодуллоҳи Солеҳ
Ба ғазали Калими Кошонӣ
Дар миёни мардумони бесахо афтодаам,
Аз баландии ғурурам зери по афтодаам,
Сар чӣ сон боло кунам андар бало афтодаам,
,,Гавҳари бетоҷам, ки дар дасти гадо афтодаам,
Сайри толеъ бин, куҷо будам, куҷо афтодаам."
Пеши ёру ошно аз бодаву ҷомам мапурс,
Бо касе ҳолам магӯву аз касе номам мапурс,
Ҳусну қубҳи мо маҷӯ аз афту андомам мапурс,
,,Субҳи ман шоми ғарибон аст, аз шомам мапурс,
То ба коми ғам дар ин ғурбатсаро афтодаам."
Бар хаёли ман шабохун мезанад ёди насим,
Доваре ку, ки расад боре ба фарёди насим,
Хонабардӯшам чу бӯ ҳар ҷо аз ин боди насим,
,,Нақши по бархостан дорад ба имдоди насим,
Ман сиришкам, барнахезам, ҳар куҷо афтодаам."
Дасти ғам дар мезанад гар ҳар замон пушти дарам,
Мезанад санге ҳасуде гоҳ- гоҳе бар сарам,
Ашки гулгун меравад аз чашмаи чашми тарам,
,,Гавҳари шабтобаму аз шамъ беқиматтарам,
Лек аз ин шодам, ки боре бебаҳо афтодаам".
Дар баҳори зиндагӣ, гар бебаҳо будам,Калим,
Дар навори ёди ёре бенаво будам, Калим,
Ҳоҷиам бо назми ту гар ошно будам,Калим,
,, Ман яке оинаи гетинамо будам, Калим,
Рӯи ғам, азбаски дидам аз ҷило афтодаам".
 

ТОҶИКОН ФОРУМ

Бот Модератор
Команда форума
6.
🖊
Рустами Хомарахш
Чун зад зи дилам оташи ишқи ту забона,
Дунболи хаёлат шудам аз хеш равона,
Аз даст ҳама додаму аз сина туро на,
«Эй тири ғаматро дили ушшоқ нишона,
Ҷамъе ба ту машғулу ту ғойиб зи миёна».
Шавқи ту маро кард ба ҳар савмаа ворид,
Бар зовияи зоҳиду бар маҳфили муршид,
Ҷўёи туам, дарбадари орифу обид,
«Гаҳ мўътакафи дайраму гаҳ сокини масҷид,
Яъне ки туро металабам хона бо хона».
Зоҳид ба ҳама ришу фашу сабҳаву дастор,
Гоме нагузорад ба саропардаи асрор,
Ман дил ба Худо бастаму ў баст ба аҳрор,
«Ман ёр талаб дораму ў ҷилвагаҳи ёр
Ў хона ҳамеҷўяду ман соҳиби хона».
Бар мастии ман соғару паймона туӣ, ту,
Ҳам хонахудои дили девона туӣ, ту,
Ҷон бод фидои ту, ки ҷонона туӣ , ту,
«Мақсуди ман аз Каъбаву бутхона туӣ, ту,
Мақсуд туӣ, Каъбаву бутхона баҳона».
Ҷўёи ту ҷавлони ту дар хеш аён дид,
Дар оинаи синаву дар хилвати ҷон дид,
Ушшоқ ҳузури ту ба тарки ду ҷаҳон дид,
«Яъне ҳама ҷо акси рухи ёр тавон дид,
Девона наям ман, ки равам хона ба хона».
Умрест дилам бодияи ишқи ту пўяд,
Парвози ғуборам асари пои ту ҷўяд,
Дар синаи мафтуни ту ҷуз лола нарўяд,
«Ҳар кас ба забоне сифати ҳамди ту гўяд,
Мутриб ба ғазалхониву булбул ба тарона».
Рустам, ки дилаш дар ҳарами дарду ғами туст,
Қонеъ ба раводидаи ҳар бешу ками туст,
Меъроҷ ба зери қадами мўхтарами туст,
«Тақсири Хаёлӣ ба умеди карами туст,
Яъне ки гунаҳро беҳ аз ин нест баҳона».
 

ТОҶИКОН ФОРУМ

Бот Модератор
Команда форума
1.
🖍
Адиба Хабибова
📌
МУХАММАС БАР ҒАЗАЛИ
ФАРЗОНАИ ХУҶАНДӢ
Булбулам байни гулистони азизат, Ватанам,
Ошиқам бар гулу райҳони азизат, Ватанам,
Хонам ашъори адибони азизат, Ватанам,
"Чашми бад дур зи чашмони азизат, Ватанам,
Деву дад дур зи домони азизат, Ватанам".
Сабр кардам ба ғаму мотами фарзандонат,
Шиква кардам зи бадаъмолии бадхоҳонат,
Сар ниҳодам зи сари меҳр ба хористонат,
"Нола кардам зи парешонии пайвандонат,
Нолаҳо аз найи сутхони азизат, Ватанам".
Дар баҳорон, чи хушо, гулбару гулдомонӣ,
Хони пурнеъмату бофайз ба тобистонӣ,
Дар муҳаббат ту баробар ба дилу бо ҷонӣ,
"Дар кушо, эй саҳарандоми шафақпешонӣ
Ба паёми хуши меҳмони азизат, Ватанам".
Руста аз хоки туям, меҳани некӯманзар,
Бо ғаму дарду аламҳои туям ҳамсоғар,
Тифли нозофаратам, ҳастӣ бароям модар,
"Кӯдаки синфи якам, балки аз он поёнтар
Боз ҳам ман ба дабистони азизат, Ватанам".
Ман Ватан гӯяму рӯди ту ҳамоҳанг шавад,
Акси овози ман эҷод зи ҳар санг шавад,
Хомаам аз гилу аз хоки ту хушранг шавад,
"Васл гуфтам, ки дигарбора якоҳанг шавад,
Сайҳуну Вахшу Зарафшони азизат, Ватанам ".
Мезанам зидди ҳама кинаваронат фарёд,
Мепарад мурғи умедам ба фазоят озод,
Мекунам нағмасароӣ ба гулистонат шод,
"Бо шакарханда бизӣ, мадҳи фараҳ бодобод,
Сархуш аз замзама бӯстони азизат, Ватанам ".
Ифтихорам туӣ, эй асли саодат, то марг,
Месароям зи вафо, гимни муҳаббат то марг,
То раҳоят диҳам аз чанги ҷаҳолат то марг,
"Нах ба нах бастаам аз рӯзи валодат то марг
Ҷону дилро ба дилу ҷони азизат, Ватанам ".
Парчамат сояфикан бар сари ин дунё бод,
Роғунат рӯшанибахшои раҳи фардо бод,
Ишқи покат ба дилу ҷони муҳибон ҷо бод,
"Ҳар куҷоем, дили сурхшуои мо бод
Раҳ ба раҳ ҳуҷҷату бурҳони азизат, Ватанам ".
 

ТОҶИКОН ФОРУМ

Бот Модератор
Команда форума
15.
🖊
Aziz Sangin
Мухаммас бар ғазали устод Мӯъмин Қаноат
Дар диёри Рӯдакӣ бархе зи бими форсӣ,
Гӯӣ шайтони раҷиманд дар ҳарими форсӣ,
Гумраҳонро раҳнамоӣ кун ҳакими форсӣ,
"Аз Халиҷи Форс меояд насими форсӣ,
Абр аз Шероз меояд чу сими форсӣ".
Ҷабри ин дунё намегӯям, ки зӯр афтодааст,
Сирри ин савдо намегӯям, чӣ тур афтодааст,
Шарри ин бино намегӯям, ки кӯр афтодааст...
"Дурр аз дарё намеҷӯям, чу дур афтодааст,
Аз таги дарё таҳи чашми ятими форсӣ".
Мерасад пайғоми пири маст аз рӯзи аласт,
Он, ки оламро ба қанди порсӣ мекард маст,
Он, ки зад бо Чор такбир яксара бар ҳарчи ҳаст,
"Мерасад аз киштии бишкаста шеъри бешикаст,
Шеър ҳам бишкаст бо панди қадими форсӣ".
Миллате афтода дар бунбаст, дар афтударафт,
Баҳси мондан нест, баҳси рафт, кай рафту кӣ рафт...
Фикри он дунёву хайрот асту қурбониву мавт...
"Шайхро сармаст дидам як шабе аз бӯи нафт,
Рафт бо атри кафан атру шамими форсӣ".
 

ТОҶИКОН ФОРУМ

Бот Модератор
Команда форума
19.
🖊
Ҷаъфар Муҳаммад Термизӣ ( Джафар Мухаммад )
📌
...бар ғазали Сайидои Насафӣ
Дар аҳди мо ривоҷ ба аҳли қалам намонд,
Зеро, ки доваре ба ҷуз аз муттаҳам намонд,
Аз баски эҳтиром ба як мӯҳтарам намонд,
“Ному нишон ба даҳр зи аҳли карам намонд,
Рафт аз муҳит гавҳару дар баҳр нам намонд”.
Чашме мунаввар аз гули раъно намешавад,
Дилмурда зиндадил ба тамошо намешавад,
Захмест дар ҷигар, ки мудово намешавад,
“Аз боди субҳ ғунчаи дил во намешавад,
Файзе, ки буд дар нафаси субҳдам, намонд”.
Эй он ки дастҳо ба дуъо мекунӣ баланд,
В-эй он ки нола сӯйи само мекунӣ баланд,
Биншин, дубора сар ба бало мекунӣ баланд,
“Эй косаи гадо, чӣ садо мекунӣ баланд?
Овозаи карам ба лаби Ҷоми Ҷам намонд”.
Дасте, ки дошт нек дуъое, шикаста шуд,
Дар косахона чашм зи уммед хаста шуд,
Аҳде, ки дошт банда ба Яздон, гусаста шуд,
“Бар рӯйи соилон дари уммед баста шуд,
Аз баски дар бисоти каримон карам намонд”.
Аз нашру ноширӣ нарасидам ба орзӯ,
Бо ин мудаббирӣ нарасидам ба орзӯ,
Б-ошуфтахотирӣ нарасидам ба орзӯ,
“Аз шеъру шоирӣ нарасидам ба орзӯ,
Дилбастагӣ маро ба давоту қалам намонд”.
Дар ҳеҷ қавм ибрати Оду Самуд нест,
Дар шаш ҷиҳат нузул, валекин суъуд нест,
Ҷаъфар, зи халқу сӯҳбати махлуқ суд нест,
“Имрӯз, Сайидо, асар аз аҳли ҷуд нест,
Рафтанд ончунон, ки нишони қадам намонд”.
 

ТОҶИКОН ФОРУМ

Бот Модератор
Команда форума
12.
🖍
Зарафшони Хуросон
📌
Мухаммас бар ғазали Сомити Бирҷиндӣ
Бенаворо сангу хоку хор некӯ бистар аст,
Чашми беморони бекас доимо сӯйи дар аст,
Нафси саркаш дар сарири зиндагонӣ аждар аст,
«Мояи аслу насаб дар гардиши даврон зар аст,
Муттасил хун мехӯрад теғе, ки соҳибҷавҳар аст».
Зулми золим мешавад дар чоҳи ҳасрат сарнагун,
Давраи ғам бигзарад, ояд хушӣ бар мо фузун,
Хизри роҳи ҳақ шавад бар аҳли олам раҳнамун,
«Оҳану фӯлод аз як кӯра меояд бурун,
Он яке шамшер гардад, дигаре наъли хар аст».
То ба каф орад заре инсон ба ҳар сӯ медавад,
Зиндагӣ ҳамчун магас хуни дили мо меҷабад,
Гирудори ҳастии мо зуд поён мешавад,
«Кураи асб аз наҷобат дар таоқиб меравад,
Кураи хар аз харият пеш-пеши модар аст».
Бахт баргардад, касе аз мо намеҷӯяд нишон,
Номи моро низ н-орад ҳеч фарде дар ҷаҳон,
Мерасад теғи ҷафои дӯстон бар устухон,
«Шоҳ агар муфлис шавад, қурбе надорад дар ҷаҳон,
Ахмақу нодон шуморандаш агар Искандар аст».
Кист аз беҳудагӯйӣ хешро расво накард?
Кист боре дар ҷаҳон рӯ ҷониби саҳбо накард?
Кист ишқи ёрро дар синаи худ ҷо накард?
«Кокул аз болонишинӣ рутбае пайдо накард,
Зулф аз афтодагӣ ҳамсони мушку анбар аст».
Бевафое кори некӯят набинад, айб нест,
Гул зи дашти орзуи ту начинад, айб нест,
Дар миёни халқ таъни ту гузинад, айб нест,
«Нокасе гар аз касе боло нишинад, айб нест,
Ҷойи чашм абрӯ нагирад, гарчи ӯ болотар аст».
Тобиши хуршеди олам дар баёни шуъла нест,
Хандаи зебои гул андар лабони шуъла нест,
Ғайри хокистар дар ин олам нишони шуъла нест,
«Дуд агар боло нишинад, касри шони шуъла нест,
Рӯйи дарё хас нишинад, қаъри дарё гавҳар аст».
Сабзаю гул медамад аз хоки тар фасли баҳор,
Кам нагардад эътибори фарди соҳибэътибор,
Оқилон ҳаргиз намегарданд асири рӯзгор,
«Сабза помол аст дар зери дарахти мевадор,
Гарчи ин сабз асту зебо, лек он ширинтар аст».
Ҷоҳилон дар зиндагӣ чанде сутургӣ мекунанд,
То ба кай ёрон ба зидди хеш гургӣ мекунанд?
Бевафоӣ мекунанд, оҳанги туркӣ мекунанд,
«Шасту шоҳид ҳарду даъвии бузургӣ мекунанд,
Пас чаро ангушти кӯчак лоиқи ангуштар аст?!»
Аҳли дил дилро ғуломи аҳди ҷонон мекунанд,
Корҳо дар зиндагӣ монанди борон мекунанд,
Илтифоту меҳр дар дунё фаровон мекунанд,
«Шеърсозон ҷон фидои шеърхонон мекунанд,
Духтари ҳар кас ваҷеҳ афтод, муфти шавҳар аст».
Қадри худ нашносад андар зиндагӣ дилхорае,
Борро боло набардорад нахи якторае,
Зиндагиро соз дилкаш ҳамчу як фавворае,
«Гар танӯри зиндагӣ шуд сард, набвад чорае,
Хидмати оташ бибояд кард, то ҳезум тар аст».
Зарфишоно, нестам арчанд аз номоварон,
Бастаам эҳром сӯйи каъбаи симинбарон,
Сар фурӯ н-орам ба пойи носипосу бесарон,
«Сомито, айби худатро гӯ, на айби дигарон,
Ҳар кӣ айби худ бигӯяд, аз ҳама болотар аст».
 

ТОҶИКОН ФОРУМ

Бот Модератор
Команда форума
16.
🖍
Тутинисо Исмоилзода
📌
Мухаммас бар газали Абулхак Вола
Бар шоми тираи мо,чоно ту мохтоби,,
Ду чашми бози моро,чоно ту хоби-хоби,
Бар ташнагони сохил чоми маю шароби,
"Он фитнае,ки дорад чашмони оби -оби,
Бар мо намекушояд рухсораи гулоби".
Чону дилем бо ту,чокар турову банда,
Гайри ту руй пушем бо дидаи фиканда,
Толеъи хуш чаройи аз мо дуру раманда,
"Хуши маро бирезад лаълаш ба ханда-ханда,
Як харф хам нагуяд охир ба ман хисоби".
Он заргаре,ки хастам то дурри маъни суфта,
Шоми дароз чоно,бо ёди ту нахуфта,
Асрори ишки покат дар калби худ нухуфта,
"Фарсуд шархи ишкам бо ёр гуфта -гуфта,
Шарманда сохт моро аз дасти бечавоби".
Аз дуриву фирокат дилхои мо пур аз гам,
Ин дидахо ба рохат чор асту гаркаи нам,
Мечуямат,азизам,захми маро ту мархам,
"Бунёди ман фуру рехт бо нозу ишва кам-кам,
Дигар чи накш бозад, бо банда ё хароби."
Занчири ишки моро натвони хеч гусаста,
Дар интизори рохат махчур мову хаста,
Дидори ту надидем душвор буд хафта,
"Гаштем Вола охир,дар ишк рафта рафта,
Дар куйи он ситора имруз офтоби". (Тутинисо Дагарова)
 

ТОҶИКОН ФОРУМ

Бот Модератор
Команда форума
17.
🖊
Усто Валӣ
З-ин даҳри бекарона чи пиру ҷавон гузашт,
Шоҳу гадову нотавону паҳлавон гузашт,
Монда яке ба ёду дигар бенишон гузашт,
Бераҳмии нафас чу ба иқлими ҷон гузашт,
Чун ризқи шаб ба обу лаби хушки нон гузашт.
Ҳар ҳикмате ба сар гузарад нест бе сабаб,
Хоҳ он ба гоҳи дард бувад ё гаҳи тараб,
Илми Худо якест, чи дар Руму дар Ҳалаб,
Дидам, ки ахтаре ба яке ҷилва нимашаб,
Паймуд қуллаҳову раҳи Каҳкашон гузашт.
Фарзонаро Ҳумоюни ширин нишона буд,
Бар Озарахш ахтари яктои хона буд,
Номард қисмате зи чӣ дар ҳар замона буд,
Сӯҳроб ҳам ба зӯр чу Рустам ягона буд,
Ҳайфо ба захми теғи падар аз ҷаҳон гузашт.
Дар боғи маърифат гули маънӣ басе шукуфт,
Ҳудҳуди мулки ишқ ба кохи Сабо нахуфт,
Овард то сухан ба забон гуфтаҳо шунуфт,
Мурғи саҳар ба зоҳиди хилватнишин чи гуфт,
Биштоб сӯи майкада вақти азон гузашт.
Гар нуқта бар нуқоти ту бурданд з-он маранҷ,
Ҳаргиз намонда дур хатое зи нуктасанҷ,
Пайванди ҳарф то бишавад боядат, ки ранҷ,
Усто гузашт боғи "Гулистон"-у ёфт ганҷ,
Хуш он шабе, ки дар ҳарами "Бӯстон" гузашт.
 

ТОҶИКОН ФОРУМ

Бот Модератор
Команда форума
14.
🖍
Anisa Manonova
Мухаммас бар ғазали устод Бозор Собир
Аз даҳри фиребанда хатар дар дили ман монд
Зулмонии шабранги саҳар дар дили ман монд
Сад гуна муаммову зарар дар дили ман монд
"Аз хоки Ватан гӯри падар дар дили ман монд,
Модар чу мазори лаби ҷар дар дили ман монд"
Дар зиндагӣ дидам , ҳама кошонаву дар сӯхт
Боғи дилу тармеваи умеди самар сӯхт
Мактуби фиристода зи дастони падар сӯхт.
"Дар оташи ғам коғази рӯй ман агар сӯхт,
Аз хоҳари ман коғази сар дар дили ман монд"
Ҳамсоя ба он дидаи тар дар паси дар рост
Душман ба ҳазор ханданазар дар паси дар рост
Ҳамроҳу ҳамандеша дигар дар паси дар рост.
" Дар баставу фарзанди падар дар паси дар рост,
Фарзанди падар дар паси дар дар дили ман монд"
Дарду ғаму андӯҳи ҳазор аз сари ман рафт
Ишқу ҳавасу ёду хумор аз сари ман рафт
Фарзонаву фарзанди диёр аз сари ман рафт
"Ман рафтаму сад хешу табор аз сари ман рафт
Аз рафтанашон хуни ҷигар дар дили ман монд"
Дар хонаи ашъори ман аст риштаи умрам,
Дар ишқи пурасрори ман аст риштаи умрам,
Дар маҳкамаву дори ман аст риштаи умрам.
"Дар сӯзани девори ман аст риштаи умрам
Кофист ҳамон сӯзан агар дар дили ман монд"
Аз кӯҳи ғуруру раҳи андешаи ҳомун
То дарду алам кард суханҳои ту мавзун
Сад бор расида ба дилам захми гуногун
"Аз ҳамватану ҳамрагу ҳамгавҳару ҳамхун
Чашмони тару оҳи саҳар дар дили ман монд "
 

ТОҶИКОН ФОРУМ

Бот Модератор
Команда форума
20.
🖊
Sangmuhammad Jafari
📌
... бар ғазали устод Садриддин Айнӣ
Аз мани мискин салом бар беқарори ман баред,
Шарҳи ҳоламро ба пеши ғамгусори ман баред,
Як ду пайғом медиҳам ёрон ба ёри ман баред,
Дӯстон арзи умедам бар нигори ман баред,
Раҳмате ба хотири умедвори ман баред.
Ё ба ман аз назди ӯ пайғоми ёрӣ оваред,
Ё зи пероҳан-ш бароям ёдгорӣ оваред,
Ё худашро назди ман бо оҳу зорӣ оваред,
Ё ба ман аз хоки пояш сурмаворӣ оваред,
Ё маро дар раҳгузори шаҳсавори ман баред.
Ман намедонам киро пурсам нигори ман куҷост?
Он нигори беқарори интизори ман куҷост?
Аз ғамаш девонаам сабру қарори ман куҷост?
З- ин диёру шаҳр тангам шаҳриёри ман куҷост?
Лутф ореду маро дар шаҳриёри ман баред.
Дар тахаюл бӯсаҳо аз ҷон диҳам ҳангоми назъ,
Баҳри ӯ ҳам рӯҳу ҷисму ҷон диҳам ҳангоми назъ,
Эй хӯшо гар рӯи дасташ ҷон диҳам ҳангоми назъ,
Гар ҳамехоҳед, ки ҷон осон диҳам ҳангоми назъ,
Ҷои такбиру тиловат номи ёри ман баред.
Дар ду се рӯза ҳаёт ҳаргиз набояд кард қаҳр,
Умр обе ҳаст ҷорӣ ӯ намеистад ба наҳр,
Ҷаъфарӣ ором шав чун қатрае рехта ба баҳр.
Дар парешонрӯзгорӣ гар равад Айнӣ зи даҳр,
Ҷамъ биншинеду ёд аз рӯзгори ман баред.
 

ТОҶИКОН ФОРУМ

Бот Модератор
Команда форума
11.
🖍
Nuriniso Akramova
Мухаммас бар ғазали Гулрухсор
Агар нурам, ба дил сад нор дорам,
Дили н-осудаи бемор дорам,
Ба шабҳо дидаи бедор дорам,
«Зи гулзори муродам хор дорам,
Зи ҳузни шодиям озор дорам».
Набишнид ёри ман аз зораи дил,
Напурсид ҳолати бечораи дил,
Накард бо меҳрубонӣ чораи дил,
«Ба ҳар дилмурда дар каф пораи дил,
Ба ҳар шабмонда машъалнор дорам».
Зи дасти қисматам маҳзун наям, лек
Чу Лайло толиби Маҷнун наям, лек
Ба дарё чун дури макнун наям, лек
«Зи базму анҷуман берун наям, лек
Зи танҳоии танҳо ёр дорам».
Нашуд боре димоғи ман муаттар,
Бувад савдои ишқ як умр дар сар,
Биафтодам ба сад ҷӯю ба сад ҷар,
«Зи савдои ҳунар бебаҳра, безар,
Ба гирди маснадам бозор дорам».
Надорам бар дили шайдо харидор,
Надидам дар ҷаҳон ёри вафодор,
Нахоҳам чидани гулро зи гулзор,
«Гар унвону нишонам нест, бигзор,
Як олам хасми унвондор дорам».
خار دارم
اگر نورم، به دل صد نار دارم،
دل نسوده‌ی بی‌مار دارم،
به شب‌ها دیده‌ی بیدار دارم،
«ز گل‌زار مرادم خار دارم،
ز حزن‌ شادی‌ام آزار دارم».
نبشنید یار من از زاره‌ی دل،
نپرسید حالت بی‌چاره‌ی دل،
نکرد با مهربانی چاره‌ی دل،
«به هر دل‌مرده در کف پاره‌ی دل،
به هر شب مانده مشعل‌نار دارم».
ز دست قسمتم محزون نیم، لیک
چو لیلا طالب مجنون نیم، لیک
به دریا چون دُر مکنون نیم، لیک
«ز بزم و انجمن بیرون نیم، لیک
ز تنهایی تنها یار دارم».
نشد باری دماغ من معطر،
بود سودای عشق یک عمر در سر،
بیفتادم به صد جوی و به صد جر،
«ز سودای هنر بی‌بهره، بیزر،
به گرد مسندم بازار دارم».
ندارم بر دل شیدا خریدار،
ندیدم در جهان یار وفادار،
نخواهم چیدن گل را ز گلزار،
«گر عنوان و نشانم نیست، بگذار،
یک عالم خصم عنوان‌دار دارم»
 
Верх Низ