‼️500 мухаммас аз 500 шоир🌺🌺

ТОҶИКОН ФОРУМ

Бот Модератор
Команда форума
18.
🖍
Сурайё Хакимова
📌
бар ғазали Маҳастии Хуҷандӣ
Ҷуз ба чашмонат намебинам давои хештан,
Аз чӣ медорӣ ҷафоро ту равои хештан,
Ё ки месанҷӣ маро андар вафои хештан,
"Дар фиғонам аз дили дардошнои хештан,
Хӯ гирифтам, ҳамчу най бо нолаҳои хештан."
Душманӣ дорад ба мо имшаб магар обу гилам,
Оташи сӯзони ҳасрат ҳаст оё ҳосилам?
Як қатор андӯҳ дорад роҳ сӯи манзилам,
"Ҷуз ғаму дарде, ки дорад дӯстиҳо бо дилам,
Ёри дилсӯзе надидам дар сарои хештан."
Роҳ байни зиндагиву марг танҳо як дам аст,
Бо дурӯғе, он ки худро мефиребад одам аст,
Ман киям дар ин саро, ҷуз он ки бо ғам ҳамдам аст,
"Ман киям, девонае, к-аз ҷон харидори ғам аст,
Роҳатеро марг медонад барои хештан".
Бар матои аҳди дилбар чашми бовар дӯхтан,
Нози худро бо баҳои ҷони ӯ бифрӯхтан,
Дар дили ман шуъла дорад оташе афрӯхтан,
"Шамъи базми дӯстонам, зиндаам аз сӯхтан,
Дар варои рӯшанӣ бинам фанои хештан."
Печи дардаш ҳамдами оҳам, ба ғам огандаам,
Бо ҳазорон ҳасрати худ, гиря дорад хандаам,
Чун дарахти баргҳои худ ба зер афкандаам,
"Ончунонам, к-аз ҳаёти хеш дил баркандаам,
З-он ки худ дар об мебинам бинои хештан."
Гар набошад ёди ту, чун соғари бебодаам,
Дар саробе гар дари шодии дил бикшодаам,
Дар биёбони ғамат аз ташнагӣ афтодаам,
"Ғунчаи пажмурдае ҳастам, ки аз каф додаам,
Дар баҳори зиндагӣ атру сафои хештан."
Аз хамӯшиҳои буғзам норизо, фарёд рафт,
Аз раҳи умеди васлам номаи иршод рафт,
Ончунон к-аз ёди Ширин хотири Фарҳод рафт,
" Орзуҳои ҷавонӣ ҳамчу гул барбод рафт,
Орзуи марг дорам аз Худои хештан."
Оташе чун сӯз набвад Маҳситиро ҳамчу шамъ,
Гиря шабафрӯз набвад Маҳситиро ҳамчу шамъ,
Оламе фирӯз набвад Маҳситиро ҳамчу шамъ,
"Ҳамдае дилсӯз набвад Маҳситиро ҳамчу шамъ,
Худ биёяд, ашк резад дар азои хештан."
 

ТОҶИКОН ФОРУМ

Бот Модератор
Команда форума
21.
🖊
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
📌
Мухаммас бар ғазали Шамсиддини Шоҳин
Ҷаъди туррааш дидам, хотирам парешон шуд,
Ёди оразаш кардам, кулбаам гулистон шуд,
Дарси меҳнаташ хондам, мушкилотам осон шуд,
Маҳви ҷилвааш гаштам, то рухаш намоён шуд,
Рафтам он қадар аз худ, к-ойина басомон шуд.
Ноқаи сиришки ман баста дар раҳаш маҳмил,
Аз сипеҳри чашмонам дам ба дам шавад нозил,
Беибо ба пои ў
мефитад аз ин ғофил,
Гиряе намесозад манъи инбисоти дил,
Ғунчаро куҷо шабнам тугмаи гиребон шуд?!
Бар сарам зи ҳиҷронаш шўриши қиёмат рафт,
Аз ҳавои ишқи ў беҳадам маломат рафт,
Ҳосили умеди ман ҷумла дар ғаромат рафт,
Андак-андак ин уммед дар паи надомат рафт,
Пушти дасти мо кам-кам назри захми дандон шуд.
Гирудори сад Мўсо аз таҷаллии Тур аст,
Шавкати сулаймонӣ дар тараҳҳуми мўр аст,
Субҳи матлаби ошиқ баъди шоми дайҷур аст,
Реша то давонад ток, ҷилвагоҳи ангур аст,
Кўшише ба арз омад, обила намоён шуд.
Киштии умедамро з-ашк нохудо кардам,
Дар муҳити андўҳаш беибо раҳо кардам,
Бо хаёли савдояш умри худ адо кардам,
Дар ҳавои васли ў дўш гиряҳо кардам,
Қатра-қатра ашки ман дона-дона марҷон шуд.
Лашкари аламҳояш карда дар дилам манзил,
Аз натиҷаи ишқаш ҷуз ситам нашуд ҳосил,
Мурдам аз ғами ҳаҷраш, то шудам ба ў восил,
Бе тараддуди асбоб ҳал намешавад мушкил,
К-аз кашокаши нохун кори уқда осон шуд.
Бўалӣ бувад пешам дар сулуки маҷнунӣ,
Донишам кунад акнун аз Арасту афзунӣ,
Синаи Балиносаш Туғралам кунад хунӣ,
Гашт ҳосили Шоҳин шавкати фалотунӣ,
Баъд аз ин ба Хатлон ҳам гирудори Юнон шуд!
 

ТОҶИКОН ФОРУМ

Бот Модератор
Команда форума
22.
🖍
Марямбонуи Фарғонӣ
📌
Ду мухаммас бар ғазали Хоҷа Ҳофиз
Чун қомати расои ту дар баҳру дар бар аст,
Сад сарв чокар асту ғуломат санавбар аст.
Густарда хон ба пешат, бин, гулбашаккар аст,
«Боғи маро чӣ ҳоҷати сарву санавбар аст,
Шамшоди хонапарвари мо аз кӣ камтар аст?»
Дил ташнаи шароб шуда, бингар, рубобхоҳ,
Ҷойи шароб лўливаши мо майобхоҳ,
Бебода маст шуда, дигар масти хобхоҳ.
«Чун нақши ғам зи дур бубинӣ, шароб хоҳ,
Ташхис кардаему мудово мукаррар аст.»
Ай дилрабо, ки ҳусн зи маҳи шаб гирифтаӣ
В-он нури чашми худ зи кавкаб гирифтаӣ,
Лаб бар лабат гузоштам, таб гирифтаӣ.
«Эй нозанин санам, чӣ мазҳаб гирифтаӣ,
К-ат хуни мо ҳалолтар аз шири модар аст?»
Ин Оби Раҳмат аст, чӣ обе ба пойи ўст?
Ин обрўйи мост, ки раҳмат зи ройи Дўст,
Чун об рўшанист, чу дору барои туст,
«Фарқ аст аз оби Хизр, ки зулмот ҷойи ўст,
То оби мо, ки манбааш Аллоҳу акбар аст!...»
Афлок дуррпош ба фарқ зи силки ту,
Ин саҳфа нурпош зи хуршеди пилки ту,
Африштагон шуда нигаҳдори милки ту,
«Ҳофиз чӣ турфа шохи наботест килки ту,
К-аш мева дилпазиртар аз шаҳду шаккар аст?»
⚘️⚘️⚘️
«Эй ёр, биё, ёр биё!» - қалб садо кун,
Бар дўст расад ҳарфи ту рў сўйи Худо кун.
Бар ҷониби Ў даст бароварда дуо кун:
«Эй хусрави хубон, назаре сўйи гадо кун,
Раҳме зи мани сўхтаи бесару по кун.»
Ин доғи дили мо зи рухсорачумоҳе,
Ин зулфи каҷи ёр ва ё шаст ба моҳӣ?
Бар каҷкули мо каҷ манигар, гарчи ту шоҳӣ,
«Дорад дили дарвеш таманнои нигоҳе,
З-он чашми сияҳмаст ба як ғамза даво кун.»
Он бадр бикоҳад ба само ҳамчу ҳилолат,
Нодода шавад лол ҷавобе ба саволат,
Хуш бош, ки ин манзалату ҷоҳ ҳалолат,
«Гар моҳ занад лоф, ки монад ба ҷамолат,
Бинмой рухи хешу маҳ ангўштнамо кун.»
Ин зулфи суманбўст ҳамоневу ҳамоне,
Чун банди камандеву каминеву камоне.
Гар ром шавад қалб бигўяд ба амонӣ:
«Эй сарви чамон, аз чамани боғ замоне
Бихром ба ин базму дусад ҷома қабо кун.»
Рў тофтан аз ҷониби мо то ба кай охир?
Шамшер кашидан зи қафо то ба кай охир?
Одам нашудан баҳри Ҳаво то ба кай охир?
«Бо дилшудагон ҷавру ҷафо то ба кай охир?
Оҳанги вафо, тарки ҷафо баҳри Худо кун.»
Бо ман бикунад ё накунад ғайр мадоро,
Муҳтоҷ набошад дили ман зангзудоро,
Чун рўй битобам зи Самарқанду Бухоро?
«Машнав сухани душмани бадгўй, Худоро,
Бо Ҳофизи мискини худ, эй дўст, вафо кун.»
 
Верх Низ