Модар бузург аст. Бузургии модар дар он аст, ки бузургтарин неъмати дунё – фарзандро ба дунё меорад. Шабу рӯз дар фикри он аст, ки фарзанд бузург, донишманд, ҳунарманд шавад ва барои ҷомеа инсони саҳмгузор гардад. Вақте ки фарзандаш 1-2 сола мешавад, модар ба вай аввалин калимаҳоро ёд медиҳад.