1. ТОҶИКОН ФОРУМ

    Сурайё Ҳасансултон - адиб, рӯзноманигор ва шоири тоҷик

    Чашмҳои чор донад давлати дидорро, Беқарорӣ, шавқҳои пурхумори ёрро. То дилатро гарм созад оташи меҳри зиёд, Ҳадя овардам бароят ишқи афсункорро. Лаззати ширини лабҳо мешиносад ангубин, Бӯсаҳои дилрабои дилбари айёрро. Дастҳоямро зи дастонат раҳо ҳаргиз макун, Бар ту гӯям шеваҳои куштани ағёро...
  2. ТОҶИКОН ФОРУМ

    Сурайё Ҳасансултон - адиб, рӯзноманигор ва шоири тоҷик

    Як ғунча маро баҳор кофист, Як гулшани гулузор кофист. Бар оташи шуълабори ишқам, Як барқи нигоҳи ёр кофист. Дунёи ту дар канор ғунҷад, Як пора дили нигор кофист. Гар ром шавад ба дом сайдам, Оҳунигаҳи шикор кофист. Сармаст шавам зи ёди ширин, Як хандаи майгусор кофист. Сад ваъда кунӣ висоли...
  3. ТОҶИКОН ФОРУМ

    Сурайё Ҳасансултон - адиб, рӯзноманигор ва шоири тоҷик

    Лабгазон нози Сурайё бикунад ишвагарӣ, Гар ту ногаҳ зи хиёбони хаёлам гузарӣ. Ошиқи рӯи маҳи мо нашудан душвор аст, Накунад ҳеч раҳо ҳусни паризода, парӣ! Зиндагӣ бо нигаҳи меҳр басе рангин аст, Барқи чашмони ту омӯхт ба ман хушназарӣ. Чӣ қадар набзи маро лаззати ширин бахшӣ, Ҳар гаҳе бо дили...
  4. ТОҶИКОН ФОРУМ

    Сурайё Ҳасансултон - адиб, рӯзноманигор ва шоири тоҷик

    Байти лабханди ту бошад матлаи зебоғазал, Васфи сурхи маззаи гелосро, аз мо ғазал. Рӯсапедиҳои ташбеҳ аз ҳузури рӯйи туст, Мешавад бо байти абрӯи сияҳ, воло ғазал. Мекунад пинҳон агарчӣ дил ғамашро дам ба дам, Розро ифшо бисозад номаи сарвоғазал. То ҳанӯз аз омаданҳо не паёме, не дарак, Мекунӣ...
  5. ТОҶИКОН ФОРУМ

    Сурайё Ҳасансултон - адиб, рӯзноманигор ва шоири тоҷик

    Имрузҳо бо тарҷумаи шеърҳои шоири қирғиз Гулзада Станалиева машғулам. Нигоҳои зебо,тасвирҳои шоирона, эҳсосҳои латиф ва маҳорати эҷодии ин шоири хушсалиқа маро мафтун сохт. Як шеъри бонуи боҳунари Қирғизистонро ба хонандагони тоҷик чун "саброна" пешниҳод мекунам! *** Даст мазан ба кокулони печ...
  6. ТОҶИКОН ФОРУМ

    Сурайё Ҳасансултон - адиб, рӯзноманигор ва шоири тоҷик

    Хаста шудам аз гиру дори зиндагӣ, аз найранги одамони садрӯ ки ҳеч рӯ надоранд. Дилам нафастанг мешавад дар издиҳоми ҷонҳои беруҳ, миёни анбӯҳи дурӯғи маҳз ва як пода фиреб. Боварҳо дигар ишқро намешиносанд, одамҳо гулшани бобунаро намебинанд, ҳайфи бӯйи райҳони худруй, гули нилуфар ошиқи...
  7. ТОҶИКОН ФОРУМ

    Сурайё Ҳасансултон - адиб, рӯзноманигор ва шоири тоҷик

    Зуд бояд рафт, аз ҳамон ҷое, ки қадратро намедонанд, аз миёни издиҳоми мардуми ошиқ ба номи хеш, аз ҳамон давре, ки болатро бо ҳасодат мезанад қайчӣ. Дӯстам, бар ёди хотир гир, то шавӣ сарсабз, аз канори мардуми садранг пой дар оғӯши худ бигрез, аз тамаллуқ бош дар парҳез! Бо...
  8. ТОҶИКОН ФОРУМ

    Сурайё Ҳасансултон - адиб, рӯзноманигор ва шоири тоҷик

    Нест мавҷуд ҳеч ранге, то кунад тасвир ҳасрати танҳоии дилро, дар миёни издиҳоми дардҳои зиндагӣ бе ишқ. Ҳеч рангеро намедонам, то шиносад ин дили бишкаставу зорам. Дар назар сурхи сияҳранг аст сангҳои хораи қалбат. Ранги оташ ё ки хокистар, ранги чашми нилии дарё. ранги хоки ҳасрати дунё. Ҳеч...
  9. ТОҶИКОН ФОРУМ

    Сурайё Ҳасансултон - адиб, рӯзноманигор ва шоири тоҷик

    Шеърро ангезаи зебост чашмонат, Не! Ғалат шуд! Шоири дилҳост чашмонат! Дар назар ӯ ҳеч коре ҳам накард, аммо Чашмакӣ зад, шӯру шар орост чашмонат. Мижагонат сафкашида бар шикори дил, Қотили бераҳми ҷони мост чашмонат. Кӣ рабуд аз мо дили шайдо, ту мепурсӣ? Дузд маълум асту ин пайдост...
  10. ТОҶИКОН ФОРУМ

    Сурайё Ҳасансултон - адиб, рӯзноманигор ва шоири тоҷик

    Ид омад бо навиди бӯсаи ширини ёр, Қанду ҳалвои лабатро ҳадяи идӣ биёр. Аз нигоҳи дилрабоям кай туро бошад амон? Нест акнун нози чашму ишваҳоям рӯзадор. Гуфта будам дам нахоҳам зад зи ишқи ту, вале Бохабар шуд ними шаҳр аз рози пинҳоношкор. То нагардад чашми чори интизориҳо вубол, Бар савоби...
  11. ТОҶИКОН ФОРУМ

    Сурайё Ҳасансултон - адиб, рӯзноманигор ва шоири тоҷик

    Бо нози шакаррези табассум шавад эҳсос, Дар қанди лаби сурх бувад лаззати гелос. Бомазза аҷаб шираи лабханди баҳорам, Бо таъми базеби асали ноб ту бишнос. Аз атри хуши ҳарфи муҳаббат чӣ бигӯям? Садбарги чаман, лолаву райҳону гули ёс. Гар ваъдаи дидори ту ташбеҳ намоям, Монанди ҳамон мӯ, ки...
  12. ТОҶИКОН ФОРУМ

    Сурайё Ҳасансултон - адиб, рӯзноманигор ва шоири тоҷик

    Вусъати меҳрубониро Бо ду вожа метавон тасвир кард Яъне, дастони падарам. *** Падарам сарватманд нест Фақат як кӯзаи сурх тилло дорад. Даруни сина дили бебаҳо дорад! *** Ғурури сарбаландиро Дар кӯдакӣ омӯхтаам Аз шонаҳои падарам! *** Тасдиқ мекунам Хатсайри муҳаббатро Аз замин то осмон...
  13. ТОҶИКОН ФОРУМ

    Сурайё Ҳасансултон - адиб, рӯзноманигор ва шоири тоҷик

    Аз шавқи тамошои ту дил сер нагардад, То ишқ бувад ҳавсалаҳо пир нагардад. Бо ҳар нафаси тоза ҷавон аст муҳаббат, Дар ҳеч замон ишқ ба мо дер нагардад. Озодии Қайс аст ҷунунбанди садоқат, Маҷнун нашавад, лоиқи занҷир нагардад. Парво накунам ҳеч зи найранги рақибон, Сад ҳилла кунад рӯбаҳаке шер...
  14. ТОҶИКОН ФОРУМ

    Сурайё Ҳасансултон - адиб, рӯзноманигор ва шоири тоҷик

    Овозатон хаста мабод Шаҳзода Зайниддинова! Хушҳолам аз ҳамкорӣ бо Шумо! *** Нафаси тозаи дидори туро мехоҳам, Нигаҳи гарму вафодори туро мехоҳам. Чӣ аҷаб чашми ту лабрез зи шеър аст, биё Ки ман илҳоми шарарбори туро мехоҳам. Ту бигӯ бо чӣ далеле, ки ба худ меорӣ? Шакару шираи гуфтори туро...
  15. ТОҶИКОН ФОРУМ

    Сурайё Ҳасансултон - адиб, рӯзноманигор ва шоири тоҷик

    Гуфтам, ки равам ёр, ба дидори Шумо? Гуфт: Чаро не? Гуфтам, ки шавам ошиқи ғамхори Шумо. Гуфт: Хато не! Гуфтам, ки ба ҷуз хандаи чашмони Шумо ҳаст давое? Ин ҷону дили мост, ки бемори Шумо. Гуфт: Даво не. Гуфтам, ки шикоят бибарам пеши кӣ аз ҷабри рақибон? Аз дасти ғамам гарм чу бозори Шумо...
  16. ТОҶИКОН ФОРУМ

    Сурайё Ҳасансултон - адиб, рӯзноманигор ва шоири тоҷик

    Бо гули лабханди ту фасли баҳор оғоз шуд, Лолаҳои сурхи ишқам ғунча - ғунча боз шуд. Бо нигоҳи обшори чашмаи чашмони сабз, Дар сукути сина мавҷи ишқ пуровоз шуд. Бар кабутарҳои шавқи хеш гуфтам бо ҳавас, Пар кушову меҳрубон шав, фурсати парвоз шуд. Ноумедӣ...бандҳо дар пойи мо н-ояд ба кор, Як...
  17. ТОҶИКОН ФОРУМ

    Сурайё Ҳасансултон - адиб, рӯзноманигор ва шоири тоҷик

    Сурайё Ҳасансултон (номи пурра — Сурайё Ҳакимова; таваллуд — 8 майи соли 1980, деҳаи Қаракчиқуми ноҳияи Конибодом, вилояти Суғд) — адиб, рӯзноманигор, шоир ва адабиётшиноси маъруфи тоҷик, номзади илмҳои филология (2010). Ӯ узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз соли 2008 ва узви Иттифоқи...
  18. ТОҶИКОН ФОРУМ

    Nodira Nazari

    Ҳар меваи анбони баҳорам ширин, Зардолуи қандаки диёрам ширин! Лабрези шакар ҷоми самарқанди лабам, Гелоси лабони гулнисорам ширин! Парво накунам аз ғами ҳар бешу каме, Лабханди гулу нигоҳи ёрам ширин! То моҳ сафар кунам зи иброми рақиб, Оҳанги лаби Зӯҳра* биёрам ширин! Аз чашмакии ситораҳо...
  19. ТОҶИКОН ФОРУМ

    Nodira Nazari

    Бикӯшед то ному нанг оваред, Сари душманон зери чанг оваред! Бикӯшеду якбора нанг оваред, Ҷаҳон бар бадандеш танг оваред! Бикуш оташи хурд пеш аз газанд, Ки гетӣ бисӯзад чу гардад баланд. Мадоред бе дидбон марзи хеш, Падид оваред андар он арзи хеш. Як имрӯз бар кор чустӣ кунед, Ба мардонагӣ...
  20. ТОҶИКОН ФОРУМ

    Nodira Nazari

Назад
Верх Низ