Сурайё Ҳасансултон - адиб, рӯзноманигор ва шоири тоҷик

1000057458.jpg

Сурайё Ҳасансултон (номи пурра — Сурайё Ҳакимова; таваллуд — 8 майи соли 1980, деҳаи Қаракчиқуми ноҳияи Конибодом, вилояти Суғд) — адиб, рӯзноманигор, шоир ва адабиётшиноси маъруфи тоҷик, номзади илмҳои филология (2010). Ӯ узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз соли 2008 ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз соли 2020 мебошад.

Фаъолияти рӯзноманигории худро соли 2004 дар рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» оғоз намуда, то ба мансаби муовини сармуҳаррир расидааст. Дар баробари мақолаҳои таҳлилӣ, ӯ дар соҳаи илмӣ низ фаъол буда, баъди хатми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар бахши рӯзноманигорӣ, таҳқиқоти илмии худро дар мавзӯи «Вижагиҳои иҷтимоии шеъри муосири тоҷикӣ» анҷом додааст.

Сурайё Ҳасансултон инчунин дар соҳаи ҳунар таҷриба дошта, дар филми «Тангно» (Суғдсинамо, 2017) нақши модари Армон — Розияро иҷро кардааст.

Муаллифи чандин китоби шеър ва пажӯҳишҳои илмӣ буда, аз ҷумла:

«Даричаи умед» (2010),

«Шеър, ҳунар ва иҷтимоъ» (2018),

«Даст ба дасти орзу» (2019),

«Чиҳил дарси Камол» (2020),

«Гӯшвори гелос» (2021),

«Валси сапеди офтоб» (2022),

«Ҳақиқат аз равзанаи замон» (2022),

«Зане, ки бо раҳи хуршед меояд» (2025).


Сазовори ҷоизаҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон «Падида» (2015) ва ҷоизаи журналистони вилояти Суғд ба номи Ҳоҷӣ Содиқ (2021) гардидааст.
 

Вложения

  • FB_IMG_1749872490035.jpg
    FB_IMG_1749872490035.jpg
    73,6 КБ · Просмотры: 0
Последнее редактирование модератором:
Бо гули лабханди ту фасли баҳор оғоз шуд,
Лолаҳои сурхи ишқам ғунча - ғунча боз шуд.
Бо нигоҳи обшори чашмаи чашмони сабз,
Дар сукути сина мавҷи ишқ пуровоз шуд.
Бар кабутарҳои шавқи хеш гуфтам бо ҳавас,
Пар кушову меҳрубон шав, фурсати парвоз шуд.
Ноумедӣ...бандҳо дар пойи мо н-ояд ба кор,
Як даре гар баста кардӣ, сад дари мо боз шуд.
Пурмуҳаббат омадам бо тақ-тақи кафши баланд,
Сози нағзе набзи ҷонро ҳамдаму ҳамроз шуд.
То шавӣ шайдои шарми арғувонии дилам,
Ишваҳои ошиқи ман бонуи пурноз шуд.
Нусха бо аслаш баробар кай шавад, дар ҳусн низ,
Зебу зиннат бар Сурайё ҳусни бепардоз шуд.
***
Сурайё
 
Гуфтам, ки равам ёр, ба дидори Шумо? Гуфт: Чаро не?
Гуфтам, ки шавам ошиқи ғамхори Шумо. Гуфт: Хато не!
Гуфтам, ки ба ҷуз хандаи чашмони Шумо ҳаст давое?
Ин ҷону дили мост, ки бемори Шумо. Гуфт: Даво не.
Гуфтам, ки шикоят бибарам пеши кӣ аз ҷабри рақибон?
Аз дасти ғамам гарм чу бозори Шумо. Гуфт: Ба мо не!
Гуфтам, ки ба сад нозу таманнову тасаннои дили худ,
Пайдост, ки поён бикунам кори Шумо. Гуфт: Ҳаё не?
Гуфтам, ки қаду қомати раъно, дили зебо, лаби хандон,
Тақдим кунам! Боз чӣ даркори Шумо? Гуфт: Адо не?
Як чиз ба подоши ҳама замзамаи ишқ бихоҳам,
Берун нашавад ҳеҷ зи афкори Шумо. Гуфт: Вафо не?
Бар ишқи Сурайё нашавад боз хиёнат, нафурӯшед,
Гуфтам ба ҳамин шарт шавам ёри Шумо. Гуфт: Чаро не?!
***
Сурайё
"Зане, ки бо раҳи хуршед меояд
 
Овозатон хаста мабод Шаҳзода Зайниддинова! Хушҳолам аз ҳамкорӣ бо Шумо!
***
Нафаси тозаи дидори туро мехоҳам,
Нигаҳи гарму вафодори туро мехоҳам.
Чӣ аҷаб чашми ту лабрез зи шеър аст, биё
Ки ман илҳоми шарарбори туро мехоҳам.
Ту бигӯ бо чӣ далеле, ки ба худ меорӣ?
Шакару шираи гуфтори туро мехоҳам.
Чу зи лабханди ту шодӣ ба ҷаҳон меояд,
Ҳама дам хандаи бисёри туро мехоҳам.
Ман аз ин селаи андӯҳ нафастанг шудам,
Ба наҷотам дили ғамхори туро мехоҳам.
Ба гули чашми Сурайё чӣ қадар роз ниҳон?
Ту бигӯ ишқ, ки иқрори туро мехоҳам!
******
Сурайё
 
Аз шавқи тамошои ту дил сер нагардад,
То ишқ бувад ҳавсалаҳо пир нагардад.
Бо ҳар нафаси тоза ҷавон аст муҳаббат,
Дар ҳеч замон ишқ ба мо дер нагардад.
Озодии Қайс аст ҷунунбанди садоқат,
Маҷнун нашавад, лоиқи занҷир нагардад.
Парво накунам ҳеч зи найранги рақибон,
Сад ҳилла кунад рӯбаҳаке шер нагардад.
Донӣ чӣ ғурур аст ба сарҳои бурида?
Боло нашавад, дар дами шамшер нагардад.
Пазмони нигоҳи ту шуда нози базебам,
Ҷуз чашм, бале, чашми ту тадбир нагардад.
Гуфтӣ, ки Сурайё ғазале гӯй бароям,
Бо ҳеч сухан васфи ту тасвир нагардад.
***
Сурайё
***
از شوق تماشای تو دل سیر نگردد،
تا عشق بود حوسله‌ها پیر نگردد.
با هر نفس تازه جوان است محبّت،
در هیچ زمان عشق به ما دیر نگردد.
آزادی قیس است جنونبند صداقت،
مجنون نشود، لایق زنجیر نگردد.
پروا نکنم هیچ ز نیرنگ رقیبان،
صد حلله کند روبهکی شیر نگردد.
دانی چه غرور است به سرهای بریده؟
بالا نشود، در دم شمیشیر نگردد.
پزمان نگاه تو شده ناز بزیبم،
جز چشم، بلی چشم تو تدبیر نگردد.
گفتی، که ثریا غزلی گوی برایم،
با هیچ سخن وصف تو تصویر نگردد.
***
ثریا
 
Вусъати меҳрубониро
Бо ду вожа метавон тасвир кард
Яъне, дастони падарам.
***
Падарам сарватманд нест
Фақат як кӯзаи сурх тилло дорад.
Даруни сина дили бебаҳо дорад!
***
Ғурури сарбаландиро
Дар кӯдакӣ омӯхтаам
Аз шонаҳои падарам!
***
Тасдиқ мекунам
Хатсайри муҳаббатро
Аз замин то осмон
В-аз осмон то остони ту!
***
Гулдони хонаро дилаш
Барои гулҳо танг шудааст
Ту намедонӣ!
***
Сурайё
 
Бо нози шакаррези табассум шавад эҳсос,
Дар қанди лаби сурх бувад лаззати гелос.
Бомазза аҷаб шираи лабханди баҳорам,
Бо таъми базеби асали ноб ту бишнос.
Аз атри хуши ҳарфи муҳаббат чӣ бигӯям?
Садбарги чаман, лолаву райҳону гули ёс.
Гар ваъдаи дидори ту ташбеҳ намоям,
Монанди ҳамон мӯ, ки набинӣ ба сари тос.
Гуфтӣ, ки чӣ савдост ба бозори ду чашмат?
Дорад нигаҳам ишқи Зулайхои туро пос.
Ин қисса ҳазор асту якеро шунав аз ман,
Ганҷина бувад ишқи дилам, гавҳару алмос.
Чун ғунча шукуфон шудани меҳри Сурайё,
Бо нози шакаррези табассум шавад эҳсос.
***
Сурайё
 
Ид омад бо навиди бӯсаи ширини ёр,
Қанду ҳалвои лабатро ҳадяи идӣ биёр.
Аз нигоҳи дилрабоям кай туро бошад амон?
Нест акнун нози чашму ишваҳоям рӯзадор.
Гуфта будам дам нахоҳам зад зи ишқи ту, вале
Бохабар шуд ними шаҳр аз рози пинҳоношкор.
То нагардад чашми чори интизориҳо вубол,
Бар савоби дидани дидори мо фурсат гузор.
Дар чаманзори муҳаббат лолаҳо сурху сапед,
Мешиносӣ атри оғӯши маро? Бӯи баҳор.
Аз ҷунуни дарди пазмонӣ куҷо роҳи гурез?
Мушкили ҳиҷрони рӯят бар дилам осон мадор.
Сад шикоятнома бар унвони ту кардам ғазал,
Сафҳа-сафҳа сабти асноди ғами моро шумор.
Ҷуз муҳаббат, ҷуз вафодорӣ намехоҳам дигар,
Бо Сурайё ишқ бошад аввалу поёни кор.
***
Сурайё

عید آمد با نوید بوسة شیرین یار،
قند و حلوای لبت را هدیه عیدی بیار.
از نگاه دلربایم کی ترا باشد امان،
نیست اکنون ناز چشمو اشوه‌هایم روزه‌دار.
گفته بودم دم نخواهم زد ز عشق تو، ولی
باخبر شد نیم شهر از راز پنهاناشکار.
تا نگردد چشم چار انتظاریها وبال،
بر صواب دیدن دیدار ما فرصت گذار.
در چمنزار محبّت لاله‌ها سرخ و سپید،
می‌شناسی عطر آغوش مرا؟ بوی بهار.
از جنون درد پزمانی کجا راه گریز،
مشکل هجران رویت بر دلم آسان مدار.
صد شکایتنامه بر عنوان تو گردم غزل،
صفحه-صفحه ثبت اسناد غم ما را شمار.
جز محبّت، جز وفاداری نمی‌خواهم دیگر،
با ثریا عشق باشد اوّل و پایان کار.
***
ثریا
 
Шеърро ангезаи зебост чашмонат,
Не! Ғалат шуд! Шоири дилҳост чашмонат!
Дар назар ӯ ҳеч коре ҳам накард, аммо
Чашмакӣ зад, шӯру шар орост чашмонат.
Мижагонат сафкашида бар шикори дил,
Қотили бераҳми ҷони мост чашмонат.
Кӣ рабуд аз мо дили шайдо, ту мепурсӣ?
Дузд маълум асту ин пайдост... чашмонат.
Ханда дорад чашмҳоят, аз худаш розӣ,
Баски аз мо ишқро мехост чашмонат.
Ҳар қадар пинҳон намоӣ бештар равшан,
Бар Сурайё ошиқи шайдост чашмонат.
***
Сурайё
 
Нест мавҷуд ҳеч ранге, то кунад тасвир
ҳасрати танҳоии дилро,
дар миёни издиҳоми дардҳои зиндагӣ бе ишқ.
Ҳеч рангеро намедонам,
то шиносад ин дили бишкаставу зорам.
Дар назар сурхи сияҳранг аст
сангҳои хораи қалбат.
Ранги оташ ё ки хокистар,
ранги чашми нилии дарё.
ранги хоки ҳасрати дунё.
Ҳеч медонӣ, фалакро чарх гардон аст?!
Он чӣ кардӣ, мегирӣ ҳатман!
Ман намедонам,
аз кадомин ранг бояд гуфт?
Нест мавҷуд ҳеч ранге, то кунад тасвир
нақшҳои ҳасрати танҳоии дилро,
нақшҳои холӣ аз шодӣ,
нақшҳои холӣ аз умеди сарсабзӣ,
нақшҳое, ки надорад ҳеч хуршеде
то бигӯяд аз паёми субҳ,
аз ҳамон субҳи аҳуроӣ.
Дардҳоятро намегӯям сияҳ, зеро
зулмати андӯҳи дарди ишқ
равшании дигаре дорад!
Ту магар дар рӯз мебинӣ
ахтарони пурҷилоро дар самои дур?
То набошад шаб
чашмҳои мо намебинад
баъди торикӣ
офтобе дар нигоҳи осмон зебост!
***
Сурайё
 
Зуд бояд рафт,
аз ҳамон ҷое, ки қадратро намедонанд,
аз миёни издиҳоми мардуми ошиқ ба номи хеш,
аз ҳамон давре, ки болатро
бо ҳасодат мезанад қайчӣ.

Дӯстам, бар ёди хотир гир,
то шавӣ сарсабз,
аз канори мардуми садранг
пой дар оғӯши худ бигрез,
аз тамаллуқ бош дар парҳез!

Бо ҷасорат, зуд бояд рафт,
баҳри истиқболи субҳи шодии ҳаррӯз!
Баҳри озодӣ ба афкорат,
аз қафас берун бикун дилро,
ин ҷаҳон дар ихтиёри туст.
Косаи даври фалак оинадори туст.

Дар нигоҳи хеш пайдо кун,
самти парвози баланди орзуро ҷониби хуршед,
остони осмон болост.

Гар талоши зиндагӣ бо туст,
ахтари тобандагӣ бо туст,
Гар туро бар хеш бовар ҳаст,
мекунӣ ҳаррӯзро Наврӯз!

Ҳеч медонӣ, ки аз барқи назарҳоят,
мешавад равшан чароғи роҳи фардоят?!
Пас ҳамеша ҷони ширинам,
бар алови чашмҳои хеш муваззаф бош!
Ин иҷозатро надорад ҳеҷ кас,
то кунад хомӯш,
шуълаи оташ ба чашмонат!

Нағз медонӣ...
сахт душвор аст,
бечароғӣ дар шаби торик.
Оташи афсурдагиҳоят,
бар ниҳоли қомати рӯҳат хатар дорад.

Пас, биё эй дӯст, дар биёбони дили танҳо,
Ишқ шав...
Борони раҳмат бош.
Бо муҳаббат зиндагӣ зебост...
Марги мо аз ишқ метарсад!
***
Сурайё
 
Хаста шудам
аз гиру дори зиндагӣ,
аз найранги одамони садрӯ
ки ҳеч рӯ надоранд.
Дилам нафастанг мешавад
дар издиҳоми ҷонҳои беруҳ,
миёни анбӯҳи дурӯғи маҳз ва як пода фиреб.

Боварҳо дигар ишқро намешиносанд,
одамҳо гулшани бобунаро намебинанд,
ҳайфи бӯйи райҳони худруй,
гули нилуфар ошиқи мурдоб аст.

Дар бағали озодӣ
ҳама яксара ғуломи пул шудаанд,
ба як танга мефурӯшанд виҷдонро!
Ва бо шумори бонкҳо
ҷаҳонӣ мешавад эҳсосҳои рақамӣ...

Ҷанг тиҷорат шудааст.
Садои тир дар чашми кӯдаки Фаластин
қатл мекунад бовари афсонаҳоро...
Ҳеч кас, дар ғами ҳеч кас нест,
Инсоният савори аспи ғуруру худхоҳист!
Касе хабар дорад,
оғози иштибоҳи башарият куҷост?

Хаста шудам
аз гиру дори зиндагӣ...
то зинда бимонам, бояд биравам кунҷе
ва “Шоҳнома” бихонам,
достони Фаридунро...
***
Сурайё
 
Имрузҳо бо тарҷумаи шеърҳои шоири қирғиз Гулзада Станалиева машғулам. Нигоҳои зебо,тасвирҳои шоирона, эҳсосҳои латиф ва маҳорати эҷодии ин шоири хушсалиқа маро мафтун сохт. Як шеъри бонуи боҳунари Қирғизистонро ба хонандагони тоҷик чун "саброна" пешниҳод мекунам!

***
Даст мазан ба кокулони печ -печи ман,
Ламс бикун бо нигаҳи навозишат.
Ту бар наҷоти ман,
ҳарф магў, сухан мазан.
Фақат ки ҷони сарду хастаро,
Гарм бикун
бо нафаси пуроташат.
Зи чашмҳои худ марез оби дидаро,
Барои ғуссаҳо, ки рўи шонаам нишаст,
Зи сидқи дил ту гиря кун барои ман.
Ки ҷони боғуруру бошараф
Ва бо ҳаё
Нахуст аз эҳтиром қадр мешавад!
***
Тарҷумаи Сурайё Ҳакимова
 
Байти лабханди ту бошад матлаи зебоғазал,
Васфи сурхи маззаи гелосро, аз мо ғазал.
Рӯсапедиҳои ташбеҳ аз ҳузури рӯйи туст,
Мешавад бо байти абрӯи сияҳ, воло ғазал.
Мекунад пинҳон агарчӣ дил ғамашро дам ба дам,
Розро ифшо бисозад номаи сарвоғазал.
То ҳанӯз аз омаданҳо не паёме, не дарак,
Мекунӣ коре нависам бо радифи “о” ғазал.
Эй ки мегӯӣ ғазал дорад ба суннат кӯҳнагӣ,
Фарз бар мо аст нав гуфтан ҳамин ҳоло ғазал.
Гар рубоиву дубайтӣ, маснавӣ аз ишқ гуфт,
Аз чӣ маҳбуб аст? Зеро ошиқи шайдо ғазал.
Ошиқе бо шавқ мехонад барои дилбараш,
Бо муҳаббат гар Сурайё мекунад иншо ғазал.
***
Сурайё
 
Лабгазон нози Сурайё бикунад ишвагарӣ,
Гар ту ногаҳ зи хиёбони хаёлам гузарӣ.
Ошиқи рӯи маҳи мо нашудан душвор аст,
Накунад ҳеч раҳо ҳусни паризода, парӣ!
Зиндагӣ бо нигаҳи меҳр басе рангин аст,
Барқи чашмони ту омӯхт ба ман хушназарӣ.
Чӣ қадар набзи маро лаззати ширин бахшӣ,
Ҳар гаҳе бо дили шӯрида ба сӯям нигарӣ.
Дар бағал меҳр агар сӯи муҳаббат биравам,
Бо раҳи ишқи ту хуш бод ба дил ҳамсафарӣ.
Ҳасрати бӯсаи нокардаи мо сарсон аст,
Мешавад умри ҷавон бо шаби ҳиҷрон сипарӣ.
Аз куҷо омадӣ, эй шӯху ҷунунпешаи ман,
Дилбарӣ, шеъри тарӣ? Не... дигарӣ, ту ҷигарӣ!
***
Сурайё
 
Як ғунча маро баҳор кофист,
Як гулшани гулузор кофист.
Бар оташи шуълабори ишқам,
Як барқи нигоҳи ёр кофист.
Дунёи ту дар канор ғунҷад,
Як пора дили нигор кофист.
Гар ром шавад ба дом сайдам,
Оҳунигаҳи шикор кофист.
Сармаст шавам зи ёди ширин,
Як хандаи майгусор кофист.
Сад ваъда кунӣ висоли дилро,
Як лаззати интизор кофист.
Аз рӯву лабу забону гардан,
Як –як мазаи чаҳор кофист.
Аз бахти баланд, вақти дидор,
Як ёру маро хумор кофист!
***
Сурайё
 
Чашмҳои чор донад давлати дидорро,
Беқарорӣ, шавқҳои пурхумори ёрро.
То дилатро гарм созад оташи меҳри зиёд,
Ҳадя овардам бароят ишқи афсункорро.
Лаззати ширини лабҳо мешиносад ангубин,
Бӯсаҳои дилрабои дилбари айёрро.
Дастҳоямро зи дастонат раҳо ҳаргиз макун,
Бар ту гӯям шеваҳои куштани ағёро.
Гуфтаӣ чун бар дилам раҳ ёфтӣ, эй нозанин,
Ҳарфи нағз аз лона берун мебиёрад морро.
То расад аз роҳи мақсудат муроди зиндагӣ,
Чаппагардон кун дилам, аз пеши худ деворро.
Аз Сурайёи муҳаббат ҳаҷми пазмонӣ мапурс,
Кай шиносад дӯстдориҳои мо оморро?!
***
Сурайё
 
Зане, ки бо раҳи хуршед меояд,
Ба дил сад шуъла аз уммед меояд.
Зафарро мекунад бовар, ки фардоро,
Дурахши ахтари испед меояд....
__________________________________________

✨️Итмоми як китоби офтобӣ, ки ҳар сатру вожа саҳфа ба саҳфа лабрези ишқу муҳаббат, умеди васл, ҳасрату ҳиҷрон, орзуву армони инсони хокиро бозгӯст, бароям фараҳбахш буд....

✨️Ғазалу рубоӣ, дубайтиву шеъри озод, шеъри сапеди кутоҳ - ҳама бо як оҳанг, новобаста ба мушкилу гиреҳҳои пай дар пай ва пайроҳаҳои пурпечутоби қисмат, ҳамоно аз зебогии зиндагӣ садо медиҳад.

✨️Хоҳари нағзи ман, ҳамназару ҳаммаслаку ҳамкасбу ҳамнишини ман! ️Роҳатон ҳамеша хуршедӣ, эҷодатон пур аз нуру гармӣ ва қалби нозукатон беранҷ бод!
#Фото_от_Шахноз
#Як_китоби_хондагӣ_аз_Шаҳноз
 
То забони нози моро ёр медонад фақат,
Тарзи дил бурдан зи мо дилдор медонад фақат.

Лаззати афсонаҳоро аз ҳазору як шабам,
Қисса- қисса дидаи бедор медонад фақат.

Беқарориҳои дилро чашмҳои чор гуфт:
Дидаи нам ғуссаи бисёр медонад фақат.

Шонаҳои ту куҷо бо такяи пушту паноҳ?
Ҷои холии туро девор медонад фақат.

Менависам бар ҷудоӣ номаи дуру дароз,
Он чӣ гуфтам... гиряи худкор* медонад фақат.

Кори саҳле нест иқрори ҳунар дар килки мо,
Нотавонбин фурсати инкор медонад фақат.

Дафтари девони дил гӯяд ғазалҳои баноз,
То забони нози моро ёр медонад фақат.
***
* қалам
Сурайё
 
Шеъри Гулзада Станалиева шоири хушзавқи қирғиз.
Тарҷумаи Сурайё Хакимова

ИНТИЗОРӢ
Издиҳоми одамони бошитоб,
Ман вале кунҷе хамӯшу бесадо.
Ҳар касе чун сояе бигзашт, боз
Интизори як нафар чашмони мо.

Духтаре дар тан либоси сурх рафт,
Мӯсафед оҳиста мегирад асо.
Аз паси тӯбе шитобон баччаҳо,
Чанги кӯча меравад сӯи само.

Як назар дидам занеро... медавад,
Кифи худ бигрифта бар зери бағал.
Марди раҳ хотирпарешон меравад,
Ҷомаи кӯҳна ба тан, дорад ҷадал.

Даст бар дасти муҳаббат беибо,
Ошиқон ҳам раҳсипоранд аз канор.
Дар сари раҳ як саги бесоҳибе,
Бо умеди луқма дар гаштугузор.

Офтоб аз ҷодаҳо зебо гузашт,
Зулмати шаб рехт дар мобайни роҳ.
Ҳарчӣ аз ин кӯи пурғавғо гузашт,
Ҷуз касе, ки интизораш буд моҳ.

Даҳшати торик боз омад фурӯ,
Ман надидам он ки дил дорад талаб.
Шохаҳои хастаро бурда ғанаб,
Шаҳри мо бар хоб шуд ҳамроҳи шаб.
 
Назад
Верх Низ