Результаты поиска

  1. ТОҶИКОН ФОРУМ

    Аминҷон Шукӯҳӣ: Агар рӯзе ҷавонӣ чун баҳорон боз меомад

    Ёди ватан Ба сар орам агар ёди ватанро, Ҷилои нав диҳам ҳарфу суханро. Агар дар сӯхтан бошад муҳаббат, Зи ман омӯз доим сӯхтанро. Агарчи моҳ ояд бар нигинам, Агарчи Зӯҳра гардад ҳамнишинам, Нахезам ман ба истиқболи бахте, Наорад бахт агар бар сарзаминам. Ватан на деҳаю на хонаи ман, Сухан на...
  2. ТОҶИКОН ФОРУМ

    Аминҷон Шукӯҳӣ: Агар рӯзе ҷавонӣ чун баҳорон боз меомад

    Интизорӣ Гули садбарги сурхеро харида, Ба вақти ваъдагӣ сӯят давида, Туро аммо дар он ҷо ман надида, Нишастам оҳи вазнине кашида. Дилам хун шуд зи раҳпойӣ, азизам, Чаро охир намеойӣ, азизам? Ба уммеди ту, ҷоно бекамукост Ҳазорон бор рафтам бар чапу рост, Аз он ҷо рафтан асло дил намехост, Бикун...
  3. ТОҶИКОН ФОРУМ

    Аминҷон Шукӯҳӣ: Агар рӯзе ҷавонӣ чун баҳорон боз меомад

    Оби ҷонбахш Гул ба оби ҷӯй вақте ки хуморӣ мешавад, Барги ҳар як ғунча чашми интизорӣ мешавад. Об ояд тӯй хоҳам кард гӯяд боғи нав, Ҳар қарори ошиқон аз беқарорӣ мешавад. Ҳар кӣ кард обод як саҳрои ноободро Ҳар ниҳол аз ҳиммати ӯ ёдгорӣ мешавад. Дона то дар хок н-афтад кай ба боло қад кашад...
  4. ТОҶИКОН ФОРУМ

    Аминҷон Шукӯҳӣ: Агар рӯзе ҷавонӣ чун баҳорон боз меомад

    Мепарварам Беҳтар аз ҷонам туро, эй дилрабо, мепарварам, Карда ишқатро, чу дил, дар сина ҷо мепарварам. Зулфи мушкини туро, мисли сабо, мепарварам, Сарви қаддатро ба боғи дилкушо мепарварам, Дар дилам ганҷинаи меҳру вафо мепарварам. Ман туро сад бор, эй гулпираҳан, санҷидаам, Дар вафою шафқату...
  5. ТОҶИКОН ФОРУМ

    Аминҷон Шукӯҳӣ: Агар рӯзе ҷавонӣ чун баҳорон боз меомад

    Ту гул не Бидидам, гул вафодорӣ надорад, Ба роҳи ишқ подорӣ надорад, Насими раҳгузар чун бӯсад ӯро, Ба булбул вай дигар коре надорад, Ту гул не, ҷони ман, ҳаргиз ту гул не. Гул охир на дилу на дида дорад, Фақат як чеҳраи хандида дорад, Агар ҳиммат кунад танҳо ду-се рӯз, Ба бӯяш хотирам болида...
  6. ТОҶИКОН ФОРУМ

    Аминҷон Шукӯҳӣ: Агар рӯзе ҷавонӣ чун баҳорон боз меомад

    Ҷавонӣ агар боз ояд Агар рӯзе ҷавонӣ чун баҳорон боз меомад, Чу оби нуқравори ҷӯйборон боз меомад, Чу марҷони гул андар шохсорон боз меомад, Туро меҷустаму меёфтам аз нав, Ба мӯят қиссаҳо мебофтам аз нав. Зи нав аспи хаёлу орзуро мезадам маҳмез, Вафодории худро то барам пешат чу дастовез...
  7. ТОҶИКОН ФОРУМ

    Гулрухсор: ишқу дард

    Истиқбол Ман дигар танҳо наям байни замину осмон, Ман дигар маҳзун наям бо хандаҳои ғамаён, Ман дигар нозир наям дар роҳи холии ҷаҳон, Ҷони ман, сад сол гар дер омадӣ, хуш омадӣ! Гар нагаштам ғарқ дар гирдоби чашми таҳкашат, Гар намурдам лаҳзаи дидор аз рӯйи хушат, Зинда гаштам, балки аз...
  8. ТОҶИКОН ФОРУМ

    Гулрухсор: ишқу дард

    Захми ниҳон Бимон гулбарги рӯйи ман хазон гардад, Ту умре бехазону гулфишон бошӣ. Бимон ман сӯзаму ту дар амон бошӣ, Бимон ман мираму ту ҷовидон бошӣ! Бимон ҳар лаҳза чанги номуродиҳо, Ба рухсорам хати ожанг бигзорад. Бимон ишқи ту чун захми ниҳони дил Маро ҳар лаҳзаву ҳар рӯз озорад. Тавони сад...
  9. ТОҶИКОН ФОРУМ

    Гулрухсор: ишқу дард

    Ватанам Тоҷикистон, сари ҳар санги ту бар маи Ватан аст, Бари ҳар буттаи хори ту бароям чаман аст. Заррае некам агар дарси ту аз бар кардам, Заррае хубам агар ҳусни ту мероси ман аст. Кӯҳсорони ту аз нуқраву тиллост баланд, Ту баландӣ зи баландии вафои писарон. Сари ҳар сахра яке кулбаи сангист...
  10. ТОҶИКОН ФОРУМ

    Гулрухсор: ишқу дард

    Ғолиби хастаҷон Ба ёди ту чӣ шабҳое саҳар кардам, Чӣ ғамҳое, ки бе ту пушти сар кардам. Туро, эй хокии хокӣ, ба тахти ишқ, Зи худ бологузар, болоназар кардам. Вафо аз бевафо омӯхтам охир, Вафоро дар набарди дил сипар кардам. Чӣ исёне, ки бо худ кардаам бехуд, Зи сирри хеш оламро хабар кардам...
  11. ТОҶИКОН ФОРУМ

    Гулрухсор: ишқу дард

    Муҳаббат Маро мешиносӣ, ҳамонам, ҳамонам, Ҳамон ошиқам ман, ҳамон беқарорам, Ду чашми хуморӣ, ду рӯйи анорӣ, Чу мурғи самандар саросар шарорам. На занҷири қисмат, на тазвиру ғайбат, Надорад зи роҳам, зи роҳи муҳаббат. Муҳаббат, муҳаббат, зи сӯзу азобат, Зи дарду итобат, дилам шуд китобат...
  12. ТОҶИКОН ФОРУМ

    Гулрухсор: ишқу дард

    Хуршеди ховар Хушрӯз модарам, дилсӯз модарам, Ганҷи ягонаам, хуршеди ховарам. Чун дасти зиндагӣ дасти ту бар сарам, Бахти баланди ман ҳастӣ ту модарам. Марде надидаам мисли ту бурдбор. Фарде надидаам мисли ту хоксор. Эй духтари замин, эй модари ҷаҳон, То ҳаст зиндагӣ ҳастӣ ту ҷовидон! Хушрӯз...
  13. ТОҶИКОН ФОРУМ

    Гулрухсор: ишқу дард

    Дунё ғанимат аст! Дунё ғанимат аст, аз ман хабар бигир, Ҳар лаҳза қиммат аст, аз ман хабар бигир. Ин ҷомаи хазон, ин ранги заъфарон, Панду насиҳат аст, аз ман хабар бигир! Рӯ-рӯйи қулла рав, аз хок дил накан Фарзанди хок ту, фарзанди хок ман. Дар даҳр зиндагӣ ҳарчанд қиммат аст, Бе ту чӣ...
  14. ТОҶИКОН ФОРУМ

    Гулрухсор: ишқу дард

    Суруди зани танҳо Чӣ танҳоӣ, ки дар ҷоҳу ҷалоли хеш дилгирам, Миёни чор девори баланду сахти тақдирам. Нарав аз бар, нарав аз сар, нарав аз дил, ки мемирам, Ба рӯзи сахту танҳоӣ дилу дасти кӣ мегирам? Дар ин ғавғо, дар ин савдо, дар ин шӯру шари дунё, Туро мегӯяму бо ёди ту бадбахти хушбахтам...
  15. ТОҶИКОН ФОРУМ

    Гулрухсор: ишқу дард

    Нобаробар Ту аз ман будиву ман аз ту будам, Ту ёри дигарӣ, ман моли дигар. Дар ишқу ошиқӣ шоҳу гадо нест, Чаро ишқи ману ту нобаробар?! Намебинӣ, намебахшӣ ту ҳаргиз, Хатои ман, гуноҳи ман, ғами ман, Намегирям, намегирям, мабодо, Набинад беғаме чашми нами ман! Ҳар он чизе, ки хоҳад одамизод, Дар...
  16. ТОҶИКОН ФОРУМ

    ‼️500 мухаммас аз 500 шоир🌺🌺

    22. Марямбонуи Фарғонӣ Ду мухаммас бар ғазали Хоҷа Ҳофиз Чун қомати расои ту дар баҳру дар бар аст, Сад сарв чокар асту ғуломат санавбар аст. Густарда хон ба пешат, бин, гулбашаккар аст, «Боғи маро чӣ ҳоҷати сарву санавбар аст, Шамшоди хонапарвари мо аз кӣ камтар аст?» Дил ташнаи шароб шуда...
  17. ТОҶИКОН ФОРУМ

    ‼️500 мухаммас аз 500 шоир🌺🌺

    21. Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ Мухаммас бар ғазали Шамсиддини Шоҳин Ҷаъди туррааш дидам, хотирам парешон шуд, Ёди оразаш кардам, кулбаам гулистон шуд, Дарси меҳнаташ хондам, мушкилотам осон шуд, Маҳви ҷилвааш гаштам, то рухаш намоён шуд, Рафтам он қадар аз худ, к-ойина басомон шуд. Ноқаи сиришки...
  18. ТОҶИКОН ФОРУМ

    ‼️500 мухаммас аз 500 шоир🌺🌺

    18. Сурайё Хакимова бар ғазали Маҳастии Хуҷандӣ Ҷуз ба чашмонат намебинам давои хештан, Аз чӣ медорӣ ҷафоро ту равои хештан, Ё ки месанҷӣ маро андар вафои хештан, "Дар фиғонам аз дили дардошнои хештан, Хӯ гирифтам, ҳамчу най бо нолаҳои хештан." Душманӣ дорад ба мо имшаб магар обу гилам...
  19. ТОҶИКОН ФОРУМ

    ‼️500 мухаммас аз 500 шоир🌺🌺

    11. Nuriniso Akramova Мухаммас бар ғазали Гулрухсор Агар нурам, ба дил сад нор дорам, Дили н-осудаи бемор дорам, Ба шабҳо дидаи бедор дорам, «Зи гулзори муродам хор дорам, Зи ҳузни шодиям озор дорам». Набишнид ёри ман аз зораи дил, Напурсид ҳолати бечораи дил, Накард бо меҳрубонӣ чораи дил...
  20. ТОҶИКОН ФОРУМ

    ‼️500 мухаммас аз 500 шоир🌺🌺

    20. Sangmuhammad Jafari ... бар ғазали устод Садриддин Айнӣ Аз мани мискин салом бар беқарори ман баред, Шарҳи ҳоламро ба пеши ғамгусори ман баред, Як ду пайғом медиҳам ёрон ба ёри ман баред, Дӯстон арзи умедам бар нигори ман баред, Раҳмате ба хотири умедвори ман баред. Ё ба ман аз назди ӯ...
Верх Низ