Гулрухсор: ишқу дард

Admin

ТОҶИКОН ФОРУМ
Основатель проект
Гулрухсор СафиеваГулрухсор Сафиева (з.1947) — шоираи тавонову саршиноси тоҷик аст. Китобу маҷмӯаҳояш: «Бунафша» (1970), «Хонаи падар» (1973), «Шабдарав» (1975), «Афсонаи кӯҳӣ» (1975), «Дунёи дил» (1977), «Ихлос» (1980), «Оташи Суғд» (1981), «Гаҳвораи сабз» (1984 бо ҳуруфи форсӣ), «Сипар» (бо ҳуруфи форсӣ), «Оинаи рӯз» (1984), «Шабнам» (1986), «Рӯҳи Бохтар» (1987), «Қасидаи кӯҳистон» (1988), «Тахти сангин» (1992), «Зодрӯзи дард» (1995), «Дар паноҳи сояи худ» (1998), «Рӯзномаи берӯз» (2000), «Зан ва ҷанг» (2000, 2004, 2013), «Девон» (2004), «Биҳишти хобҳо» (2004), «Девон» ( 2006), «Сад барги ғазал» (2007), «Ҷовидона» (2009) «Шӯъла дар санг» (2011), «Таронаи Ватан» (2011) ва ғ.
 

ТОҶИКОН ФОРУМ

Бот Модератор
Команда форума
Нобаробар
Ту аз ман будиву ман аз ту будам,
Ту ёри дигарӣ, ман моли дигар.
Дар ишқу ошиқӣ шоҳу гадо нест,
Чаро ишқи ману ту нобаробар?!
Намебинӣ, намебахшӣ ту ҳаргиз,
Хатои ман, гуноҳи ман, ғами ман,
Намегирям, намегирям, мабодо,
Набинад беғаме чашми нами ман!
Ҳар он чизе, ки хоҳад одамизод,
Дар ин дунё барои ман муҳайёст.
Бимирад моҳии беобмонда,
Агарчи андаруни ҳавзи тиллост.
Барои ман дилу ҷони ту даркор,
Нигоҳи гарми чашмони ту даркор.
Барои ин сари сахти ятимам,
Навозишҳои дастони ту даркор.
Зи бахту толеат хушнуд ҳастӣ?
Чаро ҳолам намепурсӣ ту боре?
Мани афтода аз чашми дили ту,
Зи ту дорам умеди ғамгусоре.
Намедуздам туро ман аз дигарҳо,
Ба ҳар кас бахт ширин аст, ширин.
Бидон, бо ёди ту танҳо равонам,
Гарам бинӣ маро дар кӯча ғамгин.
Зи ман бо ҳар баҳона мегурезӣ,
Ки гӯё шоиру овозадорам,
Лаби пурханда дорам, ғам надорам,
Зи ёрони куҳан андар канорам…
Будӣ ишқи ту рӯзи рӯзгорам,
Будӣ ёди ту ёру ғамгусорам,
Ту будӣ шӯҳрату номи баландам,
Ту бо ман нестӣ, чизе надорам!
Ту аз ман будиву ман аз ту будам,
Ту ёри дигарӣ, ман моли дигар.
Дар ишқу ошиқӣ шоҳу гадо нест,
Чаро ишқи ману ту нобаробар?!
1972
 

ТОҶИКОН ФОРУМ

Бот Модератор
Команда форума
Суруди зани танҳо
Чӣ танҳоӣ, ки дар ҷоҳу ҷалоли хеш дилгирам,
Миёни чор девори баланду сахти тақдирам.
Нарав аз бар, нарав аз сар, нарав аз дил, ки мемирам,
Ба рӯзи сахту танҳоӣ дилу дасти кӣ мегирам?
Дар ин ғавғо, дар ин савдо, дар ин шӯру шари дунё,
Туро мегӯяму бо ёди ту бадбахти хушбахтам.
Ту ҳам монанди ҳусни ман гурезониву ҳайронам,
Ба кӣ гӯям ғами дилро, куҷо созам сари сахтам?!
Сари танҳои моро сарварӣ кун гар саре дорӣ,
Чаро ман омадам бар даҳр гар ту дилбаре дорӣ?
Сари ман, сарвари ман, ҳампари ман, раҳбари ман шав,
Шабе, ки бе ту раҳгумам, маро тобанда ахтар шав!
Чӣ танҳоӣ, ки дар ҷоҳу ҷалоли хеш дилгирам,
Ба дунё омадам танҳову аз танҳоӣ мемирам…
1972
 

ТОҶИКОН ФОРУМ

Бот Модератор
Команда форума
Дунё ғанимат аст!
Дунё ғанимат аст, аз ман хабар бигир,
Ҳар лаҳза қиммат аст, аз ман хабар бигир.
Ин ҷомаи хазон, ин ранги заъфарон,
Панду насиҳат аст, аз ман хабар бигир!
Рӯ-рӯйи қулла рав, аз хок дил накан
Фарзанди хок ту, фарзанди хок ман.
Дар даҳр зиндагӣ ҳарчанд қиммат аст,
Бе ту чӣ зиндагист, эй ёри дилшикан?!
Аз ман хабар бигир!
Чашми муҳаббатам, муштоқи рӯйи туст,
Гӯянд одамӣ бо дӯстӣ накуст,
Аз қасри худ фаро, бар мулки ман биё,
Ин хона бурҷи дил, ин дил макони туст!
Аз ман хабар бигир!
Аз ман назар нагир, ёри дигар нагир,
Дунё ғанимат аст, аз ман хабар бигир!
1973
 

ТОҶИКОН ФОРУМ

Бот Модератор
Команда форума
Хуршеди ховар
Хушрӯз модарам, дилсӯз модарам,
Ганҷи ягонаам, хуршеди ховарам.
Чун дасти зиндагӣ дасти ту бар сарам,
Бахти баланди ман ҳастӣ ту модарам.
Марде надидаам мисли ту бурдбор.
Фарде надидаам мисли ту хоксор.
Эй духтари замин, эй модари ҷаҳон,
То ҳаст зиндагӣ ҳастӣ ту ҷовидон!
Хушрӯз модарам, дилсӯз модарам.
Ганҷи ягонаам, хуршеди ховарам!
1975
 

ТОҶИКОН ФОРУМ

Бот Модератор
Команда форума
Муҳаббат
Маро мешиносӣ, ҳамонам, ҳамонам,
Ҳамон ошиқам ман, ҳамон беқарорам,
Ду чашми хуморӣ, ду рӯйи анорӣ,
Чу мурғи самандар саросар шарорам.
На занҷири қисмат, на тазвиру ғайбат,
Надорад зи роҳам, зи роҳи муҳаббат.
Муҳаббат, муҳаббат, зи сӯзу азобат,
Зи дарду итобат, дилам шуд китобат.
Муҳаббат, муҳаббат, ба ҷуз ман, ба ҷуз дил,
Гадое надорӣ.
Муҳаббат, муҳаббат, дар олам пас аз худ,
Худое надорӣ!
1976
 

ТОҶИКОН ФОРУМ

Бот Модератор
Команда форума
Ғолиби хастаҷон
Ба ёди ту чӣ шабҳое саҳар кардам,
Чӣ ғамҳое, ки бе ту пушти сар кардам.
Туро, эй хокии хокӣ, ба тахти ишқ,
Зи худ бологузар, болоназар кардам.
Вафо аз бевафо омӯхтам охир,
Вафоро дар набарди дил сипар кардам.
Чӣ исёне, ки бо худ кардаам бехуд,
Зи сирри хеш оламро хабар кардам.
Маро ту хоки раҳ кардӣ, амон бошӣ,
Туро ман тоҷи сар кардам, зафар кардам!
1979
 

ТОҶИКОН ФОРУМ

Бот Модератор
Команда форума
Ватанам
Тоҷикистон, сари ҳар санги ту бар маи Ватан аст,
Бари ҳар буттаи хори ту бароям чаман аст.
Заррае некам агар дарси ту аз бар кардам,
Заррае хубам агар ҳусни ту мероси ман аст.
Кӯҳсорони ту аз нуқраву тиллост баланд,
Ту баландӣ зи баландии вафои писарон.
Сари ҳар сахра яке кулбаи сангист баҷой,
Ҳамраҳи меҳри ту олам ҳама ғунҷад дар он,
Ватанам, эй Ватани майдаи мардони калон!
1979
 

ТОҶИКОН ФОРУМ

Бот Модератор
Команда форума
Захми ниҳон
Бимон гулбарги рӯйи ман хазон гардад,
Ту умре бехазону гулфишон бошӣ.
Бимон ман сӯзаму ту дар амон бошӣ,
Бимон ман мираму ту ҷовидон бошӣ!
Бимон ҳар лаҳза чанги номуродиҳо,
Ба рухсорам хати ожанг бигзорад.
Бимон ишқи ту чун захми ниҳони дил
Маро ҳар лаҳзаву ҳар рӯз озорад.
Тавони сад тавоноро ба ту бахшам,
Биафтам ман, агар ту нотавон бошӣ,
Ба поси ин ҳама умеди қурбонӣ,
Мабодо душманамро ёри ҷон бошӣ,
Мабодо, ки азизи дигарон бошӣ?!
1981
 

ТОҶИКОН ФОРУМ

Бот Модератор
Команда форума
Истиқбол
Ман дигар танҳо наям байни замину осмон,
Ман дигар маҳзун наям бо хандаҳои ғамаён,
Ман дигар нозир наям дар роҳи холии ҷаҳон,
Ҷони ман, сад сол гар дер омадӣ, хуш омадӣ!
Гар нагаштам ғарқ дар гирдоби чашми таҳкашат,
Гар намурдам лаҳзаи дидор аз рӯйи хушат,
Зинда гаштам, балки аз хокистари беоташат,
Гарчи то ман хаставу пир омадӣ, хуш омадӣ!
Аз ҷаҳонгардӣ муродам дидани рӯйи ту буд,
Шеъри ман чун орзуҳоям дуогӯйи ту буд,
Чашми ман аз чор сӯйи зиндагӣ сӯйи ту буд,
То ба боғи хушки ҷон, борони ман, хуш омадӣ!
Ҳеҷ кас чун ман наменозад таманнои туро,
Ҳеҷ кас чун ман намебахшад гунаҳҳои туро,
Ҳеҷ кас, ҳаргиз, нагирад дар ҷаҳон ҷойи туро,
Ҷони ман, то ҳузну исён, роздон, хуш омадӣ!
Бас тасаллои фиребо мубтало пардохтам,
Ошиқона, сад тарона аз фасона бофтам,
Хештанро кардаам гум то туро ман ёфтам,
Ҷони ман, аз осмон то остон, хуш омадӣ!
Хуш омадӣ!
1985
 
Верх Низ