Зиндагиномаи Низомии Ганҷавӣ / Низоми Ганчави

Абу Мухаммед Ильяс ибн Юсуф Низамии Гянджеви. Ҳаёт ва фаъолияти / зиндагиномаи Низомии Ганҷавӣ, Рузгори шоир. Иншо эссе дар бораи Низоми Ганчави. Хаёт ва фаъолияти / зиндагиномаи Низомии Ганчави. Абу Мухаммад Илёс ибни Юсуф Низомии Ганчави.

Зиндагиномаи Низомии Ганҷавӣ / Низоми Ганчави
Низомии Ганҷавӣ / Низоми Ганчави
Низомии Ганҷавӣ (тахминан 1141 – 12 марти 1209).

Монанди он ки пеш ва пас аз “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, рубоиёти Хайём ва қасидаҳои Носири Хусрав маснавиҳои қаҳрамонӣ, рубоиёт ва қасидаҳои динию ахлоқӣ бисёр гуфтаанд, вале касе ба пояи онҳо нарасидааст, ҳеч шоире низ на пеш ва на пас аз “Хамса”-и Низомии Ганҷавӣ асаре наофаридааст, ки бо он баробарӣ бикунад.

Шоир панҷ маснавӣ – панҷ ганҷашро, барҳақ, “навгул”, “сухани нав”, “ҳайкале аз қолаби нав”, “дуре аз баҳри нав”, “баҳори нав”, “сеҳре дигар”, “тозаарӯс”, “абёти нав”, “гавҳари носуфта”, “кони нав”, “бикрони пардагӣ”, “тарзи нав”, “навои ғариб” номидааст ва дар ин арзёбиҳояш ҳеч дурӯғе нагуфтааст ва заррае зиёдаравӣ накардааст.

Шоир ва суханшиноси бузург Абдурраҳмони Ҷомӣ, ки се аср пас аз вай зиндагӣ ва эҷод кардааст, тасдиқ намудааст, ки “он қадр латоифу дақоиқу ҳақоиқ, ки дар китоби “Панҷ ганҷ” дарҷ кардааст, касеро муяссар нест, балки мақдури (дар тавони) навъи башар нест”.


Рӯзгори шоир​

nizomii-ganjavi.jpg


Низомии Ганҷавӣ тахминан дар соли 1141 дар шаҳри Ганҷа – яке аз марказҳои қадимии адабӣ, илмию фарҳангии форсии тоҷикӣ таваллуд шудааст. Падараш аз аҳли фазл ва модараш аз “раисаҳои курд”, аз хонадони саркардагони курд будаанд.

Низомӣ дар хурдӣ ҳам аз падар ва ҳам аз модари худ маҳрум гашта, дар тарбияи холаш – бародари модараш мондааст. Шоир бо сарпарастии тағояш забони арабӣ, Қуръон, фиқҳ, таърих, ҷуғрофия, фалсафа, мантиқ, адаб, мусиқӣ, тиб, нуҷумро меомӯзад ва дертар ҳамчун ҳаким ном мебарорад.

Низомии Ганҷавӣ агарчи дертар дар насиҳат ба фарзандаш гуфтааст, ки ба касби шоирӣ мапечад, аммо худ шоирӣ пеша карда буд ва дар он шуҳрати тамом дошт.

Дар шеър мапечу дар фани ӯ,
Чун акзаби ӯст аҳсани ӯ.
З-ин фан маталаб баландномӣ,
К-он хатм шудаст бар Низомӣ.


Шуҳрати ӯ дар шоирӣ ба дараҷае буд, ки ҳокимон ва султонони давр аз гӯшаву канори дуру наздик ӯро ба дарборашон мехонданд, навиштани ин ва ё он асарро талаб менамуданд, паёму туҳфа мефиристоданд. Шоир аз зодгоҳаш ва маскани доимиаш фақат як бор бо даъвати султони вақти Ироқ ба Табрез сафар кардаасту пас аз се рӯз ба Ганҷа баргаштааст. Низомӣ дар Ганҷа шаҳрбанд будан, яъне озод ва ба майлу муроди хеш зистан ва шеър офариданро бартар аз дар хидмати дарбор будан донистааст ва ба писари ягонааш низ гуфтааст, ки аз суҳбати подшоҳон бипарҳезад:

Аз суҳбати подшаҳ бипарҳез
Чун пунбаи хушк аз оташи тез.


Аз зиндагии хонаводагии шоир ҳаминаш маълум аст, ки соли 1169 ҳокими вақти Дарбанд дар қатори туҳфаҳои дигар ба ӯ канизакеро аз қабилаи туркони қибчоқ бо номи Офоқ мефиристад ва Низомӣ бо ин “бути қибчоқ” хонадор мешавад ва соҳиби писаре бо номи Муҳаммад мегардад. Вақте ки дар соли 1180 Офоқ вафот мекунад, шоир тамоми дарду алам ва ҳасрат ва муҳаббати бузурги худро дар достони “Хусрав ва Ширин” ба қалам меорад.

Низомии Ганҷавӣ 12 марти соли 1209 дар шаҳри Ганҷа вафот кардааст.
 
Верх Низ