Восеев Қурбонназар Қувватович
01 марти соли 1971 дар деҳаи Тӯсафи ноҳияи Файзобод дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Замоне, ки дар радиову телевизион фаъолият дошт, ба ҳамин хотир Тӯсафӣ тахаллус гирифта буд. Мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонии рақами 21-и ноҳияро соли 1988 бомуваффақият хатм намуда, ба идораи рӯзномаи ноҳиявии «Набзи Файзобод» ба ҳайси мусаҳҳеҳ ба фаъолият оғоз менамояд. Охири ҳамон сол мухбири рӯзномаи мазкур таъин мегардад.Солҳои 1989-1991 дар сафҳои артиши Шӯравӣ дар Украина ва Ӯзбекистон хизмат кардааст.
Хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Солҳои 1994-1999 дар мактабҳои миёнаи рақамҳои 46 ва 21-и ноҳияи Файзобод ба ҳайси омӯзгор фаъолият намудааст.
Солҳои 1999-2003 дар шабакаи радиои «Садои Душанбе» ва солҳои 2003-2009 дар Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногун – аз хабарнигор то муовини сармуҳаррир кор кардааст.
Дар ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» кор кардааст.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.