В поисках справедливости: история борьбы за трудовые права в Международной школе Контофилд

  • Автор темы Муродова Сайера
  • Дата начала
  • Теги
    Нет
М

Муродова Сайера

Меҳмон
Мы группа сотрудников международной школы Контофилд. Просим помощи у Вас в содействии разрешения наших проблем.
К сожалению, в данном учреждении на постоянной основе нарушаются наши права: не выплачиваются отпускные, больничные, выплаты за производственную травму, декретные, сверхурочные, переработка.
Нагрузка составляет свыше 30 часов, в особенности у граждан Таджикистана, у иностранных граждан как отношение так и выплаты другие. Даже к учителям-иностранцам, работающим неофициально в школе и меньшее время - отношение лучше, а к нам относятся как к мусору.
Это просто крик души!
Никаких отпускных за весь период нашей работы не было. Договоренность была другая в самом начале, обещаний было много, а директор ничего не выполнила. Неизвестно какие бумаги нам дают на подпись, табель один формальный, реальные ведомости по заработной плате другие, заставляют и нас заниматься мошенничеством и подписывать такого рода документы, нарушая тем самым наши права.
Если проверить ведомости бухгалтера, то подписи не совпадут у многих. Формально подписи ставятся у бухгалтера, а официально у директора.
Нагрузка от 30 часов и выше сказывается на нашем здоровье.
Больничные не оплачиваются абсолютно никак, а вычет с заработной платы идет за целый день.
В такой тяжелый период болезней , холода, высоких цен на все - мы остаемся ни с чем абсолютно! А у нас дети , которых надо кормить.
Не учитываются количество часов ( у всех разная нагрузка, но выплата одна) , категории и заслуги при выплате заработной платы. Также не оплачиваются замены уроков, которые мы осуществляем на постоянной основе.
Декретные - это слово вообще не употребляется в лексиконе директора школы. Заставляют брать больничный лист по декрету и никаких выплат никто не получает.
Отпускные мы не получали ни разу за весь период нашей работы в школе. Летом без денег, из одних долгов, попадаем в другие долги. Мы устали.
Мы теперь не можем и работу найти достойную, так как она портит репутацию ушедшим сотрудникам, распуская о них слухи, портящие им репутацию.
С нами не заключили трудовой договор в сентябре, который бы обеспечивал нам наши права. Заключили его недавно- в феврале, в связи с боязнью проверок , ито он не у всех подписан.
Должного перерыва на обед у нас нет, 15-20 минут на то, чтобы поесть. Плюс ко всему в школе не всегда хватает еды не только для учителей , но и для учеников и нас , оставшихся без чистой еды, кормят объедками после некоторых детей, о чем мы узнали недавно.
Не обеспечиваемся в должной мере специальным помещением и техническим оснащением для того, чтобы нормально осуществлять свою деятельность, в связи с чем, портим свою репутацию как учителя школы.
Также, нет условий для отдыха учителей в течение дня: учительской комнаты, должного перерыва на обед.
Из отдыха только обед , который составляет 15-20 минут, как указывалось выше.
Учитывая стоимость обучения в данной школе, думаем можно было бы устроить все, как положено.
На постоянной основе с нас снимают деньги за опоздание, каждая минута которого стоит 3 сомони в минуту с 8:15-8:30 и 5 сомони в минуту с 8:30 и выше. Никакого должного оповещения не было по этому поводу и подписи мы не ставили. Также, нас заставляют оплачивать за санитарные книжки, точнее за медосмотр, за свой счет.
Заставляет делать документы и отчетность, которые не имеют никакого отношения к документам, которые необходимы для проверки и осуществления деятельности школы.
Подводя итог всего сказанного хотелось бы Вам помочь в проверке данного учреждения:
1. Есть иностранцы, которых как мы поняли( сами иностранцы сказали) директор прячет и не показывает, соответственно это говорит о том, что у них нет специальных разрешительных документов. Необходимо проверить наличие разрешения на работу , их даты сравнить с официальным трудоустройством.
2. Проверьте выплаты иностранным гражданам и нам, гражданам Таджикистана. Реальные выплаты делает директор у себя в кабинете по своей ведомости, формальные выплаты у бухгалтера школы.
3. Проверьте ведомости оплаты бухгалтера, подписи не всегда совпадают , все расписываются друг за друга.
4. Проверьте выплаты отпускных, переработок, больничных, декретных, сверхурочных
5. Можете отправить человека, якобы на трудоустройство на работу, которому будут расписаны все условия деятельности школы на позиции учителя, либо ассистента.
Ба доди мо расед!
Мо, гурухи хамкорон аз муассисаи тахсилоти Контофилд, барои халли душвории кор аз шумо ёрӣ металабем .
Афсус , дар муассисаи мазкур қонуну қоида нисбат ба омузгорон риоя карда намешавад: бо вуҷуди пешниҳод намудани варақаи беморӣ не дикретпулӣ, не маош барои рухсатии меҳнатӣ ва не дар вақти ҷароҳати истеҳсоли гирифтан -хусусан ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда намешавад.
Сарбории омузгорон аз 30 соат зиёд мебошад, ки ба вазъи саломатии омузгор зарари калон мерасонад, аммо музди маош якхел мебошад. Бо шахсоне , ки шаҳрвандии хориҷӣ доранд ва дар муассисаи мазкур дарс мегӯянд, аз тарафи директори муассиса хушомад гуфта шуда , қадрдонӣ карда мешаванд. Ҳол он, ки бархе аз онҳо шахсони тасодуфӣ буда, не аз педагогика ва не аз психология хабар надоранд, бе ягон ҳуҷҷати тасдиқшаванда бо кӯдак кор карда, дар муассиса фаъолият мекунанд. Бо омузгороне, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд , директори муассиса ҳамчу табақаи пасстарини ҷамъият, хасу хошок , муносибат менамояд.
Тули солҳо аст, ки дар муассиса фаъолият менамоем. Ҳангоми қабул ба кор ваъдаҳои директор зиёд буданд, лекин афсӯс ин ваъдаҳо нисбат ба омузгорони хориҷӣ иҷро шуда, гӯё ба омузгорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон дахолат надоранд. Ҳар моҳ, ҳангоми музди маош гирифтан , дар назди директори муассиса як ведомост, дар бухгалтер ведомости дигар мебошад. Дар ин ведомостҳо ҳам музди маош, ҳам имзои омӯзгорон гуногун мебошад. Моро маҷбур месозанд, ки дар ин ведомостҳо имзо намуда, ба қаллобӣ ва фиребгарӣ даст занем. Бо ин ҳуқуқҳои мо поймол шуда, агар ин ведомостҳоро муқоиса намоед тамоман бо якдигар мувофиқат намекунанд. Ҳуҷҷатдорӣ умуман ба расмият дароварда нашудааст. Сарбории омузгорон гуногун буда, ҳама музди маоши якхела мегирад. Не дараҷа, не тахассус, не сарборӣ, не ягон унвон ба инобат гирифта намешавад.
Инчунин барои ивази дарсҳо, ки доимо ва мунтазам аз тарафи дигар омӯзгорон гузаронида мешавад, пардохт карда намешавад.
Шахсоне ҳастанд, ки тули солҳо дар муассиса кор карда,ба дикрет баромада , не дикретпулӣ , не ширпулӣ ва не рухсатипулӣ гирифтаанд. Тобистон аз сабаби пардохт нашудани рухсатипулӣ омузгор маҷбур аст, ки қарз карда рӯзашро пеш барад.
Мо хаста шудем аз ин ноадолатӣ!
Мо наметавонем ҷойи кори хуб ёбем, чунки баъд аз кор рафтан директори муассиса овозаҳои бардуруғро дар бораи омузгори аз кор рафта паҳн менамояд, ки ин номи неки ҳамон омӯзгорро вайрон карда, дилшикаста менамояд. Аз аввали сол бо омӯзгорон шартномаи меҳнатӣ баста нашуд. Моҳи феврал моро маҷбур сохт, ки дар шартномаҳо имзои худро гузорем, чунки аз тарафи мақомотҳои дахлдор тафтиш омада буд. Бо назардошти он маблағе, ки волидайн барои таҳсили фарзанд месупорад, не хуроки пешниходшуда , не синфхонахо ва не маводу аёнияти истифодабаранда чавобгӯ аст.
Хатто хучрае нест, ки омӯзгорон дар вакти холӣ дафтархояшонро тафтиш карда, каме истирохат намоянд.
Агар тафтиш карда бароед, маълум мешавад, ки бо маблаги супоридаи волидайн , хам барои хонандагон ва хам барои омӯзгорон шароити мусоид фароҳам оварда нашудааст .
Бе ягон огохӣ, мунтазам, барои ба муассиса дер омадан, аз соати 8:15 то 8:30 барои 1 дақиқа з сомонӣ ва аз соати 8:30 5 сомонӣ ҷарима супорида мешавад, ки ин ҳам танҳо барои омӯзгороне, ки шаҳрванди Точикистон мебошанд, дахл дорад. Бо вуҷуди оне, ки омӯзгорони шаҳрвандии хориҷӣ дошта, ба дарс дер ҳам оянд, ягон ҷарима намесупоранд. Ситонидани маблаг барои гузаштани муоинаи тиббӣ ва гирифтани дафтарчаи тиббӣ низ аз тарафи директори муассиса дида мешавад.
Инчунин, ҳуҷҷатҳои нолозиме, ки ба муассиса умуман даркор нест, талаб мекунад ва ба тафтишкунандаҳо пешниҳод менамояд, гӯё ин амалҳо дар муассиса иҷро мешаванд.
Хуллас, оиди рафтори ноадолатонаи директори муассиса нисбати омӯзгороне, ки шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд, ба Шумо маълумотнома пешниход намуда, тавсия ва хохиш менамоем, ки гурӯҳи корӣ аз мақомотҳои дахлдор ташкил намуда, бандҳои мазкур тафтиш карда шаванд:
1.Шаҳрвандони хориҷӣ ( чи хеле худи онҳо қайд намуданд), бе ягон иҷозатнома барои кор ва хуҷҷат, дар муассиса фаъолият менамоянд. Хуҷҷатхои лозима, диплом, иҷозатнома барои фаъолият дар муассиса надоранд ва чи хеле, ки худи онҳо қайд намуданд,директори муассиса мавҷудияти онҳоро аз кормандони муҳоҷират, амният ва хадамот паноҳ медорад. Ҳол он, ки ҳар як омӯзгоре,ки шаҳрванди Тоҷикистон мебошад, ҳангоми қабул ба кор, маълумотнома дар бораи доғи судӣ пешниҳод менамояд, шаҳрвандони хориҷӣ бошад,ҳамчу шахсони тасодуфӣ , бе ягон ҳуҷҷати тасдиқкунанда ва маълумот дар муассиса озод кор ва фаъолият мекунанд. Лозим аст, ки хуҷҷатхои дар боло зикршударо аз назар гузаронида, санаи қабул ба корро бо шартнома ва дафтарчаи мехнатӣ муқоиса намоянд.
2.Лозим аст, ки ихтисоси омӯзгорони хориҷиро муқоиса намуда, музди маоши шаҳрвандони хориҷӣ ва музди маоши шаҳрвандони Точикистонро тафтиш намоед.
Дар ҳақиқат , маоши гирифтаи омӯзгорон ,ки дар ведомости директор қайд мешавад , дуруст мебошад, дар қайди расмӣ бошад , дар дасти бухгалтер мебошад ва имзои гузошташудаи омӯзгорон мувофиқат намекунад, чунки аксари омӯзгорон худашон имзо нагузоштаанд.
3.Лозим аст маблағи дикретпулӣ, ширпулӣ, рухсатипулӣ, ивази дарсхо, варақаҳои беморӣ тафтиш карда шаванд.
4.Метавонед, шахсеро барои санчиш, гуё ба чойи кор эҳтиёҷ дорад, равон намоед ва бо шарту шароит ва фаъолияти омзгорон ва рохбарони синф шинос шавед.
 
Верх Низ