Шароби талх мехоҳам, ки мардафган бувад зӯраш,

Ки то як дам биёсоям зи дунёву шару шӯраш.

Симоти даҳри дунпарвар надорад шаҳди осоиш,

Мазоки ҳирсу оз, эй дил бишӯй аз талху аз шӯраш.

Биёвар май, натвон шуд зи макри Осмон эмин

Зи лаъби Зӯҳраи чангину Миррихи силаҳшӯраш.

Каманди сайди Баҳромӣ бияфган, ҷоми Ҷам бардор,

Ки ман паймудам ин саҳро на Баром асту на гӯраш.

Биё то дар майи софит рози даҳр бинмоям,

Ба шарти он, ки нанмоӣ ба каҷтабъони дилкӯраш.

Назар кардан ба дарвешон, мунофиъи бузургӣ нест,

Сулаймон бо чунон ҳашмат назарҳо буд бо мӯраш.

Камони абрӯи ҷонон намепечад сар аз Ҳофиз,

Валекин ханда меояд бад-ин бозуи безӯраш.

Ҳофизи Шерозӣ
 
Мо дар ду ҷаҳон ғайри Худо ёр надорем,
Мо ҷуз ғами у ҳеҷ, дигар кор надорем.
Мискину фақирем, ба кошонаи дунё
Бар неку бади ҳеҷ касе кор надорем.
Не масти шаробему кабобему рубобем,
Парвои майу хонаи ҳаммор надорем.
Гар ёри вафодор надорем, аҷаб нест,
Мо ёр ба ҷуз Ҳазрати Ҷаббор надорем.
Мо масти аластем ба як ҷуръа чу Мансур
Андешаи фатво ва сари дор надорем.
Мо шохи дарахтем пур аз меваи тавҳид,
Ҳар раҳгузаре санг занад ор надорем.
Мо тутии факрему шакархораи Мисрем,
Чун зоғи сияҳ майл ба мурдор надорем.
Дар боби дили хастаи Шамсулҳақи Табрез
Мо худ ба ҷуз ин шева ва гуфтор надорем.
 
То битвони ранча магардон касро,
Бар оташи хашми хеш маншон касро.
Гар рохати човидон тамаъ медори,
Меранч хамешаву маранчон касро
 
З-ин дахр, ки буд муддате манзили мо,
Н-омад ба чуз аз балову гам хосили мо.
Афсус, ки хал нагашт як мушкили мо,
Рафтему хазор хасрат андар дили мо.
 
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият,
На ҳамин либоси зебост нишони одамият!
Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ,
Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Хӯру хобу хашму шаҳват шағаб асту ҷаҳлу зулмат,
Ҳаявон хабар надорад зи ҷаҳони одамият!
Ба ҳақиқат одамӣ бошу гарна мурғ бошад,
Ки ҳамин сухан бигӯяд ба забони одамият.
Магар одамӣ набудӣ, ки асири дев мондӣ?
Ки фаришта раҳ надорад ба макони одамият.
Агар ин дарандахӯӣ зи табиатат бимирад,
Ҳама умр зинда бошӣ ба равони одамият...
Таярони мурғ дидӣ; ту зи пойбанди шаҳват
Бадар ой, то бубинй таярони одамият!
На баёни фазл кардам, ки насиҳати ту гуфтам,
Ҳам аз одамӣ шунидем баёни одамият.
Саъдии Шерозӣ.
 
Эй сорбон, оҳиста рон, к-ороми ҷонам меравад,
В-он дил, ки бо худ доштам бо дилситонам меравад.

Ман мондаам маҳҷур аз у, бечораву ранҷур аз у,
Гуӣ , ки неше дур аз у, дар устухонам меравад.

Гуфтам ба найрангу фусун пинҳон кунам рози дарун,
Пинҳон намемонад, ки хун бар остонам меравад.

Маҳмил бидор, эй сорбон, тундӣ макун бо корвон,
К-аз ишқи он сарви равон, гуӣ , равонам меравад.

У меравад доманкашон, ман заҳри танҳоӣ чашон,
Дигар мапурс аз ман нишон, к-аз дил нишонам меравад.

Баргашт ёри саркашам, бигзошт айши нохушам
Чун мичмаре пуроташам, к-аз сар духонам меравад.

Бо он ҳама бедоди у,в-ин аҳди бебунёди у,
Дар сина дорам ёди у ё бар забонам меравад.

Боз ою дар чашмам нишин, эй дилситони нозанин,
К-ошубу фарёд аз замин бар осмонам меравад.

Шаб то саҳар менагнавам в-андарзи кас мешнавам,
В-ин раҳ на косид меравам, к-аз каф инонам меравад.

Гуфтам: бигирям, то ибил чун ҳар фуру монад ба гил,
В-ин низ натвонам, ки дил бо корвонам меравад.

Сабр аз висоли ёри ман, баргаштан аз дилдори ман,
Гарчӣ набошад кори ман, ҳам кор аз онам меравад.

Дар рафтани ҷон аз бадан гуянд ҳар навъе сухан,
Ман худ ба чашми хештан дидам, ки ҷонам меравад.

Саъдӣ,фиғон аз дасти мо, лоиқ набуд эй бевафо,
Тоқат намеорам ҷафо, кор аз фиғонам меравад.

Шайх Саъди Шерозӣ
 
Биё эй дил чу қалби каҳф бо марди худо биншин,
Гурезон шав зи ғофил бо гурӯҳи порсо биншин.
Зи заҳри сӯҳбати ноҷинс Канъон ғарки тӯфон шуд,
Баро аз ғофилон назди ҳузури авлиё биншин.
Чаро ранҷурии ин дарди ғафлатро намедонӣ,
Табиби ҳозиқатро ёфта назди даво биншин
 
Хоб кам кун аввали руз, эй писар,
Нафсро бадху маёмуз, эй писар.

Охири рузат наку набвад маном,
Пештар аз шом хоб омад харом.

Ахли хикматро намеояд савоб,
Дар миёни офтобу соя хоб.

Эй писар, харгиз марав танхо сафар,
Бошадат рафтан сафар танхо хатар.

Дастро бар рух задан шум аст шум,
Истимои илм кун з-ахли улум.

Шаб дар оина назар кардан хатост,
Руз агар бини ту руи худ равост.

Хона гар танхову торикат бувад,
Мунисе бояд ки наздикат бувад.

Дастро кам зан ту дар зери занах,
Назди ахли илм сард омад чу ях.

Чорпоёнро чу бини дар катор,
Дар миён эшон наёби зинхор.

То физояд кадру чохатро худо,
Рузу шаб мебош доим дар дуо.
То шавад умрат зиёда дар чахон,
Рав накуи кун, накуи дар нихон.

То накохад рузият дар рузгор,
Маъсият кам кун ба олам зинхор.

Хар ки ру дар фисуу дар исён кунад,
Эзид андар ризку у нуксон кунад.

Кам шавад рузи зи гуфтори дуруг,
Дар сухан каззобро набвад фуруғ.

Фоқа орад хобби бисёр, эй писар,
Хоб кам кун, бош бедор, эй писар.

Хар ки дар шаб хоб урён мекунад,
Дар насиби хеш нуксон мекунад.

Бавл урён хам факири оварад,
Андухи бисёр, пири оварад.

Дар чанобат бад бувад хурдан таом,
Нописанд аст ин ба назди хосу ом.

Резаи нонро маяфкан зери по,
Гар хамехохӣ ту неъмат аз Худо.

Шаб мазан джоруб харгиз хона дар,
Хокруба хам манех дар зери дар.

Гар бихони бобу умматро ба ном,
Немати хак бар ту мегардад харом.

Гар ба хар чубе куни дандон хилол,
Бенаво гарди, биафти дар вубол.

Дастро харгиз ба хоку гил машуй,
Аз барои даст шустан оби чуй.

Эй писар, бар остонаи дар машин,
Кам шавад рузи зи кирдори чунин.

Такя кам кун низ дар пахлуи дар,
Бош доим аз чунин хислат бадар.

Дар халочо гар тахорат мекуни,
Вакти худро дон ки горат мекуни.

Джомаро бар тан нашояд духтан,
Бояд аз мардон адаб омухтан.

Гар ба доман пок сози руи хеш,
Рузият кам гардад, эй дарвеш, беш.

Дер рав бозору берун ой зуд ,
З-он ки рафтанро наёби хеч суд.

Нек набвад гар куши бо дам чарог,
Рах мадех дуди чарог андар димог.

Кам зан андар риш шона муштарак,
З-он ки он хоси ту бошад муштарак.

Аз гадоён порахои нон махар,
З-он ки меорад факири , эй писар.

Дур кун аз хона тори анкабут,
Бошад андар монданаш нуксони кут.

Харчро берун зи андоза макун,
Хушк риши хешро тоза макун.

Дастрас гар бошадат, танги макун,
Чунки рахвори, ба рах ланги макун.
 
Назад
Верх Низ