Бишуд ковок аз ҷабри ғарибӣ устухонам,
Халад захми ғарибӣ ҳар замон бар ҷисму ҷонам.
Нахоҳад ҳеҷ ақли солиме тарки ватан кардан,
Ба сурат шакли одам лек дар сират чу ҳайвонам.
Агар чи дар диёру кишвари бегона озодам,
Вале аз ҳиссиёти қалб гуё ки ба зиндонам.
Чи хуш дорам дар ин мулки ғарибӣ зиндагонӣ,
Валекин мурдае андар қатори зиндагонам.
Зи ҳарфи хешу пайванду ватан дил реш мегардад,
Чи сон тақдир созам ман дар ин шабҳои ҳиҷронам.
 
Аз тан чу бирафт ҷони поки ману тӯ,
Хоки дигарон шавад мағоки ману тӯ.
В-oн гаҳ барои хишти гӯри дигарон,
Дар колбаде кашанд хоки ману тӯ.

Луғат: мағок- гӯр
колбад- ҷасад
 
Хуш бош, ки ғусса бекарон хоҳад буд,
Бар чарх кирони ахтарон хоҳад буд.
Хиште, ки зи қолаби тӯ хоҳанд задан,
Бунёди сарои дигарон хоҳад буд.
 
Хуш бош, ки ғусса бекарон хоҳад буд,
Бар чарх кирони ахтарон хоҳад буд.
Хиште, ки зи қолаби тӯ хоҳанд задан,
Бунёди сарои дигарон хоҳад буд.
 
Эй чархи фалак харобӣ аз кинаи туст,
Бедодгарӣ шеваи деринаи туст.
Эй хок агар синаи тӯ бишкофанд
Бас гавҳари қиммате, ки дар синаи туст.
 
Аз дафтари умр пок мебояд шуд,
Дар ҷанги аҷал ҳалок мебояд шуд
Эй соқии хушкилиҳо ту хушдил мебош,
Обе дардеҳ, ки хок мебояд шуд.
 
Бадхоҳи касон ба ҳеҷ мақсад нарасад,

Як бад накунад, ки бар сараш сад нарасад.

Ман неки ту хоҳаму ту хоҳи бади ман,

Ту нек набиниву ба ман бад нарасад.

Умари Хайём.
#рубоӣ
 
Онон, ки муҳити фазлу одоб шуданд,
Дар кашфи улум шамъи асҳоб шуданд.
Раҳ з-ин шаби торик набурданд бурун,
Гуфтанд фасонаеву дар хоб шуданд.
 
Ҳаргиз дили ман зи илм маҳрум нашуд,
Кам монд зи асрор, ки мафҳум нашуд.
Ҳафтоду ду сол фикр кардам шабу рӯз,
Маълум шуд, ки ҳеҷ маълум нашуд.
#рубоӣ
 
Дил ба даст овар, ки ҳаҷҷи акбар аст,
Аз ҳазорон каъба як дил беҳтар аст.
Дил назаргоҳи Ҷалили Акбар аст,
Каъба бунёди Халили Озар аст.
 
Ҳаргиз ба тараб шарбати обе нахӯрем,
То аз кафи андӯҳ шаробе нахӯрем.
Ноне назанем дар намак ҳеҷ гаҳе,
То аз ҷигари хеш кабобе нахӯрем.

Умар Хайём
 
Саҳар бархезу тоат кун, ки тоат беҳ зи ҳар кор аст,
Саодат он касе дорад, ки пеш аз субҳ бедор аст.
Дилам гўяд, ки бархезам, ҳаво гўяд, ки дам гирам,
Ҳаворо зери по орам, ки он чо амри Чаббор аст.
Чу мурғон ҳар саҳар гўянд: "Қум ё айюҳалғофил",
Ки ту дар хобию надони, касе донад, ки бедор аст.
Аз ин беҳтар, ки бархези, зи дида хуни дил рези,
Зи дасти чаҳл бигрези, ки шайтон сахт маккор аст.
Аё эй Шамси Табрези, гаҳе шаҳду шакар рези,
Агар сад сол бигрези, ки охир марг даркор аст.
 
Гар кори фалак ба адл санҷида будӣ,
Аҳволи фалак ҷумла писандида будӣ.
В-ар адл будӣ ба корҳо дар гардун,
Кай хотири аҳли фазл санҷида будӣ.
 
Оқил ба чи умед дар ин қуҳнасаро.
Бар давлати у ниҳад дил аз баҳри Худо?
Ҳар гоҳ ки хоҳад, нишинанд бар ҷой,
Гирад аҷалаш даст, ки бархез ба по.
#рубоӣ
 
Саг бурдаи нон бинаду дум ҷунбонад,
Пайдост аз он, ки қадри нон медонад.
Бар оқипадар ҳазор кардам некӣ,
Як неки куҷост дуои бад мехонад
 
То куҷоҳо гиряро лабханд пинҳон мекунад?
Иззати номусро сарбанд пинҳон мекунад?
Мисли кудакҳо фиреби хештанро рузу шаб,
Шурии бахти касеро қанд пинҳон мекунад?
Оқибат як рӯз меуфтад ба чоҳе ҳиллагар,
То ба кай дар пушти бовар фанд пинҳон мекунад?
Аз Худованде, ки мебинат ҳаросе нест лек,
Кори худро аз падар фарзанд пинҳон мекунад!
чашми дилро боз кун Меҳроваро бар осмон,
Моҳро не! Чашмҳоро банд пинҳон мекунад.
 
Саг бурдаи нон бинаду дум ҷунбонад,
Пайдост аз он, ки қадри нон медонад.
Бар оқипадар ҳазор кардам некӣ,
Як неки куҷост дуои бад мехонад
 
Дунё на мақоместу на ҷои нишаст,
Фарзона дар у хароб авлотару маст,
Бар оташи ғам зи бода обе мезан,
З-он пеш, ки дар хок рави бод ба даст.
 
Давре, ки дар у омадану рафтани мост,
Онро на бидоят на ниҳоят пайдост,
Касс ҳеч нагуфта андар ин маъни рост,
К-ин омадан аз кучову рафтан ба кучо.
 
Даврони чаҳон бе маю соқи ҳеч аст,
Бе замзамаи нойи ироқи ҳеч аст.
Ҳарчанд дар аҳволи чаҳон менигарам,
Ҳосил ҳама ишрат аст, боқи ҳеч аст.
 
Назад
Верх Низ