ТУХМИ БАДХОҲӢ БА ҚАЛБИ МАН МАКОР!

И

Исмоил Зарифӣ

Меҳмон
Барои маҳалбозон
Садқаи фарзанди Хатлон мешавам
Ташнаи оби Зарафшон мешавам,
Оҳ, пазмони Бадахшон мешавам,
Тоҷикам ман, тоҷики бонангу ор,
Тухми бадхоҳӣ ба қалби ман макор!
Аз ту дорам ифтихор Анзоби ман,
Рӯи сангат ҳаст тахти хоби ман,
Ҷон ба қурбонат, аё Кӯлоби ман,
Тоҷикам ман, тоҷики бонангу ор,
Тухми бадхоҳӣ ба қалби ман макор!
Меравам бо меҳр сӯи Балҷувон,
Восеам ояд ба ёдам ҳар замон,
Болам аз насли далеру қаҳрамон,
Тоҷикам ман, тоҷики бонангу ор,
Тухми бадхоҳӣ ба қалби ман макор!
Нусратилло - шаҳсатуни Рашти ман,
Бин ба ибрат ин ҳама гулгашти ман,
Муждаи хуш мерасад аз Ашти ман,
Тоҷикам ман, тоҷики бонангу ор,
Тухми бадхоҳӣ ба қалби ман макор!
Гар Самарқанду Бухороям намонд,
Дар диёри орзу ҷоям намонд,
Рӯи хон гар ҷому саҳбоям намонд,
Тоҷикам ман, тоҷики бонангу ор,
Тухми бадхоҳӣ ба қалби ман макор!
Ман ба хуни дил Душанбе сохтам,
Қасрҳои нав ба нав андохтам,
Парчамам то Каҳкашон афрохтам,
Тоҷикам ман, тоҷики бонангу ор,
Тухми бадхоҳӣ ба қалби ман макор!
Қатраи Хингобу Сурхобам дигар,
Заррае аз хоки Мурғобам дигар,
Хоки пои тифли Яғнобам дигар,
Тоҷикам ман, тоҷики бонангу ор,
Тухми бадхоҳӣ ба қалби ман макор!
Пораи ҷонам бувад Рӯшони ман,
Лаъл бар каф ояд аз Шуғнони ман,
Истаравшан гавҳари ман, ҷони ман,
Тоҷикам ман, тоҷики бонангу ор,
Тухми бадхоҳӣ ба қалби ман макор!
Аз Хуҷандам мерасад нуре ба сар,
Оварад бодам паём аз Бохтар,
Нур меборад зи Роғунам ба дар,
Тоҷикам ман, тоҷики бонангу ор,
Тухми бадхоҳӣ ба қалби ман макор!
Чашми ман бошад ба сӯи Данғара,
Ҷонам осояд ба шаҳри Исфара,
Ошиқам бар чашмаву кӯҳу дара,
Тоҷикам ман, тоҷики бонангу ор,
Тухми бадхоҳӣ ба қалби ман макор!
Эй маҳалбозо, мазан сангам дигар,
Ту мабар бар ҷониби ҷангам дигар,
Бехабар бошӣ ту аз ҳангам дигар,
Тоҷикам ман, тоҷики бонангу ор,
Тухми бадхоҳӣ ба қалби ман макор!
Пешвои ман чароғи раҳнамост,
Дар ҳама мушкил ба ман мушкилкушост,
Кай дигар миллат зи ҳамдигар ҷудост?
Тоҷикам ман, тоҷики бонангу ор,
Тухми бадхоҳӣ ба қалби ман макор!
Возможно, это изображение 5 человек

 
Верх Низ