Туй муборак! Сухани табрикоти барои туй (Шеър туёна)

Admin

ТОҶИКОН ФОРУМ
Основатель проект
Туй муборак табрикнома. Шеър барои туй. Шеър дар бораи арусу домод. Табрикот барои туй. Шеърхои табрикоти барои туй. Сухани табрикоти барои туй дар ин саҳифа >>

Туй муборак картинка


Имрӯз бародари азизи мо – ҷавони донишманд, инсони нексиришт ва бедордил, Алӣ* ҷашни арӯсӣ дорад.

Мо, аз номи дӯстон Алии гиромиро ба муносибати ҷашни арусиашон табрику таҳният гуфта, барои ӯ ва ҳамсару ҳамсафари зиндагиашон аз даргоҳи Яздони пок бахту иқболи баланд ва хушбахтиву саломатӣ мехоҳем.

(Номи Алӣ*-ро бо номи домод иваз кунед)

Зи шаҳди зиндагӣ саршор бошед,
Зи файзи бахт бархурдор бошед.

Чу ғам ояд, фиреби хоб бошад,
Чу бахт ояд, шумо бедор бошед.

Зи ҷоми дӯстгонӣ шоду сармаст,
Ба рағми душманон ҳушёр бошед

Ба рӯйи шодмониҳо дари боз,
Ба роҳи ғуссаҳо девор бошед.

Худо ёри шумо бошад ҳамеша,
Баҳам баҳри Худо ҳамёр бошед!
 

Admin

ТОҶИКОН ФОРУМ
Основатель проект
Имрӯз барои мо дӯстон бисёр хушоянд аст,ки дӯсти азизи мо Алӣ* қудумҳои нахустини худро ба шоҳроҳи ҳайёт гузошта истодааст. Ба ин дӯсти азиз пеш аз ҳама хушбахтиҳои рӯзгор, рӯзӣ дар Ватан, сиҳатмандии бардавом ва беҳтарин хушиҳои зиндагиро орзу мекунем.

Ба ин ҷуфти ҷавони чеҳрахандон бахт мехоҳам,
Ба ин ду ғунчаи даврон бахт мехоҳам.
Барои шаҳпарӣ парвози ҳарду рафтори иқбол,
Барои қалби пуртуғёни онон бахт мехоҳам.


туй муборак домоду арус

Бигзор, ҳаётатон ширину шавқовар бошад. Худованд ба Шумоён фарзандони солиму солеҳ ато фармояд. Илоҳо, тамоми орзуву ормонҳои некатон ҷомаи амал пӯшад.
Хушбахт бошед, дӯстон!

Илоҳо хонаат обод бошад,
Зи банди ғуссаҳо озод бошад.
Зи кудак то ба пири солхурда,
Тамоми аҳли байтат дилшод бошад.
 

ТОҶИКОН ФОРУМ

Бот Модератор
Команда форума
Имрӯз бародари азизи мо – ҷавони донишманд, инсони нексиришт ва бедордил, (Ном) ҷашни арӯсӣ дорад.


Мо, аз номи дӯстон (Ном) гиромиро ба муносибати ҷашни арусиашон табрику таҳният гуфта, барои ӯ ва ҳамсару ҳамсафари зиндагиашон аз даргоҳи Яздони пок бахту иқболи баланд ва хушбахтиву саломатӣ мехоҳем.



Зи шаҳди зиндагӣ саршор бошед,
Зи файзи бахт бархурдор бошед.


Чу ғам ояд, фиреби хоб бошад,
Чу бахт ояд, шумо бедор бошед.

Зи ҷоми дӯстгонӣ шоду сармаст,
Ба рағми душманон ҳушёр бошед
Ба рӯйи шодмониҳо дари боз,
Ба роҳи ғуссаҳо девор бошед.
Худо ёри шумо бошад ҳамеша,
Баҳам баҳри Худо ҳамёр бошед!
 

ТОҶИКОН ФОРУМ

Бот Модератор
Команда форума
Имрӯз барои мо дӯстон бисёр хушоянд аст,ки дӯсти азизи мо (Ном) қудумҳои нахустини худро ба шоҳроҳи ҳайёт гузошта истодааст. Ба ин дӯсти азиз пеш аз ҳама хушбахтиҳои рӯзгор, рӯзӣ дар Ватан, сиҳатмандии бардавом ва беҳтарин хушиҳои зиндагиро орзу мекунем.



Ба ин ҷуфти ҷавони чеҳрахандон бахт мехоҳам,
Ба ин ду ғунчаи даврон бахт мехоҳам.
Барои шаҳпарӣ парвози ҳарду рафтори иқбол,
Барои қалби пуртуғёни онон бахт мехоҳам.


Бигзор, ҳаётатон ширину шавқовар бошад. Худованд ба Шумоён фарзандони солиму солеҳ ато фармояд. Илоҳо, тамоми орзуву ормонҳои некатон ҷомаи амал пӯшад.

Хушбахт бошед, дӯстон!



Илоҳо хонаат обод бошад,
Зи банди ғуссаҳо озод бошад.
Зи кудак то ба пири солхурда,
Тамоми аҳли байтат дилшод бошад.
 

ТОҶИКОН ФОРУМ

Бот Модератор
Команда форума
Аз фурсати муносиб истифода бурда, мехохам домод ва аруси нозанинро ба муносибати ин рузи таърихии хаёташон табрик намоям. Аз Худои мутаъол мехохам то мухаббати ин ду навчавон човидони бошад. Бигзор хамеша дар бари якдигар хушбахт, гамхору мададгори хам бошанд. Хама пастию баландии зиндагиро дасти ба даст паси сар намуда то абад хамнафаси якдигар бимонанд.


Эй аруси нозанин боғат муаттар мешавад,
Дар шаби туят сухан гуям , дилам тар мешавад.
Мон қадам бо устувор дар шоҳроҳи зиндагӣ,
Зиндагонии ҳақиқӣ баъд аз ин сар мешавад.
 
Верх Низ