Торихи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон.

Асарест аз Эраҷ Баширӣ.
Интишороти Бостон- 2020.

Ончи аз ин китоб омӯхтам ин аст, ки Э. Ш. Раҳмонов ҳеч шахсияте набуда аст.
Як фигураи хусаи тухолӣ, як бодоварда ва натиҷаи як хиёнату кинаи мардуми Кӯлоб, русҳо ва узбакҳои чи дохилӣ, чи хориҷӣ!

Ҳама тору пӯдаш танидае аз плагиату тазвиру мардумфиребист.

Асосаш рӯи дуздии идеяҳо, афкор, лозунгҳо ва ғасбу тасарруфи "бофтаву тофтаву сохтаҳо"-и ғайр буда аст.

Оғоз:

Эмомалӣ харе буд дар кӯҳистон
Оварданду карданаш пешвои дуздон!

Ҳар тоҷики огоҳ огоҳ аст, ки Эмомалӣ як инсони равонпарешу партупалогуфтору бемавқеъ аст.
Як рӯз тарафдори чинор асту фардо табар бар решаи чинор мезада.

Аз рӯзе, ки овардандаш аз колхозу сохтандаш: Раиси Шӯрои Оллӣ. Оғозаш оғоз шуд:

Аввалин дуздияш, ин- костюмдуздӣ буда!

1. Ба иқрори худаш: костюм, курта, гарданбанд, туфлӣ ва дигар танпӯшҳояш орияту дуздӣ буда аст!

2. Қасамаш: "Қасам ба шири поки модарам" низ айнан савгандкопияе буда, ки соли 1991 Раҳмон Набиев дар яке аз майдонҳои тазоҳургарон ба забон оварда буда аст.

3. Фронти Халқӣ-яш ҳам моли дуздӣ буда, мутааллиқ ба Сафаралӣ Кенҷаев буда.

4. Ассотсиатсияи Тоҷикони Бурунмарзӣ-яш ҳам маҳсули мағзи шодравон Муҳаммад Осимӣ буда, ки пас аз террори ӯ, онро "тасоҳуб" кардаву то солҳои мадид ва то имрӯз ҳам худро "Раиси тоҷикони ҷаҳон" мешуморад!

5. Идеяи "Ориён" ҳам маҳсули мағзи академик Муҳаммад Осимӣ асту ӯ буда, ки аввалин ташаббусро барои исботи қидмати тоҷикон ва рабти онҳо ба ин нажоди бостонӣ, исбот ва кунгураҳое ҳам барпо карда.
Пас аз террори ӯ, дар асоси ин идея Э. Ш. Раҳмонов китоби "торихии илмӣ"-яшро зери унвони "Аз Ориён то Сомониён" "нигошт"!

6. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон-аш ҳам маҳсули заҳамоту тадоруки Абдулмаҷид Достиев буда, ки пас аз азли ӯ худ ба рӯи ин курсии тайёр фурӯ нишаст.
Аршу Курсии Худованд гарчӣ моли худаш аст, курсии ҳизбие, ки ин Шайтон нишаста, курсии тороҷӣ аст!

7. Унвони "Ҷаноби Олӣ"-яш ҳам плагиате аст аз сулолаи Манғитиёни нотоҷик. Ин унвон аз дидгоҳи ҳуқуқӣ ғайриқонунист!
Бояд ёдовар шуд, ки ин "лақаб"-ро Маҳмадсаид Убайдуллоев барош туҳфа карда буд!

8. Идеяи "Мубориза бар зидди фасоди идорӣ" ё худ "Кумитаи зидфасод", ки Э. Ш. Раҳмонов дар яке аз ҷаласаҳои ҳукуматияш бо берӯӣ ҷор зада буд: ман инро ташкил кардаам ва, агар хоҳам, ман онро аз байн мебарам", низ маҳсули талошу пажуҳишу ташаббуси шодравон Суҳроб Шарипов аст, ки ӯро низ пас аз тасоҳуби "моли зеҳнӣ"-яш масмум карду ба он олам равон кард!

9. Унвони Пешвои Миллат (Лидер Нации)-ро низ аввалин бор Суҳроб Шарипов "коркард" карда буду имрӯз ба он "тағйиру иловаҳо"-е чун: Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ.....муъаззам...муҳтарам, миллат"-ро низ ширеш карданд, то инки "ҳаюлоитар" шавад!
Зимнан, дар китоби "Тоҷикон: ироноёни шарқӣ"-и дуктур Ричард Фолтз ин гуна омада: барои талаффузи тамоми унвон+ҳои мистер Президент оф Тэҷикистан, 18 сония вақт дар пахши мустақим лозим дорем, ки ҳар рӯзе, дар ҳар барномае агар ин унвонҳо қироат шаванд, маълум аст, ки чи қадар вақти гаронарзиши ин миллат танҳо барои шунидани унвонҳои Раҳмонов дар ҳар 18-сонияи барбод рафтаву ҳадар мешавад!

Ҷои муҳоботе надорад, ҳамин "Сулҳу ваҳдати миллӣ" тарҷумаи бероҳае аз ҳамон "Ҳукумати Муросои Миллӣ" аст. Агар Эмомалӣ чун доишиён аз як минтақа юруш овардаву пойтахти Тоҷиконро ғасб намекард, ниёзе ба "Сулҳу ваҳдат" имрӯз надоштем, балки "Муросои миллӣ" беҳтар аз "сулҳу ваҳдати миллӣ"-ст. Чунки #Муросо пешгирӣ аз хунрезӣ буду "#Сулҳ" нишоне аз як ҷангу хунрезист!

Аз дидгоҳи тамаддунофарию баҳои ҳуқуқӣ онон, ки "муросо" кардаанд, беҳтар аз ононеянд, ки "сулҳ" кардаанд!

Имрӯз, миллати тоҷик ба #муросо ниёз дорад, на ба #сулҳи_козиб, ки чеҳрае дигаре аз #таслиму_мағлубият шумурда мешавад!

10. Ҷашни Имоми Аъзам-и Э. Ш. Раҳмонов ва ташаббуси "мазҳаби расмию давлатӣ" ва муътадил унвон кардани он низ, мутаассифона, идеяи тороҷӣ аст. Замоне, ки Э. Ш. Раҳмонов вориди Пойтахт бо пулемёт дар китф шуда буд, на унвонҳои 18-қулоча дошта ва на аз Худову Расулу Эмому Аъзамаш хабару парвое дошта. Омада, ки "нест бод ислом" шиор занаду ҳарчӣ бастагӣ ба Имомату шариату диёнат доштаро қалъу қамъ кунад ва карда: 150.000 тоҷики бодину боақлу бохираду бошууру соҳибидеяро террор карда аст.
Ва охирин кораш ҳам, бо иқрори ӯ: ман супориш додам. Ман ба гардан мегирам- помириҳоро ман гуфтам, то ҳадди имкон, вай кунед; безарар кунед.
Ин идея низ маҳсули мағзи Муҳйиддин Кабирӣ- раиси ҲНИТ, дар соли 2009 буда!

11. Ташаббуси "Оби Тоза"-аш ҳам касе дигар буда, ки ёдам рафта.

Ё, шояд ташнагии даврони сағирагияш таъсире рӯи равони парешаш дошта, ки лоақал ҳамин идеяи "наҷоти баҳри Аралу оби тоза"-ро худ "бофта" бошад.
Вале натиҷааш пӯч буда, ба ин чам, ки Баҳри Арал дорад фано мешавад! Чӯлҳо меафзоянду пиряхҳо мехӯшканду Эмомалӣ ҳам, рӯ ба уфули абадисту мунтазири лаънати пойдори абадии торихи навини тоҷикон!

Намонад ситамгори бадрӯзгор
Бимонад бад-ӯ лаънати пойдор!
 
Верх Низ