Сурайё Ҳасансултон - адиб, рӯзноманигор ва шоири тоҷик

1000057458.jpg

Сурайё Ҳасансултон (номи пурра — Сурайё Ҳакимова; таваллуд — 8 майи соли 1980, деҳаи Қаракчиқуми ноҳияи Конибодом, вилояти Суғд) — адиб, рӯзноманигор, шоир ва адабиётшиноси маъруфи тоҷик, номзади илмҳои филология (2010). Ӯ узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз соли 2008 ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз соли 2020 мебошад.

Фаъолияти рӯзноманигории худро соли 2004 дар рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» оғоз намуда, то ба мансаби муовини сармуҳаррир расидааст. Дар баробари мақолаҳои таҳлилӣ, ӯ дар соҳаи илмӣ низ фаъол буда, баъди хатми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар бахши рӯзноманигорӣ, таҳқиқоти илмии худро дар мавзӯи «Вижагиҳои иҷтимоии шеъри муосири тоҷикӣ» анҷом додааст.

Сурайё Ҳасансултон инчунин дар соҳаи ҳунар таҷриба дошта, дар филми «Тангно» (Суғдсинамо, 2017) нақши модари Армон — Розияро иҷро кардааст.

Муаллифи чандин китоби шеър ва пажӯҳишҳои илмӣ буда, аз ҷумла:

«Даричаи умед» (2010),

«Шеър, ҳунар ва иҷтимоъ» (2018),

«Даст ба дасти орзу» (2019),

«Чиҳил дарси Камол» (2020),

«Гӯшвори гелос» (2021),

«Валси сапеди офтоб» (2022),

«Ҳақиқат аз равзанаи замон» (2022),

«Зане, ки бо раҳи хуршед меояд» (2025).


Сазовори ҷоизаҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон «Падида» (2015) ва ҷоизаи журналистони вилояти Суғд ба номи Ҳоҷӣ Содиқ (2021) гардидааст.
 

Вложения

  • FB_IMG_1749872490035.jpg
    FB_IMG_1749872490035.jpg
    73,6 КБ · Просмотры: 0
Последнее редактирование модератором:
Ғазали ишқи Сурайё зи ғамат дард кашид,
Ранги ҳиҷрони ту дил бо қалами зард кашид.
Оташи меҳри маро кушт зимистоннигаҳат,
Гармии бовари ман, боз дами сард кашид.
Рӯҳу ҷонам пури зангорғами танҳоист,
Рухи ойина зи бемеҳрӣ фақат гард кашид.
Ишқи мо, он чӣ ба ҷуз дард биёвард, чӣ буд?
Хотири фоли вафо " ҳеч наёвард" кашид.
Ба ҷасорат ва ғурури зани танҳо нарасӣ,
Бори андуҳи ту чун ҳиммати як мард кашид.
Бо тарозуи адолат бизанад чарх фалак,
Зи азал кор чунин буд: Касе кард... кашид!
Сухани нағз ба поёни ғазал меҷустам,
Зи луғатнома дилам, вожаи "баргард" кашид.
***
Сурайё
 
Гар вафояшро гирифтӣ, ёдҳояшро нагир,
Эй Худоям, хотири бемунтаҳояшро нагир.
Чун ғуруби орзу дорад тулуъ, аз ёди ман,
Офтоби хандаҳои дилрабояшро нагир.
Эй давои бедавоӣ - марги уммеди висол,
Дардҳои бо ғами ман ошнояшро нагир.
То хаёли нағзи ӯ лаззат диҳад девонагӣ,
Аз ҷунуни ҷони ман ҳолу ҳавояшро нагир.
Гарчӣ чун хоки сияҳ, бе ҳеч савдое фурӯхт,
Аз дили ман ишқ, ишқи бебаҳояшро нагир.
Лаҳзаи илҳом, чархи осмони шеъри ман,
Вожа- вожа ҷилваҳои босафояшро нагир.
Эй савоби оташи ишқе, ки моро сӯхтӣ,
Аз Сурайё ҷаннати дӯзахнамояшро нагир.
***
Сурайё
 
Аз нигоҳи ишқрези ту хумор омӯхтам,
Беқарориро зи чашми интизор омӯхтам.
Бовари субҳи умеду ҳам бақои зиндагӣ,
Аз вафои ошиқи шабзиндадор омӯхтам.
Ғунча - ғунча гул шавам то дар нигоҳи орзу,
Гулшани хушрангии фасли баҳор омӯхтам.
Сабз будан, ҳадяҳои обии дарёи ишқ,
Аз сахои бебаҳои обшор омӯхтам.
Ёр гуфто: инқадр бо дилбарӣ дил мебарӣ,
Ҷони ширин, аз Шумо ин тарзи кор омӯхтам.
Пеш аз он ки аҳд кардам, қавл додам бар касе,
Дар дили худ маънии қавлу қарор омӯхтам.
Сарбаландиҳои худро бо дили бекинаам,
Аз сафои осмони буғубор омӯхтам.
Дар шумори дӯстонам панҷаҳоям шуд зиёд,
Бо хиёнатҳои эшон ихтисор омӯхтам.
Ҷуз Худову ҷуз худам, бовар накардан бар касе,
Аз фиребу аз шикасти бешумор омӯхтам.
***
Сурайё
 
Дӯст медорам нигоҳи ишқро аз чашми ту,
Ҷазбаҳои бепаноҳи ишқро аз чашми ту.
Оташи барқи нигоҳам вом мегирад ба шавқ,
Офтоби субҳгоҳи ишқро аз чашми ту.
Мешиносам дилбарӣ, ғоратгариҳои туро,
Ҳам савобу ҳам гуноҳи ишқро аз чашми ту.
Достони интизорӣ менависад нав ба нав,
Чашмҳои чори роҳи ишқро аз чашми ту.
Бо муҳаббат сабзу обиву гулобӣ мекашам,
Ман гули рухсори моҳи ишқро аз чашми ту.
Гар биёӣ хандаи пурнози мо берун кунад,
Ғуссаву андӯҳу оҳи ишқро аз чашми ту.
Бо садоқат мекунам такрор иқрори дилам:
-Дӯст медорам нигоҳи ишқро аз чашми ту!
***
Сурайё
 
Назад
Верх Низ