Сурайё Ҳасансултон - адиб, рӯзноманигор ва шоири тоҷик

1000057458.jpg

Сурайё Ҳасансултон (номи пурра — Сурайё Ҳакимова; таваллуд — 8 майи соли 1980, деҳаи Қаракчиқуми ноҳияи Конибодом, вилояти Суғд) — адиб, рӯзноманигор, шоир ва адабиётшиноси маъруфи тоҷик, номзади илмҳои филология (2010). Ӯ узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз соли 2008 ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз соли 2020 мебошад.

Фаъолияти рӯзноманигории худро соли 2004 дар рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» оғоз намуда, то ба мансаби муовини сармуҳаррир расидааст. Дар баробари мақолаҳои таҳлилӣ, ӯ дар соҳаи илмӣ низ фаъол буда, баъди хатми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар бахши рӯзноманигорӣ, таҳқиқоти илмии худро дар мавзӯи «Вижагиҳои иҷтимоии шеъри муосири тоҷикӣ» анҷом додааст.

Сурайё Ҳасансултон инчунин дар соҳаи ҳунар таҷриба дошта, дар филми «Тангно» (Суғдсинамо, 2017) нақши модари Армон — Розияро иҷро кардааст.

Муаллифи чандин китоби шеър ва пажӯҳишҳои илмӣ буда, аз ҷумла:

«Даричаи умед» (2010),

«Шеър, ҳунар ва иҷтимоъ» (2018),

«Даст ба дасти орзу» (2019),

«Чиҳил дарси Камол» (2020),

«Гӯшвори гелос» (2021),

«Валси сапеди офтоб» (2022),

«Ҳақиқат аз равзанаи замон» (2022),

«Зане, ки бо раҳи хуршед меояд» (2025).


Сазовори ҷоизаҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон «Падида» (2015) ва ҷоизаи журналистони вилояти Суғд ба номи Ҳоҷӣ Содиқ (2021) гардидааст.
 

Вложения

  • FB_IMG_1749872490035.jpg
    FB_IMG_1749872490035.jpg
    73,6 КБ · Просмотры: 0
Последнее редактирование модератором:
Аз ҳуши маснуӣ хоҳиш кардам, ки ба ин шеър оҳанг бандад ва сарояд, чанд суруд пешниҳод кард, ки якеаш бештар писанд омад, манзуратон месозам.
Оташи ишқи дурахшонаш,
Шуълаи хуршеди чашмонаш,
Гармии меҳри фаровонаш,
Гултабассумҳои хандонаш,

Медиҳад оромиши дунё,
Модарамро сахт пазмонам!

Банди ишқаш мавҷи озодӣ,
Дар нигоҳаш хонаи шодӣ,
Набзи қалбаш ритми ободӣ,
Ў агар оғўш бикшодӣ,

Мерасад оромиши дунё,
Модарамро сахт пазмонам!

Ҳарфҳои шаккару қандаш,
Саҳл бошад мумтанеъ пандаш,
Ҷони бо фарзанд пайвандаш,
Бар ҷаҳони дард лабхандаш,

Мешавад оромиши дунё
Модарамро сахт пазмонам!
***
Сурайё
 
Ангубинӣ, нобу ширинӣ асалҷони худам,
Лаззати қанди лабат шаҳди фаровони худам.
Бар муҳаббат даст боло карда дилро бохтам,
Шодии таслими худро дида, ҳайрони худам.
Як табассум кори худро кард, дил аз мо рабуд,
Мемурам бар хандаҳоят, дузди хандони худам.
Аз маҳи рӯям намегӯям... шаби мӯям, ки ҳаст,
Мешавӣ девонаи зулфи парешони худам.
Захмҳоятро, ки аз теғи ҷудоӣ дидаӣ,
Ман табобат мекунам бо бӯсадармони худам.
Ҳеч кас ҷуз ман надорад ҳаққи чашмони туро,
Аз манӣ ту, сарви болоям, фақат з-они худам!
Осмони ишқи худро ту Сурайё ном деҳ,
Офтоби субҳи фардо, бош кайҳони худам.
***
Сурайё
 
Аз нигоҳи сабзи чашмонат бипурс,
Аз чӣ созад бар дилам афзун ҷафо.
Содаву осон чу барқи шуълабор,
Аз чӣ оташ мезанад ҷони маро?

Теғи абрӯи сияҳкорат чаро?
Бетараҳҳум мешикофад синаро,
Миҷагонатро намепурсӣ чӣ кард?
Ин дили садпораву бекинаро.

Аз хатои дилҷудоиҳо бипурс,
Аз чӣ раҳми интизориҳо накард?
Дар биёбони ғами Лайлои ман,
Қайси ошиқ беқарориҳо накард?

Мастии лаъли лаби хандони ман,
Чун шароби сурх дар ҷоми ту буд.
Ту дили шӯридаи худро бипурс,
Бо ҳама девонагӣ роми кӣ буд?
***
Сурайё
 
Миёни ҷодаи сарбастаи ғамҳо,
Зи дарди ту наметарсад дили танҳо.
Наметарсад зи таҳдиде, ки меояд,
Зи дасти ғуссаву бераҳмии дунё.

Наметарсад зи андӯҳе, ки афзун аст,
Ҷафо гарчӣ зи ҳадди хеш берун аст.
Наметарсад дили Лайлӣ чу медонад,
Мукофоте барояш ишқи Маҷнун аст.

Наметарсад дил аз тақдири пешонӣ,
Чу бовар дорад ӯ бар лутфи Яздонӣ.
Раҳи бахти сапедат мешавад пайдо,
Муҳаббатро агар ту раҳнамо донӣ.

Наметарсад дилам аз ҳиллаи душман,
Чу хору хас бувад дар домани гулшан.
Надорад ҳеч парвои ҳасудонро,
Ба тилло кай баробар мешавад оҳан.

Наметарсад дилам аз ишқ варзидан,
Тавонад аз бадӣ ҳам нағзро дидан.
Бигӯям бар ту асрори ҷасоратро?
Ба ҷойи гиряҳо омӯхт хандидан!
***
Сурайё
 
Ҳоло ки ман мафтуни ту дунё ҳама афсунгар аст,
Бо хандаи чашми сияҳ ҷодуи ишқат дигар аст.
Бо ҷазбаи қонуни дил, ҳай дилрабоӣ мекунӣ,
Парвандаи дуздии ту дар қайди садҳо дафтар аст.
Бар ақл гуфтам, ки ту ҳам бар дил насиҳатҳо бикун,
Гуфто, чӣ гуфтан метавон ҳоли худам ки бадтар аст.
Шаҳдухтари ишқи маро бо бӯсае бедор кард,
Бархобиғафлатрафтаро дору фақат ишқи тар аст.
Ман ҷуз муҳаббат давлате бо худ надорам аз азал,
Дар синаи шайдои ман як кӯзаи пургавҳар аст.
Гоҳе табассум мекунӣ, дунё чароғон мешавад,
Лабханди ту бар ҷони ман, хуршеди сурхи ховар аст.
Аз сидқ мепурсӣ маро, бо меҳр мегӯям ҷавоб,
Шарти муҳаббат дар вафо, дар барг- барги бовар аст.
***
Сурайё
 
Зодрӯз муборак шаҳбонуи шеъри тоҷик!

Ғазали дӯстдоштанӣ аз Фарзона
***
Бар наҷоти ман садоятро фирист,
Ҷазбаи одамрабоятро фирист.
Раҳ кушо бар гумраҳони бечароғ,
Кавкаби фардонамоятро фирист.
Ҷуйборам, ба таяммум карданам,
Марҳамат кун, гарди поятро фирист.
Эй нигоҳат номаи тамдиди субҳ,
Номаҳоят, номаҳоятро фирист.
Даҷлаам, берун зи соҳил медамам,
Баҳри таскинам кабоятро фирист.
Мағфират кун ин гунаҳтаркибро,
Раҳмати бемунтаҳоятро фирист.
Ишқ гуфтам дар лачанзори касиф,
Ёр, ишқи кибриёятро фирист.
Гарчи бе посух нишинӣ дар фалак,
Чуни чуни ман, чароятро фирист.
 
Мешиносад набзи ҷонам сози овози туро,
Чун танини ишқи зебо бар суроғи ман биё.
Дар алови меҳрубонӣ гарм кун оғӯши худ,
Сандалии кунҷи дилро ҷои ту бошад ҷудо.
Бо табассум раҳнамо шав бахтро бар ҷонибам,
То намирад зиндагӣ бешавқ дар чашмони мо.
Ҳаст тӯфони нигоҳатро аҷаб оромише,
Як назар кун, инқилоби сурхро барпо намо.
Ошиқонро сарбаландӣ бо садоқат мерасад,
Обрӯи қиссаи Лайливу Маҷнун аз вафо.
Дар ҳавои шавқ гарчӣ сода бинмояд ҷунун,
Сахт дорад тугмаи банди дили моро ҳаё.
Эй азизам, то Сурайё нағзи нағзи нағз бош,
То намонад дар ману ту бар бадиҳо ҳеч ҷо.
***
Сурайё
 
Шаби торики танҳоӣ.
Дилам дар печ –печи ғуссаву андӯҳ гирён аст.
Сукути хона фарёде, зи дилтангист
Садои хандаҳоятро дару девор пазмон аст.
Шумори лаҳзаҳои бе ту буданро
Зи тик-тикҳои соат мешавам пурсон.
Ба милюн мерасад шояд...
Намедонад ҳисобашро
Надорад дардҳо поён.
Куҷо оғоз анҷоми ҷудоиро?

Дар ин зулмоти танҳоӣ
Ба боли ёдҳои ту
Хаёламро диҳам парвоз
Ба самти нур
Ба самти орзуҳоям
Ба самти лаҳзаҳои дур
Ки бошам дар канори ту.
Ба сӯят даст меёзам.
Ва набзи дастҳои ту ба қалби ман
Чӣ шӯре мекунад барпо.
Ва мурғак медамад аз шавқ
Саро пои муҳаббатро.

Дар ин андӯҳи танҳоӣ
Нафас андар гулӯям танг мемонад.
Дилам аз сина берун меравад гӯё
Ба сӯят мекушоям бол
ба сӯи ишқу озодӣ
ба сӯи гулшани шодӣ
ба сӯйи он дару дарвозаҳое, ки
ба рӯйи ман ту накшодӣ.

Дар ин оғӯши танҳоӣ
Ки хомӯшист исёнаш, туро меҷӯяму аммо
Канорам як бағал холист ҷои ту.
Ва ашки чашмҳои ман ба ҳасрат мезанад лабханд.
Тафаккур мекунам, оре
Зи дарде гиря кардан кори осон аст
Ба авҷи ғуссаҳои хеш хандидан ҷавонмардист!

Шаби торики танҳоӣ.
Дубора мезанам лабханд
Ба пазмонии хуршеди нигоҳи ту
Сафои субҳи дидори садоқатро кунам бовар.
Садои зиндагӣ аз дур меояд...
Ба фикрам, тифлаки ҳамсоя мегиряд.
Ва модар ҳам
Чароғи хонаашро мекунад равшан!
***
Сурайё
 
Боз мехоҳад нигоҳатро таманнои дилам,
Ақли ман аз чӣ надорад ҳеч парвои дилам?
Бӯсамуштоқии лабҳои базеби ёрро,
Ҳаст савғо бар ҷунуни Қайси Лайлои дилам.
Дар навори хотири қалбам муҳаббат бардавом,
Лаззте дорад аҷаб чашми тамошои дилам.
Медарад пироҳани сабрам ба дасти орзу,
Эй басо ширин ҳавсҳои Зулайхои дилам.
Решапайванд аст нахли ҷони ман хуршедро,
Шулавар бошад умеди субҳи фардои дилам.
Аз дили танги ҷудоӣ бар ту мегӯям салом,
Ту Самарқанди манӣ, ҳастӣ Бухорои дилам.
Хандаи рангинкамони шодии умри туям,
Ҳадяе аз осмон... балки Сурайёи дилам!
***
Сурайё
 
Шуълаи барқи нигоҳи ту зи хуршед баланд,
Оташи чашми ту созад шарари ишқ дучанд.
Эй ки бо ҳасрату ҳиҷрони фузун месӯзӣ,
Сӯзи ҷонам накунад ҳеч ғаму дард писанд.
Интизорӣ чӣ қадар маззаи ширин дорад,
Асали ноб бувад, лаззати дидор чу қанд.
Беқарорӣ надиҳад ҳеч муроде... оре,
Ту куҷо дида, ки бесабр диҳад гӯш ба панд.
Гиряву шоми сияҳро бикун аз хеш бурун,
То расад субҳи сафо, бо дили ойина биханд.
На, шикоят накунам, з-он ки фаромӯш шудам,
Ба мақоме нарасад, он ки набардошт лаганд.
Бо садоқат бикунӣ пур ту луғатномаи ишқ,
Вожафарҳанги муҳаббат надиҳад ҷой ба фанд.
Он қадар васф намудӣ нигаҳи нози маро,
Ошиқи чашми Сурайёст, кунун нисфи Хуҷанд!
***
Сурайё
 
Рӯҳи ман гоҳо
бо хамӯшиҳои пурисён
Инқилоби сабз мехоҳад
бар алайҳи дарди танҳоӣ,
бар алайҳи ин ҳама бедодии қисмат,
бар алайҳи зиндагии пучу бемаъно,
бар алайҳи фурсате, ки бемуҳаббат меравад чун тир
аз канори рӯди умри мо.

Зиндагиро маънии комил агар ишқ аст,
пас чаро дар чашмҳои духтари ҳамсоя ҳасратро
ҳалқа-ҳалқа гиря дорад бевафоиҳову фанди ёр?!
Пас чаро ин дастҳои зӯри шавҳарҳо
бар хушунат мекунад одат?!
Ашки чашми тифлакон ҳам мешавад дарё...

Дар сари кӯҳи баланди бетафовутӣ
аз ману ту мешавад оғоз бемеҳрӣ.
Дар дили шаб кӯчаҳои шаҳр олуда
пои виҷдонро намебинад хиёбонҳо.

Субҳи содиқ мерасад, аммо
бонуи рӯбанда ғур-ғур мекунад бо худ
- "Ин қадар ин одамон чиркин?!"...

Зиндагиро маънии комил агар ишқ аст,
пас чаро дар шоми тори зиндагии хеш
дар тарабхона
духтари зебои донишҷӯ
пеши марди пир мерақсад барои пул...
Мешиносӣ дар нигоҳи пурбаҳона
ақли кӯтоҳи ҷавониро?!

Зиндагиро маънии комил агар ишқ аст,
пас чаро дар шоми тори ҷанг
субҳи умеде надорад тифли озодӣ?!
Мо ҳанӯз аз хеш безорем,
оҳанеро тир мезозем,
сулҳро бо хуни одам ранг мебахшем.

Инфиҷори ақл мегӯяд:
Аз ғамам бар рақс нафрат!
Аз дилам бар ҷанг нафрат!
Аз замон бар тир нафрат!...

Зиндагиро маънии комил агар ишқ аст,
пас чаро ин рӯҳи пурисён
ҳафт ранги шодии дунё намехоҳад
ҷуз ғами хокистарии хеш,
ҷуз ғами афсурдагии хеш бо дили танге, ки пазмон аст.
Бар ҳамон чашме, ки бо худ бурд
ишқро ҳам орзуҳоро...

Ман нигоҳи обии пуришқ мехоҳам зи чашмонат!
Лолаҳои сурх мебахшам умедамро.
Инқилоби сабзи ҷони ман паёме бо худаш дорад...

Зиндагиро маънии комил фақат ишқ аст!
Зиндагиро дӯст бояд дошт!
***
Сурайё
 
Як лаҳза бурун аз дили шӯридаи мо шав,
Сад тавба, хато гуфтаму дар дида баҷо шав.
Лайлову Зулайхои замон бош дили ман,
Бо сидқ ҳаводору харидори вафо шав.
Аз кунҷи лабам бӯси ҳавоӣ бифиристам,
Бо оташаки нағма бисӯз обу адо шав.
Эй шавқ, ки аз раҳ бизанӣ сабру таҳаммул,
Чун лолаи сурхи рухи мо шарму ҳаё шав.
Бар бовари фардои гули сабзи муҳаббат,
Эй набзи дилам, фурсати тамдиди бақо шав.
Дар хуб шудан ҳеч бадӣ нест, азизам,
Фориғ зи ҳасад, фикри баду чуну чаро шав.
Саршор шавад чашмаи илҳом, Сурайё,
Мадюни ҳама марҳамати лутфи Худо шав.
***
Сурайё
 
Сурайё Ҳакимова: Ман ба ин дард ошиқам

ФАСЛИ ЯКУМ:
Шиносоӣ

Рӯҳи ман гоҳо
бо хамӯшиҳои пурисён
Инқилоби сабз мехоҳад
бар алайҳи дарди танҳоӣ,
бар алайҳи ин ҳама бедодии қисмат,
бар алайҳи зиндагии пучу бемаъно,
бар алайҳи фурсате, ки бемуҳаббат меравад чун тир
аз канори рӯди умри мо...

Ин мисраъҳо маҳсули эҷоди ҳамсуҳбати навбатии ман Сурайё Ҳакимова, рӯзноманигор, устоди рӯзноманигорони ҷавон ва шоири зебоиспарасту нозукбин ҳастанд.

Ҳамин мисраъҳо муаллимаро ҳамчун мусоҳиби хуб ва дорои андешаи аҷиб шиносонданд.

Ҳамин масраъҳо сабаб шуданд, ки ба муаллима доир ба пайраҳаи эҷодашон суҳбат кунем.

Танҳо ҳамин мисраъҳо...

Фасли дуюм:
Аз имрӯз оғоз мекунем...

- Ҳоло пайи кадом корҳоед ва як рӯзатон чӣ гуна мегузарад?

- Зиндагӣ дорам. Меомӯзам, меомӯзонам, менависам. Як рӯзи ман дар донишгоҳ бо шогирдон ва бештари вақт дар рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” мегузарад.

- Имрӯзҳо дар бораи чӣ бештар фикр мекунед?

- Дар бораи он ки “зиндагӣ воқеан зебост”.

- Оё инсон метавонад фикр накунад?

- Албатта, не.

- Имрӯз зиндагӣ кардан душвор аст?

- Бибиям мегуфтанд, ки хешро ба шикоят кардан одат мадеҳ. Агар чизе писанд нест, барои ислоҳи он талош кун. Аз шикоят кардан муроде ҳосил намешавад. Ҳеч вақт нагуфтаам, ки зиндагӣ душвор аст, гарчанде осон нест, ҳар лаҳзаи зиндагӣ имтиҳон, талош ва мубориза аст.

- Имрӯзатон хуб аст ё дирӯзатон хуб буд ва ё умед доред, ки фардо хуб мешавад?

- Аз дирӯзи хеш афсӯс намехӯрам, аз ҳар чӣ гузашт - шикасту ноомадиҳову бурду музаффариятҳо, аз ҳар кадом таҷриба гирифтам, омӯхтам! Аз имрӯзи хеш розиям ва ба ояндаи беҳтар умед дораму талош.

Фасли сеюм:
ПАЙРАҲАИ УМР

- Муаллима, дар чӣ гуна оилаву муҳит таваллуд шудаед?

- Дар оилаи омӯзгор ба дунё омадаам. Падарам омӯзгор дар дабистон буданду модарам мураббӣ дар кӯдакистон. Ҳар ду имрӯз бознишаста ҳастанд ва давлати пирӣ меронанд.

- Бештар ба кӣ рафтаед: ба падар ё модар?

- Агар аз рӯи мушоҳидаҳои худам гӯям, ба ҳар ду шабоҳат дорам, ҳам аз симои зоҳирӣ ва ҳам аз нигоҳи ботинӣ. Аммо дигарон мегӯянд, ки дар ботину зоҳир бештар ба падарам шабоҳат дорам.

- Кадом сухани волидон роҳнамои зиндагиатон шудаанд?

- Падарам мегуфтанд “нағз-нағз хон духтарам, хонӣ одам мешавӣ”!

- Ҳар он чизе, ки волидонатон ба шумо намуданд, оё шумо имкони ба фарзандонатон кардан доред?

- Шукри Худованд бо дастгирии волидон таҳсил кардам, маълумоти олӣ гирифтам ва то имрӯз низ аз меҳрубониҳояшон бебаҳра нестам. Он чӣ аз падару модар гирифтам, дуои хайр, дастгирӣ, эътимод ва боварӣ аст, ки ба фарзандонам низ аз ман хоҳад расид.

- Чаро соҳаи мушкил – рӯзноманигориро интихоб кардед?

- Ҳар коре, ки дӯст медорӣ, мушкил нест. Ман фикр намекунам, ки рӯзноманигорӣ касби мушкил бошад. Фақат истеъдод ва кӯшишу ҷасорат мехоҳад.

- Роҳи тайкардаатон албатта осон нест, зеро ба омӯзиш, омӯзонидан, эҷод, вазифаи модарӣ ва ғайра алоқаманд аст. Оё метавонед бигӯед, ки ин роҳ ҳамвор буд?

- Албатта, не. Аммо ҳамин роҳи пуршебу фароз маро пухтатару қавитар намудааст. Афтодаму бархостам ва аз хатоҳо омӯхтам.

- Кадом мушкилоти зиндагӣ шуморо қавӣ ё баръакс рӯҳафтода кард?

- Аввалҳо аз кӯчактарин мушкиле, ки ба сари ман меомад, рӯҳафтода мешудам, аммо баъдтар дарк кардам, ки саодати рӯзгори ман дар дасти худи ман аст ва касе муваззаф нест, ки маро муваффақу хушбахт созад ба ҷуз худам. Дарки ҳамин нукта бароям хеле муҳим буд.

- Аз зиндагии доштаатон, аз касби интихобкардаатон розиед?
- Сад дар сад розиям.

ФАСЛИ ҶОРУМ:
Муҳаббат ва садоқат

- Хеле хушбахтем, ки шуморо дорем, зеро ҳам фаъолияти амалии журналистӣ доред ва ҳам дар донишгоҳ ба бачаҳо дарс мегӯед. Албатта, ин барои бачаҳо хуб аст, зеро шумо барояшон намуна ҳастед. Бигӯед, ки барои шумо ин корҳо ёрирасони ҳамдигар ҳастанд ё халалрасон?

- Ман ҳамеша бар ин назар будаму ҳастам, ки рӯзноманигороне, ки бевосита дар васоити ахбори омма фаъолияти амалӣ доранд, бештар барои шогирдон розҳои ин касби ҳамеша рушдкунандаро бозгӯ карда метавонанд. Барои худи ман яке ба дигаре кӯмак мекунад ва ҳамдигарро пурра месозад. Ман барои бачаҳо меомӯзонам ва баробари онҳо худам низ меомӯзам.

- Кори рӯзноманигорӣ рӯз аз рӯз беҳтару осон ё бадтару душвор шуда истодааст?

- Беҳтару осонтар шудааст. Ҷаҳонишавӣ, татбиқи технологияҳои муосир, рушди соҳаҳои нав ба нави журналистӣ ин ҳама имконияти фарох ва майдони густурдаро барои фаъолияти рӯзноманигорӣ муҳайё мекунад.

- Чи шуморо маҷбур мекунад, ки саҳар ба кори газета биёед?

- Муҳаббат ва садоқат ба касб ва газета.

- Оё кори рӯзнома, ки ҳоло бештар мардум дар фазои маҷозӣ матлаб мекобанду мехонанд, барои шумо дилгиркунанда нест?

- Не, балки фикр мекунам, ки мо бояд ҳамеша ҷавогӯ ба хостаҳои хонандаи хеш бошем. Пас мо, бояд бо газетаи худ ба фазои маҷозӣ оем. Дар ин ҳолат шакли электронии газетаҳо метавонад ҷойгузини шакли чопӣ бошад.

- Рӯз аз рӯз шумораи ихтисосҳои журналистӣ дар макотиби олии кишвар зиёд мешавад, ин хуб аст ё бад?

- Ҳамеша назари нек бояд дошта бошем, албатта хуб аст, барои он ки омода намудани журналист чандон кори саҳлу сода нест. Фикр мекунам, рақобат боиси рушд аст.

- Бо донишҷӯи имрӯз кор кардан душвор нест?

- Бо донишҷӯёне, ки бо мақсади рӯзноманигор шудан ба донишгоҳ меоянд, кор кардан душвор нест, балки хеле шавқовар аст, аммо мутаассифона, на ҳамаи донишҷӯён барои журналист шудан таҳсил мекунанд.

- Доир ба фаҳмиш ва қалам, донишҷӯёни имрӯз аз 5-10 сол пеш чӣ тафаввут доранд?

- Фаҳмиши донишҷӯён нисбат ба 5-10 сол хеле пеш рафтааст, аммо дар қалам як андоза камтаваҷҷуҳӣ эҳсос мешавад. Барои қаламкаш шудан истеъдод ва маҳорати асил лозим аст.

- Муаллим бояд ҳамқадами замон бошад ва худро доимо такмил диҳад, шумо ин корро чӣ гуна мекунед?

- Бале, дуруст мегӯед, бахусус вақте муаллим аз касбе дарс мегӯяд, ки ҳар рӯз дар ҳоли рушд кардан ва тағйир пазируфтан аст. Худтакмилдиҳиро бо омӯхтан ва иштирок дар курсҳои такмили ихтисос ба даст меорам.

- Аллакай ҳис мекунед, ки аз миёни донишчӯён журналистони машҳуру маҳбуб ва соҳибқалам мебароянд?

- Бале, муаллим ҳамин истеъдодро дорад, ки дарк мекунад кадом шогирди ӯ соҳибкасб мешавад. Замоне ки донишҷӯ будем, муаллимаи мо Раъно Бобоҷонова гуфта буданд, ки аз миёни шумо шаш нафар дар журналистика бештар муваффақ хоҳад шуд. Аммо номи касеро ба забон нагирифта буданд. Дар ҳақиқат, ҳоло мо шаш нафар ҳамсабақон дар ин соҳа фаъолият дорем.

ФАСЛИ ПАНҶУМ:
Паноҳ аз бори зиндагӣ

- Шеърҳои шумо дар фазои маҷозӣ хеле хуб пазируфта мешаванд. Бигӯед, ки аз кай бо қаламу коғаз шинос ҳастед?

- Аз наврасӣ ба адабиёт муҳаббат дорам, ба қаламу қоғаз замони донишҷӯи ишқ пайдо кардам.

- Илҳом чӣ гуна ба суроғатон меояд?

- Ҳамаҷову ҳарвақт, ки хост меояд, аммо бештари вақт гоҳе, ки дар танҳоӣ қадам мезанам, замоне ки хӯрок мепазам.

- Шеър гуфтан барои шумо маънии хос дорад?

- Бале. Аз бори зиндагӣ паноҳ ҷустан, аз маънии ҳастӣ ва ишқ лаззат бурдан.

- Шеърҳоятон бозгӯи ҳолати доштаатон ҳастанд ё дар умум фикрҳои дидаву шунида?

- Кам андар кам ҳолати шахсиам дар мисраъҳоям ифода меёбанд, балки бештари маврид ҳосили бардоштҳо, мушоҳидаҳост. Аслан “ман”-и шоир “мо”-ест, ки хонанда пайдо мекунад.

- Шеър метавонад як қаҳрамон дошта бошад?

- Албатта, метавонад ва ҳам наметавонад, инро худи шоир медонад.

- Навиштан дард аст, оё боре кӯшиш кардед, ки давое ёбед?
- Ман ба ин дард ошиқам!

- Шумо чӣ гуна мувозинатро байни воқеият ва бадеият месозед?

- Ба ин кор рӯзноманигор буданам кӯмак мекунад.

- Мегӯянд вақти дилтангӣ ва ба чизе эҳтиёҷ доштан эҷодкор беҳтар менависад. Оё ин рост аст?

- Бале, дили шеър дард аст.

- Пешрафти технология ва махмул шудани фазои маҷозӣ ба шеъру шоир таъсири манфӣ намерасонад?

- Не, шояд бештар аз ҳар вақт нуфуз ва эътибор пайдо кунад, зеро миёни ин ҳама маҷозҳо инсоният дар ҷустуҷӯи самимият хоҳад буд.

ФАСЛИ ШАШУМ:
Роҳе, ки худ интихоб кардем

- Чаро мо ба дунё омадаем?

- Ҳар кас барои коре ба ин дунё меояд. Гап дар сари ин аст, ки мо рисолати хешро дарк карда метавонем ё на.

- Ба фикри худатон чӣ рисолат доред дар ин дунё?

- Инсон будан. Модари хуб будан, ба фарзандош тарбияи дуруст додан. Шеъри мондагор гуфтан.

- Куҷо равонем?

- Ба ҳамон роҳе, ки худ интихоб мекунем.

- Ҳамеша мефаҳмем, ки мегӯянд: “Ишқ зебост”, зебоии ишқ дар чӣ зоҳир меёбад?

- Дар шинохти хеш ва садоқат ба худ.

Мусоҳиб
Ҳ, ТОҲИРӢ,
"Фараж"
 
Саршори ғазал саҳфаи девони нигоҳат,
Сад маснавии ишқ шавад чашми сиёҳат.
Гӯям ба ту эй шавқ, савоби ту дар ин аст,
Ҷуз меҳру муҳаббат, ба Худо, нест гуноҳат.
Поён бибарӣ шоми ғаму сӯзи ҷудоӣ,
Бо хандаи хуршеди лабу рӯи чу моҳат.
Дар мотами умеди вафои ту нишастам,
Куштаст маро ваъдаи имрӯзу пагоҳат.
Аз ғусса куҷо роҳи раҳо? Ёр бигуфто:
Дар сояи меҳри дили ман ҳаст паноҳат.
Дар қаҳри ту ҷонам, чӣ қадар рашки ту ширин,
Аз ишқ бигӯяд ситами гоҳ ба гоҳат.
Гуфтам ба Сурайё дигар аз дард нагӯӣ,
Бар гӯши фалак кай бирасад гиряву оҳат.
***
Сурайё
 
Бар дили танге, ки пазмони нигоҳи туст,
ман чӣ сон гӯям, намеоӣ...
Ман чӣ сон бар ғунчаҳои сабзи уммедам,
бар вафову бар садоқатҳои испедам,
бовари фардои гулрухсори хуршедам,
аз паёми тирамаҳ гӯям, ки борон аст дар шаҳри ҷудоиҳо!

Аз дили танге, ки пазмони нигоҳи туст,
ман ба санги хораи сурхи даруни синаат пинҳон,
ошкоро як суоли содае дорам.
Дар шаби хокистарии зулмати ҳиҷрон,
шуълаи субҳи саодатро,
дар дили оташ ҳимоятро,
ҷониби боло ҳидоятро,
ишқро... ту мекунӣ бовар?

Чун дили танге, ки пазмони нигоҳи туст,
ҷони ман бар тан намеғунҷад.
Беқарорӣ мекунад исён,
бо пару боле, ки парвозист,
дар қафас будан чӣ сангин аст,
марги тадриҷист
осмон аз дур
дар назар гӯё, ки наздик аст.

Ман чӣ сон бар чашмҳои интизори хеш мегӯям?!
Мо сароби бахтро дидем,
дар раҳи бемеҳрии қисамат!
Дар раҳе, ки нест оғозе ба поёнаш,
ҷодаи мо боз танҳоист.
Интизорӣ бо дили хуншор мепурсад:
Кай ту меоӣ?!
***
Сурайё
 
Ҳеч медонӣ, ки дар мағзи хаёлам ҷо шудӣ?
Ҳокими мутлақ, ба шаҳри ёди мо дунё шудӣ.
Хӯша- хӯша гандуми ҷонам ҳавас дорад туро,
Донаи сарсабзии ишқи дили шайдо шудӣ.
Бар наҷотам аз тасодуфҳои сурхи зиндагӣ,
Чун чароғакҳои сабзи раҳнамо пайдо шудӣ.
"Шоири ошиқ", ба мо унвони фахрӣ додаанд,
Аз замоне қаҳрамони шеърҳои мо шудӣ.
Чун тавонистӣ барӣ ақли маро дар банди худ,
Бо кадомин шева моро соҳиби танҳо шудӣ?
Бо чарову чуни худ кардам шикоятро зиёд?
Ин гунаҳ дар гарданат, кам- кам ту бепарво шудӣ.
Гуфт: -"Мезебад ба ту зулфи парешонат, кушо...
Ваҳ чӣ зебо, моҳи равшан дар дили дарё шудӣ".
Бенизомиҳои набзи ҷон муборак гаштааст,
Бо Сурайё ишқ омад, лоиқи фардо шудӣ!
***
Сурайё
 
Дар бӯсаи ту лаззати ҳалвои Бухорост,
Хушмаззаву чун себи Самарқанд гуворост.
Бар дарди муҳаббат чӣ тавон гуфт, ба ҷуз шукр,
Ишқ аст, ки бо шодии ғам тантана орост.
Аз раҳмату аз шафқату аз меҳр напурсем,
Дар сина туро он чӣ тапад мармари хорост.
Кай сабру таҳаммул ба сар ояд шаби ҳиҷрон?
Дар сӯзи ниҳон, он чӣ ба ҷон нест, мадорост.
Сад бор ҷафо карду ба як лутфи муҳаббат,
Маҷунуни дилам дилбару дилдору дилорост.
Қалбе, ки ба ҷуз ишқ надорад ба бисоташ,
Дар кулли ҷаҳон камбағали аз ҳама дорост.
Гуфтӣ, ки равам ё наравам ошиқи дидор,
Пурсида нашин нози маро, хезу биё рост.
***
Сурайё
 
Мову ту ғайри муҳаббат аҳли коре нестем,
Гар набошад ишқ аввал, дар шуморе нестем.
Дар вафодорист фахри марду зан боэътибор,
Бесадоқат лоиқи ҳеч ифтихоре нестем.
Дӯстдорӣ қудрати бемунтаҳои будан аст,
Меҳри беохир набошад, иқтидоре нестем.
Дар муҳаббат шарти аввал бовар асту ростӣ ,
Ин дуро бо мо надорӣ? Ҳамҷаворе нестем!
Ғунчаи нози маро қимат баланд асту бидон,
Булбулони пурҳавасро гулузоре нестем.
Соати девори танҳоӣ ба фурсат меравад,
Лаҳза гӯяд, дар шитоби беқароре нестем.
Борҳо афтодаам бар чоҳи ёронканда, лек
Садди роҳи ҳеч кас, деворхоре нестем.
Саҳфа-саҳфа шеъри ғам девони дарди мо нашуд,
Эй Сурайё, шоири овозадоре нестем.
***
Сурайё
 
Бар давоми ҳасрати худ гиря мехоҳам, ки нест...
Бори дигар қисмати ман,
орзуро мекушад бо дасти ту.
Бо ҳамон дасте, ки бовар дошам,
мекушояд баҳри ман дарвозаҳои бахтро.
Бо ҳамон дасте, ки бар рӯи дилам,
нахли уммеди саодат кишта буд,
аз саройи зиндагисози вафо,
лолаҳои сурхи бовар чида буд.

Бори дигар қисматам писханд зад,
бар мани хушбовари дилсодае,
бар мани бар ишқи ту дилдодае,
бар мани дар доми ту афтодае.

Бар давоми ҳасрати худ гиря мехоҳам, ки нест...
чашмҳоям дар биёбони ғамат хушкидаанд,
дар сароби баҳри бепоёни ишқ,
ашкҳоям ғарқ шуд.

Эй азизи бевафои ман чаро,
ишқро оварда бо лабханди худ,
офтоби осмони дил шудӣ,
рехтӣ бо хандаҳои дилрабо,
дар булури ҷони ман ту субҳро?!

Ҷо шудӣ дар мағз-мағзи хотирам,
эътимоду эътибори ман шудӣ,
ифтихору иқтидорам, соҳиби комилҳуқуқи
чашмҳои интизори ман шудӣ.

Лек ҳоло...
дар ғуруби офтоби орзу биншастаам,
шоми тор омад дубора бар дарам.
Як ҳақиқат аз дурӯғи ту бигуфт,-
чашми хоби зиндагӣ бедор шав, афсона поён мерасад!

Ғуссаи хунобаи сурхи дилам,
вожа-вожа дардҳоро мечакад ашки қалам.
Оташи ишқат ҷаҳаннам гаштааст,
не тавони зиндагӣ кардан маро,
не маҷоли баъди ту, мурдан маро!

Бар наҷоти ишқ аммо,
Мутмаинам, мешавӣ ту...
нӯшдору баъди марги Сӯҳроб!
***
Сурайё
 
То ошиқи ҷодунигаҳи чашми Шумоем,
Бо шӯру шари шавқи худ аз ишқ сароем.
То ёди ту хурсанд кунад хотири моро,
Аз ғуссаву андуҳу ғаму дард ҷудоем.
Гуфтӣ, зи ғамат мурдаму боз ой табибам,
Мо дарди ту, оре, ва туро боз давоем.
Сайёраи меҳрам, ватани сидқ дили ман,
Дар шаҳри садоқат ҷигари аҳли вафоем.
Гар чатри сафоро накушоӣ дами борон,
Селобаи ғам кушта маро сӯи фаноем.
Лабханд чу омӯхт ба мо зиндадилиро,
Бо лутфи муҳаббат ҳама дам шӯху балоем.
Мо дузди ҳунарманд, бале, таҷриба кардем,
Бо ними нигаҳ нозкунон дил бирабоем.
Дар шеъри Сурайё ба ҷуз аз ишқ магар ҳаст?
То ошиқи ҷодунигаҳи чашми Шумоем.
***
Сурайё
 
Назад
Верх Низ