Сурӯди лесак

  • Автор темы Амруллоҳи Низом
  • Дата начала
А

Амруллоҳи Низом

Билеседу билесед, боз билесед,
Ҳам дар хонаву ҳам дар майхона билесед.

Билеседу билесед, билеседу билесед,
Шаб дар хобу рӯз дар бедорӣ ҳам билесед! (нақора)

Ҳой сарварони лесек,
билеседу билесед,
сари вазифаву ҳам
дур аз курсӣ билесед.

Билеседу билесед, билеседу билесед,
Шаб дар хобу рӯз дар бедорӣ ҳам билесед! (нақора)

То ҷон дар бадан доред, билесед,
Ҳар чӣ тавон доред билесед, билесед,
Ҳам кафши сиёҳу ҳам
Рӯйи сиёҳашро билесед.

Билеседу билесед, билеседу билесед,
Шаб дар хобу рӯз дар бедорӣ ҳам билесед. (нақора)

Он бути сиёҳ,* ки ин қадр мелесед,
Ҳам дар кӯчаву ҳам дар бозор билесед.

Билеседу билесед, билеседу билесед,
Шаб дар хобу рӯз дар бедорӣ ҳам билесед. (нақора)

Гар шаб дар хобу рӯз дар бедорӣ ҳам билесед,
Он бути сияҳ кай парво дорад, ки зикуҷош мелесед?

Билеседу билесед, билеседу билесед,
Шаб дар хобу рӯз дар бедорӣ ҳам билесед. (нақора)

Эзоҳ, ман на шоираму не даъво дорам. На дуруст қофия мешиносаму на баҳрҳои арӯз... аммо чун дидам, ки ин чанд рӯзи ахир ҷаноби Абдуқодир Талбаков аз ҳад зиёд мелесед ва дар ҳасрати расидан ба курсие месӯзад, бо илҳом аз лесиданҳои эшон ин шеъргуна бадоҳатан гуфта шудааст.

* Бути сияҳ, маъбуди худсохт, аммо ин ҷо ишора ба ҳамон кафши сиёҳ аст, ки маълмулан Эмомалӣ Раҳмон мепӯшад.
 
Верх Низ