Шикоят ба Бонки “Душанбе Сити”

  • Автор темы Автор темы Зайналобидин Расулзода
  • Дата начала Дата начала
З

Зайналобидин Расулзода

Ман, муштарии оддии шумо, рӯзи 5 сентябр дар терминали №09133 воқеъ дар маҳаллаи Садбарг ба ҳамёнам маблағ гузарониданӣ шудам. Маблағи гузошташуда 8900 сомонӣ буд. Мутаассифона, терминал маблағро руст кард ва пас аз гузашти 10 рӯз як қисми маблағ, яъне 1000 сомонӣ, баргардонида нашуд.
Дар ин муддат ман ду маротиба ба маркази асосии “Душанбе Сити” ва як бор ба филиал муроҷиат кардам. Аммо ҷузъ ваъдаҳои холӣ, ҳеҷ амале анҷом дода нашуд. Илова бар ин, оператори шумо бо муштарӣ дағалона муносибат карда, ҳатто телефонро ба рӯям қатъ кард.
Савол ба роҳбарияти “Душанбе Сити”:
То кай чунин ҳуқуқпоймолӣ ва беэътиноӣ ба муштариён идома меёбад?
Савол: оё бонки ба номи калон амалкунанда ҳақ дорад маблағи мардумро ин тавр ба гарав гирад ва хомӯш нишинад?
Ман ва дигар муштариёни зиёди шумо умед дорем, ки роҳбарият ба ин масъала ба таври ҷиддӣ расидагӣ намуда, маблағи пурраи гумшуда баргардонда шавад. Мо низ ҳуқуқ дорем, ки аз хизматрасонии босифат ва муносибати одилона баҳравар бошем.
Ман талаб дорам:
1. Боқимонда маблағамро фавран баргардонед.
2. Ба чунин муносибати ғайрикасбӣ ва дағалонаи кормандон расидагӣ кунед.
Агар роҳбарият ба доди муштариён нарасад, мо маҷбур мешавем ин масъаларо ба расонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мақомоти дахлдор расонем.

Маблағи мардум – бозиҷа нест!

Бо норозигии ҷиддӣ,
Муштарии зарардида Садуллоев Зайналобиддин
 
Назад
Верх Низ