Шоир: -> Шараф Пайдовар Умарзода

  • Автор темы Шараф Пайдовар Умарзода
  • Дата начала
  • Теги
    Нет
Ш

Шараф Пайдовар Умарзода

Меҳмон
Фалак шуд дидааш гирён, халоиқ сӯзи ҷонат ку?
Ҷаҳон шуд дӯзахи сӯзон, фурӯғи дидагонат ку?

Ҳаво бас торику абри хаёлам мекунад гиря,
Малоик шиштаву ҳайрон, Худои Ломаконат ку?

На гулро хилъату бӯе, на булро тоқи абрӯе,
Чаман шуд зеби хористон , гулистони дамонат ку?

Намеҷӯяд касе худро миёни бастаи илме,
Раҳат торику зулмистон, нишони бенишонат кӯ?

Замини сабз шуд боришгаҳи тиру камону марг,
Дар ин бунгоҳи шарристон, ҳабиби меҳрубонат кӯ?

Аналҳақ , косаи сабри фалак лабрези оҳи халқ,
Бидон рӯзе шавад яксон, қаиқу бодбонат ку?

Тани дарманди ин дунё надорад ҷойи ободӣ,
Куҷо соҳибсари дармон, сафо андар замонат ку?

Яке дар роҳи шайтонӣ, яке бо изни Раҳмонӣ,
Агар соҳиби имонӣ ,тавофи хонадонат ку?

Шикастӣ дар ҳавои Лайлӣ аҳди ошиқонро чанд,
Зи Қайси Лоязал мепурс, ки подоши хиёнат ку ?

Аё ,эй моҳ, рӯзе ту шавӣ садпораву хомӯш,
Намепурсӣ маро дигар, ки хуршеди каёнат ку?

Ба пирӣ бардаридандӣ, гиребони пушаймонӣ,
Ҷавониро, ки мепурсад, гули боғи хазонат ку?

Забонҳо шӯру бесоҳиб, ҳавои анҷуман хокӣ,
Куҷоӣ Саъдии эъҷоз , бигӯ ,қанди забонат ку?

Басоҳо каллабарбоде, ҳавои ,,Бустон" дорад,
,,Гулистон"- ро чӣ мепурсӣ, ки панду достонат ку?

Саломи субҳи Пайдовар , занад гулбонги бедорӣ,
Аё ,эй бандаи ғафлат, бигӯ, бонги азонат ку?


Шараф Пайдовар Умарзода

20.12.2023.
 
Верх Низ