‼️‼️Шеърборон

R

Rahmatullo Muhammad

Меҳмон
✅️
Панҷ ғазал аз Лоиқ Шералӣ
Мо баҳри дилшиносон шеъру тарона ҳастем,
Баҳри навошиносон чангу чағона ҳастем.
Гӯянд шоири хуб фарзанди даври хеш аст,
Баҳри замоншиносон мо худ замона ҳастем.
Мо кӯҳзода, аммо дилҳои нарм дорем,
Дар тангнои кӯҳӣ дил бекарона ҳастем.
Гар рӯди деҳаи мо бар баҳрҳо нарезад,
Дарёи дил хурӯшон, мо худ равона ҳастем.
Он қадр ҳам ҷадиду он қадр ҳам қадимем,
Гоҳе ҳақиқати кул, гоҳе фасона ҳастем.
Аз мост сарбаландӣ, аз мост низ пастӣ,
Гаҳ осмона ҳастем, гаҳ остона ҳастем.
Он ҳафт марди шоир чун Ҳафтдодаронанд,
З-онҳо чу осмони ҳафтошёна ҳастем.
* * * * * *
Сар ба пои зиндагӣ бинҳода мемирем мо,
Зода меҳнатзода меҳнатзода мемирем мо.
Зиндагӣ ҳарчанд гирдоби мураккаб метанад,
Сода-сода зиста, ҳам сода мемирем мо.
Маҷмаи айбу ҳунар будем агар дар зиндагӣ,
Бо ҳама айбу гунаҳ озода мемирем мо.
Мастии мо ҳастии мо буд, на пастии мо,
Соғаре бинем агар бебода, мемирем мо.
Дигарон ҷон дода мемиранд дар дасти аҷал,
То маҷоли вопасин дил дода мемирем мо.
Мисли марди қуллапаймое, ки маргаш қулла аст,
Аз баландии сухан афтода мемирем мо.
* * * * * *
Одамизодам, барои одамин ҷон меканам,
Канда шуд гар риштаи ҷоне зи кин, ҷон меканам.
Ахтаре гар канда шуд аз осмон, тақсир нест,
Гар умеде канда шуд андар замин, ҷон меканам.
Сад ҳазорон Ковусу Кай мон, ки аз тахт уфтанд,
Рустаме гар уфтод аз тахти зин, ҷон меканам.
Бо садои хандаи ҳар кас дилам гул мекунад,
Баҳри ожанги рӯи нозанин ҷон меканам.
Бингарам ҳар ҷуфти ошиқро, зи нав ошиқ шавам,
Бишнавам ҳар ҷо видои вопасин, ҷон меканам.
Чун Уитмен бо ҳама бемор таб гирад маро,
Бо ҳама миранда дурам ё қарин, ҷон меканам.
То даме як барг дар боғи умедам пар занад,
Баҳри фардои Ватан мисли Хатин ҷон меканам.
* * * * * *
Чу як пири хирад мирад, бимирад ҷумла осорам,
Чу як ҳамсоли ман мирад, гаронтар мешавад борам.
Дарахте бишканад, гӯӣ миёнам бишканад, эй дод!
Чу фикре барғалат бошад, шавад афгор афкорам.
Агар пои касе лағжид, хуни дил хӯрам шабҳо,
Ки гӯи ман хатокорам, ки гӯи ман гунаҳкорам.
Чу ман аз тухми деҳқонам, бисабзад то ҳама кишташ,
Наборад абр агар борон, сиришк аз дида меборам.
Ман он ҷонбози давронам, ман он дилсӯзи ёронам,
Кашам озор аз сад мору мӯреро наёзорам.
Агар як лаҳза ношукри ҳамин давру замон бошам,
Сияҳбахтам, сияҳрӯзам, сияҳрӯям, сияҳкорам!
Ба ғурбат дида эй бас беватанҳои ҳақиру зор,
Ҳазорон шукр кардам, ки Ватан дорам, Ватан дорам.
* * * * * *
Сад баҳрро гузаштаму дар соҳилам ҳанӯз,
Сад боғ мева чидаму беҳосилам ҳанӯз.
Сад бандро кушодаму растам зи сад бало,
Накшодааст уқдаи банди дилам ҳанӯз.
Сад марг пушти сар шуду сад дард сарнагун,
Дар ҳифзи хеш он қадар ноқобилам ҳанӯз.
Бишнида асрҳои аср андарзи шоирон,
Касби камол кардаву нокомилам ҳанӯз.
Як умр роҳ ҷӯставу як ҷо ситодаам,
То осмон паридаву по дар гилам ҳанӯз.
 
Верх Низ