Шеърҳои ҳаҷвӣ

Admin

ТОҶИКОН ФОРУМ
Основатель проект
Регистрация
24.01.2023
Сообщения
1 394
Шеърҳои ҳаҷвӣ, таронаҳо бо лаҳҷаи кучаги бо ханда
 
Рӯзи иди Валентин,
Бону ба ру ранг мекард.
«Афсус, шинос кам дорам»
Гуфта худро ҷанг мекард.

Рӯзи иди Валентин,
Аз дил равад ғуссаҳо.
Пулҳо равад боке не,
За то монад буссаҳо!

Рӯзи иди Валентин,
Зери борон тар шудум.
Пешут табобат рафтум,
Якбора бадтар шудум!

Рӯзи иди Валентин,
Корҳо барор мегирад.
Лабҳо, ки ба ҳам омад,
Дилҳо қарор мегирад!

Хоҳӣ, ки ҷавон шавӣ,
Ҳам шӯху хандон шавӣ.
Бекор нашин, кор биёб,
Ошиқи пулдор биёб!!!

«Назира» аз Меҳрубон,
Аз Баҳром аст, «Фарангис».
Ҳама «зайнит», як холӣ,
Намеёбӣ ту ҳаргиз.

Яке масту девона,
Якеро баранд хона.
Яке сад солай созай,
Яке ҳар руз вайрона.

Ду тарафи ГЖК,
Ҳам дарёву ҳам рудай.
Барқа қиммат мекунанд,
Журналист, каппат дудай!

Дар раҳи Қараболо,
Чашмони хумор дорӣ.
Калькулятор овардум,
Гӯ, ки чандто ёр дорӣ!?

Дар роҳҳои Душанбе,
Садҳо одам метобад.
Ҳар кадом бо микроскоп,
Автобусро мекобад!
 
Барқи Тоҷик зиндагиям торик аст
Риштаи умри “светат” борик аст

Нархи барқат меравад то осмон
Чашм бикшову бубин, аҳволамон

Сол аз сол нарх боло мекунӣ
Зиндагиро оҳ расво мекуни

Хонаи нурӣ, вале рафтори ту
Ҳеҷ муносиб нест бар гуфтори ту

Халқро ғорат куни ҳар солу моҳ
То ба кай фарёду шеван,оҳу воҳ

Хизмати халку Ватан бояд намуд
Нарх бо таъби сухан бояд намуд

Нархро боло набар, боло набар
Илтиҷо дорам ба ту ҳоло набар

Ҳолу аҳволи муҳоҷирро нигар
Дарду ранҷи ҳар мусофирро нигар

Раҳм кун бар ҳоли мардони Ватан
Бош индам боли мардони Ватан

Барқи Тоҷик илтиҷо дорам туро
Руи дафтарҳои дил корам туро
Гар ту нархи барқ поён мекуни
То қиёмат дуст медорам туро

Комрони Аслон Соли 2015
 
Дирӯз таппак мезадӣ...

Дар калла ҳатто бод не, ин боданӯшӣ аз куҷо?
Бо пӯстғафсӣ ин ҳама чарминапӯшӣ аз куҷо?
Дирӯз бехомак будӣ, бекозаю бомак будӣ,
Ҳоло ба бозори ҷаҳон мошинфурӯшӣ аз куҷо?
Долар ба каф барги хазон, дуздӣ накардӣ? Рост гӯй,
Даври лабон кафки даҳон, дарёхурӯшӣ аз куҷо?
Дӣ будӣ беизораке дар кӯчаю бозораке,
Бо зеҳни кунду ақли кунд ин тундҷӯшӣ аз куҷо?
Дирӯз таппак мезадӣ, дар пода ҷуфтак мезадӣ,
Ай сустаку мустак бигӯ, ин сахткӯшӣ аз куҷо?
Дирӯз хомӯшак будӣ, оҷиз чу харгӯшак будӣ,
Имрӯз бонгат то фалак, ваҳйи сурӯшӣ аз куҷо?

(Лоиқ Шералӣ)
 
Назад
Верх Низ