- Регистрация
- 25.01.2023
- Сообщения
- 1 582
ОҚИ ПАДАР
Эй хоини оқи падар,
Бошӣ гадои дар ба дар,
Кам нестӣ аз дарди сар,
Бо по задӣ гӯри падар.
Ҳастӣ чу нахли бесамар,
Аз мурдаҳо ҳам мурдатар.
Имрӯз андар Аврупо,
Дорӣ ба як мушхона ҷо,
Дарди ту бошад бедаво,
Умри ту бошад бесафо.
Ҳастӣ чу нахли бесамар,
Аз мурдаҳо ҳам мурдатар.
Як рӯз зиндон мешавӣ,
Зори лаби нон мешавӣ,
Толиби эҳсон мешавӣ,
Аз худ пушаймон мешавӣ.
Ҳастӣ чу нахли бесамар,
Аз мурдаҳо ҳам мурдатар.
Нашносӣ қадри Пешво,
Рафтору пиндорат хато,
Бо номи дин, номи Худо,
Худро ҳамесозӣ фано.
Ҳастӣ чу нахли бесамар,
Аз мурдаҳо ҳам мурдатар.
Умрат ба базлу бозӣ рафт,
Доим ба шӯрандозӣ рафт,
Майлат ба ҳар носозӣ рафт,
Модар зи ту норозӣ рафт.
Ҳастӣ чу нахли бесамар,
Аз мурдаҳо ҳам мурдатар.
Афтода дар банди ҷунун,
Бар сӯйи мо ак-ак макун,
Дурӣ зи адвори фунун,
Гардӣ ту рӯзе сарнагун.
Ҳастӣ чу нахли бесамар,
Аз мурдаҳо ҳам мурдатар.
Эй хоини оқи падар,
Бошӣ гадои дар ба дар,
Кам нестӣ аз дарди сар,
Бо по задӣ гӯри падар.
Ҳастӣ чу нахли бесамар,
Аз мурдаҳо ҳам мурдатар.
Имрӯз андар Аврупо,
Дорӣ ба як мушхона ҷо,
Дарди ту бошад бедаво,
Умри ту бошад бесафо.
Ҳастӣ чу нахли бесамар,
Аз мурдаҳо ҳам мурдатар.
Як рӯз зиндон мешавӣ,
Зори лаби нон мешавӣ,
Толиби эҳсон мешавӣ,
Аз худ пушаймон мешавӣ.
Ҳастӣ чу нахли бесамар,
Аз мурдаҳо ҳам мурдатар.
Нашносӣ қадри Пешво,
Рафтору пиндорат хато,
Бо номи дин, номи Худо,
Худро ҳамесозӣ фано.
Ҳастӣ чу нахли бесамар,
Аз мурдаҳо ҳам мурдатар.
Умрат ба базлу бозӣ рафт,
Доим ба шӯрандозӣ рафт,
Майлат ба ҳар носозӣ рафт,
Модар зи ту норозӣ рафт.
Ҳастӣ чу нахли бесамар,
Аз мурдаҳо ҳам мурдатар.
Афтода дар банди ҷунун,
Бар сӯйи мо ак-ак макун,
Дурӣ зи адвори фунун,
Гардӣ ту рӯзе сарнагун.
Ҳастӣ чу нахли бесамар,
Аз мурдаҳо ҳам мурдатар.