📌САЛАВОТИ ШУКР

С

Сабрина

Меҳмон
(Ба ҳар касе, ки худро ба эъдом ҳукм карда)
Ба наҷоти ту, илоҳо, малаке расида бошад,
Саҳаре, ки нав дамида, ба ту ҳам дамида бошад.
Шафақи ҳазордастон зи фарози боғу бӯстон
Нахи зарпаранди худро ба раҳат танида бошад.
Нафаре кароматофар, нафаре саломатовар
Чу Масеҳи деркарда суи ту давида бошад.
Начакад зи пунба обе дами ҳарфи вопасинат,
Зи нав оби зиндагонӣ ба лабат чакида бошад.
Чу туӣ вуҷуди фардо, шунавӣ дуруди фардо,
Нафаси баҳори навро нафасат шамида бошад.
Сари риштаро биёбад, ки дубора боз бандад
Чу ту ҳар касе, ки яксар зи ҳама бурида бошад.
Ба саломатии ҷонат кӣ чӣ кор метавонад
Ба ҷуз ӯ, ки дар ҷабинат хати нек чида бошад.
Салавоти шукрро гӯ, нафаҳоти шукрро ҷӯ,
Ки дили ту то қиёмат дили навтапида бошад.
 
Верх Низ