ОРЗУҲОИ БОЗМОНДАИ ЛАТИФӢ

Хотираҳоро бояд навишт, то фаромӯш нашаванд. Пас менависам.

Отахон Латифӣ аз марг наметарсид, вале ҳанӯз дар фикри рафтан набуд. Намедонист ва бовар надошт, ки мардуми худаш ӯро мекушанд. 62 сол умр дид, вале мехост, боз даҳ ё понздаҳ соли дигаре зияд, ба мардумаш хидмат кунад, дилаш пур аз орзу буд ва ногаҳон рафту номае нагузошт. Вале ҳастии ӯ, корҳояш, дархостҳо ва орзуҳояш худ васиятанд ба ҳамаи мо. На танҳо ба мо, балки наслҳои дигаре, ки меоянд.

ШАХСИЯТИ ЛАТИФӢ

Албатта, ӯро беҳтар аз ҳама ҳамсараш, бонуи Манзура, ки баъд аз сари ӯ ду ҷилд китобе дар борааш мунташир кард, писаронаш Алихон ва Латиф, дӯстони наздику атрофиёни ҳамсол ва ҳамкораш мешинохтанду мешиносанд. Иттифоқан, аксари онҳо дар ин ёдномаҳо, ки дар Маскав ва Душанбе чоп шудаанд, хотираҳои худро гуфтаанд.

Ман ҳам ин саодатро доштаам, ки аз соли 1978, аз давраи ширкатам дар мафҳили журналистони ҷавон, ки устод бо вуҷуди серкории худ барои навқаламон таъсис дода буд, бо ӯ шинос бошам, ҳамчун шахси боэътимодаш дар интихоботи Шӯрои Олии СССР дар соли 1989, ҳамчун узви Раёсати Иттифоқи журналистоне, ки ӯ сарвараш буд ва узви Садорати Конфедератсияи иттифоқҳои журналистии ИДМ, ки бо пешниҳоди он кас интихоб гашт будам, бо ӯ аз наздик ҳамкорӣ кунам.

Дар интихоботи Шӯрои Олии Тоҷикистон дар соли 1990 баракс вай шахси мӯътамад ва аз пуштибонони ман буд ва дар солҳои 1994-1997 аз сарчашмаҳои хабарӣ ва мусоҳибони ман дар бозтоби гуфтушуниди сулҳи Тоҷикистон. Садҳо бор бо ӯ мулоқот кардаам ва ду дафъа дар давраи анҷуманҳои журналистони Иттиҳоди Шӯравӣ дар меҳмонсароҳои “Россия” ва “Украина”-и Маскав дар як ҳуҷра ба сар бурдаам. Биноан, метавонам, ба итминони комил бигӯям, ки кам ё беш ӯро аз наздик мешинохтам ва борҳову борҳо иттифоқ афтодааст, ки андешаҳои ӯро аз забони худаш бишнавам. Аммо инро ҳам бояд гуфт, ки дар оғоз ман ӯро ғоибона шинохтаам.

Дар мактаби миёна мехондам, дар синфҳои 9 ё 10, ки дар Масчо атрофи номи сармуҳаррири нашрияи ноҳия, шоир Усмон Олим моҷарое бархоста буд. Ё шояд ин моҷаро пештар ба вуқӯъ пайваста буду он вақт бархе аз тафсилоташ ба забони мардум афтода. Сӯҳбат аз ихтилофе миёни раҳбарони ҳизбӣ ва талошҳои истиқлолияту ҳақиқатгӯии Усмон Олим мерафт. Мегуфтанд, агар аз марказ Отахон Латифӣ омада, ба ин низоъ дахолат намекард, Олим на танҳо аз мақомаш ронда мешуд, балки шояд ба маҳбас меафтод. Зимни ин аз рӯйдоди дигаре ҳикоят мекарданд, ки Латифӣ журналисти дигари масчоӣ, хабарнигори “Ҳақиқати Ленинобод” Мулло Боқиро низ дар айни чунин як ихтилоф бо сарони вилоят наҷот додааст. Вале коммунистони сурх қазияро то раҳбари вақти ҷумҳурӣ, Ҷаббор Расулов бурдаанд ва Мулло Боқӣ маҷбур шудааст, ба Узбакистон фирор кардаву муддате он ҷо ба сар барад.

Ин ду журналист мақолаҳое навишта буданд, ки ғазаби раҳбаронро овардаанд. Ва дар ҳарду ҳолат Латифӣ тавонистааст, аз навиштаҳои онҳо ва худи онҳо дифоъ кунад. Он вақт ҳанӯз гумон надоштам, ки ман ҳам журналист мешавам, лекин симои Латифӣ дар зеҳнам шабеҳи як шахси тавоное буд, ки дар сахттарин лаҳза ба наҷоти инсонҳо мерасад ва аз сухани ҳақ ҳимоят мекунад.

Дертар, солҳои баъд, вақте ки бо корҳои Латифӣ ошноии бештар пайдо кардам, донистам, ки дифоъ аз бепаноҳон ва бечорагону дармондагон маънии зиндагии ӯ будааст. Шумораи онҳое, ки Латифӣ дар лаҳзаҳои сангини рӯзгор ба кӯмакашон расидааст, ҳадду ҳисоб надорад, зеро на касе онҳоро шумурдааст ва на худ одате дошт, ки некиҳои худро номбар ё ёдрас кунад.

Як аз онҳо, номаш, ба фикрам Иброҳим Маҳмудов, собиқ мансабдори ҳукумати Узбакистон, дар рӯзҳои интихоботи Шӯрои олии СССР бо ҳимоят аз номзадии Латифӣ, дар матбуоти Тоҷикистон навишта буд, ки Латифӣ бо як мақолааш дар “Правда” ӯро аз чанголи раҳбари пешини Узбакистон Шароф Рашидов наҷот дод ва азбаски дигар наметавонист, дар Узбакистон ба сар барад, боз ҳам бо ёрии Латифӣ дар Тоҷикистон паноҳ ёфт.

МАҚОЛАҲОИ НОТАКРОР

Дар солҳои донишҷӯям (1977-1982) ман аз ҷумлаи онҳое будам, ки ҳар мақолаи ӯро “ҳуруфхонӣ” мекарданд. Ҳар мақолаи ӯ байни мо, донишомӯзони бахши журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, сӯҳбатҳои дарозеро меангехт. Метавонистем, соатҳо, дар донишгоҳ ё хобгоҳ онҳоро таҳлилу таҳқиқ кунем ва гоҳе ҳам баҳсҳои мо то мушту гиребонгирӣ ҳам мерасид.

Навиштаҳои ӯ хеле осону шавқангез хонда мешуданд, ҳарчанд барои бисёре аз мо забони русӣ як забони мушкилу бегона буд. Ин мақолаҳо ва ҳатто хабарҳои кӯтоҳи ӯ як хосияти аҷиб доштанд, ки бо гузашти замон низ аз ёди мо намерафтанд ва бархе аз шарикдарсони ман порчаҳое аз ин мақолаҳоро тақрибан азёд нақл мекарданд.

Ҳар навиштаи ӯ, ки сохтори нав ва аҷибу ғайриодие дошта, саршор аз ҳикмату андарз, расму оин ва таъриху фарҳанги тоҷикон буд, таъсири амиқе ба мо мегузошт ва беҳтарин мақолаҳояшро баъд аз моҳҳо низ ба ёд меовардему таҳлил мекардем ва аз ӯ шеваи навиштан меомӯхтем. Навиштани маҳкаму мустаҳкам ва шавқовару хотирмон.

Ҳар яки мо, донишҷӯён, бисёр мехостем, ӯро аз наздик бубинем ва аз устодони худ, махсусан аз профессор Воҳид Асрорӣ хоҳиш мекардем, Латифиро барои як мулоқот ба донишгоҳ даъват кунанд. Аммо як навъ мухолифати ниҳоне ба ин дархости мо эҳсос мешуд ва бархе аз устодон мегуфтанд, сарони донишгоҳ ба чунин дидор ҳавасманд нестанд, зеро пас аз як мулоқот таҳти унвони “Ҷашни Петит” (“петит” – хурдтарин ҳарфи рӯзнома) донишомӯзони журналист барои моҳҳо таҳсилро тарк кардаанд.

Сабаб? Гӯё дар ҷараёни мулоқот Латифӣ ба донишҷӯён гуфтааст, барои журналист таҳсил дар синфхона масъалаи асосӣ нест, таҳсили онҳо бояд дар ҷӯши зиндагӣ, дар байни мардум гузарад. Журналист агар ҳама чиро омӯзаду зиндагӣ ва мардуми худро надонад, аз рӯзгори мардуми хеш дур бошад, ин мардумро дӯст надорад ва барои он насӯзад, диплому дониши китобияш ба кор нахоҳад рафт.

Ривоят мекарданд, ки Латифӣ ин суханонро гуфтааст ва пас аз он дар фокулта маҳшаре сар задааст. Устодон ҳар рӯз медидаанд, ки ними донишҷӯён дар синф нестанд, чун онҳо ба назди мардум рафтаанд.

Мо шоҳиди ин рӯйдод набудем, зеро он тахминан дар солҳои 1970-72 ба вуқӯъ пайвастааст. Аммо вақте дар соли 1977 таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ба номи В. И. Ленинро сар кардем, ин ривоят аз даҳон ба даҳон мегузашт. Дар соли дувуми таҳсил, мо чанде аз донишҷӯёни бахши журналистика, ки дар як ҳуҷраи хобгоҳ дар кӯчаи Нахимов мезистем, таҳти таъсири ин ривоят, кӯлбору дафтару қалам гирифта, боре ба Файзободу Ғарм, сипас ба Фархору Кӯлоб ва баъдан ба Регар сафар карда будем.

Мо ба автобус менишастему ба ин ноҳияҳо мерафтем, дар меҳмонхонаҳои маркази ноҳия ҷой гирифта, сипас байни мардум мегаштем, ба корхонаҳо ё колхозу совхозҳо мерафтем, бо коргарон ва кишоварзон сӯҳбат мекардем, аксҳо мебардоштем. Кӯшиш мекардем, чизҳое бинависем ва бархе аз навиштаҳоямон чоп ҳам мешуд. Аммо бештар аз ҳама кӯшиш мекардем, ба воқеияти атроф бо чашмони Латифӣ нигарем.

Солҳо баъд яке аз ҳамкоронаш, С. Зориян менависад: “Отахон Латифӣ яке аз хабарнигорони дурахшонтарин ва худвижаи мост. Вай аз мағзи мардуми худ берун омада буд ва бо обу ғизои хоки ватани хеш ба камол расида. Вай таъриху фарҳанги Тоҷикистон, эҷодиёти мардумӣ ва расму ойини тоҷиконро бо ҳама ҷузъиёташ медонанд. Ин дониш мавзӯъ ва муваффақияти беҳтарин корҳои соли 1970-и ӯро таъмин кард.”

МАҲФИЛИ ЛАТИФӢ

То соли 1982, яъне то замоне ки ман донишгоҳро хатм накардам, бо вуҷуди дархостҳои батакрори мо, Латифиро ба мулоқот даъват накарданд. Ба фикрам, баъдҳо низ чунин нашуд, ки нашуд. Шояд на ҳама Латифиро хуш доштанд. Суннати миллати мост, ки ба ҳунари шахс қоил будан маънии эътирофи он шахсро надорад. Одати миллати мост, ки аз бухлу ҳасад гоҳе мехоҳем, бо хурдтарин роҳ ҳам бошад, ба бузургони хеш неш занем ва худхоҳии хешро таскин бахшем.

Устодро ба мулоқоти мо даъват накарданд, вале чунин иттифоқ афтод, ки моро ба назди ӯ бурданд. Соли 1978 Латифӣ, ки он вақт хабарнигори пуровозаи “Правда” дар Тоҷикистон буд, якҷо бо шогирдаш Насрулло Асадуллоев, хабарнигори “Комсомолская правда” дар Тоҷикистон бо ташаббуси худ ва аз ҳисоби вақти шахсии хеш Маҳфили журналистони ҷавонро таъсис дод ва гурӯҳе аз донишҷӯёни солҳои гуногуни бахши журналистиро ба ин маҳфил даъват кард. Ҳеҷ яки мо намедонист, ин интихоб чӣ гуна сурат гирифтааст, аммо ҳама шоду сарафроз будем, ки ба чашми устод афтодаем ё касе ба ӯ чунин машварат додааст.

Ман, аз афти кор, аз рӯи мақолаҳоям дар “Комсомоли Тоҷикистон” ба ин маҳфил баргузида шудам. Он вақт буд, ки талош мекардам, навиштаҳои ман аз мақолаҳои дигарон фарқ дошта бошанд ва дар хотири хонанда бимонанд.
Ба ғайр аз ман, Сайидқосими Қиёмпур, Шукрисоҳиб Раҳматуллоев, Маназар Мазиёев, Мӯъмин Шокиров, Рустамбек Назриев, Шаҳобиддин Ҳақназаров ва чанде дигар ба ин маҳфил даъват шуданд. Яке аз Кӯлобу дигаре аз Хоруғ, яке аз Ванҷу дигарӣ аз Кони Бодом ва Панҷакент. Дар оғоз шумори мо зиёд буд, аммо баъзеҳо пас аз мулоқоти аввал ё дувум дигар ба нишастҳо наомаданд. Вале мо ҳар рӯзи шанберо бо беқарориву рӯзшуморӣ интизор мешудем ва ҳама нақшаҳои дигарро канор мегузоштем.

Дар маҳфилҳои аввал асосан вазъи журналистикаи тоҷик, шеваи кори журналистон ва орзуву ормонҳо баррасӣ мешуданд. Дертар тарҳи мақола ва пажӯҳишҳои мушаххас ба миён омад. Вале, зоҳиран, устод Латифӣ аз сатҳи донишу фаҳмиши мо нигарон буд. Ҳарчанд ошкоро чизе намегуфт, аммо дар мулоқоти савум ё чаҳорум тасмим гирифт, корро таври дигар ба роҳ монад. Вай ҳамаи моро ҷамъ мекард ва ҳама якҷоя ба мулоқоти намояндагони саршиноси ин ё он ришта мерафтем. Он ҷо, масалан, дар киностудия бо коргардон Валерий Аҳадов, дар устохонаи наққошӣ бо Сӯҳроб Қурбонов, дар Иттифоқи меъморон бо Рустам Каримов, дар коргоҳи эҷодияш бо нависанда Абдурофеъ Рабиев ва шахсони дигари номвару номдор ҳамсӯҳбат мешудем, аз корнома ва нақшаи онҳо огоҳ мегаштем.

Самараи кори маҳфил нашри мақолаи Шукрисоҳиб Раҳматуллоев дар рӯзномаи “Правда” ва гузориши Сайидқосими Қиёмпур дар “Комсомолская правда” буд. Баъдтар устод чанд бор ба сафар рафт, хеле серкор шуд ва маҳфилро мебоист Насрулло Асадуллоев раҳбарӣ мекард, аммо ӯ низ на ҳамеша сари кор буд ва ҳамин тавр маҳфили Латифӣ тадриҷан аз байн рафт. Аммо ончӣ мо дар ин маҳфил омӯхтем барои солҳои дароз моро кӯмак кард, то роҳи худро дар журналистика пайдо кунем.

ДАР БАЙНИ САТРҲО

Як намунааш дарёфти сабки вижаи Латифӣ буд, ки “навиштане дар байни сатрҳо” ном дошт. Манзур, ба иллати сензураи замони шӯравӣ бояд тавре навишт, ки ба ҷумлаҳои шумо эроде гирифта нашавад, аммо маъниеро, ки мехоҳед, баён доред. Худи устод ҳамин гуна менавишт. Аз навиштаҳои ӯ бисёриҳо ба хашм меомаданд, аммо ба ягон ҷумла чангак андохта наметавонистанд. Дар навиштаҳои ӯ ҳама чиз ҳисобшуда буд. Ончиро, ки ӯ бо ҳуруфи нонамоён дар байни сатрҳо менавишт, халқ бе душворӣ мехонд ва дарк мекард, вале мансабдорон дар муқобилаш чизе карда наметавонистанд.

Намунаи дигар – “захира кардани баъзе аз фактҳо”. Яъне набояд тамоми “тиру мушаку гулӯла”-и худро сарф кард, балки бархе аз онҳоро бояд нигаҳ дошт, то ҳангоми ҳуҷуми ҷавобӣ бесилоҳ намонд. Вай нақл мекард, ки баъд аз мақолае сарони Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ӯро даъват кардаву бо суолборону интиқод ҳадафи ҳамла қарор додаанд. Вай баъд аз хеле шикебоӣ гуфтааст, хуб, мумкин дар ин масъалаҳо ҳақ бо шумо бошад, ман ҳам шубҳа кардам ва ину ину он масъалаҳоро, ки факту далелаш дар дастам аст, ба мақола ворид нанамудам, агар онҳоро менавиштам, чӣ мешуд? Ё агар касе аз Маскав онҳоро бинависад чӣ? Шояд ин буд, ки мансабдорони вақт ӯро бад медиданд, аз ӯ метарсиданд, вале коре карда наметавонистанд. Албатта, сармуҳаррирони “Правда” низ ҳамеша пуштибонаш мешуданд.

Дареғо, Латифӣ монанди қаламкашони имрӯза озод набуд, ба гунае ки мехоҳад, бинависад ва ба чизе наандешад. Бозии ҳизб қоидаҳои худро дошт ва ҳамаро дар мушти хеш нигаҳ медошт. Танҳо онҳое метавонистанд, аз зери чунин фишор низ сухани ҳақро бигӯянд, ки кори худро хуб бидонанд ва ба ҳама гуна ҳамла омода бошанд. Он ташнагии оташини озодии баён буд, ки Латифиро дар ҳамон давраҳои шӯравӣ ба як шахси рӯҳан демократ ва озодандеш табдил доданд ва ҳангоме ки бозсозию ошкорбаёнии солҳои 1985-1992 фаро расид, вай аз тарафдорони ашаддии ислоҳот, демократия ва озодӣ шуд.

НУКТАИ АВВАЛИ ВАСИЯТ

Ҳоло ҳадс занам, ки агар ӯ боз солҳои зиёде мезисту пир мешуду дар болини марг васияти худро мекард, чӣ мегуфт.
Дар тазоҳуроти демократҳо ва рӯшанфикрон, ки баъд аз шикасти ГКЧП дар моҳи августи соли 1991 дар назди Театри опреа ва балети ба номи устод Айнӣ барпо шуд, Латифӣ, ба пиндори ман, нуктаи аввали васияташро баён дошт. Вай, ки аз ҳамаи омодагиҳои хадамоти махфии шӯравӣ огоҳ буд ва ҳарос дошт, ки пирӯзии ГКЧП ҳамаи пешрафтҳои ночизи тоҷиконро баҳам задаву беҳтарин рӯшанфикронро монанди солҳои сиюм ба коми марг мекашад, он вақт бо тамоми хашм ва нерӯ гуфт, агар одамоне дар Маскав метарсиданду ақибнишинӣ мекарданд, таърих ба самти дигар мерафт. Вай ба раҳбарону саромадони кишвари худ тамасхур зад, ки аз тарс мисли сангпушт сар ба дарун кашиданд. Ва бо руҷӯъ ба мардуми хеш хитобид: “Бояд тарсро аз даруни худ берун кард, бояд тарсро кашид аз вуҷуди хеш ва ба дур афканд. То замоне ки шаҳрвандон на аз қонун, балки аз мансабдорони давлат метарсанд, ҳеч пешрафте моро насиб намегардад.”

Шаҳрванд аз нигоҳи Латифӣ инсони комил, шахси босавод, ғамхори миллату ватан ва муборизи ҳақиқату адолат буд. Вақте ки вай аз “қарзи шаҳрвандӣ” мегуфт, ҳаргиз сокини одии кишвар ё фаразан, тоҷик буданро дар назар надошт. Вай орзу мекард, ки ҳар шаҳрванди кишвар дар кори ин кишвар ширкат кунад, масъулу ҷавобгари ҳар пешрафт ва ҳар нуқси ин кишвар бошад.

Марзҳои кордорӣ ва масъулиятро, ба гуфтаи ӯ, бояд қонун муайян кунад ва қонун бояд маҳак бошад, на ҳизбе, на гурӯҳе, на шахсе.

НУКТАИ ДУВУМИ ВАСИЯТ

Масъулияти шаҳрвандӣ буд, ки Отахон Латифӣ аз аввалинҳое шуд, ки роҳи сулҳи Тоҷикистонро ҷуст. Ба мақомоти Русия ва Созмони Милал номаҳо менавишт, тарҳу барномаҳои расидан ба сулҳро пешниҳод мекард.

Нахустин раҳбари ҳайати мухолифон дар гуфтушуниди сулҳи тоҷикон дар моҳи апрели соли 1994, мегуфт, кори бузурге сар шудааст ва худо кунад, ки тоҷиконро ба шармсории бештар набарад, балки муваффақ ва сарбаланд гардонад.

Дар ҷараёни гуфтушунид ва мулоқотҳои ғайрирасмӣ Латифӣ боисрор пешниҳод мекард, ки кори сулҳ аз узрхоҳии тарафҳо, тавбаи онҳо, бахшоишу омурзиш сар шавад. Вай фаротар аз ин мерафт ва мехост, сарони пешинаи ҷумҳурӣ, аъзои Ҳизби коммунист, мансабдорони гузашта бояд аввал аз ватан-модар, Тоҷикистони азизи худ, мардуми хеш узрхоҳӣ кунанд. Барои он ҳама азобу машаққате, ки бар сари ватани худ оварданд. Барои тамоми ҷиноятҳои замони шӯравӣ. Барои ҳабсу куштору муҳокимаву муҷозоти ғайриқонунии сиёсатзадагони дирӯз ва имрӯз.

Дар кадоме аз марҳилаҳои гуфтушуниди сулҳ ин андешаи ӯро дуздиданд ва дар Тоҷикистон талошҳои ташкили Шӯрои ризоияти миллӣ ё чизе мисли ин роҳандозӣ шуд. Чанд ҳизбу гурӯҳак ва созмонҳои ҷайбии худро ҷамъ оварданду созишномаи ризоияти миллиро имзо карданд. Онҳо идеяи Латифиро ба хок заданд. Манзури Латифӣ ин набуд. Вай мехост, ҳама як ҷо ҷамъ шаванд ва ҳамаи гузаштаро бо далелу фактҳои мавҷуда матраҳ кунанд, як навъ додгоҳи маънавӣ, додгоҳи виҷдон ҷараён гирад. Як бор ин додгоҳ рӯшан кунад, ки сабаби ин ҳама бадбахтиҳои миллати тоҷик чӣ буд ва кӣ ё киҳо гунаҳкоранд. Мебоист, гунаҳкорон ё намояндагони зиндаи онҳо дар назди Ватану миллат ба ин айбномаҳо посух медоданд ва сипас, додгоҳи виҷдони миллати тоҷик гуноҳи онҳоро мебахшид. Он гоҳ мебоист, садои тавба баланд мегашт. Он гоҳ мебоист, садои савганди миллии ҳамагон баланд мешуд ва баъд аз омурзишу бахшоиши умумӣ ризоияти миллӣ ҳосил мегашту қадаме ба суи оянда бардошта мешуд.

Айнан монанди нуктаи аввали васияти устод – берун афкандани тарс аз дилҳо ва итоат ба қонун, на ба шахсони алоҳида, нуктаи дувуми васияти ӯ — омурзишу тавба ва ризоияти миллӣ — ҳарду то ҳол ба иҷро нарасидаанд. Маълум нест, кай ворисони Латифӣ, васияти ӯро ба ҷо хоҳанд овард. Пас, равони ӯ осуда нест ва осуда нахоҳад буд, то замоне ки васияташ иҷро шавад.FB_IMG_1710870112600.jpg
 
С

Салим Аюбзод

Меҳмон
“ШУМО ЯГОН ХЕШИ ОЛИМПУР НЕСТЕД?”

Аз Муҳиддини Олимпур дарди сахте дар дил дорам. Дарде мисли як тир, ки диламро шикофтааст, он ҷост ва ҳеч ҷарроҳие онро берун кашида наметавонад. Ин дард ҳамеша бо ман аст. Номаш набахшидани хештан. На, касе нестам, чизе нестам, ҳеҷам, вале бо ин ҳама худро намебахшам, ки хоҳишашро ба ҷой наовардам.

Ба гумонам, аввалҳои декабр буд, ки ба воситаи касе бароям пайғом дода, то зангаш занам. Серкорӣ баҳона, намедонам, чаро зангаш назадам. Гуфтам, фардо, гуфтам, ҳафтаи оянда, вале занг назадам. Баъд ногаҳон хабари маргаш расид...

Ҳоло мешавад гуфт, он солҳо зангҳои байнулмилал кори осоне набуд, дар хашм шуд, ки чаро худаш аз дафтари Би-би-сӣ ба ман дар Прог занг назад ё ҳар чизи дигар, вале ҳеч гапу баҳона дигар чизеро тағйир нахоҳад дод. Ман барояш занг назадам ва ӯ кушта шуд ва ман намедонам, Муҳиддин ба ман чӣ гуфтанӣ буд ва ҳаргиз инро нахоҳам донист. Барои ин ҳаргиз худамро намебахшам. Охирин хотираи ман аз ӯ ҳамин гуна талх дар комам хоҳад монд ва ҳамчун дарди сахте дар дилам, тири заҳрогине дар мағзи он то мурданам.

Ҳазорон ҷӯр ҳадс мезанам, оё чӣ гуфтан мехост? Шояд муҳимтарин чизеро бароям гуфтанӣ буд? Васият? Ё эҳтимол чизе дар бораи корҳои родиёи мо? Ягон тарҳи якҷоя? Ё мавзуе, ки аз Душанбе гуфтанаш сахт буд ва ба ман пешниҳод мекард? Намедонам ва ҳаргиз нахоҳам донист. Ҳамин гуна суҳбати накардаи мо муаммо хоҳад монд. Шояд чизи муҳиме ҳам набуд. Агар буд, худаш занг мезад? Аммо ӯ солмандтар аз ман буд ва мебоист, ҳатман зангаш мезадам. Оҳ, агар медонистам, чанд рӯз баъдаш чӣ мешавад, албатта, зангаш мезадам. Аммо ин дигар ҳамон тир андар дили ман аст, ки ҳар бор номи Олимпур онро такон медиҳад ва ҳамаи пардаҳои дилам ба дард меоянд,

Талош мекунам, бо ёдбудҳои хуше, ки аз ӯ дорам, ин талхкомиро бартараф кунам. Хотираҳои ширин аз ӯ лак андар лаканд. Оваҳ, ана, якеаш. Боре аз дафтари худ, бахши иҷтимоӣ ва сиёсии “Адабиёт ва санъат” ба дафтари устод Адаш Истад рафтам. Эшон паси мизи худ нишаста буданд. Паси мизи дигар Муҳаммадзамони Солеҳ ва дар курсии рӯбарӯйи онҳо ҷавоне пиёлаи чой дар даст ва суҳбате дар ҷӯш. Салом додам ва ба он ҷавон хира шудам, чун хеле монанди Муҳиддин буд ва пурсидам, “мебахшед, Шумо ягон хеши Олимпур нестед? Додараш ҳастед ё ҷиянаш?”

Ин лаҳза аз қаҳқоҳи Адашу Муҳаммадзамон ва худи он ҷавон дафтар гӯё таркид. Хандае буд осмоншикоф!

-- Худашон ҳастанд, Олимпуранд! – Хитобиданд устод Адаш.

Ман лол мондам. Бори аввал буд, ки Муҳиддинро бе риш медидам. Як ҷавони зебо, бо манаҳи борик ва чашмони сиёҳи калон, воқеан нашинохта будам. Дар ёдам нест, чаро он вақт Муҳиддин ришашро тарошида буд, вале ҳамин гуна ҳодиса рух дода буд. Аз ҳаяҷон ҳамдигарро оғӯш гирифта будем ва ман батакрор узр мепурсидам, ки нашинохтам ва аз чеҳраи эшон чашм канда наметавонистам. Он кас гӯё одами дигар буданд, вале лабханд ҳамон лабханд. Аммо риши сиёҳи зебо барояшон салобат ва вижагӣ медод.

“Мо бо риши Шумо одат дорем”, гуфта будам ва дар посух инро шунида, ки “боке нест, ба зудӣ месабзад.”

***

Баъзе хотираҳои худро дар ёдбуди ӯ ин гуна навишта будам:

“Одамоне ҳастанд, ки ба хотири мо ҳамеша дар ҳоли лабханд задан падид меоянд. Бо лабханд дар ёди мо нақш бастаанд. Оё лаҳзаҳое буда, ки Олимпур хашмгин шуда бошад? Ё малулу афсурда?

Ҳаргиз. Ман боре ҳам ӯро дар чунин ҳол надидаам. Вай аз зумраи касоне буд, ки умед ба накӯӣ ҳаргиз таркашон намекард. Дар бадтарин лаҳзаҳо байтҳои Саъдӣ ва Ҳофизро ба ёд меовард. Дар бораи он ки мушкиле нест, осон нашавад ва даври гардон доиман яксон намонад.

Касе буд, ки аз камтарин хубӣ ба осмонҳо парвоз мекард ва бо дидани камтарин зебоӣ ба важд меомад, одати кӯдаконаи тааҷҷубу таҳайюрро набохта буд. Талош мекард, бештар дар миёни дӯстонаш ё дар байни одамони зебо бошад ва аз кинатузону бадчеҳрагон канора меҷуст.

Муҳиддини Олимпур то қарни “Фотошоп” назист, аммо аксҳояш на он вақт, на имрӯз ва на фардо ба тағйиру такмили электронӣ ниёз надоштаанду нахоҳанд дошт. Фарзанди навбаҳор, шаби 2-вуми марти соли 1946 ба дунё омада, тамоми умр, то дами қатлаш — шаби 12-уми декабри соли 1995, ошиқи ҷовидонаи баҳор ва зебоӣ буд.

Зебоии одамон, шаҳру деҳ ва кӯҳу дамани кишвар аз чашми зебошиноси ӯ пинҳон намемонд. Гоҳо дар интизори дамидани субҳ шабҳоро дар кӯҳу дашт саҳар мекард ва ё соатҳо лаҳзаи парвози кабке ё нигоҳи ғизолеро мепоид. Садҳо бор тугмаи дастгоҳашро пахш мекард, ҳазорон акс мегирифт ва аз онҳо якеро барои бинандаҳояш бармедошт.

Шоҳид будам, ки аз ин саҳнаи рақс ду навор акс гирифт, вале танҳо инро баргузид. Лаҳзаеро, ки дар нигоҳи бонуи арғуштӣ ишқ оташак зад.

Ин хушбахтӣ насибам буд, ки бо Муҳиддин солҳо дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” ҳамкор будам ва коргоҳи нигорини ӯ беҳтарин маҳфили шеъру достон ва рақсу мусиқӣ буд. Нодиртарин китобҳои чопи Эрону Афғонистон ва Амрикоро аз коргоҳи ӯ мегирифтем, нахустин клипҳои Гугушу Дориюш ё Сатторро дар коргоҳи ӯ тамошо мекардем, дар камтарин ҳолат моро ҳамеша пиёлае чой ё қаҳва ин ҷо бароямон муҳайё буд.

Чӣ афроди бузурге меҳмони коргоҳи ӯ мешуданд! Чӣ афроди зебову нотакроре. Аз дуру наздик, аз дохилу хориҷ. Баъд хабари марги муфоҷояш ҳазорон нафарро дар Аврупову Амрико такон дод, садҳо мисраъ шеър барояш марсия шуд. Рӯзномаи “Кайҳон”-и чопи Лондон навишт, Олимпур ва Осимиро оҷирони Узбакистон куштанд, зеро инҳо афроде буданд, ки барои таҳкими фарҳанги Тоҷикистон ва густариши равобити тоҷикон бо форсизабонони ҷаҳон бузургтарин хидматро мекарданд.

Овозхони машҳур Гугуш, ки дар зиндагӣ сахтиҳои зиёде дидааст, гуфт, рӯзи марги Олимпур бадтарин рӯзи зиндагияш будааст. Саттор ҳар сол дар иди Наврӯз аз Олимпур зикри хайр мекунад ва ба ёд меорад, ки бо талошҳои Муҳиддин аввалин овозхони эронӣ шуд, ки дарҳои Тоҷикистонро боз кард. Боқири Муин ёдномаеро ба форсию инглисӣ зери унвони “Бинишвари тоҷик” ба нашр расонд.

Моҳи октябри соли 2008 Додгоҳи Олии Тоҷикистон панҷ наврасро дар куштори Олимпур айбдор донист ва бархе аз онҳоро то ба 15 соли ҳабс маҳкум кард. Мегӯянд, қотилон ба амали худ иқрор кардаанд, аммо фармоишгар ё фармоишгарони ин қатл ифшо нашуданд. Ин панҷ нафар аз гурӯҳи Нозим дар ноҳияи Ваҳдат ва мусаллаҳони Иттиҳоди оппозисюни тоҷик будаанд. Маълум нашуд, барои онҳо чӣ зарур буд, шахсеро, ки аз сиёсат фарсахҳо канора меҷуст, ваҳшиёна ба қатл расонанд.

Бо вуҷуди ҳукми додгоҳ парванда ҳамоно нобоварбахш боқӣ мемонад. Ҷиноятпажӯҳон ва корогоҳон куштори Олимпур ва хабарнигори шабакаи русии ОРТ, Виктор Никулинро ба ҳам васл карданд ва онҳоро рӯйдодҳои ҳамсон номиданд, вале дар ҳоле ки Никулин бо гузоришҳои якҷонибаву шадидуллаҳнаш аз марзи Тоҷикистону Афғонистон метавонист, касе аз тарафдорони оппозисюни тоҷик ё қочоқбарони маводи мухаддирро ба хашм оварад, Олимпур дар фаъолияти хабарнигорияш кӯшиш мекард, ба мавзӯъҳои сиёсӣ ва ҳассос дахл накунад. Ва куллан низ ӯ мавзӯъҳои фарҳангиро хуш дошту аз низоъ, хусумат ва зиштиҳо фирор мекард.

Аз сӯи дигар ривояти инки чунин шахси боэҳтиёт чи гуна розӣ шудааст, бо афроди ношиносе аз коргоҳаш берун раваду ба мошини онҳо савор гардад ва он ҳам дар ҳоле ки дар кишвар ҷангу хунрезӣ идома дорад, низ шубҳабарангез мебошад.

Яке аз пизишкони осебшинос, ки дар колбадшикофии ҷасади Олимпур ширкат кардааст, мегӯяд, дар меъдаи ӯ палаве буд, ки шоми он рӯз ва соате пеш аз кушта шуданаш истеъмол шудааст. Ин нишон медиҳад, ки шояд ӯ аз зиёфате баргаштааст ва ё кушандагонаш пеш аз марг ӯро бо баҳонае ба нони шом бурдаанд. Вале дар таҳқиқи ҷиноӣ ба ин ҷузъиёт диққат дода нашуд.

Муҳиддин Олимпур аз пешоҳангони журнализми тоҷик буд ва дар давраи ҷанги дохилӣ дар ин кишвар аз соли 1992 то соли 1997 дар Тоҷикистон зиёда аз 70 журналист кушта шудаанд.

Шаби 12 декабри соли 1995 шояд он лаҳзае буд, ки Муҳиддини Олимпур ҳам ба хашм омад ва ҳам афсурдаву андӯҳгин шуд. Вай дар он лаҳзаҳо бепаноҳии комили инсони бузургро дар баробари мили силоҳи ҷоҳилон ҳис кард. Ғам хӯрд, ки дигар чеҳраи зебои фарзандонашро нахоҳад дид ва дурахши нигоҳаш дар оинаи дурбини аккосияш хомӯш гашт. Дигар зебоиҳои мардумашу мулкашро рӯи навор нахоҳад овард.

Дастони хунолуди шайтонӣ симои ӯро бо он лабханди зебояш аз манзараи умумие буриданду берун кашиданд, ки дар он фақат ҷасадҳо буданду ашку ғаму хуни баноҳақ. Акси ӯ ба ин манзара намегуфт. Акси ӯ ҷойи бениҳоят зиёдеро мегирифт…”

***

Худованд фурсат ва қувват диҳад, ёдбудҳои дигарро ҳам хоҳам навишт. Равонаш шод ва ёдаш гиромӣ бод он ягонаи давронро!
 
Верх Низ