Номаи шикояти Чавондухтарони донишчу аз ш. Душанбе

Г

Гость

Меҳмон
#Новости Шаби гузашта соати 21 бо ин мошини такси се нафар духтарон равон будем. Мо ҳама донишҷӯ ҳастем, 20-21 сола. Ҳангоми ҳаракат ронанда ба духтаре ки дар пеш нишаста буд ба аъзои баданаш даст дароз кард. Мо хаёл кардем,ки ин ҳодиса ногаҳон рух дод. Ман бошам дар қафои мошин нишаста будам. Вақте ки ба ҷои лозима расидем ман роҳкироро ба ронанда дароз кардам. Ронанда бояд бақияи пулро диҳад. Ронанда ба қафо нигоҳ карду пулро (бақияро) ба болои пойҳои ман монду зуд дасташро ба сӯи узви занонаи ман,ки дар байни по қарор дорад дароз кард. Байни ману ронанда ҷанги лафзӣ мешавад. Ӯ бошад механданд ва мошинро тез ронда меравад.

Бовар кунед Худо шоҳид мо духтарони куча нестем. Мо ҳама донишҷӯ ҳастем. Дугонам сатр дошт, ман бошам либоси донишҷӯи доштам. Хулоса либосҳои безеб надоштем.

Дар ин ҳолат мо бояд чикор кунем? Агар падарам фаҳмад маро дигар ба дарс намемонанд. Барои ҳамин аз ариза навиштан метарсам.

Менависнад ба мо як ҷавондухтар аз шаҳри Душанбе.
 
Верх Низ