Нома ба Рустами Эмомалӣ

Ба Раиси Маҷлиси Олии Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ.


Раиси муҳтарам, Раиси меҳнатдӯсту серталаб ва одили мо.
Ман бо як пешниҳоду як мушкили бузург барои сокинони ноҳияи Сино, кӯчаи Гипрозем ба Шумо муроҷиат мекунам.
Иҷозат дихед, аз мушкилии сокинони кучаи Гипрозем оғоз кунам.
Мухтарам Рустами Эмомалӣ!
Чунон ки маълум аст, дар шафати кучаи мо бозори бузурги яклухтфурушии «Дехкон» вокеъ аст. Ҳамин тавр, ҳар рӯз ва ҳар моҳ, зиндагӣ дар паҳлӯи бозор бадтару мушкилтар шудаистодааст.
Сабабҳоро мефаҳмонам, бо вуҷуди он ки бозор- бозори озуқаворӣ аст, 24/7 бе рӯзҳои истироҳат ва рӯзҳои санитарӣ кор мекунад. Ба маълумоти шумо, мисол бозори «Корвон» гарчанде бозори озуқаворӣ набошад ҳам, ҳар ҳафта рӯзи душанбе рӯзҳои санитарӣ дорад ва ин дуруст аст.
Аммо дар ёдам нест, ки бозори «Дехкон» рӯзҳои санитарию истироҳат карда бошад. Аз ҳама аламовараш он аст, ки мошинҳои сабукраву, мошинҳои боркаш - яклухтфурӯшоне, ки ё мол меоранд ва ё барои бурдани он меоянд, шабу рӯз ба ин бозор меоянд. Гап дар сари он аст, ки тамоми партовҳои ки аз борҳои онҳо мемонад, чудо карда ба сари рох, рохравхои куча, ба чӯйборхо партофта мешаванд, ки дар онҳо кирму пашша ва ҳар гуна бӯйҳо пайдо мешавад.
Чи хел ки ба мо маълум аст, дар Гипрозем меҳмонон аз тамоми манотиқи Россия зиндагӣ мекунанд - инҳо кормандони низомии пойгоҳи 201 мебошанд. Бо дидани ин ҳама даҳшатҳо, онҳо дар бораи миллати меҳнатдӯсту покизаи мо чӣ андеша хоҳанд кард? Аксар вақт, ин мошинҳои боркаш тамоми роҳро, ки ба сӯи хонаҳои кӯчаи Гипрозем меравад, баста, роҳбандиро ба вуҷуд меоранд. Ёрии таъҷилӣ ва хадамотӣ оташнишонӣ дар вазъиятҳои душвор чӣ гуна ин роҳро мегузаранд? Ба далели ин бозор, ҳангоми занг задан ба таксӣ, ягон ронандаи таксӣ бо сабабҳои гуногун намеоянд, тамбашавии роҳро дида.
Ҳолатӣ роҳи асоси, ки аз роҳи калон аз назди бозори "Деҳқон" мегузарад то назди хонаҳои истиқоматии баландошёна мисли бади ҷанг. Гӯё, ки танкаҳо мегузаранд. Роҳ пур аз чуқуру, лойқа ва об. Ҷӯйборҳояш пур аз об, ки дар дарунаш тамоми намуд партов вуҷуд дорад- ин меваҳо, банду, баклашкаву дигар ахлотҳо. На пиёда рафтан мешавад то роҳ норасида тамоми либосҳоят ифлос мешавад, на бо мошин, магар мошинро ба шустушӯйи ва ба усто бурдан лозим.
Қобили қайд аст ки муҳтарам Раис, кӯчаи Гипрозем бисёр сераҳвол аст, яъне инҷо низ хонандагони мактаб, донишҷуён, хизматчиёни давлатӣ истиқомат мекунанд, ки ба кор мераванд, вале дар ин ҳолатҳо онҳо бисёр танқиси мекашанд дар вақти ба кор рафтан.
Гоҳ мошинҳоро дар тратуарҳо монда мераванд ронандаҳо, гӯё ки мо қанот дорем ва метавонем парвоз кунем. Кормандони БДА-ро мебинем бо эвакуатор, вале онҳо мошинҳоро, ки дар тратуарҳо мондаанд аҳамиятам намедиҳанд, мошинҳои калону майдаи, ки дар назди хонаҳои истиқоматӣ мегузоранд аҳамият намедиҳанд, дар ҳолест, ки онҳо ба кӯдакон ва истиқоматкунандагон халал мерасонанд, ифлос карда мераванд.
Шабона - рӯз овози муҳаррики мошинҳои борбардор ба истиқоматкунандагони ин кӯча халал мерасонад, ногуфта монд сохтмони хонаҳои баландошёна, ки айни ҳол дар рафти сохтмон қарор дорад, аз онҷо низ садоҳои мошинҳои сохтмони шабона рӯз ба гӯш меояд. Чихел ки Шумо медонед муҳтарам Раис, тибқи қонун аз соати 23 то 6 вақти ҳомуши аст. Магар роҳбарони сохтмони хонаҳои баландошёна ва раиси бозор маълумот надоранд дар бораи қонун ва ягон мақомоти дахлдор назорат мекарда бошад. Маълум нест.
Аз ҳамма ташвиш овараш дигар аст ба Шумо мегӯям.
Аз мошинхои сабукрав cap карда, то мошинхои боркаши «Спринтер» яклухтфурушон(оптом) ба хавлиҳои хонахои мо даромада, мошинхоро дар сари роҳравҳо, дар даромадгоҳҳо, зери тирезаҳо мегузоранд, на бутта ва на дарахтро дареғ медоранд. Онҳо мошинҳоро дар назди хонаҳои мо мегузоранд, бор меоранд - инҳо меваю сабзавот ва аз ҳама ранҷовараш ҳама партовҳоро, меваю сабзавоти вайроншударо, коробкаю дигар аҳлотро дар зери тирезаҳои мо, дар ҷӯйборҳо ва роҳравҳо мепартоянду мераванд.
Муҳтарам раис, метавонистам навор ва суратҳо гирам, вале ин ҳолатҳоро гуфтам, сокинони пойтахт набинанд.
Ба роҳбарони дахлдор мегӯям:
"Хуш омада, бо чашми худ бубинанд ин мушкилиҳоро".
Аз роҳи пиёдагард мегузари, шаҳрвандон, ки аз ноҳияҳо ба бозор барои харидан ё бор овардан меоянд, дар сари рохравхо истода, рохро баста, гурух-гурух чамъ мешаванд, туф мекунанд дар роҳ, баланд гап мезананд.
Раиси мухтарам, Шумо мисли - Пешвои миллати мо мухтарам Эмомали Рахмон , ҳамеша аз тарафи нек мехохед ва нишон медихед давлат вв халқи моро, аммо чунин ходисахое ки руй медиханд дар назди бозор мутаассифона мардуми моро аз тарафи манфи нишон медихад.
Аз сабаби ин бозор, ҳар рӯз дар давоми рӯз ва бегоҳ роҳбандии бузурге ба вуҷуд меояд, ки аз калисо(церковь) сар мешавад (яъне 3 истгоҳ то бозор).
Фикр мекунам, Шумо қарори хеле оқилона кардед, ки бозори «Саховат»-ро кӯчонед дар он ҷо низ ҳамеша роҳбандӣ буд ва серодам.
Бо иҷозати Шумо ба пешнидоди худ мегузарам, раис.
Чунон ки маълум аст, дар Душанбе чор ноҳия мавҷуд аст ва аз ҳама калонтарин ноҳияи Сино мебошад.
Ман ва дигар сокинони ноҳия солхо боз мушохида мекунем, ки аз сабаби калон будани ноҳияи мо идораи сифат, назорат ва мушкилоти зиёд аз чониби Макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохияи Сино халли худро намеёбад. Дар хакикат роҳбарияти ноҳия амалан дар он канори нохия карор гирифта, дар ин канори нохияи Сино мушкилиҳо мешавад.
Пешниҳоди ман, муҳтарам Раис, он аст, ки ноҳияи Синоро тақсим карда, ноҳияи нав ташкил кунем. Бовар дорам, ки ин дар бунёди он қитъаҳои минтақаи Сино, ки чанд сол аз дигар қисматҳо ақиб мондаанд, таконе ва тараққиёт мебахшад. Бехуда нест, ки як мехмон боре гуфта буд:
«Гипрозем Душанбе нест, Мумбай аст, ки ҳама ҷой пур аз аҳлоту, мошинҳои зиёд ва серодам.
Душанбе бошад, шаҳри тараққикарда, обод, гулхои лолаю садбарг дар ҳама ҷой.
Мухтарам Раис, дар ҳақиқат, чунон ки дар боло навиштам, ин қитъаи ноҳияи Сино дар ҳолати нихоят аламовар аст. Ин мушкилиҳоро бе даҳолати Шумо, бе қарори одилонаи Шумо пайи сар карда намешавад.

Дар охир ба Шумо саломатии бардавом, дар корҳоятон комёбиҳои зиёд таманно намуда, орзумандам, ки дар атрофи Шумо инсонҳои кордону ватандӯст ҷамъ шуда, ки ба нафъи Ватан меҳнат карда, ҳидояти Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пайравӣ кунанд.
 
Верх Низ