М
Марямбонуи Фарғонӣ
Нодираи Маъруф (Отахонова Нодира Маъруфовна) бо тахаллусҳои Вазира, Мусофир, Нодира, Нодираи Маъруф, Мусофири Раҳгузар эҷод мекунад. Ӯ соли 1975 дар Тошканд таваллуд ёфтааст. Вақте ки падару модари ӯ аз пайи кор ба Афғонистон мераванд, вай таҳсили худро дар зодгоҳи падараш – деҳаи Ғазантараки ноҳияи Ғончии вилояти Суғд идома медиҳад. Пас аз хатми мактаби миёна ба шӯъбаи суханшиносии Донишгоҳи давлатии Самарқанд дохил мешавад. Вале, бо сабабҳои оилавӣ таҳсили олиро дар шӯъбаи ғоибонаи факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи омӯзгории Хуҷанд дунбол мекунад. Бо ҳукми сарнавишт ҳоло дар ноҳияи Ғончии Ҷумҳурии Тоҷикистон умр ба сар мебарад.
Нодираи Маъруф дар тӯли зиндагии худ бо матбуоти даврии ду ҷумҳурӣ, алалхусус, рӯзномаи “Овози тоҷик” робитаи ногусастанӣ дорад. Нахустин шеъру мақолаҳои ӯ дар овони мактабхонӣ ба чоп расидаанд. Бо мӯҳтавои назму наср аввалин китобаш бо номи “Қиссаи Аваз” дар соли 2003 дар Хуҷанд аз чоп баромадааст. Дар шеърият сабку услуби ниёгонро меписандад ва бештар ба шоирони ҳамасри худ, мисли Лоиқ ва Фарзона, пайравӣ мекунад.
Ю.Нурназаров, пажӯҳишгар
Ш.Тошканд
Намунаҳо аз ашъори Нодираи Маъруф
ШЕЪРИ МАН
Шеъри ман бо ҷӯши худ дилро чи ҳайрон кардаӣ,
Сарзамини ёди сардам сабзазорон кардаӣ.
То расонам муждаи рангнигкамони шеърҳо,
Чун парасту манзилам дар тоқи айвон кардаӣ.
То чу Лайлӣ аз висоли ҳам нагардем шодимарг,
Аз азал то шоиронро қайди ҳиҷрон кардаӣ.
Баски шоҳони азал бардоштанд шаъни ғазал,
Асрҳо шеъри Аҷам оҳанги исён кардаӣ.
Шукри беҳад бар Худо дорад Мусофир, гуфтанист
Шаҳди кони ман зи пайки Оли Сомон кардаӣ.
ҲАЙРОН ШУДА РАФТАМ
Аз ғамзаи дил ғамзада ҳайрон шуда рафтам,
Чун зулфи худ ошуфта, парешон шуда рафтам.
Дар пайкари ман ҳаср зи ғамбодае бархост,
Бо нури таҷаллии ту вайрон шуда рафтам.
Чун абри парешонӣ гирифт осмони ман,
Андар рухи сабзаҳот борон шуда рафтам.
Дунё ба пеши чашми ту зебост, лек ман,
Бе ҳамнафасӣ байни биёбон шуда рафтам.
Дунёи дун агарчи надорад канорае,
Умре канори зиндагӣ зиндон шуда рафтам.
Бар рағми хорҳои ту, эй зиндагии зишт,
Рӯзе зи диёри ту гулафшон шуда рафтам.
Дидам, ки Мусофир ба як Раҳгузаре гуфт:
– Аз омадани худ чӣ пушаймон шуда рафтам.
ШИКВА
Хонаи ободи ман вайрона кардӣ, офарин,
Мурғи ишқам дар чаман белона кардӣ, офарин.
Гуфтаӣ дар номаи худ бевафоӣ кам бикун,
Кӯйи ғамро бар дилам кошона кардӣ, офарин.
Аз муҳаббат як нафас дар байнамон ҳарфе набуд,
Қиссаи ёрии худ афсона кардӣ, офарин.
Пеш аз ин ғам бар дили шодам озоре набуд,
Омадию қалби ман ғамхона кардӣ, офарин.
Шеъри ман ҳамду санои масҷиду меҳроб буд,
Нағмаҳои шеъри ман риндона кардӣ, офарин.
Нодири Маъруф, ба афсункориат ман қоилам,
Шамъ кардӣ аз сухан, парвона кардӣ, офарин.
НАМЕГАРДАМ
Басе савдоиям, аммо сари савдо намегардам,
Ба сад танҳоиям асло тани танҳо намегардам.
Гуле бишкуфта дар саҳро зи боди ғам хазон гардид,
Агар ин аст, умри гул, гули саҳро намегардам.
Ҳар он, к-ӯ мешавад ошиқ, асири дард хоҳад буд,
Гар аз банди ғамат растам, дигар шайдо намегардам.
Дар ин дунё чӣ афзунанд дунёхоҳу дунёхор,
Дар ин дунёву он дунё, пайи дунё намегардам.
Маро аз баҳри бемеҳрӣ маҷӯ, номеҳрубони ман,
Қасам бар ҷони пурмеҳрам, ки ман он ҷо намегардам.
Ту ҷустӣ аз дили дунё парии розҳоямро,
Нидо омад зи нопайдо, ки ман пайдо намегардам.
ДАРМОНАТ КУНАМ
Омадӣ, эй беҳтар аз ҷон, ой меҳмонат кунам,
Дар канори бекаронам меҳрафшонат кунам.
Омадӣ монанди дашти бегиёҳу ташналаб,
З-абри найсони лабонам бӯсаборонат кунам.
Ҳарфҳоро чида-чида, рангубор андохтаам,
Байтҳои чашму абрӯ гуфта девонат кунам.
Чун тавонӣ кард ҷононро зи ҷон охир ҷудо?
Ҷони худро, ҷони ман, боз ой, қурбонат кунам.
Номаҳои чашми ту бар ман расида, эй хамӯш,
Коғази дилро сияҳ аз ранги чашмонат кунам.
Ҷон ба лаб, аммо лабат аз дарди дил ҳарфе нагуфт,
Бо забони дидагонам, ой дармонат кунам.
ХОНАВАЙРОНАМ МАКУН
Гар қобили малол наям, шод кун маро,
Вайрон агар намекунӣ, обод кун маро.
(Соиб)
Ё маро обод кун ё хонавайронам макун,
Ё лабамро бишкуфон, ё дидагирёнам макун.
Фикри дилро аз диёри ёдгори ёдҳо,
Ё бикун маҷмӯи хотир, ё парешонам макун.
Гар қадам бар остони каъбаи ҷонам ниҳӣ,
Ё бикун дилро мусаххар, ё пушаймонам макун.
Ё мусалмон кун маро, ё порсои порсӣ,
Ё маро аз дин магардон, ё ки шайтонам макун.
Ё бикун лутфе ба ман, ё бар забон ҳарфе маёр,
Ё баҳори дил бикун, ё ки зимистонам макун.
Ё ба дарёят бубар, ё аз биёбонам магир,
Ё саробон шав бароям, ё бесаробонам макун.
Ё маро Нодир бикун дар шоирӣ бо соҳирӣ,
Ё қаламронам бигардон, ё қадамронам макун.
МАГӮ
Бе ту, эй ёри азиз, ҳоле, ки ман дорам, магӯ,
Синаҳои чок-чок аз дарди ғам дорам, магӯ.
Ҳам наёӣ ғунчаи уммедро мепарварам,
То саҳар дар роҳи ту ду дида нам дорам, магӯ.
Умр гарчи хаста асту кӯтаҳ аст, аммо ширин,
Он қадар шириниҳо аз кӯйи ғам дорам, магӯ.
Лаҳзаҳое, ки гувороянд, кӯтоҳу каманд,
Ғуссаҳоро дар дили худ мӯҳтарам дорам, магӯ.
Гарчи дар зоҳир шукуфад пеши ту наззораам,
То ҳанӯз мотам зи ёди модарам дорам, магӯ.
Ишқи нотакрори ман буд оташи эҳдои Ҳақ,
Сад дареғи нотавонбинони ғам дорам, магӯ.
ДУБАЙТИҲО
Чу ёри ман ту ҳастию ҳамин бас,
Дили манро шикастию ҳамин бас.
Дили манро шикастӣ, пора кардӣ,
Вале аз дил нарастию ҳамин бас.
***
Паёмат мефиристам, ёри ҷонӣ,
Ба ёди ошиқиҳои ниҳонӣ.
Амон бошӣ, ба ҳар ҷое, ки бошӣ,
Агарчанде ба мо номеҳрубонӣ.
***
Шаби моро, ки танҳо моҳ донад,
Ғами моро фақат Оллоҳ донад.
Мани мискин канизи кӯчаи дил,
Куҷо ҳоли канизаш шоҳ донад.
***
Аё модар, туӣ олампаноҳам,
Ҳама дам бигзарӣ аз сад гуноҳам.
Шабу рӯз аз Худо хайри ту гӯям,
Ки ғайри ту набошад хайрхоҳам.
***
Дилам девона буд девонатар шуд,
Зи худ бегона буд, бегонатар шуд.
Зи баҳри қиссахонӣ, қиссагӯйӣ,
Ҷаҳон афсона буд, афсонатар шуд.
***
Чӣ дарде, ки дар ин кошона дорам,
Чӣ ғамҳое даруни хона дорам?
Гаҳе оқил, гаҳе девона ин дил,
Чӣ ҳайрат аз дили девона дорам?!
***
Гуле будам, ба чидан дер кардӣ,
Диле будам, гирифтан дер кардӣ.
Ба бозор омадам, савдои ман тез,
Ба ғавғои харидан дер кардӣ.