НОДИРАИ МАЪРУФ

  • Автор темы Марямбонуи Фарғонӣ
  • Дата начала
  • Теги
    Нет
М

Марямбонуи Фарғонӣ

Меҳмон
Нодираи Маъруф (Отахонова Нодира Маъруфовна) бо тахаллусҳои Вазира, Мусофир, Нодира, Нодираи Маъруф, Мусофири Раҳгузар эҷод мекунад. Ӯ соли 1975 дар Тошканд таваллуд ёфтааст. Вақте ки падару модари ӯ аз пайи кор ба Афғонистон мераванд, вай таҳсили худро дар зодгоҳи падараш – деҳаи Ғазантараки ноҳияи Ғончии вилояти Суғд идома медиҳад. Пас аз хатми мактаби миёна ба шӯъбаи суханшиносии Донишгоҳи давлатии Самарқанд дохил мешавад. Вале, бо сабабҳои оилавӣ таҳсили олиро дар шӯъбаи ғоибонаи факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи омӯзгории Хуҷанд дунбол мекунад. Бо ҳукми сарнавишт ҳоло дар ноҳияи Ғончии Ҷумҳурии Тоҷикистон умр ба сар мебарад.
Нодираи Маъруф дар тӯли зиндагии худ бо матбуоти даврии ду ҷумҳурӣ, алалхусус, рӯзномаи “Овози тоҷик” робитаи ногусастанӣ дорад. Нахустин шеъру мақолаҳои ӯ дар овони мактабхонӣ ба чоп расидаанд. Бо мӯҳтавои назму наср аввалин китобаш бо номи “Қиссаи Аваз” дар соли 2003 дар Хуҷанд аз чоп баромадааст. Дар шеърият сабку услуби ниёгонро меписандад ва бештар ба шоирони ҳамасри худ, мисли Лоиқ ва Фарзона, пайравӣ мекунад.
Ю.Нурназаров, пажӯҳишгар
Ш.Тошканд
Намунаҳо аз ашъори Нодираи Маъруф
ШЕЪРИ МАН
Шеъри ман бо ҷӯши худ дилро чи ҳайрон кардаӣ,
Сарзамини ёди сардам сабзазорон кардаӣ.
То расонам муждаи рангнигкамони шеърҳо,
Чун парасту манзилам дар тоқи айвон кардаӣ.
То чу Лайлӣ аз висоли ҳам нагардем шодимарг,
Аз азал то шоиронро қайди ҳиҷрон кардаӣ.
Баски шоҳони азал бардоштанд шаъни ғазал,
Асрҳо шеъри Аҷам оҳанги исён кардаӣ.
Шукри беҳад бар Худо дорад Мусофир, гуфтанист
Шаҳди кони ман зи пайки Оли Сомон кардаӣ.
ҲАЙРОН ШУДА РАФТАМ
Аз ғамзаи дил ғамзада ҳайрон шуда рафтам,
Чун зулфи худ ошуфта, парешон шуда рафтам.
Дар пайкари ман ҳаср зи ғамбодае бархост,
Бо нури таҷаллии ту вайрон шуда рафтам.
Чун абри парешонӣ гирифт осмони ман,
Андар рухи сабзаҳот борон шуда рафтам.
Дунё ба пеши чашми ту зебост, лек ман,
Бе ҳамнафасӣ байни биёбон шуда рафтам.
Дунёи дун агарчи надорад канорае,
Умре канори зиндагӣ зиндон шуда рафтам.
Бар рағми хорҳои ту, эй зиндагии зишт,
Рӯзе зи диёри ту гулафшон шуда рафтам.
Дидам, ки Мусофир ба як Раҳгузаре гуфт:
– Аз омадани худ чӣ пушаймон шуда рафтам.
ШИКВА
Хонаи ободи ман вайрона кардӣ, офарин,
Мурғи ишқам дар чаман белона кардӣ, офарин.
Гуфтаӣ дар номаи худ бевафоӣ кам бикун,
Кӯйи ғамро бар дилам кошона кардӣ, офарин.
Аз муҳаббат як нафас дар байнамон ҳарфе набуд,
Қиссаи ёрии худ афсона кардӣ, офарин.
Пеш аз ин ғам бар дили шодам озоре набуд,
Омадию қалби ман ғамхона кардӣ, офарин.
Шеъри ман ҳамду санои масҷиду меҳроб буд,
Нағмаҳои шеъри ман риндона кардӣ, офарин.
Нодири Маъруф, ба афсункориат ман қоилам,
Шамъ кардӣ аз сухан, парвона кардӣ, офарин.
НАМЕГАРДАМ
Басе савдоиям, аммо сари савдо намегардам,
Ба сад танҳоиям асло тани танҳо намегардам.
Гуле бишкуфта дар саҳро зи боди ғам хазон гардид,
Агар ин аст, умри гул, гули саҳро намегардам.
Ҳар он, к-ӯ мешавад ошиқ, асири дард хоҳад буд,
Гар аз банди ғамат растам, дигар шайдо намегардам.
Дар ин дунё чӣ афзунанд дунёхоҳу дунёхор,
Дар ин дунёву он дунё, пайи дунё намегардам.
Маро аз баҳри бемеҳрӣ маҷӯ, номеҳрубони ман,
Қасам бар ҷони пурмеҳрам, ки ман он ҷо намегардам.
Ту ҷустӣ аз дили дунё парии розҳоямро,
Нидо омад зи нопайдо, ки ман пайдо намегардам.
ДАРМОНАТ КУНАМ
Омадӣ, эй беҳтар аз ҷон, ой меҳмонат кунам,
Дар канори бекаронам меҳрафшонат кунам.
Омадӣ монанди дашти бегиёҳу ташналаб,
З-абри найсони лабонам бӯсаборонат кунам.
Ҳарфҳоро чида-чида, рангубор андохтаам,
Байтҳои чашму абрӯ гуфта девонат кунам.
Чун тавонӣ кард ҷононро зи ҷон охир ҷудо?
Ҷони худро, ҷони ман, боз ой, қурбонат кунам.
Номаҳои чашми ту бар ман расида, эй хамӯш,
Коғази дилро сияҳ аз ранги чашмонат кунам.
Ҷон ба лаб, аммо лабат аз дарди дил ҳарфе нагуфт,
Бо забони дидагонам, ой дармонат кунам.
ХОНАВАЙРОНАМ МАКУН
Гар қобили малол наям, шод кун маро,
Вайрон агар намекунӣ, обод кун маро.
(Соиб)
Ё маро обод кун ё хонавайронам макун,
Ё лабамро бишкуфон, ё дидагирёнам макун.
Фикри дилро аз диёри ёдгори ёдҳо,
Ё бикун маҷмӯи хотир, ё парешонам макун.
Гар қадам бар остони каъбаи ҷонам ниҳӣ,
Ё бикун дилро мусаххар, ё пушаймонам макун.
Ё мусалмон кун маро, ё порсои порсӣ,
Ё маро аз дин магардон, ё ки шайтонам макун.
Ё бикун лутфе ба ман, ё бар забон ҳарфе маёр,
Ё баҳори дил бикун, ё ки зимистонам макун.
Ё ба дарёят бубар, ё аз биёбонам магир,
Ё саробон шав бароям, ё бесаробонам макун.
Ё маро Нодир бикун дар шоирӣ бо соҳирӣ,
Ё қаламронам бигардон, ё қадамронам макун.
МАГӮ
Бе ту, эй ёри азиз, ҳоле, ки ман дорам, магӯ,
Синаҳои чок-чок аз дарди ғам дорам, магӯ.
Ҳам наёӣ ғунчаи уммедро мепарварам,
То саҳар дар роҳи ту ду дида нам дорам, магӯ.
Умр гарчи хаста асту кӯтаҳ аст, аммо ширин,
Он қадар шириниҳо аз кӯйи ғам дорам, магӯ.
Лаҳзаҳое, ки гувороянд, кӯтоҳу каманд,
Ғуссаҳоро дар дили худ мӯҳтарам дорам, магӯ.
Гарчи дар зоҳир шукуфад пеши ту наззораам,
То ҳанӯз мотам зи ёди модарам дорам, магӯ.
Ишқи нотакрори ман буд оташи эҳдои Ҳақ,
Сад дареғи нотавонбинони ғам дорам, магӯ.
ДУБАЙТИҲО
Чу ёри ман ту ҳастию ҳамин бас,
Дили манро шикастию ҳамин бас.
Дили манро шикастӣ, пора кардӣ,
Вале аз дил нарастию ҳамин бас.
***
Паёмат мефиристам, ёри ҷонӣ,
Ба ёди ошиқиҳои ниҳонӣ.
Амон бошӣ, ба ҳар ҷое, ки бошӣ,
Агарчанде ба мо номеҳрубонӣ.
***
Шаби моро, ки танҳо моҳ донад,
Ғами моро фақат Оллоҳ донад.
Мани мискин канизи кӯчаи дил,
Куҷо ҳоли канизаш шоҳ донад.
***
Аё модар, туӣ олампаноҳам,
Ҳама дам бигзарӣ аз сад гуноҳам.
Шабу рӯз аз Худо хайри ту гӯям,
Ки ғайри ту набошад хайрхоҳам.
***
Дилам девона буд девонатар шуд,
Зи худ бегона буд, бегонатар шуд.
Зи баҳри қиссахонӣ, қиссагӯйӣ,
Ҷаҳон афсона буд, афсонатар шуд.
***
Чӣ дарде, ки дар ин кошона дорам,
Чӣ ғамҳое даруни хона дорам?
Гаҳе оқил, гаҳе девона ин дил,
Чӣ ҳайрат аз дили девона дорам?!
***
Гуле будам, ба чидан дер кардӣ,
Диле будам, гирифтан дер кардӣ.
Ба бозор омадам, савдои ман тез,
Ба ғавғои харидан дер кардӣ.
 
М

Маруф Отаханов

Меҳмон
Тазкираи адибони нохияи Гончи. (Хуросон. Хужанд-2014, 360 сах.) хамчунон бо саъй ва эхтимоми Нодираи Маъруф, дар хамкори бо Эгамназар Сохибназаров ва Сирожиддин Осими, чоп шудааст. Тазкира 86 тан аз суханварони гузаштаю хозираи нохия, ба шумули намунаи ашъори 23 адибони узбекзабони нохияро фаро мегирад.Аз он жумла ашъори Ранжур, Журми, Акмалхон Идриси, Хайрон Осими, Зулфия Атои, Мирзо Мавлон, Азизи Азиз, Бузургмехри Баходур, Гули Мурод, Латофат Кенжаева, Шахриёр дар ин тазкира зикр ёфтаанд.
 
А

Адиба Хуҷанди

Меҳмон
Борҳо ашъори Нодираро дар маҷаллаи илмӣ адабии "ПАЁМИ СУҒД" нашр кардаем воқеан ашъори зебову ширин доранд. Бо шахсияти отифаашон ҳамин сол шарафи шиносоӣ пайдо кардам Хонуми оромтабиат ширинсухан муадддаб.
 
М

Мирзошо Ватаншоев

Меҳмон
Ё маро обод кун ё хонавайронам макун,
Ё лабамро бишкуфон, ё дидагирёнам макун.
Фикри дилро аз диёри ёдгори ёдҳо,
Ё бикун маҷмӯи хотир, ё парешонам макун.
Гар қадам бар остони каъбаи ҷонам ниҳӣ,
Ё бикун дилро мусаххар, ё пушаймонам макун.
Ё мусалмон кун маро, ё порсои порсӣ,
Ё маро аз дин магардон, ё ки шайтонам макун.
Ё бикун лутфе ба ман, ё бар забон ҳарфе маёр,
Ё баҳори дил бикун, ё ки зимистонам макун.
Ё ба дарёят бубар, ё аз биёбонам магир,
Ё саробон шав бароям, ё бесаробонам макун.
Ё маро Нодир бикун дар шоирӣ бо соҳирӣ,
Ё қаламронам бигардон, ё қадамронам макун.!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!
 
М

Маруф Отаханов

Меҳмон

  • Инак. газале дастнавис, (инъикоси рузгори Нодира), ки пеши ман буд. бо унвони "Хохам кард": Ман зи бедодии шахри ту сафар хохам кард. Ки аз ин ишку хавои ту хазар хохам кард. Гуши олам зи фигони шабу рузам кар шуд. Оху афгони туро жои дигар хохам бурд. Руи дунё, ки бино монда ба ру фитнаву шар, Вакти рафтан хамаро зеру забар хохам кард. Шишаи мехри дилам шикаста аз жабри замон, К-оламу оламиён хуни жигар хохам кард. Назъи жон гар зи нигохат бичашонанд обе, Хама умре ситамат сарфи назар хохам кард. Токи аз хусни дилорои ту гардам мафтун, То сахар дидаи худ шабнами тар хохам кард. Риштаи рашку хасад бар сари ман афканданд, Ман ба он ришта газалвора гухар хохам кард. Сари сангон фигон кардаму он бахя нахурд, Ру ба суи фалаки шамсу камар хохам кард.
    --------------------
  • ОМАДАМ. Ман ба ин дунё барои дустдорон омадам, Аз дахони орзухо катраафшон омадам. Боли парвозам шикаста. партави мехрам нишаста, Бор дили афгору хаста гуссаборон омадам. Аз самои ишку мехру васлу шодии абад, То жахони хилахову макру шайтон омадам. Аз канори гарму лабрези бахори гулфишон, То ба ин маъвои сард аз барфу борон омадам. Аз сарои сокину ороми беташвишу гам, То хисори гуссазои яъсу ахзон омадам. Ман ба ин дунёи пуросебу пурандуху ранж. Гуиё доруи дарди дилфигорон омадам.

  • ----------------------
  • Аз ДУБАЙТИВУ РУБОИХОИ МУСОФИР.Худовандо! Гулу хор офариди,Нигору ошики зор офариди, Сафи мардони бевиждону номус, Басо занхои боор офариди!Гурури ту маро дилгар карда, Гами ишкат маро шоир карда, Хама шодиву андухи диламро, Калам бо сад алам тасвир карда.

  • ------------------------
  • Худовандо! Чи махфил офариди, Яке бедил, ба манзил офариди. Дигар бе манзилу дар кучаи ишк, Саропои варо дил офариди!

  • ------------------
  • Чароги хонаам хомуш гардид, Ва деги кисматам ножуш гардид.Наход, ишки ману ту бевофоё Буду дар лахзае хомуш гардид?

  • ----------------
  • Ду чашми ноби ман об асту оби, Ба монанди диёри мохтоби, Агарчанде дилам зардоболуд, Ба рухсорам задам ранги гулоби.

  • -------------------
  • Чу руят ру баруи дидагон шуд, Гамат бар мулки дил лашкаркашон шуд. Зи баъди он шабохуни нигохат, Дили моро гами ту мизбон шуд.

  • ----------------
  • Кужо рафти, ту охи авалинам, Нишони чини аввал дар жабинам.Кужои, шеъри ишки бегуборам.Ту ишки аввалину вопасинам

  • ----------
  • Ин газалаш низ маъкул намуд ХОНЕД, азизон: Меравам, то бори дигар чашми дунё нам шавад, Ахли дил бо ёди ман чил руз дар мотам шавад. Меравам бо сад фигону ормонхои дароз--Бар рахи ормони инсони фигоне зам шавад. Меравам худро рахонида зи гусса , лек,ОХ... Комати тифлони ман аз боди хижрон хам шавад. ...Меравам бо худ барам як калби пур аз орзу, Орзухо пар кашида сураи Алхам шавад. Гарчи аз бад сухтам токи накуи сохтам, Шуълаи умрам дарего шамъсон бархам шавад... Мехри гардун боз хандад, мох гуяд киссахо, Гарчи як сохибдиле аз руи дунё кам шавад.

  • ------------------
  • Вале ба хондану чопи шеъри ба модараш бахшида дилам об шуду токатам ток .Он газалу шеъри Касоси ангурро баъдтар хохам гузошт. Ё кофист он чи муште буд азин кулвор..?
  • --------------------------
  • Бале, Марямбонуи хассос, чунин буд рузгораш. Булбули озоди чаманистони падар. гирифтори кафасе шуд... Вай аз кудаки Иродаи мардонаю табъи шоирона ва феълу атвори орифона дошт. "Чаро хамин духтарам писар нашуд",- гуфта гохо"ошибка" хам мегуфтам. Аммо бароям хемеша , хозир хам, Вазира аст. Ба иродааш коилам. Шукри Худо. 5 Фарзанди гулру дорад. Духтари калониаш стипендиати Президент буд. Холо дар ДДХ мехонад. Хурдаконаш хам рузадору аълохон. Раёсати вилоятии ИН "Гулчиини ашъор"ашро гирифта ваъда карда буданд, ки мебароранд. Аз руи шунид, "гум шуда" бошад? Шеърхои бачагонааш хам дилчаспу хондани. Ба умеди рузхои некем.
 
Верх Низ