Н О М А Эй бародар!

Ин магар ҳукми қазо буд?
Хешро биспурданат бо дасти худ дар дасти бедардон раво буд?
Бозгаштат аз сафар кори хато буд?
Ман, ки медонам, ки хуб огаҳ будӣ
Ин ҳама аз худ гузаштан баҳри кӣ, баҳри чиҳо буд...

Эй бародар! Эй бародар!
Хешро оё ту худ афкандӣ дар чоҳ?
Оҳ, оё ин қадар ту сода будӣ?
Ман, ки медонам, ки ту андар камоли огаҳӣ
Ҳам садоқат, ҳам шараф, ҳам додро дил дода будӣ.
Ту барои додани ҷон баҳри озодиву бахти мардумат омода будӣ.
Хоксору сарбаланду пок аз ҳар пастие,
Ту баландизода будӣ,
Оҳ, эй ҷони бародар! Одами озода будӣ!

Эй бародар! Эй бародар! Эй бародар!
Эй сиришти ту таҷаллигоҳи сидқу чашмасори меҳрубонӣ,
Эй, ки дар озодиву зиндон анисат Маснавиву он Китоби осмонӣ,
Сахт ранҷам медиҳад,
Чун бибинам ин ҳама ноодаму номарду ноинсоф дар озодӣ аст,
Лек ту бо бегуноҳӣ ҳамчунон дар гӯшаи зиндон бимонӣ...

Бо ҳама ин ғусса худро медиҳам таскин, ки ту
Қаҳрамонӣ! Қаҳрамонӣ! Қаҳрамонӣ! Қаҳрамонӣ!

Даҳ сол пеш дар чунин рӯзе ин Номаи манзумро, ки барои бародари азизам, Зайди гирифтори зиндони зулм ва асири фитнаву беадолатӣ иншо шуда, дар сафҳаи фейсбукиям нашр карда будам.
Шояд ҳеч рӯзе набошад, ки бо баҳонае аз Зайд Саид ва зулме, ки нисбаташ раво дидаанд, ёд накунам ва аз дасти кутоҳи худ хиҷолатзада набошам. Аламовар аст, вақте дуздҳо, ватанфурӯшҳо, қотилон, хиёнаткорон, хуллас ҷинояткардаҳо дар озодиянду Инсоне мисли Зайд ватандӯст, баимон ва созанда бар пояи туҳмат ва дурӯғ дар зиндон бошад.
Ӯ барои ман як қаҳрамон, тимсоли як тоҷики озода аст. Зайди сода, хушбовар, пок аз олоиш, ноошно ба макру фитна, содиқ ба оини ҷавонмардӣ, Худотарс ва росткорро муҳити олудаи садрнишинони каммоя натавонист таҳаммул кунад. Ин камзарфиятҳо ва бесалоҳиятҳо бо кумаки ғаризаашон дар симои Зайд хатаре воқеъиро ба шукуҳи дуруғин, корномаҳои сохта ва худнамоиҳояшон диданду алайҳи ӯ шӯриданд. Бо ин ҳама барои ҳамеша Зайд Саид ба унвони як зиндонии сиёсӣ ва қурбонии дасисаҳои як даврони сиёҳи саргузашти миллат ба некӣ ёд хоҳад шуд...
Ман лаҳзашуморӣ мекунам, ки Зайди азизро дар канори фарзандону дӯстонаш бибинам.
 
Верх Низ