Мухаммас бар ғазали зебои Жулидаи Нишопурӣ.

S

Sangmuhammad Jafari

Меҳмон
Мухаммас бар ғазали зебои Жулидаи Нишопурӣ.
Ба дасти мо ту паймон кун, мубарро карданаш бо ман.
Ба мо оина эҳдо кун, муҷалло карданаш бо ман,
Забон пешам ту гӯё кун, мусанно карданаш бо ман.
Дилатро хонаи мо кун мусаффо карданаш бо ман,
Ба мо дарди дил ифшо кун мудавво карданаш бо ман.
Агар аз ёд бурдӣ, ҷумла аркони ибодатро,
Агар бар номи хеш бинҳодаи доғи надоматро,
Агар навмедиву бастӣ, ба худ дарҳои раҳматро,
Агар гӯм кардаи эй дил калиди истиҷобатро,
Биё як лаҳза бо мо бош пайдо карданаш бо ман.
Ба кам ту иктифо мекун, макун парвои бисёраш,
Ба хок гар дона як резӣ, диҳад сад охири кораш.
Бинеҳ сар бар суҷуди Ҳақ, агар ҳастӣ ту аз ёраш,
Биафшон қатраи ашке, ки ман ҳастам харидораш,
Биёвар қатраи ихлос, дарё карданаш бо ман.
Зи нестӣ ҷумла ҳастиҳо ҳама гардидаанд оғоз,
Касе бошад амин, танҳо ба ӯ метвон шудан ҳамроз,
Бизан фарёд, то он мустамеат бишнавад овоз,
Агар дарҳо ба рӯят баста шуд, дил бар магардон боз,
Дари ин хона дақ-ал-боб кун, во карданаш бо ман.
Ба дастам қудрате бошад, туро монам ба ҳайронӣ,
Агар як шаб ба сӯи мо биёӣ ту ба меҳмонӣ,
Биёроям яке суфра зи неъматҳои Яздонӣ,
Ба ман гӯ ҳоҷати худро иҷобат мекунам онӣ,
Талаб кун ончӣ мехоҳӣ муҳайё карданаш бо ман.
Кунун фурсат, ки аст бинвис ба некӯи китобатро,
Макун таъхир як лаҳза ба субҳидам салотатро,
Ҳамеша пеши рӯ овар ту ҳангоми мамотатро,
Биё қабл аз вуқӯи марг равшан кун ҳисобатро,
Биёвар некӯ бадро ҷамъу минҳо карданаш бо ман.
Ба ҳар чӣ мерасад аз бешу кам эй банда тоқат кун,
Ба мискину фақир аз моли худ як зарра қисмат кун,
В-агар бечораи дам дар накаш рӯ сӯи тоат кун.
Чу хӯрдӣ рӯзии имрӯзи моро шукри неъмат кун,
Ғами фардо махӯр таъмини фардо карданаш бо ман.
Зи Алҳамд аст оғози каломи Эзиди Субҳон,
Бигир аз Оли Имрон ояи ваътасиму бархон,
Натонам ман ҷудо кардан яке оят дигар аз он,
Ба Қуръон ояи раҳмат фаровон аст эй инсон!
Бихон ин ояро тафсиру маъно карданаш бо ман.
Аё Жулида хӯш гуфтӣ ғазал, кардӣ ба мо қисмат,
Ту ҳам эй Ҷаъфарӣ бо ин мухаммас сабт шуд исмат.
Бубанд бар даргаҳи ғуфрони мо андар камар ҳиммат,
Агар умре гунаҳ кардӣ, машав навмед аз раҳмат,
Ту тавбаномаро бинвес, имзо карданаш бо ман.
Луғат:
Дақ, دق - тақ, тақ кардани дар, кубидани дар,
Мустамеъ - шунаванда,
Ваътасиму - сураи Оли Имрон ояи 103: " ба ресмони худо чанг бизанед, то пароканда нашавед."
Ғуфрон - бахшидан,
Мусанно - саногӯӣ.
 
Верх Низ